Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидаанд. Қувваҳои мусаллаҳ 23 феврали соли 1993 таъсис ёфтаанд. Ин сана дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст.
Қувваҳои мусаллаҳ барои дафъи таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷрои вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд; ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳ барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, масъуланд.
Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодию молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, барои таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд.
Ба ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қӯшунҳои хушкигард; қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ; қӯшунҳои зудамал дохил мешаванд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардида, идома дорад, корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида шуданд, дар заминаи Коллеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, барои таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи севвуми Қувваҳои мусаллаҳ ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.
Моҳи феврали соли 2015 дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди нав – дастаи лижаронӣ таъсис дода шуд, ки дар он 30 нафар низомӣ хидмат мекунанд ва аз он замон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа машқҳо бо лижа дар омодагии ҳарбӣ ҳатмӣ шуморида мешаванд. Дар сурати зарурат ин воҳид метавонад на танҳо аслиҳаву муҳиммот, балки бори вазнинро низ тариқи пайраҳаҳои душворгузари кӯҳӣ ба ҷои таъйиншуда расонад. Ҳамчунин (2016) дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳ баталйони нав – аграрӣ таъсис дода шуд, ки барномаи омодагии ин воҳид бо барномаи дигар қисмҳои одии низомӣ яксон аст.
Қӯшунҳои хушкигард
Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин ҷузъҳои Қувваҳои мусаллаҳ мебошанд. Қӯшунҳои хушкигард барои нобуд сохтани гурӯҳҳои хурди душман дар минтақаҳои кӯҳӣ, иҳота намудани ҳудуд, ҳифзи ҳудуд ва сарҳади кишвар пешбинӣ шудаанд. 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро Қӯшунҳои хушкигард ташкил медиҳанд. Дар ҳайати он асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё якҷо бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста комил мегардонанд.
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ
Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустин ҷузъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор мераванд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ соли 1994 ташкил ёфтаанд. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо дар назар доштани ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои мусаллаҳ муттаҳид карда шуданд. Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо комплексҳои ҳаракаткунандаи мушакҳои зенитӣ, воситаҳои радиолокатсионӣ ва системаҳои автоматишудаи идора муҷаҳҳаз шудаанд. Онҳо ҳамеша дар омодагии ҳарбӣ қарор дошта, ҳамлаҳои ҳавоиро аз тамоми самтҳо муайян карда метавонанд. Ҳайати шахсӣ ва ҳавопаймову чархболҳои ҷангии Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияти Артиши миллии ҷумҳурӣ дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд.
Қӯшунҳои зудамал
Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 таъсис ёфтанд. Ҳадафи таъсиси Қӯшунҳои зудамал муқобили хатари рӯзафзуни терроризму экстремизми байналмилалӣ қарор гирифтан буд. Қӯшунҳои зудамал дар омодагии фаврии ҳарбӣ нигоҳ дошта шуда, дар муддати кӯтоҳтарин барои тақвияти қӯшунҳои муҳофизаткунанда ба он минтақа интиқол меёбанд. Ҳамчунин барои фавран барҳам додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва ҳалли вазифаҳо дар ҷангҳои миқёсан маҳдуд (минтақавӣ) истифода мегарданд. Ба ҳайати Қӯшунҳои зудамал ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар дохил карда шудаанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се батальони он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъйиноти махсус ва бевосита тобеъ ба Президент — Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки анҷоми вазифаҳои муҳимми давлатиро ба зимма дорад. Соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти № 155) Гвардияи президентӣ таъсис дода шуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони он дар баробари дигар кормандони сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, аз роҳи қонун барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистон фаъолона ширкат намуданд. Аз январи 2004 (баъди тағйироти сохторӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо номи феълӣ фаъолият мекунад.
Сохтори Гвардияи миллӣ: Раёсати корҳои фармондеҳӣ, Раёсати тайёрии ҷангӣ, Сарситод (Раёсати амалиётӣ, шуъбаи ташкил ва сафарбарӣ, шуъбаи алоқа, шуъбаи хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, Раёсати хизмати комендантӣ, оркестри ҳарбиро дар бар мегирад), Раёсати корҳои тарбиявӣ (аз бахшҳои тайёрии тарбияи ватандӯстӣ, интизоми ҳарбӣ ва пешгирии вайронкунии ҳуқуқ, корҳои рӯҳшиносӣ иборат аст), Раёсати аслиҳа ва техника, Раёсати ақибгоҳ, қисмҳои ҳарбии 051052 (Маркази тайёрии кадрҳо), 051053 (звенои авиатсионӣ), 051054, 051055, 051056, 051057, 051058, 051059, шуъбаи кадрҳо, шуъбаи молия.
