Давлатҳои муғулӣ ва маҳаллии Эронзамин дар замони тасаллути муғул (асрҳои 13–14)
Давлати Чағатойиён (1227–1370)
Давлати Чағатойиён дар ҳудуди улуси Чағатой — Туркистони Шарқӣ, Ҳафтрӯд ва Мовароуннаҳр — ба вуҷуд омад. Агарчи он дар замони ҳукмронии Чағатой (1227–1241) ба мисли давлате буд, аммо ҳуқуқи васеи давлатдориро надошт ва масъалаҳои муҳими давлатӣ ба воситаи хони бузурги Муғулистон ҳал мешуданд. Тибқи шарҳи қаблӣ, қисми Мовароуннаҳри ин улус дар дасти Маҳмуди Ялавоҷ ва писараш Масъудбек буд.
Ибтидои солҳои 60-уми асри 13 байни фарзандони Мунгқа-қоон — хони бузурги Муғулистон, Ариқ-бӯқо ва Кубилой барои ба даст овардани тоҷу тахт задухӯрдҳои хунин сар заданд. Набераи Чағатой – Алуғӯ аз зиддияти эшон истифода бурда, улуси Чағатойиёнро (солҳои 1261–1266) мустақил эълон дошт ва бад-ин восита дар таърих ҳамчун асосгузори хонигарияи Чағатойӣ шинохта шуд.
Дар миёни хонҳои чағатойӣ аввалин нафаре, ки исломро қабул кард, Муборакшоҳ (1266) буд. Дар замони ҳукмронии Буроқ (1266–1271), Некпай (1271–1272) ва Туғотемур (1272–1291) таваҷҷуҳи хонҳои ин силсила ба Мовароуннаҳр бештар шуд, хушбинӣ нисбат ба мусулмонон барои тараққиёти минтақа шароит фароҳам овард. Ҳокими Мовароуннаҳр Масъудбек ибни Маҳмуди Ялавоҷ аз ин вазъият оқилона истифода бурда, дар ҳаёти иҷтимоии кишвар ислоҳот гузаронд, ки муҳимтарини онҳо ислоҳоти пулӣ буд. Мувофиқи ислоҳоти ӯ ҳар касе, ки қудрати сикка задани тангаи нуқраро дошт, метавонист онро бе ҳадду андоза барорад. Ин усул дар муқобили пули тилоии ниҳоят қимат, ки бо арзиши мол мувофиқат намекард, беҳтару бобарортар буд ва дар тӯли 20–25 сол (солҳои 70-ум ва 90-уми асри 13) на танҳо Мовароуннаҳр, балки манотиқи гирду атрофи онро низ фаро гирифта, боиси рушди тиҷорат, тараққии шаҳру деҳот ва болоравии сатҳи рифоҳи мардум гардид.
Дар замони ҳукмронии Дувохон (1291–1306) ҳукуматдорони чағатойӣ ду тарафи кӯҳҳои Тиёншонро қароргоҳи хеш гузиданд. Ҳокими дигари ин силсила Кепекхон (1318–1326) агарчи худ бутпараст буд, аммо Мовароуннаҳрро пазируфт ва барои ҳамешагӣ ба ин минтақа кӯч баст ва қасре дар Нахшаб сохта, онро мақарри доимии худ қарор дод. Он қаср ё кӯшкро муғулҳо «қаршӣ» мегуфтанд ва бадин восита номи Нахшаб ба Қаршӣ иваз шуд.
Ба ҷои Кепекхон бародараш Алоуддини Тармаширин хон эълон гардид (1326–1334). Ӯ дар қаламрави Чағатойиён дини исломро дини расмии давлатӣ эълон кард, ки ин амал ба табиати сарони муғулии саҳрогарди шарқӣ созгор набуд. Онон дар пайи нобуд кардани ӯ афтода, соли 1334 ӯро ба қатл расониданд ва аз тарафдорони ашрофи бодиянишин нафари худиро хон таъйин намуданд. Дертар Ғозонхон ном шахсе ба сари тахт омада (солҳои 1343–1346), сиёсати Кепеку Тармаширинро давом доданӣ шуд, майли бештар ба муқимнишинӣ кард ва дар наздикии Қаршӣ Занҷирсарой ном кӯшки бошукӯҳе бунёд намуд. Ислоҳоти Ғозонхон мақбули сарварони дигари муғул набуд, гурӯҳе аз онҳо бо сарварии Қазаған ном амир дар пайи нобуд сохтани вай шуда, соли 1346 ӯро ба қатл расониданд. Қазаған Донишманд Ағлон ном шахсро аз хонадони Угидой хон таъйин кард ва ҳукуматро ба даст гирифт.
