Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон
Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки намояндагони кино ва телевидении тоҷик, аъзои Конфедератсияи иттифоқҳои кинематографистони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва кишварҳои соҳили Балтикаро муттаҳид кардааст.
Ҳадаф ва вазифаҳо
Ҳадаф ва вазифаҳои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон:
- Рушди санъати кинои тоҷик ва анъанаҳои миллии кинематографияи тоҷик;
- Эҷоди асарҳои баландғоя ва офаридани филмҳои миллӣ;
- Ҳимояи ҳуқуқӣ, касбӣ ва иҷтимоии аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон;
- Тавсеаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятии соҳаи кинои тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ;
- Ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои эҷодӣ, кинофестивалҳо ва ғайра.
Таърих ва ҳайат
Бюрои ташкилии Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон соли 1957 созмон ёфта, анҷумани якуми он соли 1962 Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистонро таъсис додааст. Дар гузашта Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ҷузъи таркибии Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Дар тӯли фаъолияташ Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон 11 анҷуман доир карда, дар онҳо вазъи соҳаи кинои тоҷик, роҳҳои рушд ва хусусиятҳои миллию бадеии онро мавриди баррасӣ қарор додааст. Фаъолияти Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ибтидо ба Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» марбут буд ва ҳар як дастоварди «Тоҷикфилм» натиҷаи заҳмати кинематографистони тоҷик – аъзои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар тамоми давраҳои инкишофи кинои тоҷик Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ҳайати худ зиёиёни ҳунарманд (коргардонҳо, филмноманависон, ҳунарпешагони кино, наворбардорон, рассомон, оҳангсозон, танзимгарони овоз, мунаққидон, муҳаррирони филмҳо, кормандони илмӣ ва муҳандисию техникии телевизион)-ро муттаҳид карда, дар миёни иттифоқҳои эҷодии Тоҷикистон яке аз ташкилотҳои бонуфуз шинохта мешуд. Ҳоло Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон 130 (бо шумули аъзои хориҷӣ) узв дорад.
Фаъолият
Дар назди Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Хонаи кинематографистони ба номи Б. А. Кимёгаров фаъолият дорад, ки дар он нахустнамоиши филмҳои ватанӣ, руҷӯи (ретроспективаи) филмҳои классикони соҳа, Рӯзҳои кинои кишварҳои хориҷӣ, маҳфилҳои ҳунарии синамогарон, намоишҳои концертии мутрибону сарояндагон, шабҳои ҳунарии адибон, намоиши асарҳои аксбардорон ва рассомон ташкил ва баргузор карда мешаванд. Дар Хонаи кинематографистон мактаби касбие амал мекунад, ки дар он ба мутахассисони ҷавон сабақи касбӣ дода мешавад.
Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Дидор» ҳар ду сол (аз соли 2004) кинофестивали байналмилалии «Дидор»-ро баргузор мекунад. Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон бо кинематографистони Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон ва ғайра ҳамкорӣ дорад.
Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбарон
- Кимёгаров Б. А. (1962–1975).
- Миршакар М. (1975–1978).
- Аҳадов В. Б. (1978–1986).
- Худоназаров Д. (1986–1991).
- Тӯраев А. (1991–1996).
- Собиров Т. (1996–2003).
- Мансурхочаев М. (2003–2012).
- Ҳақдодов С. (аз соли 2012).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 195–196.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




