Ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ
Пайдоиши ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як давраи мураккабу пур аз ихтилофи иҷтимоию сиёсӣ рабт дорад. Яъне, вазъи мураккаб ва душвориҳои пайдарпай натавонистанд пеши рушди онҳоро бигиранд. Навъу шакли ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсии кишвар таърихи он қадар тӯлонӣ надоранд, ба истиснои Иттифоқҳои касаба ва Ҳизби коммунист, ки собиқаи онҳо бештар аст. Қариб ҳамаи онҳо зодаи даврони истиқлоли кишварамон мебошанд. Имрӯз сатҳ ва доираи фаъолияти онҳо назар ба давраи шӯравӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар кишварамон аввалин созмону ҳаракатҳои оммавию сиёсӣ баробари қабули Эъломияи истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Даҳҳо созмони демократӣ, аз қабили клуби сиёсию мубоҳисавии «Рӯ ба рӯ» (майи 1989), «Дирафши Ковиён» (шаҳри Норак, 1989), «Таҷдид» (Вахш, 1989), «Бохтар» (Ховалинг, 1989), иттиҳодияи ҷамъиятии «Маърифат» (бо ибтикори С. А. Афанасев), ҷамъияти «Эҳёи миллӣ» (дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва дигар ҳаракатҳо ва созмонҳои сиёсӣ гуногунандешии сиёсиро дар кишварамон ривоҷ доданд.
Зери сарпарастии Ҳизби демократии Тоҷикистон (1990) ва ҳаракати мардумии «Растохез» (сентябри 1991), «Созмони ҷавонони озоди Тоҷикистон» (1991) таъсис ёфт. Ҳамзамон дар шаҳру ноҳияҳо чандин созмону ҳаракатҳои иҷтимоию сиёсӣ, аз қабили ҳаракати Ҷамъияти «Ошкоро» (1989), «Лаъли Бадахшон» (30 майи соли 1991), «Ҳисори Шодмон» ва созмонҳои «Эҳёи Хуҷанд», «Ваҳдат», «Меҳан» пайдо шуданд, ки хусусияти маҳаллӣ дошта, дар фазои сиёсии солҳои 90-уми асри 20 хеле фаъол буданд. Ҳамчунин миёни умумиятҳои миллию этникӣ ва динӣ созмонҳои гуногун ташаккул ёфта, ба ҳимояи манфиатҳои қавмию этникии хеш машғул гардиданд; онҳо дар шаклҳои иттиҳодия, ассотсиатсия ва ҷамъиятҳои фарҳангию миллӣ дар ҷумҳурӣ ташкил шуданд: «Ҷамъияти русҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1 октябри соли 1991, аз ҷониби В. И. Юшин); «Ҷамъияти ӯзбекҳои Тоҷикистон» (майи 1991 таҳти сарварии Б. Ҳабибулло); Маркази ҷамъиятӣ-фарҳангии тотору бошқирдҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дӯстлик» (1991 таҳти сарварии Р. Ҳамзина), ҷамъияти маданӣ-маърифатии гурҷиҳо «Сатвистимо Иберия» (1991 бо сарварии сиёсатшинос К. Ш. Багратович), «Ассотсиатсияи кореягиҳои шӯравии Тоҷикистон» (20 январи соли 1990, бо сарварии К. В. Михайлович), «Ҷамъияти туркманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (24 майи соли 1994 бо сарварии Д. Кулаков), «Ҷамъияти арманиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Месроп Маштотс» (9 декабри соли 1989 таҳти сарварии В. Т. Гургенович), «Ассотсиатсияи уйғурҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (16 майи соли 1992, бо роҳбарии О. Р. Ҳасанов); «Ҷамъияти қирғизҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (26 июли соли 1997 бо роҳбарии З. Ш. Давлаталиева) ва ғайра.
Ҳаракату созмонҳои мазкур аз қабили Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (1989); «Кумитаи тоҷикистонии якдилӣ ва ҳамкорӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо» (1991); Созмони «Бунёди фарҳанги Тоҷикистон» (1991); «Иттиҳоди занони Тоҷикистон» (1992); Ташкилоти башардӯстонаи «Бачагони гуреза ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» (1996); «Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1996); «Ҷунбиши миллии Тоҷикистон» (1996); «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» (1997); Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ (2008) ва ғайра дар таҳкими дӯстии байни миллату халқиятҳо хизмат кардаанд.
Марҳалаҳои рушд
Вобаста ба рушди таърихӣ ҳаракатҳо ва созмонҳои мазкур марҳалаҳои зерро сипарӣ кардаанд: замони ташаккули созмону иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки хосияти маҳаллӣ ва қавмӣ доштанд (1989–1993), давраи рушд ва инкишофи онҳо дар шакли маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ (1994–1999), давраи таҳким ва рушди сохторӣ ва самти фаъолият (аз соли 2000 то имрӯз).
