Саффориён
Саффориён — дувумин давлати тоҷикон (873–900) баъд аз густариши ислом. Саромади хонадон Лайс саффор (мисгар; номи давлат аз ин ҷост) буд. Писарони ӯ Яъқуб, Тоҳир ва Алӣ дар байни айёрони сиистонӣ тарбия ёфтанд. Тадриҷан Яъқуб ҳамчун силаҳшӯр роҳбари айёрони сиистонӣ таъйин гардид ва дар давраи аморати Тоҳири II ба дастаи мутаввиа («ихтиёриён») ҳамроҳ шуд. Мутаввиа дастаҳои ихтиёрии мардумӣ буданд, ки бо мақсади дафъи фитнаи хавориҷ ва хотима додани бедодгарии ҳокимони маҳаллӣ ташкил ёфта буданд. Яъқуб соли 852 бо таҳрики сардори мутаввиа Солеҳ ибни Назр бар зидди хавориҷ ва ҳокими дастнишондаи Тоҳириён дар Сиистон – Иброҳим ибни Ҳусайн хурӯҷ кард. Яъқуб баъди ишғоли Бӯст ва Заранҷ бинобар ихтилофи айёрони сиистонӣ ва мутаввиа дар набарди зидди Солеҳ бародараш Тоҳирро аз даст дод (858). Пас аз набард Солеҳ ба Бӯст фирор кард ва бародараш Дирҳам Яъқубро ҳокими Бӯст ва сипаҳсолори худ таъйин намуд. Дере нагузашта муносибати Дирҳам ва Яъқуб сард гардид. Дар муборизаи дохилӣ Яъқуб бар Дирҳам (861) ва сипас Солеҳ (864) ғолиб омада, ҳокими Сиистон гардид. То соли 868 водии Кобул, Синд, Макрон, Ҳирот, Бушанг, Кирмон, Шероз ва Форс ба қаламрави мулкҳои Яъқуб ҳамроҳ карда шуданд. Соли 871 халифа Муътамид (870–892) Яъқубро волии Сиистон, Кобул ва Тахористон таъйин намуд (872). Яъқуб дар Ҳирот бар хавориҷ низ ғолиб омада, аз ҳисоби онҳо лашкари ҷудогона («ҷайшу-ш-шуроҳ») ташкил дод. Соли 873 бо баҳонаи таъқиби рақибонаш, писарони Солеҳи Сиҷзӣ – Абдуллоҳ, Фазл, Аҳмад ба пойтахти Тоҳириён – Нишопур ҳамла кард. Муҳаммад ибни Тоҳир дар мавзеи Шодёхи Нишопур ба асорат афтод ва давлати Тоҳириён барҳам хӯрд. Соли 874 халифа бинобар хатари исёни зангиён (дар Ироқ) ҳукумати Хуросон, Табаристон, Ҷурҷон, Рай ва Форсро ба ихтиёри Яъқуб вогузор намуд. Соли 875 Яъқуб шаҳрҳои Омулу Сориро дар қаламрави Зайдиён ишғол карда, ҷанг дар байни ӯ ва халифа ногузир гардид. Яъқуб соли 876 ба Бағдод лашкар кашид, вале дар назди Дайру-л-Акул шикаст хӯрд. Муҳаммад ибни Тоҳир баъди ин набард аз асорат озод шуда, волии Хуросон ва атрофи он гардид. Яъқуб то замони фавташ (879) ҳокимияти худро танҳо дар баъзе мулкҳои ҷануби Эрон ҳифз кард.
Баъди Яъқуб баъзе лашкариён бародараш Амрро ба аморат бардоштанд. Ӯ баръакси Яъқуб ба халифа изҳори итоат карда, маншури ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Кӯҳистон, Гургон, Табаристон, Ғӯр, Балх, Кобул, Сиистон, Синд ва шаҳнагии Бағдодро дар ивази пардохти 20 миллион дирҳам ба даст овард. Дар замони аморати Амр вазъи Хуросон бинобар исёни Аҳмади Хуҷистонӣ (фавт 882) ва Рофеъ ибни Ҳарсама мураккаб гардид. Баъди кушта шудани Рофеъ ба дасти Амр ибни Лайс (28 ноябри 897) муносибати Сомониёну Саффориён барои аморати Хуросон ва Хоразм шиддат ёфт. Соли 898 халифа ба таври расмӣ маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Амр ибни Лайс вогузор кард ва тибқи мактуби махфии дигар Исмоили Сомониро ба муборизаи зидди Саффориён таҳрик намуд. Амр дар набарди зидди Сомониён (899, 900) ноком шуда, давлати Тоҳириён таназзул ёфт.
