Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон) ташкилоти ихтиёрии эҷодист, ки адибони Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. То соли 1991 ҷузъи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақил шуд ва ҳамзамон узви дастҷамъонаи Иттифоқи байналмилалии иттифоқҳои нависандагон гардид.

Таъсис ва таърих

Моҳи майи соли 1934 дар Анҷумани (съезди) 1-уми нависандагони Тоҷикистон чун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил шудааст. То таъсиси Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ аҳли адаби Русия дар ҷамъияти иттиҳодияҳои мухталиф (Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, ЛЕФ, «Бародарон Серапионовҳо», «Перевал» ва ғайра) фаъолият доштанд, аммо дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистони навтаъсис адибони тоҷикзабон дар ҳайати ҷамъиятҳои парокандаи хурде чун «Ҷамъияти шоирон» (1922), «Ҷамъияти муҳаррирон» (1925), «Қалами сурх» (1930), «Сексияи нависандагони шӯроии тоҷик» (1930), ки аксар ҳукми маҳфилро доштанд, амал менамуданд. Соли 1931 дар пайравӣ ба Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Русия, «Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон» (сарвараш Ғ. Ализода) таъсис ёфт. Ҳар кадоме аз гурӯҳу ҷамъият ва иттиҳодияҳо, бахусус дар Русия, мақсаду мароми эҷодӣ ва вазифаҳои мушаххаси адабии худро дошт, ки дар умум аз табиати ҳунари хос берун омада буд. Вале ҳизби коммунистро чӣ иттиҳодияҳои озодихоҳу гуногунандеш ва чӣ ҷонибдорони тундрави фарҳанги пролетарӣ (пролеткултчиён) қаноатманд карда наметавонистанд, зеро бисёр муҳим буд, ки ҳамаи иттиҳодия ва ҷамъиятҳои адабӣ дар мавқеи ғоявии ҳизби коммунистӣ ба ҳам омада бошанд. Бино бар ин, Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ 25 апрели 1925 барои дар як созмон ва мавқеи ягонаи идеологӣ – мафкураи коммунистӣ муттаҳид кардани иттиҳодияҳои адабӣ қарореро таҳти унвони «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» қабул кард. 10 июни соли 1932 Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон низ барои амалӣ кардани қарори мазкур таҳти унвони «Дар бораи бозсозии ташкилотҳои адабӣ-бадеӣ» қарор қабул карда, тадбирҳо андешид. Бо ин мақсад дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Бюро ва Кумитаи ташкилӣ созмон дода шуд, ки ба он дар аввал М. Расулӣ ва сипас С. Носиров (комиссари вақти маориф) сарварӣ кардаанд. Ба ҳайати он адибон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Расулӣ, С. Улуғзода, Т. Зеҳнӣ, Қ. Дайламӣ, М. Ҳасанӣ, М. Рустамова, Б. Азизӣ, М. Бурҳонов, Юртаев дохил мешуданд. Комиссия барои даъват ва баргузории Анҷумани (съезди) нависандагони Тоҷикистон гурӯҳи ташаббускор таъсис дод.

Дар Анҷумани 1-уми нависандагони Тоҷикистон, ки 10–18 майи 1934 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ташкил шудани Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон эълон гардид. Мақоми (органи) олии роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Анҷумани (съезди) он буда, дар он Садорат интихоб шуд ва он аз ҳайати худ роҳбарият ва котиботро баргузид, ки тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро ба иҷро мерасонд. 19 майи 1934 ҷаласаи (пленуми) Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, ки ҳайати котиботро иборат аз Носиров (раис), Ҳидиров, Дайламӣ, Расулӣ, Р. Ҳошимов (котиби масъул) интихоб намуд. Раисии комиссияи тафтишот ба уҳдаи Алӣ Хуш гузошта шуд. А. Лоҳутӣ, ки дар ҳайати котибот ҳузур надошт, аз рӯйи эҳтиром ба унвони раиси ифтихории Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд.

Бо таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба ғаразҳои мафкураи ҳизб нигоҳ накарда, қувваҳои адабии сатҳи гуногун – нависандагони маъруфи соҳибтаҷриба, ҳамчунин адибони ҷавон дар як ташкилот ҷамъ омаданд, ки мақсад назорати рушди кори эҷодии онҳо ва муҳайё кардани шароити муносиб ба онҳо буд.

