Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ғазнавиён

Ғазнавиён — сулолаи ҳукмрон, ки баъди фурӯпошии давлати Сомониён дар Хуросон, бахше аз Мовароуннаҳр, Эрони Марказӣ ва шимоли Ҳиндустон ҳукумат доштанд (999–1186). Пойтахташ – шаҳри Ғазна (номи сулола низ аз ҳамин ҷост). Баъди фавти Абдулмалик ибни Нуҳ (954–961) ғулом ва сипаҳсолори Сомониён Алптегин аз итоати Сомониён сарпечӣ карда, ба сулолаи Ғазнавиён асос гузошт (961). Домод ва ҷонишини Алптегин – Сабуктегин муддате пас аз даргузашти ӯ ба итоати Сомониён даромада, то охири умр (997) ба амирони сомонӣ тобеъ буд.

Дар аҳди Сабуктегин қаламрави ҳукумати Ғазнавиён то Зобулистон, Кобул ва бахше аз Ҳиндустон густариш ёфт. Муассиси давлати мустақили Ғазнавиён писари Сабуктегин – Маҳмуди Ғазнавӣ (999–1030) зери шиори ғазавот сиёсати истилогаронаро пеш гирифта, қаламрави Ғазнавиёнро васеъ намуд: мулкҳои мусулмоннишини Сиистон (1002), Хоразм (1017), Рай (1029) низ бо баҳонаи саркуб намудани қарматиҳо ишғол шуданд. Давлати Ғазнавиён дар аҳди Маҳмуди Ғазнавӣ ба авҷи тараққиёт расида, мулкҳои бисёр, аз қабили Хоразм, Сиистон, Зобулистон, Синд, Чағониён, Хатлон, Қубодиён, Тирмиз, Кӯсдор, Макрон, Волиштон, Кайконон, Рай, Ҷибол, Исфаҳон, Ҳулвон, Гургон ва Табаристон ба қаламрави он дохил шуданд. Лашкаркашии Ғазнавиён ба Ҳиндустон аз аҳди ҳукмронии Сабуктегин оғоз шуда, дар натиҷаи тохтутозҳои минбаъда онҳо мулкҳои Вайҳинд (1001), Бҳатинда (1004), Нараянпур (1009), Таҳанешвар (1014), Қаннуҷ (1018), Колинҷар (1022), Суманот (1025), Ҳонсию Сунпат (1036) ва шаҳру қалъаҳои дигарро ишғол карда, сарвати фаровон ба даст оварданд. Ба дастгоҳу идораҳои мулкҳои ҳиндустонии Ғазнавиён амир (сардорони низомӣ ё шоҳзодаҳо) роҳбарӣ карда, вазифаи асосиаш ҳифзи амният ва ҷамъоварии молиёт буд.

Пас аз даргузашти Маҳмуд (1030) байни писаронаш – Масъуд (1030–1040) ва Муҳаммад барои тоҷу тахт мубориза сар шуд. Нахуст Муҳаммад ба тахт нишаста, бо хиёнати гурӯҳе аз дарбориён сарнагун гардид. Аз давраи ҳукмронии Масъуд (1030–1040) зиддиятҳои дохилӣ дар дарбори Ғазнавиён оғоз гашт. Дар заминаи таассуби мазҳабии Ғазнавиён тадриҷан авзои иҷтимоии ҷомеа мураккаб гардида, баъзе афроди баландмартаба, сарватманд ва донишманди ҳамзамони Маҳмуд ва Масъуд ба гуноҳи қарматӣ ё ботинӣ ба қатл расонда шуданд. Вазъи омма низ чандон хуб набуд: ҷангҳои доимӣ, тохтутозҳои бардавом, сиёсати молиявии Ғазнавиён аҳволи оммаро ба танг овард. Хусусан бар асари хушксолии соли 1011 дар Хуросон мардуми бисёр талаф шуд.

Низоми идории давлати Ғазнавиён

Низоми идории давлати Ғазнавиён дар асоси суннатҳои даргоҳу девони Сомониён ташкил ёфта буд. Сарвари кишварро «амир» меномиданд, вале дарбориёну шоирони маддоҳ унвони «султон»-ро истифода бурда, тадриҷан унвони дуввумӣ маъмул гардид. Даргоҳ дастгоҳи содиркунандаи фармонҳои султон буда, роҳбари он Ҳоҷиби Бузург буд. Ҳоҷиби Бузург бо ҳамдастии ҳоҷибон ва кормандони дигар: надим, қаввол, пардадор, соқӣ, шаробдор, ҷомадор, мутриб, табиб, шоир, оҳурсолор, огочӣ, фаррош ва дигарон низом ва фаъолияти кории даргоҳро таъмин мекард. Дар давраи Ғазнавиён шумораи девонҳо ба 8 адад (вазорат, арз, рисолат, истифо ё муставфӣ, ишроф ё мушриф, барид, қазо ва ваколат) расид.

