Созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон
- Ҷамъияти арманиҳои Тоҷикистон (ба номи М. Маштос).
- Ҷамъияти фарҳангии яҳудиҳо («Хаверим»).
- Ҷамъияти олмониҳо («Видергебурт»).
- Ассотсиатсияи кореяҳои Тоҷикистон.
- Ҷамъияти осетинҳо («Алан») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти украинҳо дар Тоҷикистон.
- Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистон.
- Созмони ҷамъиятии «Иристон».
- Ҷамъияти фарҳангию маърифатии гурҷиҳо «Сатвистомо Иберия» дар Тоҷикистон.
- Созмони ҷамъиятии «Иттиҳоди халқҳои Кавказ».
- Ассотсиатсияи уйғурҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Созмони ҷамъиятии «Бунёди рушди ахлоқӣ, зеҳнӣ ва миллии Русия».
- Маркази фарҳангӣ-миллии «Дӯстлик»-и тотору бошқирди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти қирғизҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Маркази фарҳангии ҷаҳонии Корея дар Тоҷикистон.
- Шӯрои ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон.
- Ҷамъияти рустаборони Тоҷикистон.
- Ассотсиатсияи кореяҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон.
- Ҷамъияти ӯзбекҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти тоторҳо («Умет») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти қазоқҳо («Байтерек») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти полякҳо («Мазурек») дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ҷамъияти доғистониҳои Тоҷикистон.
- Созмони ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони ҳамватани Русия.
Иттиҳодияҳои тоҷикони бурунмарзӣ
Аз ибтидои солҳои 90-уми асри 20 иттиҳодияҳои маданӣ-миллии тоҷикони бурунмарзӣ низ дар минтақаҳои гуногуни олам таъсис ёфтанд:
- Анҷумани тоҷикони Ӯзбекистон.
- Маркази фарҳангии тоҷикон — «Самарқанд».
- Ҷамъияти «Офтоби суғдиён» (Бухоро).
- Маркази фарҳангии тоҷикон — «Ориёно» (Тошқанд).
- Маркази ҷамъиятии тоҷикон — «Суғдиён» (Чирчиқ).
- Ҷамъияти «Пайванд» (Сурхондарё).
- Ҷамъияти «Бохтар» (Санкт-Петербург).
- Маркази фарҳангии «Суғдиён» (Маскав).
- Ҷамъияти тоҷикони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ғайра.
Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон
Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон созмони ғайридавлатии хайрия мебошад, ки ба ташкилу баргузории барномаҳои тарбияти баданию тандурустӣ барои шахсони имконоти зеҳниашон маҳдуд машғул аст. Аз соли 1996 фаъолият мекунад. Ин ниҳод зиёда аз 20 000 кӯдаки имконоти зеҳниашон маҳдудро ба беш аз 13 намуди варзиш (футбол, чавгонбозӣ, баскетбол, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шашка, волейбол, теннис, шиноварӣ) фаро гирифтааст. Дар баробари ин, созмон ҳар сол чанд барномаи фарҳангию варзишии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ доир менамояд. Варзишгарони Тоҷикистон нахустин бор дар Бозиҳои махсуси олимпӣ соли 1989 дар шаҳри Санкт-Петербург ширкат варзиданд.
Барои афроди такомули зеҳнишон заиф 44 мактаб-интернати фаръӣ, 11 хонаи маъюбон ва литсей ташкил карда шудааст. Ширкатдорон хонандагони мактаб-интернатҳои махсус барои кӯдакони имконоти зеҳниашон маҳдуд мебошанд. Дар Олимпиадаҳои махсус варзишгарони Тоҷикистон дар намудҳои варзиши сабук, волейбол, баскетбол, чавгон, футбол, ҷудо ва ғайра ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.
Ба мусобиқаҳои Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон созмонҳои байналмилалии Mercy Corps International, ORA International, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, German Agro Action, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Counterpart Consortium, Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Авесто», «Дилсӯз» ёрии хайрия кардаанд.
Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин бо ҳамаи федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон кафедраи варзиши инҳирофӣ (соли 2001) мавҷуд аст, ки барои Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон мураббӣ (тренер) омода мекунад.
Натиҷаҳои варзишӣ
Варзишгарони созмони мазкур дар Бозиҳои махсуси тобистонаи ҷаҳонӣ (шаҳри Дублин, Ирландия, 2003) ширкат варзида, соҳиби 3 медали тило гардиданд.
Соли 2005 бо дастгирии IREX ва маблағгузории USAID Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд субофис ташкил намуд. Ҳоло ин суббарномаҳо фаъолият намуда, мустақилона ба машғулиятҳои варзишӣ кӯдакону калонсолони ноқисулақли мактаб-интернатҳо, хонаи маъюбон ва оилаҳоро ҷалб менамоянд.
Варзишгарони Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Олимпиадаи махсуси байналмилалии зимистонӣ дар шаҳри Наганои Ҷопон (2005) ширкат намуда, дар бозии хоккей дар рӯи фарш медали тило гирифтанд. Сентябри соли 2005 дастаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Бозиҳои занони исломӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, соҳиби 4 медали тило, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ шуд.
Ноябри 2005 дар севумин Бозиҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошқанд ширкат намуда, 6 варзишгар ва ду мураббӣ оид ба варзиши сабук ва тенниси рӯи миз 2 медали тило, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Соли 2006 дастаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар дар Бозиҳои Аврупоии ҷавонон оид ба варзиши сабук ширкат намуда, медалҳои тило ва нуқра овард.