Солҳои 1935–1937 мудири бахши идеологии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон А. Мавлонбеков ва сипас раиси шаҳри Душанбе Н. Шанбезода (декабри 1937 – майи 1938; ҳарчанд бархилофи Ойиннома буд), раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъйин карда шуданд. Солҳои 1937–1938 теъдоди нависандагон кам шуда, ташкилоти адабӣ рӯ ба парокандагӣ ниҳод ва ҳатто бе сарвари расмӣ монд. Баъди ин ҳодисаҳо лозим омад ба ҷойи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Кумитаи ташкилии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъсис дода шавад, то иттиҳодия аз нав барқарор гардад. Ба ин Кумита чанд муддат А. Деҳотӣ (1938–1939) ва баъд М. Турсунзода (1940–1944) сарварӣ карданд. Соли 1944 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз нав барқарор ва дар маҷлиси Садорат С. Улуғзода раиси он интихоб шуд. Соли 1946 М. Турсунзода раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид, ки то охири умр (1977) дар ин вазифа буд. Дар ин солҳо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон на танҳо ба масъалаҳои эҷодӣ раҳбарӣ мекард, балки дар корҳои илмию фарҳангӣ низ иштироки фаъол дошт.

Дар ҳамин давра бо ташаббуси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмӯаи дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) мураттаб гардида, ба табъ расид. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташаббускори омодагӣ ба ҷашни адибоне чун Камоли Хуҷандӣ ва Абдулқодири Бедил, таълифи таҳқиқот дар бораи онҳо, оғози навиштани таърихи адабиёти даврони шӯравӣ буд. Ҳамин тавр, пас аз 13 соли анҷумани аввал соли 1947 анҷумани 2-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон даъват карда шуд.

То ба имрӯз бо баъзе истисноҳо дар ҳар панҷ сол Анҷумани (съезди) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он натиҷаҳои кори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, вазъи ҷараёни адабӣ ва дастоварду нуқсҳои он мавриди муҳокима қарор гирифта, вазифаҳои ояндаи иттиҳодия муайян карда мешаванд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкилотест, ки ба ташаккул, ҳамбастагӣ, тарбия, дастгирии қувваҳои нави эҷодии ҷумҳурӣ мусоидат карда, ҳимоятгари ҳуқуқи аҳли эҷод буда, ба беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо мусоидат мекунад. Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз оғоз бахшҳои шӯрои насру назм, драматургия, очерк ва публитсистика, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, робитаҳои адабӣ ва шӯрои адабиёти бачагон фаъолият доранд, ки мақсади онҳо рушди ин навъҳои адабӣ, тарбияи аҳли адаб, баланд бардоштани савияи ғоявӣ-бадеии осори адабӣ ва тарбияи адибони ҷавон мебошад.

Рушди адабиёт дар солҳои аввал

Аз ибтидои таъсис Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба рушди адабиёти нав мусоидат намуд. Дар солҳои 30-уми асри 20 устодони каломи бадеъ С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ аз пешгомони раванди адабӣ буданд. Шоирону нависандагон Ҷ. Икромӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Ҳ. Юсуфӣ, Р. Ҷалил, Алӣ Хуш, Ҳ. Карим, Ғ. Абдулло ва дигарон, ки бештарашон аз «насли комсомол» буданд, ба майдони адабиёт ворид шуданд. Навъҳои тозаи адабӣ ба адабиёт роҳ ёфтанд, қолибҳои нави эҷодӣ ва драматургияи миллӣ ташаккул ёфт. Дар романи «Ғуломон» ва «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, шеъру достонҳо ва насру драмаҳои А. Лоҳутӣ, Пайрав, Ҳ. Юсуфӣ, Икромӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода ва дигар намояндагони аҳли адаб муҳимтарин хусусиятҳои марҳалаи ибтидоии адабиёти нави тоҷикӣ инъикос ёфтаанд.