Сикказанӣ

Дар замони Ғазнавиён динорҳои тилоӣ ва дирҳам ба муомилот бароварда мешуданд, ки маъмултарини онҳо бо номи ҳарейва дар шаҳри Ҳирот зарб меёфт. Навиштаҷот ва вазни сиккаҳои Ғазнавиён вобаста ба таърихи бароришашон тағйир меёфт: дар рӯи сиккаҳои Сабуктегину Маҳмуд исми Худованд ё ояте аз Қуръон, дар пушташон исми халифа, амири сомонӣ (Нуҳ ибни Мансур), Сабуктегин ё Маҳмуд сабт ёфта буд (солҳои барориш 994–999). Дар баъзе сиккаҳои Маҳмуд ва Масъуд исми халифаҳои аббосӣ (Қодир ва Қосим) сабт ёфта (солҳои барориш: 1002–1025, 1030–1036), қисми дигарашон бидуни номи халифа сикка зада мешуданд (1026–1030, 1036–1040). Теъдоде аз сиккаҳои Ғазнавиён дар ҳудуди вилояти Хатлони Тоҷикистон низ дарёфт шудаанд.

Сиёсати хориҷӣ

Сиёсати хориҷии Ғазнавиён дар ҳамоҳангӣ бо дарбори хилофати Бағдод амалӣ шуда, бо ин васила таъсири забони арабӣ тадриҷан афзун гардид. Аббосиён аз лашкаркашиҳои Ғазнавиён ба самти Ҳинд ҷонибдорӣ карда, ба Маҳмуд лақабу унвонҳои бисёр, аз қабили «Яминуддавла», «Каҳфулислом» ва «Низомуддин»-ро ато карданд. Ғазнавиён дар рақобати миёни хилофати Бағдод ва Фотимиён аз Аббосиён пуштибонӣ намуда, боре ба хотири нишон додани садоқати худ сафири Фотимиёнро ба қатл расонда буданд.

Ғазнавиён қабл аз таназзули давлати Сомониён амалиёти муштаракеро барои сарнагунсозии амирони сомонӣ тарҳрезӣ карда буданд. Баъди фурӯпошии ҳукумати Сомониён Насри I Маҳмуди Ғазнавиро ба муносибати дарёфти ҳукумати Хуросон табрик намуда, тибқи аҳдномаи ҷонибҳо рӯди Ому марзи байни Ғазнавиён ва Қарахониён муайян гардид. Баъди лашкаркашии Маҳмуд ба Мултон Насри I бар хилофи аҳдномаи ҷонибҳо амал карда, баъзе мулкҳои зертобеи Ғазнавиёнро дар Хуросон ишғол намуд. Нахустин бархӯрди ҷиддии Ғазнавиён ва Қарахониён дар наздикии Балх иттифоқ афтод (1008), ки бо ғалабаи Ғазнавиён анҷом ёфт. Баъди муҳорибаи мазкур нуфузи Ғазнавиён дар минтақа устувор шуда, ихтилоф миёни бародарон Элакхон ва Туғонхон бо дахолати Маҳмуди Ғазнавӣ ҳаллу фасл гашт ва Қарахониён ба лашкаркашии сипоҳи ғазнавӣ ба Хоразм муқобилат накарданд. Бо гуфтушунуди Маҳмуд ва Қадархони Қарахонӣ дар Самарқанд (1025) муносибати ҷонибҳо бо пайвандҳои хонаводагӣ устувор гардид, аз ҷумла духтари Маҳмуд ба Яготагини Қарахонӣ ва духтарони Қадархон ба ақди никоҳи фарзандони Маҳмуд – Масъуд ва Муҳаммад даромаданд. Баъди фавти Маҳмуд Масъуди Ғазнавӣ хилофи ваъдааш ба Алитегин (дар сурати ёрӣ расонидан дар муборизаи зидди бародараш – Муҳаммад ба Қарахониён бахшидани вилояти Хатлон) рафтор карда, Хоразмшоҳ Олтунтошро барои забти Бухоро равона кард. Алитегин баъди шикастхӯрӣ ва таъқиботи бисёр, ахиран Олтунтошро дар муҳорибаи назди Дабусия торумор карда, бо Ғазнавиён аҳдномаи дӯстӣ баст. Баъдан Қарахониён бо роҳи пинҳонӣ Салҷуқиёнро ба муборизаи зидди Ғазнавиён таблиғ мекарданд.