Дар назди Гвардияи миллӣ нашрияи «Родмардон», ансамбли созию овозии «Диловарон», шуъбаи тиббӣ-ҳарбӣ ва шифохона фаъолият доранд.
Фаъолияти Гвардияи миллӣ ба принсипҳои волоияти қонун, садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент, башардӯстӣ, муқаддас будани масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ, идораи мутамарказ, яккасардорӣ, риояи интизоми ҳарбӣ, нигоҳдории сирри давлатӣ ва дигар принсипҳои башардӯстона асос ёфтааст.
Сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои дипломатӣ
Дар асоси моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо хориҷ гардад, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ роҳи пуршебу фарозро тай кард. Дар марҳилаи аввали истиқлол сиёсати хориҷии Тоҷикистон асосан барои ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ равона гардида буд. Эътирофи байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил пас аз ба даст овардани истиқлол 9 сентябри соли 1991 сурат гирифт. Нахуст, истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро 21 декабри соли 1991 Австралия ва баъдан 26 декабри соли 1991 поягузорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (дар мулоқоти сарони давлатҳои Россия, Украина ва Беларусь, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар Бӯстонсарои Беловеж ва таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) эътироф карданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо ин кишварҳо барқарор намуд. Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид шуд. Раванди гуфтушуниди байни тоҷикон таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид 27 июни соли 1997 дар Маскав хотима ёфт ва «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.
Январи 1992 Тоҷикистон узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шуд ва намояндагии ин созмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 таъсис ёфт. 15 майи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон «Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро имзо кард ва 14 майи соли 2002 узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ шуд. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай дар ин марҳила барои ҷалб кардани таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ба муноқишаи мусаллаҳонаи дохилӣ ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳар чӣ зудтар хотима бахшидани он нигаронида шуд. Ин сиёсат дар вуруди кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузошт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳояш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро чунин муайян карда буд: «Дар шароити босуръат тағйирёбандаи замони мо ва рушди босуръати ҷаҳони муосир таъмини озодӣ, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ, амнияти кишвар ва дар маҷмӯъ татбиқи манфиатҳои миллӣ вазифаҳои асосии мо мебошанд. Дар ин самт, вобаста ба тавсеаи равандҳои афзоиши рақобат байни абарқудратҳо барои тақвияти нуфузи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳо ва василаҳои беҳтарини ҳифз ва амалӣ кардани манфиатҳои миллӣ ташаббусҳои нав талаб карда мешаванд».
Сиёсати «дарҳои боз»
Сиёсати «дарҳои боз» дар самти рушди ҳамкории хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз рӯзҳои аввали истиқлол ҳадафи асосии Сарвари давлати Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон буд. Соли 2001 бо таъсис ёфтани эътилофи зиддитерористӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон робита ва ҳамкории фаъоли хешро бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Фаронса ва дигар аъзои Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оғоз намуд.
Барои Тоҷикистон ба далели ҷойгир шуданаш дар яке аз минтақаҳои мураккаби олам, сиёсати «дарҳои боз» беҳтарин равиш барои пешбурди фаъолият дар самти сиёсати хориҷӣ мебошад. Ин сиёсат боис шуд, то кишвари мо на танҳо мавқеи сиёсии худро дар минтақа қавитар созад, балки бо дарёфти равиши хосси дипломатия дар ҳалли низоъу масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзад ва дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари хостори сулҳу субот шинохта шавад. Тоҷикистон муаллифи чор ташаббуси бузург дар соҳаи обу экология аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд. Бо дар назар доштани мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ, Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон ва аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби содаи таҳия ва судури раводидро муқаррар кардааст.
Дар раванди сиёсати «дарҳои боз» фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар шуд, шумораи ширкатҳои давлатӣ ва хусусии хориҷӣ рӯз то рӯз меафзояд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли даҳ соли охир тадриҷан аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунанда мубаддал гардидааст. Дар заминаи татбиқи бомуваффақи ин сиёсат ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари ҷаҳон табодули мол сурат мегирад.
