Тоҳириён
Тоҳириён — аввалин давлати миллии тоҷикон (820–873) баъд аз густариши ислом. Тоҳириён аз табақаи деҳқонон ё деҳхудоён бархоста, бар ивази имтиёзҳои худ ба ҷамъоварии андоз ва умури молӣ машғул буданд. Шаҷараашон ба Рустами достон ва Манучеҳр мепайвандад. Асосгузори ин хонадон Тоҳир ибни Ҳусайн (ҳукумат 820–823) ҳокими шаҳри Пушинг буд. Ӯ соли 811 бо машварати Фазл ибни Саҳл фармондеҳи сипоҳи Маъмун таъйин гардид. Тоҳир дар ҷараёни набарди тахтхоҳонаи Маъмун ва бародараш Амин («фитнаи чорум») бар лашкари Алӣ ибни Исо пирӯз шуда, соли 813 шаҳри Бағдодро ишғол кард. Тоҳир ба поси хотири ин хидматаш дар мулкҳои Ироқ, Форс, Аҳвоз, Ҳиҷоз ва Яман нозири девонҳо ва масъули ҷамъоварии хироҷ таъйин гардид. Пешрафти рӯзафзуни Тоҳир боиси нигаронии доираҳои ҳукмрони аббосӣ шуд ва ӯро бо баҳонаи саркуб кардани исёни Наср ибни Шабис ҳокими Раққа (815–820) интихоб намуданд. Соли 821 дар шароити шиддати ҷунбиши хавориҷ (дар Сиистон, Кирмон ва ғайра) бо ташаббуси вазири Маъмун — Аҳмад ибни Абихолид — Ғассон ибни Аббод аз вазифаи волии Хуросон (818–821) озод ва ба ҷои ӯ Тоҳир амири Хуросон таъйин карда шуд. Тоҳир дар сиёсати дохилӣ ва таъйину озод кардани коргузорони маҳаллӣ мустақил буд. Баъдан нокомии Тоҳир дар фурӯ нишондани исёни хавориҷ боиси норозигии Маъмун шуда, халифа барои масмум кардани ӯ як канизро ба Марв фиристод. Тоҳир дар вокуниш ба ин амал номи халифаро аз хутба ва сикка хориҷ кард, вале фавти бармаҳали Тоҳир (1 октябри 822) ба иродаи озодихоҳии Тоҳириён таъсири номатлуб гузошта, дар Марв сипоҳиён ба шӯриш даст заданд. Дар чунин шароит Маъмун ҳукумати Хуросонро ба уҳдаи Талҳа ибни Тоҳир (ҳукумат 822–828) вогузор кард. Талҳа, маъмулан, ба муборизаи зидди хавориҷ (махсусан Ҳамзаи Озарак) машғул шуда, барои нишон додани қудрати ҳарбиаш мулки Уструшанаро ишғол кард. Аз ҷониби дигар, Талҳа зери фишори Маъмун ақидаи муътазила дар бораи офариниши Қуръонро пуштибонӣ карда, ба тафтиши ақидаи донишмандон мепардохт.
Дар замони Абдуллоҳ ибни Тоҳир (828–844) давлати Тоҳириён ба авҷи қудрат расид. Ӯ пойтахтро аз Марв ба Нишопур интиқол дод; бо пахши шӯришҳои хавориҷ истиқрори сулҳу амниятро дар Хуросон таъмин кард; барои танзими низоми молиёт ва таъмини пешрафти иқтисодӣ ислоҳот анҷом дод; бунёди боғу иншооти обёриро афзуд; барои мардуми ниёзманд моҳона, хӯроку пӯшок муқаррар кард. Барои танзими низоми обёрӣ ва ҳалли масъалаҳои марбут ба он дастур таҳия кард, ки садсолаҳо мавриди истифода қарор дошт. Баъди ба сари қудрат омадани Муътасим муносибати Тоҳириён ва Аббосиён каме сард шуд, вале дар охир халифа қудрати Абдуллоҳро дар мулкҳои шарқӣ пазируфт. Абдуллоҳ бо нишони садоқат ба Аббосиён дар саркӯбии исёни Афшин ва Мозёр саҳм гузошт.
Дар замони Тоҳириён ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ аз девонҳо (барид, мазолим, хироҷ) иборат буд. Дар ин давра шаҳрҳои Нишопур, Марв, Ҳирот ва Балх ба маркази фарҳангу тиҷорат табдил ёфтанд. Тоҳириён аз ҳисоби бардафурӯшӣ суди бисёр дарёфт мекарданд.
Дар муомилот сиккаҳои нуқрагин (дирҳам; вазн 2,97 грамм) гардиш доштанд. Дар рӯи сиккаҳои Тоҳириён калимаи тавҳид ва дар ҳошияи даври он «бисмиллоҳ», номи шаҳр ва соли зарби он ҳаккокӣ шудааст. Дар пушти сиккаҳо Аллоҳ, Муҳаммад расулуллоҳ, номи халифа ва номи фармонравоёни тоҳирӣ зарб мешуд. Дар сиккаҳои Тоҳири II ҳамчун исми халифа номи валиаҳд зикр шудааст. Зарробхонаҳои Тоҳириён дар шаҳрҳои Бухоро, Бӯст, Балх, Сиҷистон, Самарқанд, Шош, Нишопур ва Ҳирот амал мекарданд.
Тоҳириён вобаста ба таҷрибаи ҳарбиашон аз шеваҳои гуногуни пешбурди ҷанг, ғофилгир кардани душман, бастани роҳи озуқа ва ғайра истифода мебурданд. Сипоҳи Тоҳириён аз қисмҳои низомии доимӣ ва дастаҳои иловагӣ (хоразмиён) иборат буд. Дар сипоҳдорӣ аз тарҳи тоҷиквори қалб, маймана ва майсара кор мегирифтанд. Дар миёни сипоҳиён тирандозону найзадорон нақши асосӣ доштанд. Сипоҳиёни ҷилаврез зиреҳпӯш буданд. Маоши сипоҳиён баъди 120 рӯз, баъзан ҳар 33 рӯз пардохт карда мешуд.
Баъзе намояндагони хонадони Тоҳириён, ки аҳли илму адаб буданд, барои густариши илму дониш ва бунёди муассисаи таълимӣ талош меварзиданд. Дар пешрафти илму фарҳанги Хуросон донишмандони замони Тоҳириён, аз қабили Абуусмон Саҳл ибни Башр ибни Алии Мунаҷҷим, Абуубайд Қосим ибни Салом, Муҳаммад ибни Аслами Тӯсӣ, Исҳоқ ибни Роҳвия, Абдулҳасани Омирӣ, Имом Муслими Нишопурӣ, Довуди Зоҳирӣ нақши муассир гузоштанд.
Давлати Тоҳириён дар замони Тоҳири II (844–862) ва наберааш Муҳаммад (862–873) таназзул ёфт. Тоҳириён бо меросӣ кардани ҳукумат нақши халифаро дар таъйину озод кардани амирон коҳиш доданд. Сиёсати мадорои онҳо дар қиболи мардум ба пешрафти таҷрибаи давлатдории тоҷикон таъсир расонд. Тоҳириён дар таърихи давлатдориашон собит намуданд, ки халқҳои дигар низ метавонанд дар сарзамини ислом давлати миллӣ дошта бошанд.
Харитаи «Давлати Тоҳириён» (саҳ. 223). Аломатҳои шартӣ: ҳудуди давлати Тоҳириён; маҳалли зуҳури хонадони Тоҳирӣ. Шкалаи масофа: 0, 100, 200 километр.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 223–224.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