Имрӯз дар кишвар шумораи созмонҳои ғайридавлатӣ ба беш аз 3 500 адад мерасад. Онҳо ҳамчун шарики давлат барои татбиқу иҷрои лоиҳаҳои иҷтимоию сиёсӣ ёрӣ мерасонанд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Моҳи майи соли 2007 тарҳи нави қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» қабул гардид, ки амали он тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фаро мегирифт, ба истиснои ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки тибқи қонунҳои алоҳида танзим мешаванд. Яъне, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «иттиҳодияи ҷамъиятӣ» истифода мешавад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шаклҳои ташкилоти ҷамъиятӣ, ҳаракати ҷамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд.
Ҳизбҳои сиёсӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии гуногун фаъолият мекунанд. Шаҳрвандон ҳуқуқи таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, озодона дохил шудану баромадан аз онҳоро доранд. Дар ҳолатҳои зер фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ қатъ мегардад: агар фаъолияти ҳизби сиёсӣ хилофи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо набошад, аз кишварҳои хориҷӣ ёрии иқтисодию сиёсӣ гиранд, ҳамчунин ҳангоми созмондиҳии дубора ё барҳамдиҳӣ, худпарокандкунӣ ва ғайра Фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд барои таъмини амнияту якпорчагии Тоҷикистон, тақвияти пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун ва ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ равона гардад; робитаи онҳо бо ҳукумат пайваста наздиктар шавад.
Аз оғози солҳои 90-уми асри 20 шумораи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон афзуд. Баъди Анҷумани сеюми ғайринавбатии вакилони халқ (марти 1990), ки ба моддаи 6-уми Конститутсияи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ тағйирот дохил намуд, мақоми пешбарии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ бекор гардид. Дар ин давра, ки Тоҷикистон ба истиқлол расид, дар фазои сиёсии он бисёр ҳизбҳои сиёсӣ пайдо шуданд ва кӯшиши ба сиёсати бузург пайвастанро намуданд, аз ҷумла: Ҳизби ҷумҳурихоҳон, Ҳизби Коммунистии Умумииттифоқӣ (болшевикон), Ҳизби ваҳдати миллӣ, Ҳизби ватандӯстии Тоҷикистон, Ҳизби озодии иқтисодӣ, Ҳизби халқии Тоҷикистон, Ҳизби ягонагии халқӣ.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсии зерро ба расмият шинохтааст: Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби социалистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон; Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.
Фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ
Самти фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ хеле густурда буда, махсус дар бозомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас мебошад. Бо ташаббуси онҳо марказҳои бозомӯзӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷомондагон, муассисаҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ, маданию маишӣ созмон ёфта, ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат бо истифода аз технологияи муосир барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё намудани шароиту имконот ва ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Аҳдномаи ризояти ҷомеа
«Аҳдномаи ризояти ҷомеаи Тоҷикистон» (9 марти соли 1996) ба фаъолияти баъдии ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ такони пурзӯр расонид. Дар имзо гардидани он роҳбарони 32 ҳаракату созмони сиёсӣ, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву динӣ, илмию эҷодӣ ва дигар созмонҳои миллию маданӣ ширкат варзиданд. Вазифаҳои ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ тибқи Аҳднома: ба даст овардани сулҳ миёни шаҳрвандон, ризояти миллӣ ва ҷамъиятӣ дар ҷомеа, таъмини бартарии ҳуқуқу озодии инсон нисбат ба тамоми арзишҳои дигар, таъмини бартарии Конститутсия ва қонунҳои мамлакат, инкишоф додан ва дастгирӣ намудани ташаббусҳои шаҳрвандӣ ва институтҳои демократӣ дар ҷомеа ва давлат, мусоидат ба инкишофи демократия, гуногунии ақидаҳо ва гуногунандешии сиёсӣ. Ҳаракати бонуфузи ҷамъиятӣ – Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Аҳднома таъсис ёфт. Дар ҷамъомади аъзои Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (11 марти соли 1999) муҳлати фаъолияти он 3 сол дароз карда шуд. Соли 2002 аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки муҳлати амал бемаҳдуд бошад. Ин намуди созмони машваратию таҳлилии доимамалкунанда барои ташаккул, инкишоф ва рушди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона хеле муҳим аст.
Адабиёт
- Роҳи сулҳ (ҳуҷҷатҳои гуфтушуниди байни тоҷикон). Душанбе, 1997;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 1998;
- Бюллетени Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. № 1. Душанбе, 2002;
- Ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2006;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2007;
- Зокиров Г. Н. Донишномаи сиёсӣ. Душанбе, 2015;
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2016;
- Исаев У. У. Неправительственные организации и политические изменения в Республике Таджикистан. Душанбе, 2017.
Муаллифон: Г. Зокиров, У. Исаев.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 191–192.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




