Бувайҳиён
Бувайҳиён (Оли Буя, Дайламиён) — сулолаи ҳукмрони эронитабор дар Шарқи Наздик ва Миёна (933–1056). Насабномаи Бувайҳиён ба Баҳроми Гур мерасад. Асосгузорони сулола се бародар – Алӣ, Ҳасан ва Аҳмад буданд. Сулола ба шарафи моҳифурӯши дайламӣ Абушуҷои Буя номгузорӣ шудааст. Ӯ дар Дайлам ба хидмати Сомониён гузашта, баъдан ҳамроҳи Мардовичи Зиёрӣ ба муқобили сарони лашкари сомонӣ бархост. Писари бузурги Абушуҷоъ — Алӣ ибни Буя сарпарастии бештари лашкарро ба уҳда дошт. Ӯ дар замони Мардович музофоти ғарбии Ҳамадонро ба ихтиёр гирифт ва соли 935 бо ёрии бародаронаш Ҳасан ва Аҳмад қаламрави ҳукуматашро то мулки Форс густариш дод. Тадриҷан ҳукумати Исфаҳон ба Алӣ, Рай, Қошон, Исфаҳон, Ироқи Аҷам ба Ҳасан, Кирмон, Хузистон ва Бағдод ба ихтиёри Аҳмад гузаштанд. Ниҳоят, халифа барояшон лақабҳои ифтихории Имодуддавла (ба Алӣ), Рукнуддавла (ба Ҳасан) ва Муизуддавла (ба Аҳмад) дод. Аз байни онҳо Муизуддавла ҳамчун «амирулумаро» ҳокими воқеии Ироқи Арабу Ироқи Аҷам буд. Минбаъд халифаи араб ба ном вуҷуд дошт.
Баъди ин се бародар 14 тан аз намояндагони Бувайҳиён дар се минтақаи алоҳида ҳукумат карданд:
- Ҷонишинони Имодуддавла дар Форс;
- Ҷонишинони Муизуддавла дар Ироқу Кирмону Хузистон;
- Ҷонишинони Рукнуддавла дар Раю Исфаҳон.
Имодуддавла — аввалин намояндаи дайламиёни Форс — ба иллати безурриётӣ писари бародараш Азудуддавларо соли 949 ҷонишини худ эълон кард. Ӯ баъзе мулкҳои ҷанубии халиҷи Форс ва Уммонро тасарруф карда, Рай ва Ҳамадонро низ соли 982 аз амакзодаи худ Фахруддавла ва Гургонро аз оли Зиёр ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Ӯ шохаҳои парокандаи оли Буяро муттаҳид карда, халифа ба бозичаи дасти ӯ табдил ёфт.
Ҳамчунин ӯ дар шаҳри Бағдод барои бенавоёну камбағалон беморхона, дорухонаву таълимгоҳи бузурги тиббӣ бино кард; худи пойтахташ шаҳри Шерозро бо иморатҳои барҳаво ороиш дод; бозору масҷидҳо, наҳрҳои хароб ва роҳи Маккаро тармим кард; ба вазири насронии худ Наср ибни Ҳорун иҷозат дод, ки дайру калисоҳоро обод кунад.
Пас аз фавти Азудуддавла (983) давлатдории оли Буя бар асари зиддиятҳои дохилӣ рӯ ба инқироз ниҳод. Соли 1029 вилоятҳои Раю Ҷибол ба ихтиёри Маҳмуди Ғазнавӣ гузаштанд, соли 1055 Туғралбеки Салҷуқӣ Бағдодро забт намуд. Агарчи охирин намояндаи оли Буя боз ҳафт соли дигар ҳукумат кард, ниҳоят тавассути курдони маҳаллӣ сарнагун шуд.
Агарчи Бувайҳиён дар давлатдорӣ муваффақияти азим ба даст оварданд, вале чун таъсири сесадсолаи арабӣ дар қисми ғарбии сарзамини тоҷикон амиқтар буд, ҳукуматдорони ин хонадон натавонистанд ҳувияти миллиро мисли Сомониён дар Эрони Ғарбӣ барқарор созанд. Онҳо ба ҳукумати «дунявӣ» иктифо карда, бахши диниро, ки дар ҷаҳони он рӯз сернуфуз буд, ба ихтиёри Аббосиён вогузор намуданд.
Н. Амиршоҳӣ, Қ. Расулиён.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 229.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




