Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки ҳунармандони мардумӣ (заргарон, кулолгарон, чеварон, дӯзандагон, бофандагон, оҳангарон, созтарошон, кандакорон, чӯбтарошон) ва муассисаҳои марбут ба рушди бахши косибиро ба таври ихтиёрӣ муттаҳид мекунад. Соли 2012 таъсис ёфтааст. Мақоми олии роҳбарикунандаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон анҷуман ва мақоми иҷроияи он раёсат мебошад.

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳоло 165 узв дошта, аз фаъолтарин созмонҳои ихтиёрии ҷамъиятии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳадаф ва вазифаҳо

  • Мусоидат ба рушди иқтисодию иҷтимоии бахши косибии Тоҷикистон;
  • Фароҳам овардани шароит барои рақобатпазирии бозори ҳунармандӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
  • Ҳимояи иқтисодӣ ва ҳуқуқии аъзои иттифоқ;
  • Баланд бардоштани иқтидори бахши ҳунармандӣ дар Тоҷикистон;
  • Муттаҳид кардани ҳунармандони мардумӣ ва мусоидат ба ҳамгироии онҳо;
  • Ҷалби таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷорат ба бахши ҳунармандӣ;
  • Мусоидат ба таҳкими заминаи қонунгузории бахши косибӣ ва ғайра.

Фаъолият

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 анҷуман (2012, 2013, 2016) барпо намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимми ҳунари косибии тоҷикро баррасӣ кардааст. Дар соли аввали фаъолияти худ Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши зимистонаи маҳсулоти ҳунармандони мардумӣ ва ба муносибати 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро баргузор кард.

Дар доираи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» тадбирҳои гуногун (тренинг, ҳамоиш, намоишгоҳ, фестивал, мубодилаи таҷриба)-ро амалӣ мекунад, ки барои рушди бахшҳои ҳунармандӣ, дастгирӣ ва таблиғи дастовардҳои ҳунарӣ мусоидат менамояд.

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳар сол дар шаҳри Душанбе 3 намоишгоҳи хосса доир мекунад. Ҳамзамон дар тамоми барномаҳои ҷумҳуриявию маҳаллии давлатӣ ва иду ҷашнҳои миллӣ (масалан, «Солҳои 2019–2021 – солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ») намоиши маҳсулоти ҳунарҳои дастиро баргузор мекунад, ки дар онҳо маҳсули ҳунармандони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (кандакорон, сабадбофон, гулдӯзон, сӯзанидӯзон, заргарон, созтарошон, наққошон) ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Бо ташаббуси Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон гурӯҳи косибон дар давраҳои гуногун барои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии косибон ба Қирғизистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Итолиё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардаанд. Маҳсулоти ҳунарии бисёри аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар давлатҳои мухталифи дунё ҳаводору харидорони худро дошта, дар озмуну намоишгоҳҳои осори ҳунари мардумии кишварҳои хориҷӣ (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон, Канада, Ҷопон, Дания, Қазоқистон, Русия ва ғайра) муаррифӣ гардидааст. Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии ҳунармандон (Alliance for Artisan Enterprise, 2017) аст.

Роҳбарон

  • Хоҷиева С. (2012–2013).
  • Назирматов А. (2013–2016).
  • Муҳаббатов М. (аз соли 2016).

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.