Қарахониён
Қарахониён — сулолаи ҳукмрон (992–1212), ки баъди фурӯпошии давлати Сомониён дар Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд, мавзеъҳои ҷануби доманаи Тиёншон ҳукумат доштанд. Маҳалли зуҳури Қарахониён Ҳафтрӯду Кошғар буд. Ба ҳайати иттиҳоди қабилавии Қарахониён қавмҳои бодиянишини қарлук, чигил, яғмо, туҳсӣ, арғу ва ғайра дохил мешуданд. Дар миёнаи асри 10 ислом оварданд. Соли 992 ҳокими Тароз ва Балосоғун – Буғрохон пойтахти давлати Сомониён — Бухороро забт намуд. Солҳои 996–999 мулкҳои шимолу ғарбии Сомониёнро тасарруф карданд. Дар ибтидо барои тасарруфи мулкҳои соҳили дарёи Ому бо Ғазнавиён рақобат карда, баъдан муносибати онҳо бо пайвандҳои хонаводагӣ устувор гардид. Соли 1005 сипоҳи охирин намояндаи Сомониён Мунтасири Сомониро торумор намуданд.
Давлати Қарахониён аз ҷиҳати маъмурӣ ба мулкҳои алоҳида тақсим шуда, идораи онҳо дар ихтиёри намояндагони сулолаи ҳукмрон — илохонҳо қарор дошт. Илохонҳо имтиёзи бисёр доштанд ва метавонистанд ба номи худ танга сикка зананд. Бухоро ва Самарқандро ҳокимони маҳаллӣ идора мекарданд. Пойтахтҳои давлат Кошғар, Балосоғун ва Узганд буданд. Ҳукумати марказии Қарахониён чандон устувор набуд. Соли 1040 баъди муборизаи дуру дароз Тамғочхон ба тахт нишаст. Дар замони Тамғочхон қудрати Қарахониён дар Мовароуннаҳр устувор гардид ва пойтахти мамлакат аз Узганд ба Самарқанд кӯчонда шуд. Ӯ низоми пардохти андоз, нархи маҳсулотро дар бозор танзим кард ва ислоҳоти пулӣ анҷом дод. Тамғочхон дар охирҳои умраш тахти шоҳиро ба писараш Шамсулмулук супорид, вале ҳокимияти ӯ дер напоид.
Дар солҳои аввали давлатдории Қарахониён масоҳати заминҳои корами Мовароуннаҳр кам гардид. Иншооти обрасони водии Зарафшон хароб шуда, савдо ва ҳунармандӣ таназзул ёфт. Шакли асосии заминдорӣ дар ин давра иқтоъ буд. Тадриҷан дар шаҳрҳо ҳунармандӣ инкишоф ёфта, ба ривоҷи савдои дохилию берунӣ таъсири мусбат расонд. Дар ин давра Самарқанд 100 ҳазор ва Бухоро 70 ҳазор аҳолӣ дошт. Соли 1127 дар Бухоро Манораи Калон, солҳои 1152–1157 дар Узганд чанд мақбара бунёд гардид. Рақобати дохилии Қарахониён ба инкишофи илму фарҳанг низ таъсири манфӣ расонда, бисёр шоирону нависандагон, олимони Мовароуннаҳр ба шаҳрҳои Хуросон фирор карданд.
Илму фарҳанг аз замони ҳукмронии Тамғочхон ривоҷ ёфт. Ба қавли Низомии Арӯзии Самарқандӣ, дар дарбори Тамғочхон шоиру нависандагони машҳури замон ҷамъ омада буданд. Муаррих Муҳаммад ибни Аднон, олимон Юсуфи Балосоғунӣ ва Маҳмуди Қошғарӣ дар замони Қарахониён зиндагӣ ва эҷод кардаанд.
Аз солҳои 60–70-уми асри 11 ҳуҷуми Салҷуқиён ба ҳудуди давлати Қарахониён пурзӯр гардид. Соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқӣ Бухоро, Самарқандро забт ва тақрибан ҳамаи мулкҳои Қарахониёнро ишғол кард. Қарахониён таҳти ҳимояи Салҷуқиён гузаштанд. Солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-уми асри 12 Қарахитоиён ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, баъди шикаст додани сипоҳи муттаҳидаи Қарахониён ва Салҷуқиён дар дашти Катвон (9 сентябри 1141) мулкҳои Мовароуннаҳрро истило карданд. Қарахитоиён ба ҷамъоварии андоз иктифо карда, ба корҳои дохилии Қарахониён дахолат надоштанд. Дар солҳои охири давлатдории Қарахониён мулкҳои марказии Мовароуннаҳр ва Фарғона ба ду мулки мустақил ҷудо шуданд. Соли 1212 мулкҳои Қарахониён пурра ба ихтиёри Хоразмшоҳиён гузаштанд.
А. Мирбобоев.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 231–232.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