Саффориён вақти худро бештар ба лашкаркашӣ ва танзими умури сипоҳ сарф карда, воқеан барои ташкили созмонҳои марказии дарбор фурсат надоштанд. Дар умури кишвардорӣ Саффориён бештар ба хонадонҳои асили эронитабор такя мекарданд. Дар замони Саффориён чанд девон (расоил, арз) фаъолият дошт. Дар замони Амр барои танзими низоми пардохти андоз баъзе чораҳо андешида шуданд. Дар ин давра мардум мувофиқи даромади худ андоз месупориданд, хазинаи давлат аз ҳисоби андози замин, даромади мулкҳои Саффориён ва ғайра пур карда мешуд. Пойтахтҳои Саффориён шаҳрҳои Заранҷ ва Нишопур буданд. Дар аҳди Саффориён Заранҷ равнақ ёфта, кохҳои Яъқуби Лайс, Амри Лайс, манора ва масҷид аз ҷумлаи биноҳои шаҳр буданд. Маҷмуаи биноҳои собиқи Яъқуб дар байни дарвозаҳои Каркуя ва Нешак қарор дошт, ки мардум онро Арг меномиданд. Шаҳр аз ду ҳавзи калони атрофи масҷиди ҷомеъ бо об таъмин мешуд. Водии Заранҷ бо осиёбҳои бодӣ, ҷома, фарш ва хурмои хушкаш машҳур буд. Дар замони Саффориён робитаҳои бозаргонии мулкҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳинд инкишоф ёфтанд. Саффориён дар тақлид ба халифаҳои аббосӣ аз тилло, нуқра ва биринҷӣ сикка мебароварданд. Дар рӯи сиккаҳо номи амири саффорӣ ва дар пушташон номи халифаҳои аббосӣ ҳаккокӣ шудааст. Намояндагони хонадони Саффориён пуштибони илму фарҳанг буданд. Яъқуб баъди бозгашт аз набарди зидди Аммори Хориҷӣ дар вокуниш ба шеъри арабии дабири зердасташ Муҳаммад ибни Васиф гуфт: «Дар чиз ман андар наёбам чиро бояд гуфт?». Пас аз ин вокуниши амир шоирон Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Мухаллад, Абусалики Гургонӣ, Фирӯзи Машриқӣ ва дигарон ба забони форсӣ шеър месуруданд. Саффориён забон ва расму одати қадимии мардуми ориёиро эҳё намуда, онро бар арабӣ тафзил доданд.
Сомониён
Сомониён — сеюмин давлати миллии тоҷикон пас аз густариши ислом. Аз шаҳри Балх бархоста буданд ва насаби онҳо ба Баҳроми Чӯбин мерасид. Таърихи давлатдории Сомониён ба се марҳала тақсим мешавад: дар марҳалаи аввал (819–874) Сомониён бо ниёбати Тоҳириён дар мулкҳои алоҳидаи Мовароуннаҳр (Самарқанд, Чочу Уструшана, Фарғона) ва Хуросон (Ҳирот) ҳукумат доштанд; дар марҳалаи дувум (875–900) бар асари норозигии халифаҳои аббосӣ аз Саффориён идораи Мовароуннаҳр пурра ба ихтиёри Сомониён гузашт; марҳалаи сеюм (900–999) давраи авҷи қудрат ва заволи ҳукумати Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр буд.