Бар асари саъю талошҳои муштарак солҳои охир ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масири рушди мунтазамро пайдо карда, марҳала ба марҳала пеш мераванд. Омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо роҳандозӣ ва пешбурди тиҷорату ҳамкориҳои васеи иқтисодӣ мебошад. Давлати мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷии хеш таваҷҷуҳи асосиро нахуст ба таҳким ва тавсеаи муносиботи ҳамсоягӣ бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон равона намуда, робита бо ин давлатҳоро дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда таҳкиму густариш бахшидааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 178 давлати манотиқи Осиё, Аврупо, Африқо ва Амрико истиқлоли давлатии кишвари моро расман эътироф кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд давлати ҷаҳон намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худро таъсис додааст, ки барои таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолият доранд. Сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ: Австрия, Беларус, Олмон, Чин, Қазоқистон, Хитой, Федератсияи Россия, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва ғайра Сафоратҳои давлатҳои хориҷӣ дар Душанбе: Чин, Олмон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон, Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ӯзбекистон ва ғайра.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи беш аз 80 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ шуда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсию амниятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон саҳмгузор аст. Тоҷикистон ба зиёда аз 350 санади байналмилалӣ, аз ҷумла конвенсияҳо, хартияҳо ва эъломияҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, уҳдадориҳои худро дар самти расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбудии вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли инҳоро иҷро менамояд, арзишҳову манофеи миллиро дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад. Акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ширкати фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, тадриҷан мукаммал намудааст, ки ҳамчун намуна ба чанде аз онҳо метавон ишора кард: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ» (1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (2014), Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷӣ» (2015). Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи севуми истиқлоли давлатии хеш ба марҳалаи нави муносибатҳо бо кишварҳои хориҷа иқдом намуд ва аҳдофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро бо шарикони стратегӣ мавриди амал қарор дод; бисёре аз масъалаҳои кишвар дар миқёси минтақа ва байналмилалӣ зимни муносиботи ҳасана ҳалли худро ёфтанд. Бо таваҷҷуҳ ба шароити нави ҷаҳонӣ ва бартариҳои муосири бурунмарзии кишвар, Консепсияи нави сиёсати хориҷии мо қабул гардид, ки санади асосии муайянкунандаи самтҳо ва бартариҳои сиёсати хориҷии давлатамон ба шумор меравад. Асли консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ» ташкил медиҳад (банди 2.5-и Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015). Тибқи ин Консепсия, вазифаи бартар ва асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои стратегии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар пойтахти ватанамон - шаҳри Душанбе дар як вақт ҳамоишҳои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (2021), ки ба 20-солагӣ ва раёсати Тоҷикистон дар ин созмонҳо бахшида шуда буданд, баргузор мешаванд. Ҳамчунин, баргузории конфронсу симпозиумҳои сершумори дигар низ гувоҳи возеҳи табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақаию ҷаҳонӣ мебошад.
Бо гузашти замон ва бо андӯхтани таҷрибаи бештар асосҳои назарию методологии муносибатҳои хориҷӣ такмил меёбанд ва мактаби сиёсати хориҷии кишвар бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба марҳалаҳои нави рушду такомули худ ворид мегардад. Дар ин раванд, ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти кишварҳо, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоид барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии он муҳим дониста мешавад.
Адабиёт
- Раҳмонов Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 5. Душанбе, 2005;
- Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Парлумони кишвар аз 24 апрели соли 2010 // www.president.tj;
- Сайидзода З. Дар бораи механизм ва манфиатҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Сиёсати хориҷӣ. №1. Душанбе, 2012;
- Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2015;
- Раҷабов С. Ҷанбаҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии дастрасӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон // Нақши Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон. Москва, 2017;
- Самиев Х. Д. Сиёсати хориҷии кишвар: назария, методология ва таҳлили амалӣ // Сиёсати хориҷӣ. № 2. Душанбе, 2016;
- Холиқназар Х. Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол // Сиёсати хориҷӣ. № 1. Душанбе, 2016;
- Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 // www.president.tj.
Муаллиф: С. Раҷабов.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ
Аз замони ба даст овардани истиқлол дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро пайдо карда, муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монд. Алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 80 созмони байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки Авруосиёии рушд, Бонки Осиёии сармоягузории зерсохторӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайра буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад ва муносиботро дар доираи ин созмонҳо рушд ва густариш медиҳад.
