Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Осиёи Миёна дар асрҳои VI–VII

Баъди шикасти Ҳайтолиён дар набарди назди Бухоро мулкҳои Осиёи Миёна ба ихтиёри Хоқонати турк ва Тахористон ба итоати Сосониён гузаштанд. Дар ин давра ҳокимони мулкҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Суғд, ҳокимияти худро аз туркон ҳифз карданд. Баъди чанд муддат муносибати байни Эрон ва Хоқонати турк доир ба масъалаи савдои абрешим тезутунд гардид. Сосониён баъзе манотиқи Роҳи бузурги абрешимро зери назорат гирифта, намехостанд, ки туркҳо абрешим ва маҳсулоти дигари истеҳсоли Суғдро бидуни миёнравии онҳо ба Ғарб интиқол диҳанд. Аз ҷониби дигар, Византия низ кӯшиш дошт, ки бидуни миёнравии Сосониён бо бозаргонони суғдӣ робита барқарор намояд. Дар ин вазъият Византия ва Хоқонати турк барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ бо ҳам наздик шуданд.

Робитаҳои дипломатӣ ва савдои абрешим

Суғдиҳо бо розигии хоқони турк зери сарварии Маниах ба дарбори Сосониён сафорат фиристоданд, аммо дар ҳалли масъалаи сарзамини Эрон ҷавоби рад гирифтанд. Бори дувум ҳайати сафорати махсуси хоқони турк барои ҳалли ин масъала ба дарбори Сосониён равон гардид, аммо онҳо низ дар ин самт муваффақ нашуданд. Соли 568 туркҳо бевосита бо рақиби Сосониён — Византия шартномаи ҳарбӣ-сиёсӣ бастанд.

Лашкаркашиҳои Сосониён

Ба қавли Диноварӣ, Сосониён дар замони Хусрави I ба Осиёи Миёна ҳуҷум карда, Бухоро, Кеш ва Насаф ба ихтиёри онҳо гузаштанд. Зарби драхмаҳо бо номи Ҳурмузи IV (579–590) дар шаҳри Хулм (581, 584, 586–588), Самарқанд (580, 581) ва Чоч (584, 585) шаҳодати он аст, ки солҳои 580–588 Тахористон ва баъзе мулкҳои Осиёи Миёна ба Сосониён тобеъ буданд. Тирамоҳи соли 589 сипоҳиёни сосонӣ бо сарварии Баҳроми Чӯбин лашкари азими туркҳоро шикаст доданд. Лашкари турк бо сардории писари хоқон Бармуда (Ёл-тегин) ба қалъаи Пайканд паноҳ бурд. Туркҳо баъди муҳосираи тӯлонӣ ноилоҷ таслим шуданд ва писари хоқон ба назди Ҳурмузи IV фиристода шуд. Баъди ин мағлубият туркҳо Осиёи Миёна ё ҳадди ақал Самарқанд ва Бухороро тарк карданд.

Хоқонати ғарбӣ ва мулкҳои мустақил

Эҳтимол дар ибтидои асри 7 доираҳои сиёсии Хоқонати ғарбӣ Осиёи Миёнаро дубора забт намуданд, вале онҳо ба умури сиёсии мулкҳои мустақил (ба истиснои ҷамъоварии хироҷ) чандон дахолат намекарданд. Хоқони турк Тун-шеху (618–630) баъди анҷоми ислоҳот ба ҳокимони Осиёи Миёна унвонҳои муносиб дода, намояндагони худро барои назорати раванди ҷамъоварии хироҷ дар назди онҳо гузошт. Баъди фавти Тун-шеху Хоқонати ғарбии турк тадриҷан завол ёфт ва мулкҳои Осиёи Миёна (Суғд, Уструшана, Тахористон, Бухоро) мустақил шуданд. Танҳо ҳокимони ду вилояти сарҳаддӣ — Чоч ва Фарғонаи Шимолӣ турк буданд. Ин ҳолати парокандагии сиёсии Осиёи Миёна дар раванди истилои араб ба муборизаи озодихоҳии аҷдоди тоҷикон таъсири номатлуб гузошт.

Д. Довудӣ.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 216.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.