Саромади хонадон Сомонхудот ҳокими Балх буд. Ӯ бо волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳи Қасрӣ (725–727, 735–738) наздик шуда, бо ин васила ҷойгоҳашро дар Балх устувор кард. Писари ӯ Асад дар яке аз набардҳои Ҳорунаррашид бар зидди Рофеъ ибни Лайс ширкат карда, Сомониён ба шарики вафодори халифаҳои аббосӣ табдил ёфтанд. Писарони Асад ба хотири корнамоияшон дар пахши шӯриши Рофеъ ибни Лайс бо супориши Маъмун (хилофат 813–833) Нуҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Уструшана ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъйин шуданд. Дар ин давра Нуҳ ибни Асад нуфузи бештар дошт ва ба бародаронаш дар ҳалли масоили давлатдорӣ машварат медод. Баъди фавти Нуҳ (842) ҳукумати Самарқанд ба ихтиёри Аҳмад ибни Асад (842–865) гузашт. Соли 858 Чочу Уструшана ба ҳайати мулкҳои Аҳмад муттаҳид шуданд. Дар давраи аморати Наср ибни Аҳмад (865–875) вазъи сиёсии Бухоро бар асари рақобати Саффориёну Сомониён ва низоъҳои дохилӣ мураккаб шуда, Исмоили Сомонӣ бо хоҳиши мардум ҳокими шаҳр таъйин гардид. 9 июни 874 дар хутбаи Бухоро ба ҷои номи Яъқуб ибни Лайс исми Наср ибни Аҳмад ёд гардид. Исмоили Сомонӣ баъди ислоҳ кардани корҳои мулкӣ дар Бухоро писари бародараш Абузакариё ибни Яҳёро қоиммақоми худ таъйин намуда, худ ҷиҳати мулоқоти Наср ба Самарқанд рафт, аммо Наср аз ин рафтори худсаронаи Исмоили Сомонӣ озурдахотир шуда, чанд муддат аз мулоқоти бародар худдорӣ кард. Ниҳоят, Наср бо миёнравии писарамаки худ – Муҳаммад ибни Нуҳ ӯро афв ва дубора ба Бухоро равон намуд.
Исмоил баъди бозгашт ба ҳалли мушкилоти дохилии Бухоро машғул шуда, аввал дастаҳои роҳзанону ғоратгаронро дар байни Ромитану Баркад шикаст дод. Баъди бартараф кардани ин мушкилот Бухороро хатари ҳуҷуми дастаи ғосибони хоразмӣ (шумораашон 2 ҳазор) бо сарварии Ҳусайн ибни Тоҳири Тойӣ фаро гирифт. Ӯ дар набарди назди соҳили дарёи Ому Ҳусайнро шикаст дода, ба хулоса омад, ки баҳри ташкил додани ҳукумати муқтадир ба сипоҳи доимӣ эҳтиёҷ дорад. Бино бар ин, шахсан ба ҷалби сипоҳиён машғул шуда, аз ҳисоби ғуломони турк ва мавлоҳои худ лашкари доимӣ ташкил кард. Ғуломони турк дар аҳди ҳукумати Исмоил нисбат ба амир содиқ буданд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ барои ҳифзи фармонраво аз ҷону моли худ даст мекашиданд. Баръакс, дар аҳди ҳукмронии амирони дигари сомонӣ, онҳо барои давлат хатарзо шуданд. Ҳатто писари Исмоил – Аҳмад аз ҷониби ғуломони турки худ ба қатл расид. Исмоил ҳамчун сиёсатмадор аз воқеа ва падидаҳои сиёсии атрофи мулки худ ба манфиати кишвараш истифода мекард. Чунончи, дар замони волӣ таъйин шудани Рофеъ ибни Ҳарсама бо ӯ иттиҳод баста, ба таври осоишта Хоразмро ба мулки худ ҳамроҳ намуд.