Соли 2007 варзишгарони Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон аз Бозиҳои байналмилалии тобистонии Олимпиадаи махсус (Шонгҳойи Хитой) оид ба варзиши сабук, футбол ва тенниси рӯи миз бо медалҳои тилову нуқра баргаштанд.
Соли 2008 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз бо ширкати меҳмонон аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон (60 варзишгар) баргузор гардид. Дар асоси нақшаи тақвимии Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон чандин чорабинии варзишӣ оид ба варзиши сабук, баскетбол, футбол баргузор гардиданд.
Соли 2009 ду варзишгару як мураббии Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Олимпиадаи махсус дар шаҳри Бойсеи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат варзида, дар лижаронӣ ба масофаҳои 25, 100, 200 метр ва роҳгардӣ дар болои барф 4 медали тило ва аз гимнастикаи бадеӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ (Тошқанд, 2009) 2 медали тило ба даст оварданд.
Сентябри 2010 дар Бозиҳои Аврупоии ҷавонон аз рӯи барномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон (шаҳри Варшаваи Полша) 6 варзишгари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ширкат карда, 1 медали тило, 3 медали биринҷӣ гирифтанд.
Июли 2011 наврасони маълули тоҷик (кӯдакон аз мактаб-интернати № 2, № 3-и Душанбе, литсей-интернати касбии махсуси маъюбон) дар Бозиҳои XIII ҷаҳонии тобистонаи Олимпиадаи махсус дар Афина, ки бо ширкати 7 500 варзишгар аз 185 кишвари ҷаҳон дар 22 навъи варзиш баргузор шуд, чаҳор медал ба даст оварда буданд. Ҳамчунин дастаи футболи духтарони Тоҷикистон миёни 14 даста дар ҷои 6-ум қарор гирифт. Ноябри ҳамон сол дар Тошқанд мусобиқаҳои байналмилалӣ дар навъи гимнастикаи бадеӣ баргузор шуданд, ки 2 варзишгари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон соҳиби 8 медали тило гардиданд.
Соли 2013 дар бозиҳои Олимпиадаи махсуси байналмилалии зимистонӣ дар шаҳри Пхеняни Кореяи Шимолӣ яктоӣ медали тило, нуқра ва биринҷӣ ба даст оварданд.
Варзишгарони дорои имконоти маҳдуди тоҷик дар Олимпиадаи махсус-2019 (Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб) сазовори 6 медал, аз ҷумла 2 медали тило гардиданд.
Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, сарвариашро Д. Шарифова (аз соли 1995) ба зимма дорад.
«Пайванд»
«Пайванд» созмони байналмилалӣ, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мебошад (мухтасар: Анҷумани «Пайванд»). Соли 1989 дар заминаи созмони «Родина»-и Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ташкил ёфта, то соли 1992 бо номи созмони байналмилалии ҷамъияти «Пайванд» фаъолият дошт. Дар форуми аввал (8 сентябри 1992) ҷамъият ба созмони «Анҷумани тоҷикон ва ҳамватанони хориҷӣ» табдил ёфт. Дар ҳамоиши дувум (сентябри 1993) созмон номи имрӯзаашро гирифта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон раиси Анҷумани «Пайванд» интихоб гардид.
Ҳадафҳо
Ҳадафҳои асосии «Пайванд»: бунёд ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо марказҳои миллии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон; фароҳам овардани фазои ягонаи фарҳангӣ, илмӣ ва забонӣ миёни тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон.
Фаъолият
«Пайванд» дар тӯли фаъолияташ муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро бо марказҳои фарҳангии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ, Олмон, Шветсия, Туркия, Норвегия, Покистон, Ҳиндустон, Канада, Австралия ва кишварҳои дигар ба роҳ монд. Анҷумани «Пайванд» дар ҷашну симпозиумҳои 1400-солагии Борбади Марвазӣ (1990), ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ (1994), 680-солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1995), 675-солагии Камоли Хуҷандӣ (1996), 1100-солагии давлати Сомониён (1999), 960-солагии Ҳаким Умари Хайём (2000), Симпозиуми байналмилалии «Авесто ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (2001), 2500-солагии шаҳри Истаравшан (2002), ҷашни 1000-солагии ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ (2003), 80-солагии шаҳри Душанбе (2004), Соли тамаддуни Орийӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 1150-солагии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), соли бузургдошти Имоми Аъзам (2009) ширкати фаъол дошт.
Бахшҳо ва роҳбарон
Бахшҳои «Пайванд» ва масъулонаш дар ҷумҳурӣ: Кӯлоб (Зафар Мирзоён), Хуҷанд (Фарзона), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Насрӣ Офаридаев), Мастчоҳ (Саидшо Акрамов), Истаравшан (Раънои Зоирдухт), Панҷакент (Аббос Ҳамроҳзода). Нашрияи расмии анҷуман маҷаллаи «Пайванд» аст.
Дар солҳои гуногун раисони кумитаи иҷроияи «Пайванд» М. Осимӣ (1989–1996), Қ. Айнӣ (1996–2000), А. Маниёзов (2000–2008), И. Салоҳиддинов (2008–2014) ва С. Кошонов (2014–2020) буданд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 200–202.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




