Анҷумани фарҳанги бостон
Анҷумани фарҳанги бостон иттиҳодияи ҷамъиятии илмию фарҳангӣ мебошад. Соли 1992 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Иштироки фаъолона ва мусоидат дар бобати омӯзишу тарғиби фарҳанг, забон, осори илмию бадеии бостонии мардуми ориёӣ, хоса тоҷикон, эҳёи ҷашну суннатҳои бостонии мардуми эронитабор, ҳифзи ёдгориҳои таърихии бостонӣ ва ғайра аз аҳдоф ва вазифаҳои Анҷумани фарҳанги бостон мебошанд.
Бо саъю талоши аъзои он пораҳо аз китоби «Авасто» (2001) ва тарҷумаҳои форсии «Готҳо»-и Зардушт ба тоҷикӣ бо ҳуруфи кириллӣ баргардон ва нашр шудаанд.
Анҷумани фарҳанги бостон бо анҷумани «Рӯдакӣ» (Порис) дар баргузории ҳамоишҳои ҳарсолаи «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон» фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Ҳамоишҳои солҳои 1992, 1996, 2001, 2003 дар Душанбе, ҳамоишҳои дигар дар Ҳамбург (Германия), Гётеборг (Шветсия), Порис гузаштанд.
Анҷумани фарҳанги бостон бо анҷуманҳои «Пайванд», «Борбад», бо марказҳои фарҳангӣ дар Россия, Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австралия, Эрон, Ҳиндустон ва донишмандони алоҳида аз мамолики гуногун ҳамкорӣ мекунад. Шуъбаҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амал менамоянд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 193.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