Дар ин давра Исмоил хироҷи солонаи Бухороро (500 ҳазор дирҳам) барои бартараф кардани мушкилоти дохилӣ ва ташкили сипоҳ харҷ карда, дар фиристодани маблағ ба Наср оҷиз гардид. Аз ин сабаб дар байни бародарон ихтилоф ба вуҷуд омада, Наср дар иттиҳод бо бародарони дигараш Абулашъас (ҳокими Фарғона) ва Абуюсуф Яъқуб (ҳокими Чоч) бар зидди Исмоил лашкар кашид (12 декабри 885). Дар ибтидо Исмоил аз набарди зидди бародаронаш ҳазар карда, ба самти Фороб ҳаракат кард. Сипас Исмоил иттифоқчии худ Рофеъ ибни Ҳарсамаро ба ёрӣ даъват карда, бо мақсади аз Бухоро дур кардани Наср ба самти Самарқанд лашкар кашид. Наср дар Тавовис ба сипоҳи Исмоил ва Рофеъ монеа шуда, онҳо иҷборан тариқи биёбон ба сӯи Самарқанд роҳ пеш гирифтанд. Дар ин сафар аксари сипоҳиёни Рофеъ бо сабаби камбуди озуқа талаф шуда, идомаи мубориза барои Исмоил мушкил гардид. Соли 886 бо талоши Рофеъ бародарон Наср ва Исмоил дар Кармина бо ҳам аҳдномаи сулҳ бастанд. Мувофиқи аҳдномаи мазкур Исмоил аз мансаби амири Бухоро барканор ва бародараш Исҳоқ ибни Аҳмад ҷойгузини ӯ гардид; Исмоил масъули омили хироҷи Бухоро гардид, вале дар харҷи пули девон ихтиёр надошт; номи Исмоил аз хутба хориҷ шуд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ баъди аҳдномаи сулҳ Исҳоқ ба ном амири Бухоро буд, лекин ҳамаи ваколатҳои ҳукумат дар ихтиёри Исмоил қарор доштанд. Исмоил дар идома низ аз пардохти хироҷи Бухоро саркашӣ карда, ба зуҳури ихтилофи хонаводагии Сомониён замина гузошт. Наср ба кафили сулҳ Рофеъ муроҷиат намуда, ҷиҳати иҷроиши аҳднома ёрӣ хост. Рофеъ дар ин боб ба Исмоил нома навишт, аммо дар ҳалли қазия комёб нашуд. Наср аз ҳалли осонтари қазия навмед шуда, дар иттиҳод бо бародараш Абулашъас бори дуввум ба муқобили Исмоил лашкар кашид. Дар набарди назди Тавовис нахуст як гурӯҳи сипоҳиёни Исмоил бо сарварии Исҳоқ ибни Аҳмад шикаст хӯрда, ба Фороб фирор карданд. Баъдан Исмоил сипоҳиёни Абулашъасро шикаст дода, дубора сипоҳиёни фирории худро муттаҳид кард. Дар набарди назди Возбадин Исмоил бар лашкари Наср ғолиб омад, ба хотири эҳтироми ҳуқуқи бародари калон ҳукумати Сомониёнро ба ихтиёри ӯ вогузор кард. Баъд аз фавти Наср (892) тоҷу тахт ба ихтиёри Исмоил гузашта, маркази давлати Сомониён аз Самарқанд ба Бухоро кӯчонда шуд. Соли 893 халифа ал-Муътазид (892–902) маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Исмоил тақдим кард. Ҳамзамон Исмоил ба муқобили қарлукҳо лашкар кашида, шаҳри Тирозро ишғол кард: дар натиҷаи ин лашкаркашӣ истихроҷи конҳои Шалҷӣ ба ихтиёри Сомониён гузашт; тохтутози туркон ба Мовароуннаҳр муваққатан қатъ гардид. Дар охири соли 893 ба Уструшана ҳуҷум карда, баъди сарнагун намудани Сайр ибни Абдуллоҳ ба ҳукумати афшинҳо хотима гузошт.