Қазаған дар замони ҳукмрониаш вилоятҳои шимолии Афғонистони имрӯза, аз ҷумла вилояти Тахористонро лагадкӯби сипоҳи савораи худ намуда буд. Маҳз ҳамон вақт мардуми вилояти васеъ ва тороҷшудаи Тахористонро ба номи «мулки Қазаған» ёд мекарданд ва шуарои маҳаллӣ дар ваҳшату тороҷи амир Қазаған ва қӯшуни яғмогари ӯ манзумаҳо месуруданд. Байти зерин то имрӯз вирди забони мардуми вилояти Тахору Бадахшон аст:
Ҳар ҷо ки расад суми аспи Қазаған,
Не мурда кафан ёфт, не зинда чапан.
Амир Қазаған аз ҷумлаи он ҳукмрононе буд, ки тарзи зиндагии саҳронишиниро хуш дошт ва макони «шиноварӣ»-и ӯ асосан ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон буд. Маркази идории тобистонааш бештар вақт шаҳри Мунк (Ховалинги имрӯза) ва зимистонааш дар Сарой (ҳудуди ноҳияи Панҷ) буд.
Баъд аз гузашти Қазаған (солҳои 50–60-уми асри 14) хонигарияи Чағатойиён дар пайи шикастҳои пайдарпай ба 30 мулки ҷудогона тақсим шуд.
Давлати Ҳулогуиён — Элхонии Эрон (1256–1353)
Ибтидои кори эшон ҳангоме сурат гирифт, ки Эронзамин ҳанӯз пурра зери тасаллути муғул қарор надошт. Ҳулогу соли 1256 аз Ому гузашт. Аксар ҳокимони маҳаллӣ аз Мовароуннаҳр то Форс ба бандагии Ҳулогу розӣ доданд, ба ғайр аз якчанд тоҷики кӯҳистонӣ, ки дар баъзе қалъаҳои дастнораси Хуросону Мозандарон истодагарӣ карда, ё ба қатл расиданд, ё аз гуруснагиву бемориҳо талаф ёфтанд. Рукнуддини Хуршоҳ (Хайршоҳ) - охирин ҳукмрони давлати Исмоилия ба хотири бехатарии мардуми кишвараш, ба шартҳои Ҳулогу розӣ шуда, қалъаҳои мустаҳками давлаташро бо дасти худ вайрон карда, назди Ҳулогу омад. Чун хабисии аҳдшиканӣ дар табиати чингизиён одати хунӣ буд, Хуршоҳ ва авлоди ӯро билкулл ба қатл оварданд ва бори дигар беэътибории лафзи худро дар назди оламиён мунташир сохтанд.
Баъд аз ин, Ҳулогу рӯ ба Бағдод ниҳод. Охири моҳи январи соли 1258 муҳосираи Бағдод оғоз ёфт, пас аз 10–12 рӯз, яъне 10-уми феврал халифа таслим шуд. Баъд аз ин, лашкари Ҳулогу вориди шаҳр шуда, хазинаву хонаҳоро ғорат ва мардуми бисёрро асиру ғулом карданд. Баъд аз як ҳафта кулли хонаводаи Аббосиро (бо истиснои чанд нафар) аз дами теғ гузарониданд. Бо ҳамин ҳукмронии хилофати Аббосӣ, ки зиёда аз 500 сол вуҷуд дошт, ба боди фано рафт. Дигар дар Эронзамин ягон давлат ва ё қуввае намонд, ки барои ҳукмронии муғул монеъ шуда тавонад.
