Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи илмию техникӣ ва эҷодии ҷамъиятӣ мебошад. Соли 1991 ҳамчун Шуъбаи тоҷикистонии Академияи муҳандисии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ таъсис ёфтааст. 3 июли соли 1992 номи «Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифт. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимон ва муҳандисони пешқадами ҷумҳуриро барои таҳкими робитаҳо байни пажӯҳишҳои асосӣ, коркардҳои техникӣ, инноватсия, технологияи пешқадам ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муҳандисӣ дар истеҳсолот ба таври ихтиёрӣ ва интихобӣ муттаҳид менамояд. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Академияи муҳандисии байналмилалӣ, Федератсияи институтҳои муҳандисии кишварҳои исломӣ шомил буда, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Узвият
Ба ҳайати Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 академик, 50 узви вобаста ва 20 узви вобастаи Академияи муҳандисии байналмилалӣ дохиланд (соли 2021). Дар ҳайати Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони варзидаи илмию муҳандисӣ, докторҳо ва номзадҳои илм, муаллифони ихтироот, дорандагони мукофотҳои давлатӣ, ходимони шоистаи илму техника, аъзои шӯроҳои олимон, илмӣ-техникӣ ва диссертатсионӣ кор мекунанд. Академия узви Шӯрои ризоияти ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик», Корхонаи давлатии «Востокредмет», Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ғайра аъзои коллективии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Самтҳои фаъолият
Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин фаъолият дорад:
- хоҷагии об, гидротехника дар агросаноат;
- геология, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ;
- системаҳои иттилоотӣ, муҳобирот ва телекоммуникатсия, метрология ва стандартсозӣ;
- коммуникатсия, системаи нақлиёт;
- мошинсозӣ;
- металлургия ва масолеҳшиносӣ;
- экологияи муҳандисӣ ва масъалаҳои тиббию экологӣ, мониторинг ва сарфакории энергия;
- сохтмон, бинокорӣ ва меъморӣ;
- технологияи саноати хӯрокворӣ ва тавлиди маҳсулотҷӯӣ;
- технологияҳои кимиёвӣ ва биокимиёвӣ;
- саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқ ва идораи фаъолияти муҳандисӣ;
- энергетика;
- муҳандисӣ дар тиб;
- муҳандисӣ дар фаъолияти иҷтимоӣ;
- туризми илмӣ ва экологӣ.
Пажӯҳиш ва ҳамкорӣ
Дар назди Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият доранд, Пажӯҳишгоҳи экологияи инсон ташкил карда шудааст. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию сохтории ҷории фаъолияти худро ҳал карда, лоиҳаҳои муҳандисию техникӣ, барномаҳо ва пешниҳодҳо таҳия менамояд, барои таҳия ва татбиқи қарорҳои илмию техникӣ шарик меҷӯяд, конференсия ва семинарҳои илмию техникӣ доир менамояд, робитаҳои байналмилалиро ривоҷ медиҳад, дар масъалаҳои муҳандисӣ ба корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маслиҳатҳо медиҳад. Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами муҳандисию техникии замон, аз қабили истиқлоли энергетикӣ, рафъи мушкилоти робитаҳои байналмилалӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва тараққиёти босуръати саноатии кишвар саҳм мегузорад. Дурнамои рушди Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кашфи иқтидорҳои калони илмӣ ва техникию инноватсионию муҳандисӣ марбут аст.
Президентон
Президентони Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон: А. В. Ваҳҳобов (1991–1996), А. Ҳ. Катаев, Л. Х. Саидмуродов (1996–2014).
Муаллиф: Ф. Каримов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 192–193.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