Исмоил дар давраи муборизаҳои сиёсии Тоҳириёну Саффориён ба таври мустақим ва ғайримустақим ба корҳои дохилии Хуросон дахолат мекард: соли 885 бо сипоҳи чорҳазораи худ ба ёрии Рофеъ ибни Ҳарсама шитофта, дар иттиҳод Марвро аз итоати ҳокими дастнишондаи Саффориён озод карданд. Баъди кушта шудани Рофеъ аз дасти Амр ибни Лайс (28 ноябри 897) муносибати Сомониён ва Саффориён барои аморати Хуросону Хоразм шиддат ёфт. Соли 898 халифа ба таври расмӣ маншури ҳукумати Мовароуннаҳрро ба Амр ибни Лайс вогузор карда, тибқи мактуби махфии дигар Исмоилро ба муборизаи зидди Саффориён таҳрик намуд. Амр баъди дарёфти маншур фишори худро нисбат ба ҳокимони дастнишондаи Сомониён дар Балху Гузгонон зиёд карда, Исмоилро ба итоат даъват намуд. Исмоил дар ҷавоб Амрро ба набард даъват кард. Ба қавли баъзе таърихнигорон, сабаби асосии даргирии Амр ва Исмоил масъалаи ҳукумати Хоразм буд. Мувофиқи маълумоти «Таърихи Сиистон», баъди кушта шудани Рофеъ, Исмоил Арак ибни Мансурро дар Хоразм омили худ таъйин кард. Амр аз ин қазия огаҳӣ ёфта, дастаҳои ҳарбии худро таҳти фармондеҳии Алӣ ибни Шарвин (номи дигараш Алӣ ибни Суруш) ба Хоразм равона кард. Алӣ дар соҳили Ҷайҳун ба Исмоил рӯбарӯ шуда, бидуни набард ба Хуросон ақиб нишаст. Чун ин хабар ба Амр расид, ӯ сарлашкари дигари худ – Муҳаммад ибни Бишрро ба муборизаи зидди Исмоил равон кард. Исмоил дар охири соли 898 тариқи гузаргоҳи Зам аз Ҷайҳун убур карда, сипоҳи Амрро шикаст дод. Дар ин набард Муҳаммад ибни Бишр ҳалок шуд, Алӣ ибни Шарвин бо аскари бисёр асир афтод. 19 марти 900 Исмоил дар набарди назди Балх ба сипоҳи Саффориён ғолиб омад ва Амр ба дасти ӯ асир афтод. 11 июни 901 халифа маншури волигии Хуросонро ба Исмоил тақдим кард.
Дар давраи шиддати муборизаҳои Саффориёну Сомониён дар Хуросон сулолаи Зайдиён мавқеи худро дар Табаристон мустаҳкам карда, ба рақобати зидди Сомониён бархостанд. Солҳои 900–913 Табаристон ба ихтиёри Сомониён гузашт. Дар аҳди ҳукумати Сомониён вазъи сиёсии Хуросон бо сабаби дурӣ аз маркази давлати Сомониён ноором боқӣ монд. Соли 901 набераи Амр – Тоҳир ибни Муҳаммад дар Сиистон хуруҷ карда, минтақаи Форсро то Аҳвоз ишғол кард. Сомониён ин қазияро бо роҳи мукотиба ҳал карда, Тоҳир аз минтақаи Форс ба Сиистон баргашт. Соли 902 ҳокими Табаристон – Муҳаммад ибни Ҳорун исён бардошта, минтақаи Райро ишғол кард. Дар охири соли 902 Исмоил бо баҳонаи саркуб намудани Ҷастони Дайламӣ ба муқобили Муҳаммад лашкар кашид. Муҳаммад дар набарди зидди Исмоил шикаст хӯрд ва ба Дайлам паноҳ бурд. Исмоил сарлашкари худ Порси Бузургро волии Рай таъйин карда, ӯро ба муборизаи зидди Муҳаммад таҳрик намуд. Соли 903 Муҳаммад бо миёнравии Порси Бузург худро ба Исмоил таслим кард. Исмоил солҳои 902–906 чанд бор тохтутози туркҳоро ба Мовароуннаҳр бартараф ва мардумро аз мушкилоти таъмини Девори Бухоро раҳо карда, эълон дошт, ки «то вақте ки зиндаам, бораи Бухоро манам». Дар солҳои охири ҳаёти Исмоил дар минтақаи Ғуру Ғарчистон қарматиён бо роҳбарии Бубилол исён бардоштанд. Дар муддати кӯтоҳ мардуми баъзе минтақаҳои Хуросон дар атрофи Бубилол муттаҳид шуда, шумораи пайравони ӯ тақрибан ба 10 ҳазор расид. Сипоҳиёни Сомониён қарматиёнро дар минтақаи Ҳирот шикаст доданд ва Бубилол баъди асорат зиндонӣ шуд. Баъди марги халифа ал-Муътазид писараш ал-Муктафӣ (хилофат 902–908) маншури ҳукумати Исмоилро таъйид карда, минтақаҳои Рай, Қазвин ва Занҷон ба ихтиёри ӯ вогузор шуданд. Дар аҳди Исмоил ҳудуди ҷуғрофиёии таърихии давлати Сомониён густариш ёфта, марзаш дар шимол то водии дарёи Талас, дар ҷануб то Сиистон, дар шарқ то марзҳои шарқии Туркистону Синд ва дар ғарб то минтақаҳои марказии Эрон тӯл мекашид. Талошҳои Исмоил барои таъмини амнияти дохилӣ ва хориҷии мамлакат натиҷаи мусбат доданд ва ӯ бо ташкили дастгоҳҳои идории муташаккил ва сипоҳи доимӣ пояҳои давлатдории Сомониёнро устувор кард.