Мубориза бо Салҷуқиён ва поёни салтанат

Муносибати Ғазнавиён дар шимол бо Салҷуқиён аз давраи Маҳмуд ба роҳ монда шуд. Маҳмуди Ғазнавӣ баъди ҳабси пешвои Салҷуқиён – Исроил ибни Салҷуқ, беш аз 4 ҳазор хонаводаи туркманро бар хилофи раъйи аҳли дарбор дар Хуросон сокин намуд. Пас аз марги Маҳмуд туркманҳо бо истифода аз зиддияту ихтилофи дарбори Ғазнавиён даст ба саркашӣ ва ғорати мардуми Хуросон заданд. Салҷуқиён баъди якчанд задухӯрд (1037–1039), ниҳоят лашкари султон Масъудро дар саҳрои Дандонақон (23 майи 1040) торумор карда, ба салтанати 40-солаи Ғазнавиён дар Хуросон хотима доданд. Масъуд пас аз шикасти Дандонақон ҳангоми сафари Ҳиндустон аз ҷониби ғуломонаш ғорат ва дастгир шуда, бародараш Муҳаммад ба тахт нишаст. Баъди қатли Масъуд аз ҷониби писарони Муҳаммад, писараш Мавдуд (1041–1049) дар муҳорибаи назди Данпур лашкари Муҳаммад ва фарзандонашро шикаст дода, ба тахт нишаст. Мавдуд баъди нокомӣ дар муборизаи зидди Салҷуқиён бо онҳо робитаи хешовандӣ барқарор карда, духтари Чағрибекро ба ақди никоҳ даровард. Пас аз Мавдуд, писари дигари Масъуд – Алӣ (1049–1051) бар тахт нишаст, вале дар натиҷаи табаддулоти Абдуррашид ибни Маҳмуд (1051–1053) сарнагун шуд. Абдуррашид баъди муборизаҳои тӯлонӣ бо Салҷуқиён аз ҷониби яке аз сарлашкаронаш – Туғрал ба қатл расида, Ғазнавиён муваққатан аз ҳукумат маҳрум гаштанд. Баъди кушташавии Туғрал Ғазнавиён бо сарварии Фаррухзод ибни Масъуд (ҳукмронӣ 1053–1059) бори дигар тахти меросии худро соҳиб шуданд. Ихтилофоти Ғазнавиён бо Салҷуқиён дар замони ҳукмронии Султон Иброҳим (1059–1099) аз нав оғоз шуда, баъдан бо издивоҷи Масъуди III (1099–1115) бо духтари Маликшоҳи Салҷуқӣ даргириҳои ҷонибҳо муваққатан хотима ёфтанд. Иброҳими Ғазнавӣ аз ихтилофоти дохилии хонадони Салҷуқиён истифода бурда, баъзе мулкҳои собиқи Ғазнавиён – Кундуз, Валович, Толиқон ва вилояти Тахористону Бадахшонро бори дигар ишғол намуд.

Дар поёни салтанати Масъуди III (1099–1115) ва кашмакашиҳои дохилии миёни бародарон Шерзод (1115), Малик Арслон (1115–1118) ва Баҳромшоҳ (1118–1152) суботи сиёсӣ дар давлати Ғазнавиён аз байн рафт. Дар давраи шиддати муборизаҳои дохилӣ султон Санҷари Салҷуқӣ бо мақсади пуштибонии Баҳромшоҳ ба Ғазна лашкар кашида, ниҳоят Малик Арслонро аз тахт сарнагун кард (1118). Аз давраи ҳукмронии Баҳромшоҳ робитаи Ғазнавиён бо Ғуриён низ мураккаб гардид. Баҳромшоҳ пас аз чанд мубориза ва шикаст ахиран бар Ғуриён пирӯз гашта (1149), амири Ғур Сайфуддинро ба қатл расонд. Амири Ғуриён Алоуддин барои қасоси бародари худ, ба Ғазнин лашкар кашида, пойтахти Ғазнавиёнро оташ зад. Охирин намояндагони хонадони Ғазнавиён Хусравшоҳ (1152–1160) ва Хусравмалик (1160–1186) зери фишору таъқиби Ғуриён пойтахти Ғазнавиёнро ба Лоҳур кӯчонданд. Баъди ишғоли Лоҳур аз ҷониби Ғиёсуддини Ғурӣ (1186) охирин султони Ғазнавӣ Хусравмалик (1160–1187) ба асорат афтода, дар Фирӯзкӯҳ ба қатл расид. Ҳамин тавр, салтанати 224-солаи Ғазнавиён ба поён расида, ба ҷои он давлати тоҷикбунёди Ғуриён ба арсаи таърих омад.

