Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ташкилоти ихтиёрии ҷамъиятии эҷодӣ мебошад, ки рассомон, ҳайкалтарошон, устодони санъати ороиши амалӣ, санъатшиносон, мунаққидон, муҳаққиқони таърихи санъати ҷумҳурӣ ва мусаввиронро муттаҳид мекунад.

Таърих

Соли 1934 ташкил шуда, ҳамон сол аввалин намоишгоҳи асарҳои рассомони Тоҷикистонро баргузор кард (1 майи 1934). Иттифоқи рассомони Тоҷикистон то соли 1992 ба ҳайати Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил буд. Бо қарори Анҷумани 9-ум Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба ташкилоти мустақили эҷодӣ табдил ёфт (20 майи 1992). Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 14 анҷуман (1956, 1958, 1961, 1965, 1968, 1973, 1977, 1982, 1987, 1992, 2002, 2007, 2012, 2017) барпо намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми рушди санъати рассомии тоҷикро баррасӣ кардааст.

Самтҳои асосии фаъолият

  • Рушди санъати тасвирии тоҷик;
  • Ташкил ва баргузор кардани намоишгоҳҳои рассомӣ;
  • Баланд бардоштани завқи зебоишиносии аҳолӣ, бахусус ҷавонон;
  • Тарбияи рассомони ҷавон;
  • Тарғиби санъати тасвирӣ;
  • Мусоидат ба фаъолияти рассомони халқӣ ва ғайра.

Сохтор ва ҳайат

Дар Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 7 шуъбаи эҷодӣ (рангнигорӣ, қаламкашӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишӣ-амалӣ, ороиши театр, санъати монументалӣ-ороишӣ, нақди санъати тасвирӣ) ва 5 комиссия (кор бо рассомони ҷавон, эстетика, кор бо рассомони ҳавасманд, ҳарбӣ-шефӣ, ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ) амал мекунанд.

Дар назди Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фонди бадеӣ фаъол аст, ки пойгоҳи моддию техникии он мебошад.

Иттифоқи рассомони Тоҷикистон 230 узв дорад (2017). Аз онҳо 8 нафар Рассоми халқии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 3 нафар Корманди хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 7 нафар барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ мебошанд.

Намоишгоҳҳо

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Покистон, Швейтсария ва ғайра чандин намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷикро баргузор кардааст.

Роҳбарон

  • М. Хошмуҳаммадов (1941–1961).
  • Х. Хушвақтов (1961–1982).
  • С. Қурбонов (1982–2011).
  • Ф. Хоҷаев (2012–2020).
  • Н. Ҳамидова (аз соли 2020).

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 199–200.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.