2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид шуда, барои ҳамкорӣ бо ташкилот, муассисаҳо ва ниҳодҳои тахассусии он заминаи устуворро фароҳам овард. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар самти соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду ҷолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувор ва ҳифзу идораи захираҳои об ҳамкории густурда ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид – Дафтари нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (Душанбе) бо мақсади таҳкими раванди сулҳ дар Тоҷикистон, мусоидат ба амалиёти сулҳпарвар ва кумаки фаврии башардӯстона 1 феврали соли 1993 ба фаъолият шурӯъ кард. Барои иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи 2000 бо ташаббуси собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан «Дафтари Созмони Милали Муттаҳид доир ба сулҳофарӣ» дар Тоҷикистон созмон дода шуд ва августи 2007 фаъолияти худро бомуваффақият анҷом дод. Дар Тоҷикистон муассисаҳои тахассусии зерини Созмони Милали Муттаҳид фаъолият мекунанд:
-
Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ;
-
Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ;
-
Созмони байналмилалии меҳнат;
-
Созмони байналмилалии муҳоҷират;
-
Хазинаи байналмилалии асъор;
-
Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстона;
-
Дафтари ҳуқуқи инсони Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид;
-
«Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид: Ташкилоти ягонаи гендерӣ ва тавонмандсозии занон;
-
Ихтиёриёни Созмони Милали Муттаҳид;
-
Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар бораи вируси норасоии масунияти одам ва синдроми пайдошудаи норасоии масуният;
-
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид;
-
Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид;
-
Раёсати комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон;
-
Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид;
-
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ;
-
Дафтари хадамоти лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид;
-
Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ;
-
Бонки ҷаҳонӣ;
-
Барномаи озуқавории Созмони Милали Муттаҳид;
-
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ;
-
Созмони ҷаҳонии савдо;
-
Созмони илмию фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид.
Маориф, илм ва фарҳанг
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 узви Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид шуда, ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи корҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг созмон ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба дастовардҳои муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд:
-
Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» сазовори ҷоизаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг гардид (2002);
-
«Шашмақом» ва мусиқии суннатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун шоҳкории шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ворид карда шуд (2003);
-
Бо қарори ҷаласаи 34-уми Кумитаи Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг шаҳри қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ дохил шуд (2010);
-
«Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир» бо қарори ҷаласаи 36-уми Кумитаи Мероси ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ба феҳристи Мероси табиии ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дохил гардид (2013);
-
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг – шаҳри Порис соли 2013 муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гардид;
-
Барои ташаккули сулҳи пойдор ва рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо дар бораи пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, соли 2013 Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии «60-солагии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг» сарфароз гардонд;
-
Соли 2013 дар Конференсияи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар Порис ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг солҳои 2014–2015 таҷлил мешаванд, ворид шуданд;
-
Соли 2020 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг 5500-солагии «Саразм» таҷлил гардид.
Паноҳандагон
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон соли 1993 бо кушодашавии Дафтари намояндагии ин ниҳод барои мусоидат ба баргузории чорабиниҳои ёрмандӣ ба аҳволи паноҳанда ва паноҳандагони дохилӣ оғоз ёфт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин шуда ба Конвенсияи соли 1951 ва Протоколи соли 1967 дар бораи мақоми паноҳандагон пайваст. Дафтари мазкур аз рӯзи аввали фаъолияташ дар Тоҷикистон барои ҳифзи паноҳандагон ва ёрӣ ба онҳо бо ҷумҳурии мо ҳамкорӣ мекунад. Заминаи ҳуқуқии фаъолияти Намояндагии Раёсат дар Тоҷикистон «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ миёни Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи умури паноҳандагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моҳи майи 2002 мебошад.
Муҳоҷират
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 узви Созмони байналмилалии муҳоҷират шуда, миёни ин созмон ва Ҳукумати кишвар созишнома оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Созмони байналмилалии муҳоҷират дар таъмини раванди идораи башардӯстона ва муназзами муҳоҷират, ёрӣ расонидан ба муҳоҷирони ниёзманд, ҳамчунин ҷустуҷӯи ҳалли воқеии мушкилиҳо дар ин самт мусоидат мекунад.
Тандурустӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар доираи татбиқи чандин барномаи гуногунсамт, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кумаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ислоҳоти он, беҳдошти саломатии модару кӯдак, ба мисли барномаҳои солимии репродуктивӣ, пешгирии бемории вараҷа, назорати сил ва вируси норасоии масунияти одам ва синдроми пайдошудаи норасоии масуният, бемориҳои ғайримуқаррарӣ ва равонӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ мондааст. Барои амалӣ шудани барномаҳои зикршуда Дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Кӯдакон
Ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1993 оғоз ёфтааст. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барномаҳои мухталифро дар самтҳои нигоҳубини модару кӯдак, таҳсилоти асосии умумии босифат, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак (солҳои 2005–2009), иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ аз қабили саҳмгузорӣ дар «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола», «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва ғайра роҳандозӣ кардааст.
Хазинаи байналмилалии асъор
Хазинаи байналмилалии асъор бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи майи 1996 ҳамкорӣ мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ислоҳоти иқтисодиро дар асоси муоҳадаи сесола дар чаҳорчӯби механизми мубориза бо камбизоатӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ аз соли 1998 амалӣ мегардонад.
Бонки ҷаҳонӣ
Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки ҷаҳонӣ шуда, то ҳол барои рафъи камбизоатӣ, маблағгузории талафоти баъдиҷангӣ тавассути лоиҳаҳои барқарорсозӣ, сармоягузории соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, пешрафти табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, мусоидат ба навсозии сохторӣ, аз ҷумла соҳаҳои телекоммуникатсия ва нақлиёти ҳавоӣ бо бонки мазкур ҳамкорӣ мекунад. То моҳи сентябри соли 2002 Бонки ҷаҳонӣ барои 20 амалиёт 302 миллион доллари амрикоиро ҷудо кард ва 11 амалиёти дигар ба маблағи 151,1 миллион доллар дар марҳалаи иҷро қарор доранд. Дар даҳсолаи дуюми даврони истиқлол стратегияи нави Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаҳои кӯмак ба кишварҳо (80 миллион доллари амрикоӣ барои солҳои 2003–2005 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул гардид, ки дар он се вазифаи асосӣ – кӯмак ба аҳолии маҳаллӣ, инкишофи фаъолияти соҳибкории хусусӣ ва таҳкими институтҳои иқтисоди бозорӣ муқаррар карда шуда, бомуваффақият амалӣ гардиданд.
Бонки рушди Осиё
Моҳи апрели соли 1998 Тоҷикистон узви Бонки рушди Осиё шуд. Бонки мазкур то ҳол (2021) ба маблағи умумии 172,9 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои зерро маблағгузорӣ кардааст: Лоиҳаи кредит барои барномаи инкишофи баъдиҷангии зерсохтор (20 миллион доллар; 1998), Лоиҳаи барқарорсозии соҳаи иҷтимоӣ (20 миллион доллар), Лоиҳаи фавқулодда бартарафсозии оқибатҳои обхезӣ (5 миллион доллар; 1999), Лоиҳаҳои азнавсозии роҳҳои автомобилгард, соҳаи энергетика ва таъмири бетаъхири низоми обёрикунии Ёвон (57,6 миллион доллар; 2002), чор лоиҳаи дигар – корҳои таъмиру тармим, барномаи дастгирии инкишофи тиҷорати минтақавӣ ва ҳамкории гумрукӣ, барқарорсозии соҳаи кишоварзӣ ва муҷаҳҳаз кардани шабакаи минтақавии интиқоли барқ (70,3 миллион доллар, 2002). Дар стратегия ва барномаи охирини Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон (солҳои 2003–2005) 40 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кӯмак ба соҳаи тараққиёти иҷтимоӣ, энергетика, кишоварзӣ, идора ва инфрасохтор ҷудо карда шуд.
Мубориза бо маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ
Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ аз соли 1993 бо кушодашавии Намояндагии минтақавии Раёсат бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ оғоз кард. Созмони мазкур дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зерро амалӣ менамояд: «Таҳкими назорати хатти сарҳади Тоҷикистону Афғонистон», «Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — марҳалаи II», Барномаи минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (2015–2019), Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя, Барномаи ҷаҳонии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид дар бораи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук доир ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо ва ғайра Ҳамасола Раёсат дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муштарак дар бораи муаррифии «Шарҳи вазъи маводи мухаддир тайи ҳар соли сипаришуда» мегузаронад, ки дар он роҳбари минтақавии Раёсат дар Осиёи Марказӣ А. Миттал низ иштирок менамояд.