Давраи ҷанг ва солҳои баъди ҷанг

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибонро барои кори мубориза ба муқобили душман – фашистони олмонӣ сафарбар намуд. Аҳли адаб асарҳои ватандӯстона эҷод карда, мардумро ба муборизаи зидди мутаҷовизини фашист ва заҳмати фидокорона дар ақибгоҳ даъват мекарданд. Дар ин солҳо С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода ва дигарон осори дархӯри замон офариданд. Аксар аз аҳли адаб ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд ва аз байни онҳо: Ҳ. Карим, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Л. Бузургзода дар сангарҳои ҷанг қаҳрамонона шаҳид шуданд. Солҳои ҷанг ба тағйири тафаккури адабӣ, таҳкими ҷанбаи миллӣ ва навоварӣ дар шакли адабӣ замина гузошт. Дар замони баъди ҷанг ба ҷуз аз мавзӯъҳои азнавсозии кишвар, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кӯшиши таҳкими дӯстиву бародарӣ, дастгирии мардумони истисморшудаи Осиё ва Африқо дар муборизаи онҳо барои озодӣ ва истиқлол ба шумор мерафт. Асарҳои М. Турсунзода, бахусус силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ман аз Шарқи озод» аз ҳайси муҳтаво ва шакл намунаи ин ибтикорот буданд. Дар осори насрии ин замон «Ёддоштҳо» ва повести «Марги судхӯр» (таҳрири нав)-и С. Айнӣ, «Одамони ҷовид»-и Р. Ҷалил, «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ ва ғайра намунаи беҳтарин дониста шуданд. Дар охири солҳои 40-уми асри 20 шоирону нависандагони ҷавон П. Толис, А. Шукӯҳӣ, А. Баҳорӣ, М. Фарҳат, Б. Ҳоҷӣ, Ф. Муҳаммадиев, Ф. Мирзо, Ф. Ансорӣ ва дигарон бо диди тозаи адабӣ ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ворид шуданд.

Таҳаввули наср

Аз нимаи солҳои 50-уми асри 20 дар фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон марҳалаи тозае оғоз гардид, ки он мушаххасбаёнӣ буд. Даст кашидан аз умумгӯии номатлуб, афзудани фаъолияти иҷтимоии нависандагон ва дахолати ҷасуронаи онҳо ба ҳаёти воқеии ҷомеа, рӯ овардан ба насри андеша ва шеъри иҷтимоию фалсафӣ бархилофи баёни публитсистии хушк аз хусусиятҳои асосии иттиҳодия ба шумор мерафт. Ба туфайли романи Ҷ. Икромӣ «Ман гунаҳкорам» таҳлили амиқи масъалаҳои муҳимми ахлоқию равонии маънавиёти ҳамзамонон оғоз ёфта, чунин тарзи таҳқиқи бадеӣ баъдан дар қиссаҳои П. Толис «Тобистон», Ҷ. Одина «Авроқи рангин» ва «Иншо дар мавзуи озод» идома пайдо кард. Ф. Муҳаммадиев аввал дар қиссаҳои «Одамони кӯҳна» ва «Дар он дунё», баъдтар дар романи «Палатаи кунҷакӣ» таҳқиқи бадеиро хеле вусъат бахшида, пояҳои тасвири воқеъгаро ва фалсафию иҷтимоиро тақвият дод.

