Иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳунарии оҳангсозон ва мусиқишиносон мебошад. Соли 1940 ташкил шудааст.
Таърих ва ҳайат
Дар тӯли фаъолияти худ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 14 анҷуман (1948–2017) доир карда, масъалаҳои муҳимми рушди санъати мусиқии тоҷикро мавриди баррасӣ қарор додааст. Соли 1988 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 41 узв дошт, соли 2017 дар ҳайати он 47 нафар композитор ва мусиқишинос муттаҳид шудаанд. Ибтидои солҳои 90-уми асри 20 шумораи аъзо ва фаъолияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон коҳиш ёфта буд. Аз соли 2000 теъдоди ҳайати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон афзуда, нерӯи эҷодии он тавоно гашт.
Ҳадафҳо
Ҳадафҳои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон:
- Мусоидат ба рушди санъати мусиқии классикӣ ва мардумии тоҷик;
- Омӯзиши осори мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ ва дар ин замина расондани ёрии эҷодию амалӣ ба оҳангсозон;
- Тарғиби санъати мусиқии тоҷик ва дигар мамлакатҳои муқими Тоҷикистон;
- Ҳимояи ҳуқуқҳои касбӣ, муаллифӣ ва иҷтимоии аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ғайра.
Самтҳои асосии фаъолият
- Офаридани асарҳои шоистаи замон, ташкил ва баргузор кардани фестивалу озмунҳо, симпозиуму конференсияҳо, семинар, пажӯҳишҳои фолклорӣ, сафарҳои ҳунарию эҷодӣ, тарғиби оҳангсозон ва мусиқишиносони ҷаҳон;
- Ҳамкорӣ бо муассисаҳои мухталифи мусиқӣ, аз ҷумла фарҳангию маърифатӣ, созмонҳои театрӣ, консертӣ ва дастаҳои худфаъолияти бадеӣ ва ғайра.
Асарҳо ва дастовардҳо
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон композиторону мусиқишиносони тоҷик, ки аксарияти онҳо узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд, бо офаридани асарҳои симфонӣ, вокалӣ-симфонӣ ва хор, эстрадӣ-симфонӣ, камераӣ-созӣ, консерту контата, сарахбору (увертюра) сюита, достону оратория, суруду романс, ҳамчунин китобҳои илмию дарсӣ дар рушди ҳунари мусиқии тоҷик саҳми муносиб гузоштаанд. Дар ин давра операҳои «Умари Хайём»-и Ф. Баҳор (1998), балети бачагонаи «Афсонаи ҷангал»-и А. Мӯсоев (2008), «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев (2011), «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ (1999) офарида шуданд.
7 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва мусиқӣ (Х. Абдуллоев, Д. Дӯстмуҳаммадов, А. Одинаев, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, С. Билолов, Ф. Ҳасанов), 3 композитор бо унвонҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон (А. Абдурашидов, С. Билолов, Ф. Ҳасанов) ва 11 нафар бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон (собиқ «Ҳодими шоистаи санъати Тоҷикистон»; А. Солиев, А. Раҷабов, Т. Сатторов, Қ. Яҳёев, Ч. Обидпур, Ф. Азизӣ, З. Миршакар) сарфароз гардидаанд.
Роҳбарон
- Баласанян С. (1940–1943).
- Ленский А. (1948–1955).
- Шаҳобов Ф. (1955–1956).
- Шаҳидӣ З. (1956–1960).
- Сайфиддинов Ш. (1962–1986).
- Дӯстмуҳаммадов Д. (1986–1998).
- Сатторов Т. (1998–2001).
- Низомов А. (2001–2007).
- Ҳикматов Қ. (2007–2015).
- Ашӯров Ш. (2015–2016).
- Низомов Х. (2017–2020).
- А. Мӯсоев (аз соли 2020).
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