Илм ва адабиёт

Ғазнавиён ба сохтмон ва ташкили марказҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса доштанд. Зербинои асосии равиши адабиёти форс-тоҷик дар аҳди Ғазнавиён маҳз аз ҷониби донишмандони замони Сомониён, чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва дигарон гузошта шуда, дар симои ворисони онҳо – Фирдавсӣ, Фаррухӣ ва Унсурӣ пойдору устувортар шуд. Бо вуҷуди он ки баъди таназзули давлати Сомониён ҳанӯз ҳаёти адабии Мовароуннаҳр дар дарбори Чағониён хомӯш нашуда буд, вале аксари шоирони минтақа баъди як муддати иртибот бо амирони маҳаллӣ ё худро ба дарбори Ғазнавиён пайвастанд (Манучеҳрӣ, Фаррухӣ, Лабибӣ) ё бо шоирони доираи адабии Ғазнӣ доимо дар робита буданд (Ғазоирӣ). Хусусан, баъди ишғоли Хоразм аз ҷониби Ғазнавиён аксари намояндагони илму адаби он ба доираи адабии Ғазнӣ пайвастанд. Дарбори Ғазнавиён дар шаҳрҳои Ғазна ва баъдан Лоҳур ба доираҳои илмӣ ва адабии минтақа табдил ёфта, ба ақидаи Давлатшоҳи Самарқандӣ, дар рикоби Султон Маҳмуд шоирони бисёре вуҷуд доштанд, ки Унсурӣ пешвои онҳо буд. Аз нимаи дувуми асри 11 доираи адабии Лоҳур равнақ ёфта, дар ин маркази адабии Ғазнавиён бузургони адабиёти форс-тоҷик – Абулфараҷи Рунӣ, Масъуд Саъди Салмон ва дигарон ба воя расиданд. Дар шабнишиниҳо ва базмҳои дарбории Маҳмуд ва Масъуд шоирон бадеҳатан шеър суруда, дар ин бадеҳаҳо ҳозирҷавобӣ ва санъату маҳорати онҳо дар назди аҳли маҷлис маълум мегардид. Аксари шоирони аҳди Ғазнавиён дар пайравӣ аз Рӯдакӣ шеър месуруданд.

Ҳамзамон бо муҳоҷирати пешвоёни тариқат ва орифони бузург тасаввуф ва ирфон ба Ҳинд низ роҳ ёфт. Берунӣ дар Лоҳур пас аз фарогирии забони санскритӣ асараш «Мол-ил-Ҳинд»-ро таълиф намуда, адён, фалсафа, адабиёт, нуҷум, риёзӣ, қонунҳо ва маросими мардумии Ҳинди қадимро ба ҷаҳони асримиёнагӣ муаррифӣ кард. Дар замони Ғазнавиён осори зиёди таърихӣ, аз қабили «Таърихи Байҳақӣ», «Зайну-л-ахбор», «Таърихи Яминӣ», таърихию эпикӣ: «Ҳингбуту Сурхбут», «Шодбахру Айнулҳаёт», «Вомиқу Азро», «Варка ва Гулшоҳ», достонҳои эпикию таърихӣ: «Маҳмуднома», «Давлатнома», «Тоҷу-л-футуҳ», достонҳои паҳлавонию қаҳрамонӣ: «Барзунома», «Бежаннома» ва ғайра таълиф шуда, анъанаи таърихнигории форсии Мовароуннаҳру Хуросон ба Ҳинд интиқол ёфт. Хидмати Ғазнавиён дар густариши забон ва илму адаби форс-тоҷик, ҳифзи урфу одат, расму оин, дину мазҳаб, фарҳанги мардумӣ, ки дар замони Сомониён ташаккул ёфта буд, назаррас аст.

С. Муллоҷон.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 230–231.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.