Дар мавзуъҳои таърихӣ, тасвири кору зиндагии ҳамзамонон дар навъҳои гуногуни адабӣ асарҳои ҷолибе эҷод шуданд. Аз асарҳои нисбатан муҳимми ин давра шеъру достонҳои М. Турсунзода «Ҳасани арабакаш», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», осори С. Улуғзода дар бораи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, романҳои таърихии ӯ «Восеъ», «Фирдавсӣ», қиссаи «Ривояти суғдӣ», романи сегонаи Ҷ. Икромӣ «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро», романи Р. Ҷалил «Шӯроб», ҷангномаҳои Ф. Ниёзӣ, асарҳои Р. Ҳодизода дар бораи Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб»), достонҳои Муъмин Қаноат, ашъори Лоиқ, Ҳ. Файзулло, Гулназар, Гулрухсор, Ш. Ёдгорӣ, Қ. Киром, М. Шералӣ, Ғ. Сафарзода, С. Маъмур, К. Насрулло, Р. Назрӣ, Фарзона, С. Айюбӣ, М. Ғоиб, Ҳ. Ғоиб, А. Атоӣ, Н. Қосим ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Кашфи олами ботинии қаҳрамонҳо, рӯҳияи онҳо ва дигар ҷараёнҳои услубӣ ба асарҳои мансури Ҷ. Икромӣ, П. Толис, Ф. Муҳаммадиев, Ю. Акобиров, Ӯ. Кӯҳзод, А. Самад, Сорбон, Ҷ. Одина, М. Наҷмиддинов, М. Бахтӣ, К. Мирзоев, С. Турсун, Ҷ. Акобиров, Баҳманёр, Ш. Ҳаниф ва дигарон хос мебошад. Масъалаҳои ахлоқи ҷомеа ва шахс, маънавиёти мардум, муносибати инсон ба муҳити зиндагӣ дар насри солҳои 70–80-уми асри 20-и тоҷик бо роҳу василаҳои гуногуни таҳқиқи бадеӣ зуҳур карданд. М. Хоҷаев (Хоҷазод), С. Турсун, Ӯ. Кӯҳзод, М. Бахтӣ, Сорбон, Ю. Акобиров, Б. Фирӯз, А. Самад, А. Истад, М. Бобоҷон, Муаззама, М. Солеҳ, С. Р. Афардӣ, Баҳманёр ва дигарон қиссаву ҳикояҳо офариданд, ки насри тоҷикро аз ҷиҳати мавзуъ ва сабк ғанӣ гардонданд. Баъзе аз нависандагон дар тасвири воқеаҳои муосир сарнавишти таърихии мардумро дар ҷойи аввал гузоштанд. Асарҳои М. Хоҷаев – «Нанг ва номус», С. Турсун – «Се рӯзи як баҳор», М. Бахтӣ – «Хубон», роману қиссаҳои Ӯ. Кӯҳзод – «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим», «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз», А. Самадов – «Парончакҳо» ва ғайра аз ҳамин қабил осоранд.

Назм ва достон

Таҳқиқи бадеии масъалаҳои зиндагӣ дар шеъри тоҷикии ин давра низ вусъати бештар пайдо кард. Достоннависӣ ба самти тақвияти пояҳои воқеӣ (реалистӣ) рӯ овард, ки чунин ҷараён аз достони «Ҳасани арабакаш»-и М. Турсунзода шурӯъ шуда, дар «Асрор» ва «Тоҷи давлат»-и Ғ. Мирзо, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Дашти Лаванд»-и М. Миршакар хеле қувват гирифт. Ҳамчунин таълифи достонҳои лирикӣ ва лирикии фалсафӣ, вале саршор аз андешаҳо ва драматизми шадид инкишофи бештар пайдо карда, барои падид овардани моҳияти замонҳову шахсиятҳо, дарки иҷтимоию фалсафии таърих, муносибати инсону ҷомеа имкон доданд. Достонҳои М. Турсунзода – «Чароғи абадӣ» ва «Ҷони ширин», Ғ. Мирзо – «Тоҷи давлат», «366 паҳлу», М. Қаноат – «Достони оташ», «Тоҷикистон – исми ман», «Суруши Сталинград», «Гаҳвораи Сино», А. Қаҳҳорӣ – «Шаби пеш аз марг», Қ. Киром – «Аввалин дидор», Гулрухсор – «Мотами сафед» аз лиҳози мавзуъ, услуб ва хусусиятҳои жанрӣ аз якдигар тафовут дошта бошанд ҳам, аз нигоҳи драматизми тасвири инсон дар шароиту ҳолатҳои гуногун, гузоришу ҳалли масъалаҳои пуртазодди муносибати инсону ҷомеа ваҷҳи иштирок дошта, дар пешбурди жанри достон ва умуман, назми муосири тоҷик нақши намоён гузоштанд.

Аз нимаи дувуми солҳои 50-уми асри 20 дар шеъри тоҷик тағйироти ҷиддии зебоишинохтӣ (эстетикӣ) ва ғоявӣ рух дода, сохтмони жанрию услубии он нав гардид. М. Қаноат ва Ғ. Мирзо ба тозагию навҷӯиҳо пардохтанд, ки баъдтар М. Шералӣ, Қ. Киром, Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Гулрухсор, Ҳ. Файзулло, С. Маъмур, К. Насрулло, Ҳ. Ғоиб, А. Бобоҷон, А. Ҳаким, С. Шоҳзода, Р. Назрӣ, Ҳ. Мурод, М. Ғоиб, Н. Қосим, Ш. Бунёд, С. Айюбӣ, С. Ҳалимшо, Тулқин Хоҷа, З. Атоӣ, Фарзона, Сиёвуш, Р. Ваҳҳоб, А. Мирҳоҷа, Д. Наҷот, Озарахш, Р. Мубориз, М. Файзалӣ, С. Хатлонӣ, М. Аҷамӣ, А. Муродӣ ва дигарон онро идома ва такмил доданд. Шеъри нав ва воқеъгаро, ки дунёи равонии қаҳрамонро бештару хубтар ифода мекунад, шакл гирифт ва ҷанбаи ҳунариаш таҳким ёфт.