Баъд аз забти комили Эронзамин ва мамолики ғарбии он Ҳулогухон барои худ ва авлоду ақрабояш улуси нав таъсис дод, ки дар таърих бо номи давлати Ҳулогуиён (1256–1353) маъруф гашт. Ҳукмронони ин хонадон худро «элхонон» («тобеи хон»), яъне тобеи хони бузурги Муғулистон, эълон дошта, аз номи ӯ минтақаи бузургеро аз сарҳадди рӯди Омӯ то соҳилҳои баҳри Миёназамин зери тасаллут карданд. Соли 1261 хони бузург ба воситаи ҳукми хеш, давлати эшонро ба расмият даровард. Ҳудуди идораи онон аз нигоҳи имрӯз аз манотиқи зайл иборат буд: Эрон, Афғонистон, Ироқ, Озарбойҷон, Арманистон, қисмҳои шарқии Осиёи Хурд ва ба сифати давлатҳои нимтобеъ Гурҷистон, қисмҳои осиёии салтанати Салҷуқиёни Рум, Сурия ва Кипр.
Идораи давлати Ҳулогу аз ибтидои омаданаш дар дасти вазирони маҳаллӣ буд. Аввалин вазири ӯ Сайфуддини Хоразмӣ муддати 7 соли аввал (1256–1263) сохтори давлатии эшонро ба низом овард, тартиб кард ва ниҳоят бо таҳрики ҳасудон кушта шуд. Ба ҷои ӯ Шамсуддин Муҳаммади Ҷувайнӣ ба соҳибдевонӣ ва бародараш Атомалик Ҷувайнии муаррих ба ҳокимии Бағдод баргузида шуданд. Махсусан баъд аз оне, ки Ҳулогу (соли 1265) фавтид ва ба ҷои ӯ писараш Абоқо (1265–1282) ба тахт нишаст, нуфузи онон бештар шуд. Ин ду бародар дар обод кардани сарзамини аҷдодиашон кӯшиши зиёд ба харҷ дода, бисёр ҷойҳои тахрибшударо дубора бунёду барқарор намуданд. Писари Шамсуддини Соҳибдевон — Хоҷа Баҳоуддин Муҳаммад низ, ки дар қисми бештари Ироқи Аҷам ва Исфаҳон ҳукумат мекард, харобиҳои зиёдеро ба ҳолати ободӣ овард.
Баъд аз марги Абоқохон ба сари тахти Элхонон писари ӯ Аҳмади Тағӯдор (1282–1284) омад. Аз сабаби он, ки ӯ зери таъсири эрониён аз бутпарастӣ даст кашида, ислом оварда буд, бар ӯ номи мусулмонии «Аҳмад»-ро афзуданд. Аввалин коре, ки ӯ ба иҷро расонид, ба ҷои расму русуми муғуливу исавӣ ҷорӣ кардани қавонини исломӣ буд. Шайх Камолуддин Абдурраҳмони Рофеиро дар кулли мамолики Эрону Ироқ шайхулислом таъйин намуд ва эълом дошт, ки касе аз фармудаҳои шайх берун амал накунад. Ин рафтори ӯ муғулҳои дигарро ба шӯр овард ва онҳо дар пайи сарнагун кардани ӯ шуданд. Он гурӯҳ зери роҳбарии Арғун – писари дигари Абоқо гирд омада, алайҳи Аҳмад ба мубориза бархостанд, дар фурсати муносибе ӯро куштанд ва тахт ба дасти Арғунхон (1284–1291) гузашт.
Аз замони ҳукмронии Арғунхон то Бойдухон давлати Элхониён дучори буҳронҳои сиёсӣ ва мазҳабии дохилӣ гардид. Ивазшавии зуд-зуди вазирони мамлакат ва худи хонҳо боиси заиф гардидани давлат гардид. Бойду охирин ҳукмрони ғайримусулмон дар давлати Элхониён буд. Баъд аз ин дар таърихи ин давлат давраи нав, давраи ҳукмронии мутлақи хонҳои мусулмони ҳулогӣ бидуни итоат ба хони бузурги Муғулистон шурӯъ шуд.