Занон
«Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид дар бораи баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконоти занҳо дар саросари ҷаҳон буда, намояндагии он дар Тоҷикистон барои роҳандозии фаъолияти гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ, машваратии ройгони ҳуқуқӣ барои занон, аз ҷумла дар масъалаи ҳуқуқ ба замин ва амволи давлатӣ фаъолият дорад. «Занон»-и Созмони Милали Муттаҳид ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадориҳо дар баробарии ҷинсият (гендерӣ), васеъ намудани ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ, бартараф кардани зӯроварӣ ба занон, сулҳ, бехатарӣ ва омилҳои ҷинсият дар фаъолияти башардӯстӣ ёрӣ мерасонад.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи ҷанбаҳои иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, намояндагии он декабри 1993 дар Тоҷикистон созмон ёфт ва ҳамон сол Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расид. Санадҳо ва барномаҳое, ки байни Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Тоҷикистон қабул ва тасдиқ шудаанд: Созишномаи сиғавӣ барои давраи солҳои 1999–2000, Барномаи нави кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005–2009, Консепсия доир ба расонидани ёрӣ дар рушди Тоҷикистон, Барномаи сиғавии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расонидани ёрӣ баҳри рушд барои солҳои 2010–2015, Нақшаи амали Барномаи кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2010–2015 аз 16 декабри соли 2009, Барнома дар доираи фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид доир ба рушд барои солҳои 2016–2020 ва Барномаи кишварии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2016–2020 мебошанд. Самтҳои дигари фаъолияти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон: пешниҳоди имконот, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва инкишоф, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рафъи камбизоатӣ, пешгирии буҳронҳо, энергетика, экология ва ғайра.
Озуқаворӣ ва кишоварзӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дохил гардид. Намояндагии он дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (майи 2017) кушода шудааст. Дар солҳои аввали фаъолият Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро барои гузариш ба ҳаёти осоиштаи баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дастгирӣ карда, баъдан самти фаъолияташро барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо равона кард. Бо дархости Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба нашри дуввуми Китоби Сурхи наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон мусоидат кард. Ин китоб 267 намуди рустанӣ ва 222 намуди ҳайвоноти Тоҷикистонро дар 2 ҷилд дар бар гирифтааст.
Шабакаи рушди Оғохон
Шабакаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон фаъолияти худро аз соли 1992 оғоз карда, зиёда аз 150 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои барномаҳои гуногун дар Тоҷикистон ҷалб намуд, ки онҳо аз ҷониби худи ҳамин Созмон, ташкилотҳои «Имомати исмоилӣ» ва «Ҷамъияти исмоилӣ» дар тамоми ҷаҳон маблағгузорӣ мешаванд. Дар ибтидо Шабакаи рушди Оғохон ба ҳалли масъалаҳои марбут ба мубориза алайҳи маводди мухаддир ва расонидани ёрии башардӯстона машғул буд. Имрӯз фаъолияти он ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани сатҳи зерсохтор ва масоили фарҳангӣ, маблағгузории сектори молиявӣ, аз ҷумла қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурд бахшида шудааст. Шабакаи рушди Оғохон бисёр лоиҳаҳои байнисарҳадиро роҳандозӣ карда, барои мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ дар сохтмони 4 пули миёни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ёрӣ расонидааст. Иқдоми охирини Шабакаи рушди Оғохон дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф (таъсиси Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори назди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва барномаҳои рушди кӯдакии барвақт), ҳамчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ (Маркази минтақавии таҳқиқ дар Беморхонаи марказии Хоруғ), маблағгузориҳои соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, сайёҳӣ ва фарҳанг ба шумор мераванд. Ҳоло Шабакаи рушди Оғохон тавассути 8 сохтор ва оҷонсиҳои фаръии худ, аз ҷумла ширкати Помир Энерҷи, Tcell фаъолият мекунад. Масъули бахшҳои тандурустӣ, маориф ва хадамоти иҷтимоии шабакаи мазкур - Шоҳдухтар Заҳро Оғохон соли 2017 барои тавсеаи ҳамкориҳои Шабакаи рушди Оғохон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф оварда буд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 1992 узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ буда, баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ бо он ҳамкорӣ мекунад. Созмони ҳамкории иқтисодӣ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои бартар, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза алайҳи гардиши маводди мухаддир татбиқ намудааст.