Драматургия

Дар инкишофи жанру навъҳои адабӣ, аз ҷумла драматургия низ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳм гирифтааст. Намоишномаҳои А. Усмонов – «Мубориза», С. Саидмуродов – «Раъно», Ғ. Абдулло «Вахш», С. Улуғзода – «Шодмон» ва «Калтакдорони сурх», Ҷ. Икромӣ – «Душман», ки воқеияти солҳои 30-уми асри 20-ро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир кардаанд, ба ин навъи адабӣ асос гузоштанд. Дар бораи шӯриши Восеъ асарҳои саҳнавӣ навишта шуданд (А. Фитрат, М. Турсунзода, А. Деҳотӣ) ва дар заминаи достонҳои «Шоҳнома» асарҳои драмавии А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн «Рустаму Сӯҳроб», А. Лоҳутӣ «Коваи оҳангар», дар асоси достони «Хусраву Ширин»-и Низомӣ драмаи ҳамноми М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ эҷод шуданд. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) драматургияи тоҷик воқеияти майдони ҷангу ақибгоҳ (Ҷ. Икромӣ ва А. Файко «Дили модар», «Хонаи Надир», С. Улуғзода «Дар оташ») ва воқеаҳои таърихии афсонавӣ («Тоҳир ва Зӯҳро»-и Турсунзода, «Тахмоси Хуҷандӣ»-и А. Муҳаммадҷонов ва С. Саидмуродов)-ро фаро гирифт. Солҳои баъди ҷанг драматургияи тоҷик хеле рушд кард. Асарҳои драмавии Ф. Ансорӣ – «Ҳаёт ва ишқ», «Имтиҳон», «Ҳукми модар», «Як либос атлас», «Модар нигарон аст», М. Миршакар – «Фоҷиаи Усмонов» (таҳрири дувум – «Шаҳри ман»), Ғ. Абдулло – «Суруди куҳсор», Ҷ. Икромӣ «Хор дар гулистон», А. Сидқӣ – «Иродаи зан», Гулрухсор «Ғори ачинаҳо», Мавҷуда – «Зистан мехоҳам» ва дигарон ба тасвири ҷустуҷӯҳои ҷиддии ахлоқию маънавии ҳамзамонон бахшида шуданд. Мавзуи ахлоқи иҷтимоӣ ва муаммои шахсу мавқеи ӯ дар ҷомеа дар асарҳои Н. Табар – «Дар чорсӯ», М. Бахтӣ – «Захми забон», «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ...», С. Сафар – «Уқоб» тасвир шуда, бисёр аз нақси ҷамъиятро интиқод ва фош карданд. Таҳқиқи мавзуи таърихӣ дар фаъолияти С. Улуғзода вусъати тоза ёфт. Дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург»-и ӯ образҳои пургунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида шуданд, ки дунёи маънавии мардумро таҷассум кардаанд.

Адабиёти кӯдакон

Дар шаклгирӣ ва таҳаввули адабиёти кӯдакон низ Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон саҳми муассир гузоштааст. Пояҳои нахустини адабиёт барои кӯдаконро солҳои 20–30-юми асри 20 С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, М. Миршакар, А. Деҳотӣ гузоштанд, ки дар асоси ба ҳам омехтани суннатҳои адабиёти хаттӣ ва шифоҳии тоҷикон ва таҷрибаи адабиёти рус бунёд ёфта буд. Бисёр аз аҳли адаб ба таълифи осор барои кӯдакон машғул шуданд, аммо аз ин миён Ғ. Сулаймонова, У. Раҷаб, А. Шарифӣ, Н. Бақозода, Ҷ. Ҳошимӣ аз адибони ҳирфаии адабиёти кӯдакон ба ҳисоб мераванд.