Дар замони Аҳмад ибни Исмоил (907–914) Гургон, Табаристон, Рай, Қазвин ва Занҷон ба қаламрави Сомониён ҳамроҳ шуданд. Ҳамзамон ӯ бо пахши исёни амакаш Исҳоқ ибни Аҳмад (907) қисме аз моҷароҳои хонаводагиро ҳал кард. Вориси ӯ Насри II (914–943) дар синни хурдсолӣ ба қудрат расида, зимоми давлат ба ихтиёри вазирон Муҳаммади Ҷайҳонӣ ва Абулфазли Балъамӣ гузашт. Дар замони Насри II бо пахши исёни Исҳоқ (914–915) ва писаронаш Мансур (дар Нишопур), Илёс (дар Фарғона; 922), сарлашкар Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ (918) ва деҳқонзода Аҳмад ибни Саҳл (919) қудрати ҳукумати марказии Сомониён устувор гардид. Солҳои охири аморати Насри II муносибатҳои дипломатии Сомониён бо дарбори Чин барқарор шуданд.
Аз замони Нуҳ ибни Наср (943–954) бо сабаби норасоии маблағ дар хазина, афзоиши ҳаҷми андозҳо ва норозигии сипоҳиён таназзули қудрати Сомониён оғоз гардид. Ҳамзамон, дар ин давра рақобати Бувайҳиён ва Сомониён дар Ҳамадон, Кирмон ва Рай шиддат ёфт. Дар ин фурсат амаки Нуҳ Иброҳим ибни Аҳмад бо пуштибонии Абуалии Чағонӣ ва гвардияи дарбор ҳукуматро дар пойтахт тасарруф кард. Нуҳ бо кӯшиши бисёр ҳукумати худро барқарор кард, вале дар пахши исёни Абуалии Чағонӣ муваффақ нагардид. Ахиран ӯ Абуалиро ҳокими Чағониён, баъдан тамоми Хуросон (952) таъйин кард ва бадин васила дар ҷомеа амният таъмин гардид.
Абдумалики I (954–961) бо пуштибонии вазир Балъамӣ ва созиш бо сипаҳсолор Алптегин муваққатан оромиро дар мамлакат таъмин кард. Баъди фавти Абдумалики I муборизаи тӯлонии Мансури I (961–976) ва Алптегин боиси заъфи қудрати ҳукумати Сомониён гардид. Дар чунин ҳолат дахолати хони Туркистон ба мулкҳои шарқии Сомониён оғоз шуд; ҳокимони Табаристону Гургон аз итоат сарпечӣ карданд; дар Ғур бо роҳбарии Абуалии Тӯлакӣ исён сар зад. Мансури I дар солҳои охири ҳукуматаш вазъи мулкҳои ғарбӣ ва марказиро ором кард, вале хатари туркҳо дар шарқ боқӣ монд.