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи аввали созмонёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои пояии онро эътироф менамояд ва шарики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, аз ҷумла 400 қарори Шӯрои сарони давлатҳо, беш аз 1 000 санади Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва 200 санади Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ. Намояндагони Тоҷикистон дар Комиссия доир ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Раёсати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият доранд. Дар доираи ҳамкориҳои гуманитарӣ Тоҷикистон аз 88 санади мавҷуда 53 адади онро имзо кардааст. Майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ созмон ёфт. Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 изҳороти Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, маводди психотропӣ ва прекурсорҳои он қабул гардид. Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони 2 нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун «Соли хониш ва адабиёт дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мебошад. Бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ дар доираи ҷашнвораи 1 150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо 3 забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақсим гардиданд. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои хонандагони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон нашр шуданд. Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ аз силсилаи «Адабиёти классикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 2 ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кард. Дар шаҳри Душанбе мунтазам ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегарданд. Дар нишасти Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007) санадҳои муҳим аз қабили Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва амалисозии он, Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират, Шартнома дар бораи муҳолифат ба қонунӣ гардонидани даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм қабул шуданд. Соли 2011 раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон гузашт. Тоҷикистон Консепсияи раёсати худро матраҳ карда, дар он меъёрҳои муҳим, чун мубориза бар зидди ғояҳои ифротгароӣ, терроризму таҳаммулнопазирӣ ва андешидани чораҳои муштарак барои бартарафсозии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ҷой дода шуданд. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (19 майи соли 2011, Минск), ки онро Сарвазири Тоҷикистон раисӣ мекард, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани «Соли амнияти саноатӣ» тасдиқ гардида, тарҳи пешакии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2020 маъқул дониста шуд, ки барои имзо кардани Аҳднома дар бораи минтақаи савдои озод қадами муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (сентябри 2011) ба муносибати 20-солагии таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии «Ҷамъбасти фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда» ва нақшаи байнидавлатии «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» муҳокима шуд. Тоҷикистон ҳамчунин соли 2012 (соли раисии Туркманистон) ба сифати ҳамраис дар Иттиҳод, ҳамчунин дар ҷаласаҳои сарони ҳукуматҳо (30 майи соли 2012), Сарони давлатҳо (3 декабри соли 2012) ва вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (4 декабри соли 2012, Ашқобод) фаъолона ширкат варзид.
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон буда, он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва субот дар тамоми минтақаи Аврупову Осиё, ҳамчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлоли кишварҳои узв тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар амал ба омили муҳими таъмини амнияти минтақаю ҷаҳонӣ мубаддал гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол кардани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии кишварҳои узв ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои узви созмонро аз вазифаҳои муҳимтарини Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад.
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Ҷумҳурии Тоҷикистон феврали 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо карда, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро аз соли 1994 оғоз намуд. Намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор доир ба таъсиси Миссияи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Рум қабул шуд. Тибқи қарори Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз 19 июни соли 2008 Маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ба Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва 1 июни соли 2017 бо қарори Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (таҳти № 1251) ба Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе тағйири ном кард. Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси 3 самти муайян: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодию экологӣ ва инсонӣ, лоиҳаҳои гуногунро амалӣ мекунад. Аз соли 2000 нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба интихоботи парламентии Тоҷикистон даъват мешаванд. Дар чаҳорчӯби барномаи нави ҳамкорӣ, Платформаи шарикӣ байни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда барои соли 2019 ва пас аз он, баргузор гардид. Аз май то августи 2019 Тоҷикистон Форуми ҳамкории Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро раисӣ карда, 8 майи соли 2019 дар Вена барномаи раёсати худро пешниҳод намуд. Айни ҳол, ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо дар назар доштани дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва бартариҳои кишвар дар самтҳои ислоҳоти милисия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.
Созмони ҳамкории Шанхай
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлатҳои муассис ва иштирокдори фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай буда, ин созмон дар асоси фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», Созишномаҳо байни Тоҷикистон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Федератсияи Россия ва «Дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад» (1996) ва «Дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад» (1997) ташкил шуд. Сентябри 2014 дар шаҳри Душанбе дар рафти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Тартиби додани мақоми давлати узв» тасдиқ гардид, ки имкони ҳамроҳшавии дигар кишварҳоро ба Созмони ҳамкории Шанхай фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳо (солҳои 2008, 2014 ва 2021) ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (солҳои 2006, 2010, 2018) раёсати ин созмонро ба уҳда дошт. Мутобиқи муқаррароти Созмони ҳамкории Шанхай, соли 2020 раёсати созмон аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай соли 2021 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва баргузории нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Кумитаи тадорукот таъсис дод, ки алҳол барои таъмини амният ва субот, таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар паҳнои Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона кор мекунад. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои фармондеҳӣ-ситодии Созмони ҳамкории Шанхай «Норак - зидди террор» 17–19 апрели соли 2009 ва машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай «Мирная миссия-2012» 8–14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чоруҳ-Дайрон»-и вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардиданд.
