Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки аъзояш ба таври инфиродӣ аз ҷумлаи кормандони фаъоли воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои эҷодӣ пазируфта мешаванд. Соли 1959 дар Анҷумани якуми кормандони матбуоти ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 12 анҷуман баргузор карда (1959, 1962, 1967, 1972, 1977, 1982, 1987, 1992, 2001, 2006, 2013, 2015), масъалаҳои муҳимми соҳаи матбуотро баррасӣ ва ҳаллу фасл кардааст.
Сохтор ва идоракунӣ
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар гузашта дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод (ҳоло Хуҷанд), Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб ва Хоруғ шуъбаҳо дошт. Ҳоло дар назди редаксияҳои рӯзномаву маҷаллаҳо, телевизион, радио, нашриётҳо ва ғайра ташкилотҳои ибтидоии он амал мекунанд. Идораи фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро Раёсати он ба уҳда дорад, ки дар анҷуман интихоб мешавад. Мақоми олии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон анҷуман буда, дар панҷ сол як бор баргузор мегардад.
Фаъолият
Фаъолияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби меъёрҳои оиннома ба таҳким ва рушди моддию техникии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, таъмини истиқлоли касбию эҷодии кормандони соҳа, ташаккули фарҳанги журналистикаи ҳақиқатбаёни мустақил, пешгирии ҳама гуна кӯшишҳои ҷорӣ намудани сензура, мусоидат ба беҳдошти вазъи моддию иҷтимоӣ, баланд бардоштани шароити кор ва сатҳи ҳирфаии журналистони Тоҷикистон равона гардидааст. Барои мусоидат ба рушди касбии рӯзноманигорон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ озмунҳои эҷодӣ, мизҳои мудаввар ва семинарҳо гузаронида, якҷо бо вазорату созмонҳои гуногун оид ба масъалаҳои мубрам ва муҳимми рӯз озмунҳои муштарак доир мекунад.
Дар назди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон комиссияи қабул ба узвият, ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқи журналистон, Маркази аккосии «Рангинкамон» ва маҳфили рӯзноманигорони русзабон фаъолият доранд. Ҳоло зиёда аз 2 300 рӯзноманигори касбӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошанд.
Ҷоизаҳо
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба такомули фаъолияти ҳирфаӣ ва қадрдонии ҳунари эҷодии журналистон Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва барои донишҷӯёни факултаву шуъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон Ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрориро таъсис додааст, ки ҳамасола дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ба ғолибон тақдим мешаванд.
Ҳамкориҳои байналмилалӣ
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз соли 1992 ба ҳайати Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистон дохил шуда, аз соли 1995 ҳамчун иттиҳодияи мустақил фаъолият мекунад ва бо 23 созмони эҷодии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ робитаи ҳамкорӣ дорад.
Роҳбарон
Роҳбарони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон: А. Ҳоҷибоев (1959–1961), А. Ҳалимов (1961–1968), Ш. Саидов (1968–1974), Ф. Қаландаров (1974–1989), О. Латифӣ (1989–1991), М. Давлатов (1991–2006), А. Сатторов (2006–2015), З. Исмоилзода (аз 2015).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 193–194.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