Дар замони Нуҳи II (976–997) амири Хуросон Абуалии Симҷӯрӣ бо хони Туркистон – Буғрохон барои тақсими мулки Сомониён иттиҳод баст. Буғрохон соли 992 шаҳрҳои Самарқанду Бухороро ишғол карда, ба ҷои Нуҳи II амакаш Абдулазизро ба тахт нишонд. Баъди фавти ногаҳонии Буғрохон Нуҳи II дубора ҳукуматашро барқарор карда, бо пуштибонии Сабуктегин, ҳокимони зеёрӣ, Ғурҷистон, Ҷузҷон қувваҳои муттаҳидаи Абуалии Симҷӯрӣ ва Фоикро торумор намуд. Дар замони Мансури II (997–999) ва Абдумалики II (999) бар асари муборизаҳои дохилӣ ва рақобати сипаҳсолорон мулкҳои шимоли ғарбии Сомониён ба ихтиёри Қарахониён ва Хуросон ба тасарруфи Ғазнавиён гузаштанд. Тирамоҳи соли 999 Бухоро бори дуввум аз ҷониби Қарахониён тасарруф гашт ва ҳукумати Сомониён хотима ёфт. Охирин намояндаи Сомониён Мунтасири Сомонӣ барои барқарор кардани давлати Сомониён зиёда аз чор сол мубориза бурд, аммо талошҳои ӯ соли 1005 бебарор хотима ёфтанд.
Идораи давлат ва сипоҳ
Роҳбари давлати Сомониён амир буд. Дар замони Сомониён ниҳоди марказии мақомоти ҳокимияти олӣ аз дарбор ва девонҳо (вазир, рисолат, ишроф, муҳтасиб, барид, қозӣ, сипоҳ, шурта, истиф, вақф, об) иборат буд. Дар аҳди Сомониён ташкили девонҳо зери назари вазири бузург (Ҳоҷибу-л-ҳуҷҷоб ё Ҳоҷиби бузург) қарор дошт. Ба қавли Наршахӣ, дар замони ҳукумати Насри II дар майдони Регистони Бухоро барои кори девонҳо 10 бино бунёд гардид. Ҳукумати мулк ва минтақаҳои алоҳида дар ихтиёри намояндагони хонадони маҳаллӣ ё ашрофи маҳаллӣ қарор дошт. Қароргоҳи волӣ ё сипаҳсолори Хуросон дар Нишопур буд. Баъзе ҳокимони мулкҳои зертобеи Сомониён, аз қабили Сиистон, Ғарчистон, Гузгон, Ғазна, Хутталон (хонадони Бойинҷуриён), Чағониён, Исфиҷоб, Хоразм ва ғайра мунтазам ба хазинаи марказӣ хироҷ намедоданд. Сипоҳи Сомониён аз лашкари доимӣ (ғуломони турк), иловагӣ (навкарони ҳокимони маҳаллӣ) ва дастаҳои кироя (қабилаҳои бодиянишини турк) иборат буд. #### Дин, забон ва фарҳанг
Ислом дини расмӣ буд, аммо зардуштиён, яҳудиён, масеҳиён, буддоён ва монавиён дар эътиқодашон озод буданд. Дар замони Сомониён бо муттаҳид шудани мулкҳои Хуросону Мовароуннаҳр дар атрофи қаламрави ягона, густариши равобити васеи иқтисодию фарҳангӣ, мақоми расмӣ пайдо кардани забони форсии дарӣ (тоҷикӣ) ва фароҳам омадани фазои ягонаи динӣ ташаккули халқи тоҷик ба анҷом расид. Ба туфайли саъю талоши Сомониён олимон, шоирон, мусаввирон аз минтақаҳои гуногуни Шарқ дар доираҳои илмӣ-адабии Бухоро, Самарқанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот ва Хуҷанд ҷамъ омада буданд. Рӯдакӣ ва ҳамзамононаш бо пуштибонӣ аз сиёсати Сомониён тамоми навъҳои шеъриро такомул дода, барои ташаккули адабиёти классикии тоҷик замина фароҳам оварданд. Бо пуштибонии хонадони сомонӣ ва ҳукуматҳои зертобеи онҳо осори зиёди динӣ («Саводи аъзам»), асотирӣ («Калила ва Димна») ва таърихӣ (Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ»), ҷуғрофӣ («Ҳудуду-л-олам») ва ғайра таълиф шуданд. Дар замони Сомониён Абурайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Муҳаммади Розӣ, Аҳмад Абулаббоси Сарахсӣ, Абумаъшар Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Аҳмади Насавӣ, Абузайди Балхӣ ва дигарон дар пешрафти афкори фалсафӣ ва илмҳои табиӣ таъсири калон гузоштанд. Хонадони сомонӣ ҳамчунин барои густариши ислом ва фарҳанги мусулмонӣ дар миёни қавмҳои турк ва ба ҳаёти муқимӣ гузаштани онҳо хизмат намуданд.