Тарҷума ва робитаҳои адабӣ

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз оғози фаъолият барои ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани намунаҳо аз осори адибони хориҷӣ, асарҳои классикони ҷаҳон, хосса нависандагони рус кӯшиш ба харҷ дод ва намунаи аввалини он қарор дар бораи ба забони тоҷикӣ баргардонидани осори М. Горкий буд. Ин анъана то ҳол давом дорад ва дар муддати ин солҳо бисёр асарҳои классикони русу ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума шуданд, ки ин ба рушди адабиёти тоҷик мусоидат кард. Қариб аксари адибони тоҷик ба тарҷума машғул шудаанд, вале дар байни онҳо саҳми баъзе нависандагон, бахусус тарҷумонҳои касбӣ мисли Р. Ҳошим, С. Улуғзода, Ҳ. Ахрорӣ, Э. Муллоқандов, Ш. Шараф, Ш. Собир, Анора, А. Адҳам, Ҷ. Азизқулов, Ҳ. Раҳмат, А. Зокир, А. Абдуҷаббор, А. Насимов ва дигарон назаррас аст. Дар ин замина робитаи байналмилалии адабиёти тоҷик ба роҳ монда шуд, ки самараҳои хуб ба даст дод.

Адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ

Бо роҳбарии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ ташаккул ёфт. Дар ин самт С. Айнӣ, С. Улуғзода, А. Мирзоев, Ш. Ҳусейнзода, Н. Маъсумӣ, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ (Шукуров), Р. Амонов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, А. Афсахзод, А. Раҳмонов, А. Сайфуллоев, Худоӣ Шарифзода, А. Маниёзов, А. Сатторзода, Х. Отахонова, Ҷ. Бобокалонова, А. Набавӣ (Набиев), А. Ҳаким, Ҷ. Бақозода, М. Муллоаҳмадов, Ю. Акбарзод, А. Абдусаттор, А. Абдуманонов, А. Кӯчаров, М. Мирзоюнус, Н. Файзуллоев, Ш. Раҳмонов ва дигарон ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд.

Давраи истиқлол

Дар замони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ва ташкили давлати мустақили тоҷикон Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба марҳалаи тозаи таърихӣ ворид гардид. Иттиҳодия ба ташкилоти мухтор табдил ёфт ва вазифаи он ташкил кардани иттиҳодияи адабие буд, ки бар манфиатҳои давлати мустақили Тоҷикистон асос ёфта бошад. Дар ин давра масъалаҳои ҳунару адабиёт ба ҷузъи сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфтанд ва адабиёт низ ба марҳалаи нави сиёсию идеологӣ ворид шуд.

Адабиёти ин давра дар заминаи чунин омилҳои муассир рӯ ба рушд ниҳод. Дар осори ин давра истиқлол ва моҳияти сиёсию иҷтимоии он дар саодати миллӣ, тавсифу тамҷиди он, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, зиндагӣ ва кору созандагиҳои мардуми тоҷик дар ҳудуди наздик ба 30 соли истиқлол, бунёди давлати миллии тоҷикон, ваҳдати миллӣ, тасвири таърихии дуру наздик, бознигарӣ ба ҳодисаҳои 70 соли замони шӯравӣ бештар тасвир шудаанд. Имкон фароҳам омад, ки меъёрҳои муайянкунандаи сифати асари адабӣ на танҳо муҳим будани муҳтаво ва мундариҷа, балки кайфияти ҳунарии он маҳсуб шаванд. Ба ин маънӣ, дар мундариҷа, муҳтаво, дарунмоя ва шаклу сабки адабиёт ва шохаҳои он — назму наср, драманависӣ, адабиёти кӯдак, тарҷумаи адабӣ ва адабиётшиносию нақди адабӣ дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Дар замони истиқлол нахуст дар мавзӯъҳои доғи рӯз осори адабӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо мазаммати ҷанги шаҳрвандӣ, даъват ба сулҳу ваҳдат, тавсифи истиқлол ва корномаю созандагии мардуми тоҷик барои рушди Тоҷикистон, расидан ба бартарияҳои иқтисодию сиёсии кишвар ва талошу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёд, таҳким, баҳамоии миллат ва рушди давлати Тоҷикистон мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Бо тақозои замон таваҷҷуҳ ба гузашта, таърих ва шахсиятҳои машҳури таърихӣ низ бештар гардид. Ин масъала чӣ дар наср, чӣ дар назм ва чӣ дар драманависӣ дар асарҳои Н. Табар, Сорбон, Ӯ. Кӯҳзод, Б. Абдураҳмон, А. Ҳамдам ва Л. Чигрин, М. Солеҳ, А. Сидқӣ, Р. Ёрмуҳаммад, Ю. Аҳмадзода, Мирзонасриддин, М. Қаноат, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Н. Қосим, Фарзона, Гулназар, К. Насрулло, М. Ғоиб, Ҳ. Ғоиб, М. Бахтӣ, С. Айюбӣ ва дигарон равшан ба мушоҳида мерасад ва аз тамоюлҳои хосси адабиёти имрӯз ба шумор меравад. Равишҳои дигар иборат аз он аст, ки дар насру шеъри тоҷикӣ тамоюлҳои тоза — насри зеҳнгарое чун нигориши сюрреалистӣ ва воқеъгароии муъҷаз (Баҳманёр, С. Раҳимзод, М. Солеҳ, Ю. Юсуфӣ, Қ. Рустам, Т. Муҳаммадризо), шеъри сафед ва мансур (Доро Наҷот, Фарзона, Гулназар, З. Абдулло, А. Суруш, Сиёвуш, Озар) шакл гирифт. Ҳамин гуна тағйироти сифатӣ дар адабиёти кӯдак ва адабиётшиносию нақди адабӣ низ ба чашм мерасад.

