Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон соли 1957 ҳамчун Ҷамъияти ихтиёрии варзиш дар натиҷаи муттаҳид гардидани ҷамъиятҳои ихтиёрии варзишгарони «Буревестник», «Пишевик» ва «Байрақи сурх» ташкил шудааст. Аз соли 1987 бо номи ҳозирааш фаъолият дорад.

Сохтор ва имконот

Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуъбаҳо дорад. Дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Хуҷанд, Бӯстон, Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода ва Норак шӯроҳои шаҳрии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон амал мекунанд.

Ҷамъиятҳои варзишии иттифоқҳои касаба 117 ташкилоту мактаб доранд ва аз рӯйи 15 намуд наврасону ҷавононро ба варзиш ҷалб кардаанд. 109 дастаи варзиш созмон дода, 4 варзишгоҳ, 1 машқгоҳи тирандозӣ, 29 толор ва 168 майдони варзиш доранд. Дар назди Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон 10 мактаби варзишии кӯдакон ва ҷавонон фаъолият менамоянд, ки беш аз 70 мураббию муаллим ба 4 769 варзишгар машқ медиҳанд.

Фаъолият

Дастаи мунтахаби Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар мусобиқа ва спартакиадаҳои шаҳри Душанбе ва берун аз он (Русия, Бишкек, Фарғона, Эрон) ширкат варзидааст. Ҳар семоҳа дар Қасри варзиши Шӯрои марказии Ҷамъияти варзиши иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод, гӯштини румию юнонӣ, таэквондо, футболи хурд (минифутбол) мусобиқаҳо баргузор мешаванд, ки дар онҳо қариб ҳамаи тарбиягирандагони мактабҳои варзишии иттифоқҳои касаба ва Кумитаи варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат мекунанд.

Ҷамъият дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта бозиҳои шавқовари «Офарин»-ро баргузор мекунад.

Роҳбарон

  • Н. М. Набиев (1957–1974).
  • С. К. Анваров (1974–1978).
  • А. К. Бобоҷонов (1978–1983).
  • В. В. Ковинов (1983–1987).
  • И. Қ. Қурбонов (1987–1989).
  • З. О. Содиқов (1989–1992).
  • Т. О. Каримов (1992–1995).
  • А. А. Ҳазратқулов (1995–1996).

Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 202.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.