Меъморӣ ва ҳунармандӣ
Дар ҳунари меъмории замони Сомониён, хусусан дар бинокории монументалӣ, усули ороиши хиштчинии «нақшин» маъмул гардид. Дар мавзеъҳои кӯҳӣ масолеҳи асосии бинокорӣ санг буд. Чӯб дар иморатҳои монументалӣ барои пӯшиши бом, болодарӣ, тиргаку сутунҳо ва ғайра истифода мешуд. Лавҳаҳои гаҷкорӣ нақши ҳандасию наботӣ доштанд. Ёдгориҳои барҷастаи меъмории ин давра оромгоҳи Хоҷа Нақшрон, мақбараҳои Арабато, Исмоили Сомонӣ, Аламдор, Чилдухтарон, Шери Кабир ва ғайра мебошанд. Ҳунарҳои бофандагӣ, кулолӣ, зардӯзӣ, нақшу нигори матоъ ва ғайра низ инкишоф ёфта буданд. Дар Бухоро (занданачӣ), Самарқанд (матоъҳои симгун, зарбофт), Хуҷанд, Кеш ва ғайра матоъҳои гуногун истеҳсол мешуданд. Матоъ ва қолинҳои коргоҳи бофандагии «Байту-т-тироз»-и Бухоро ба шаҳрҳои дигар интиқол дода мешуданд.
Сикка ва тиҷорат
Дирҳами исмоилӣ ҳамчун воҳиди асосии пул дар саросари қаламрави Сомониён – Мовароуннаҳр, Хуросон ва қисман Эрон дар гардиш буд. Дирҳамҳои исмоилӣ дар қиёс бо сиккаҳои ғитрифӣ, мусайёбӣ ва муҳаммадӣ аз нуқраи холис (92–100%), бо навиштаҷоти калимаи тавҳид, ду ояти Қуръон (9:33; 30:3–4), номи халифа ва амири сомонӣ, ҳамчунин солу макони барориши он зарб зада мешуданд. Дар асри 10 муомилоти дирҳамҳои исмоилӣ тавассути Роҳи бузурги абрешим дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Шимолӣ паҳн шуда, чандин дафинаи сиккаҳои Сомониён дар Русия, Украина, Белоруссия, Полша, Шветсия, Финляндия, Норвегия, Олмон, Англия, Ирландия ва Исландия пайдо шуданд. Дар таркиби дафинаҳои Аврупо дирҳамҳои Хуттал ва Рашт низ ҳастанд, ки саҳми тоҷирони ин минтақаро дар савдои байналмилалӣ нишон медиҳанд.
Мероси давлатдорӣ
Сомониён унсурҳои давлатдории мутамаддини мардуми ориёро эҳё карда, роҳи пешрафти минбаъдаи халқи тоҷикро кушоданд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 бузургдошти 1100-солагии давлати Сомониён таҷлил шуд ва дар майдони Дӯстии шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори ин давлат – Исмоили Сомонӣ ва маҷмааи меъморӣ бунёд гардид. Асъори миллии Тоҷикистон ба хотири бузургдошти ин хонадон сомонӣ ном дорад. Ҳамчунин барои қадрдонии олимони ҷавон ҷоиза ба номи Исмоили Сомонӣ ва барои сарфароз кардани ходимони давлат, илму фарҳанг ва дигар шаҳрвандон мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст.
С. Муллоҷонов, С. Ҳусаинов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 225–228.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