Ҳамин тавр, дар фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон марҳалаи тоза ва масъулияти бузурге барои эҷоди адабиёти асили миллӣ ба вуҷуд омадааст.

Нашрияҳо ва сохтор

Маҷаллаҳои «Садои Шарқ» (нашрияи миллии адабӣ), «Памир» (ба забони русӣ нашр мешавад), ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошанд. Дар назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Хазинаи адабиёт ва Идораи тарғиби адабиёт мавҷуданд, ҳамчунин шӯроҳои наср, назм, драматургия, очерк ва публитсистика, нақди адабӣ, тарҷумаи бадеӣ, робитаҳои адабӣ ва адабиёти кӯдак фаъолият доранд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳли қалами миллатҳои гуногун (ӯзбекзабон ва русзабон)-ро низ, ки дар Тоҷикистон кору эҷод мекунанд, муттаҳид кардааст.

Ҷоизаҳо

Бо мақсади ривоҷу равнақи бахши адабиёти бадеӣ ва ташвиқи адибон барои бештару беҳтар инъикос намудани арзишҳои миллӣ ва умумибашарии маънавию фарҳангӣ, ифтихори миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ дар бораи таъсиси «Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон», 23 ноябри соли 2004 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба тасвиб расид. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду ҷоиза ба номи Садриддин Айнӣ ва ду ҷоиза ба номи Мирзо Турсунзода дар соҳаи адабиёт, таҳқиқ ва тарҷумаи осори бадеӣ муқаррар карда шудааст. Пардохти ҷоизаҳо ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба маблағи мутаносиб бо 1 000 (як ҳазор) доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳар як ҷоиза дар ду сол як бор аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

Шуъбаҳо ва роҳбарон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ваҳдат, Ҳисор, Исфара ва ғайра шуъбаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 421 нафар аъзо дорад. Дар давоми фаъолияти Иттиҳодия (солҳои 1934–2020) 16 анҷуман баргузор гардидааст.

Сарварони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: С. Носиров (1934–1935), А. Мавлонбеков (1935–1937), Н. Шанбезода (1937–1938), С. Улуғзода (1944–1946), М. Турсунзода (1946–1977), М. Қаноат (1977–1991), А. Ҳаким (1991–2003), М. Бахтӣ (2003–2015). Аз соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим мебошад.

Адабиёт

  • Набавӣ А. Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Душанбе, 2004.
  • Адибони Тоҷикистон. Душанбе, 2014.
  • Душанбе. Энциклопедия. Душанбе, 2016.
  • Имомзода М. С., Кӯчарзода А., Абдуллозода М. А., Табарӣ М. Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият. Душанбе, 2020.

А. Набавӣ.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 196–199.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.