Созмони ҳамкории исломӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 декабри соли 1992 узви Созмони ҳамкории исломӣ ва соли 2007 узви Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ шуд ва Низомномаи нави Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 тасдиқ гардид. Дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои узви он бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умда, аз қабили таҳкими ҳамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв, рафъи тамоми шаклҳои табъиз, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод ва ҳифз намудани ҷойҳои муқаддас, ёрӣ барои барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳои мардуми Фаластин, дастгирии муборизаи мардуми мусалмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш, фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо ҳамкорӣ дорад. Дар ҳошияи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Созмон чорабинӣ ва иқдомҳои зер роҳандозӣ шуданд:
-
дар сатҳи миллӣ баргузор намудани ҷашнвораҳои абармардони фарҳангии исломӣ - Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва Имом Бухорӣ;
-
эҳёи ёдгориҳои таърихии Хулбук, Кӯлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Мӯминобод, Рӯшон ва ғайра;
-
тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;
-
соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит;
-
ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
баргузории 37-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (18–20 майи соли 2010).
Иттиҳоди Аврупо
Дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе, 2003) таъсис ёфта, майи 2004 расман ба ҳайси намояндагии дипломатӣ аккредитатсия шудааст. Дар ибтидо ҳамчун намояндагии минтақавӣ тобеи намояндагии муқими Қазоқистон (2001–2008) буда, фаъолияти он аз ҷониби кордори муваққатӣ (Б. Плинкерт аз соли 2004, хонум С. Адриан аз соли 2007) назорат мешуд. Соли 2009 ҳайати он такмил дода шуд ва аз 1 декабри соли 2009 бо эътибор пайдо кардани Шартномаи Лиссабон, ҳайати Комиссияи Аврупо ба Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зайлро иҷро мекунад: таъмини муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва беруна (молиявӣ ва техникӣ), алахусус татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ; пайгирии сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: стратегияи шарикии нав; мусоидат ба ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ (Осиёи Марказӣ), яъне идораи барномаҳои ғайримутамаркази миллӣ ва минтақавӣ; тиҷорат, кумаки беруна ва ғайра Иттиҳоди Аврупо дар оянда ният дорад, ки то 48 миллион евроро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун ёрӣ ба Тоҷикистон барои ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод намояд.
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх
Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх намояндагии худро январи 1993 дар Душанбе кушодааст. 14 июли соли 2003 Созишнома «Дар бораи мақоми намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх» имзо шуд. Ёрмандиҳои Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх: барномаи «Иқдомҳои микроиқтисодӣ» барои расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз мина дар Тоҷикистон Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (2012); грантҳо барои оилаҳои зарардида аз мина, ки хоҳиши ташкил ва рушди тиҷорати хурди оилавиро доранд; ёрӣ ба кормандони соҳаи тиб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда (2010) ва ғайра Ҳамчунин Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх семинарҳои махсус барои ҷарроҳони таҷрибаомӯз ва курсҳои «Амалиёти таъчилии тиббӣ ба захмҳои калон»-ро барои табибони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Ҳоло Хазинаи махсуси маъюбони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (MoveAbility) барои омӯзонидани мутахассисони миллӣ ёрии техникӣ, машваратӣ ва молӣ мерасонад. Ҳамчунин, Муассисаи давлатии «Заводи протезу ортопедии шаҳри Душанбе» ва филиали он дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб бо таҷҳизоти техникӣ таъмин гардиданд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх Маркази миллии қонунгузории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои таҳқиқот мувофиқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ, ки ба ҳуқуқи шахсони гумшуда ва оилаҳои онҳо тааллуқ дорад, дастгирӣ кардааст.
Адабиёт
- Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид. Душанбе, 1999;
- Созмони Милали Муттаҳид ва фаъолияти он дар Тоҷикистон. Душанбе, 1999;
- Барихин А. Б. Большая юридическая энциклопедия. Москва, 2010;
- Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх. Душанбе, 2006;
- Ҳуқуқи байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2010;
- Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Душанбе, 2012.
Муаллиф: С. Раҷабов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 184–191.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




