Созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ
Фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидорӣ ва қонуният ба роҳ монда мешавад. Онҳо дар муайян кардани сохтори дохилӣ, ҳадафҳо, шаклу усули фаъолияти худ озоданд. Давлат иттифоқҳои эҷодиро бо роҳи ҷудо кардани маблағҳои мақсаднок дастгирӣ мекунад.
Иттифоқҳои эҷодӣ
Ҳоло (2021) дар Тоҷикистон нуҳ иттифоқи эҷодӣ амал мекунанд:
- Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон;
- Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
- Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;
- Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон;
- Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон;
- Иттифоқи меъморони Тоҷикистон;
- Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
- Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;
- Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