Давраи мустақилияти Элхониён. Ислоҳоти Ғозонхон
Ҳанӯз дар замони ҳукмронии Арғунхон Ғозон бисёр ҷавон бо ниёбати падар дар Хуросон ҳамроҳи сарлашкари мусулмоншудаи муғул амир Наврӯз ном ҳукмрон таъйин гашт. Ҳукмронии ӯ дар сарзамини марказии тоҷикон ба ӯ бетаъсир намонд, ниҳоят ба ислом гаравид. Баъди ин иқдоми ӯ аксари ашроф махсусан ҳукмрони оли Курт дар Ҳирот, дигар мансабдорони маҳаллӣ ва рӯҳониёни олирутба дар пайи ба тахт овардани Ғозон шуданд. Баробари сари қудрат омадан (1294–1304) дар ҳаёти мамлакат дигаргуниҳои азим ба амал омаданд. Ислоҳоти Ғозонхон бо дастурҳои Рашидуддини Фазлуллоҳ сурат гирифт. Ба ибораи дигар, як донишманд ва сиёсатмадори барҷастаи тоҷик буд, ки ба воситаи ҳукмрони равшанфикри муғуле чун Ғозонхон, ба хотири обод кардани сарзамини аҷдодии валангоршудааш ислоҳот гузаронд.
Ғозонхон гузаронидани ҳашарҳои маҷбурии бемузд ва истифода аз олатҳои кории мардумро бекор кард, маблағу воситаҳои кориро аз ҳисоби давлат таъмин намуд, то раият ихтиёран рӯ ба кор оварад. Баъзе шаҳрҳои сернуфус бо маблағи бошандагони дорои худи он шаҳр бунёд мешуданд.
Бузургтарин дигаргунии давраи ҳукмронии Ғозонхон ислоҳоти замин буд. Яке аз сабабҳои поин рафтани сатҳи рифоҳи мардум мавҷуд будани хироҷҳои мутааддиди давлатӣ ва маҳаллӣ буд, ки мардумон аз пардохти он дар ранҷу азоб буданд. Рашидуддин фармуд, ки дафтарҳои пешинро, ки «дар замони туркони ситамгар ва битикчиёни золим падид омадаанд, бишӯянд ва хироҷҳои одилона гузоранд, то соҳибони замин аз он розӣ бошанд ва дар ягон навъи пардохт бар раият зӯроварӣ накунанд».
Хулоса, бо бартараф намудани саддҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва (ғоявӣ) мамолики Эронзамин аз бозмондагии зиёда аз ҳафтодсолаи худ раҳо шуданд.
Дар натиҷаи ислоҳоти Ғозонхон имкон фароҳам омад, ки бошандагони бумии Эронзамин расму оинҳои тахрибшудаи хешро эҳё кунанд. Дар саргаҳ ва ҷараёни ин кори бузург яке аз фарзандони барӯманди тоҷик – Рашидуддини Фазлуллоҳ истода буд.
Элхониён баъд аз Ғозонхон
Баъд аз фавти Ғозонхон (1304) бародараш Улҷойтухон (1304–1316), ки қаблан ҳукмронии Хуросонро бар уҳда дошт, бар сари тахти Элхониён омад.
Замони ҳукмронии Улҷойту дар давлат тағйироти ҷиддии иқтисодию сиёсӣ ба амал наомад, идомаи корҳои Ғозонхон буд, ки ҷараён дошт. Он чӣ ки ҳукмронии Улҷойтуро дар таърихи Элхониён, балки дар таърихи минбаъдаи Эронзамин барҷаста мегардонад, ҷорӣ кардани мазҳаби шиа дар ҳудуди мамлакаташ аст.
Ин равиши Улҷойту, агарчӣ ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои ҳукмронии минбаъдаи хонадони аҷдодии ӯ – Ҳулогуиён сурат гирифт (зеро имкони ба сари тахт омадани хонадонҳои дигари муғулӣ низ вуҷуд дошт), вале барои тақдири минбаъдаи аҳолии бумии Эронзамин – тоҷикон натиҷаҳои манфӣ ба бор овард. Яъне зиддияти мазҳабӣ, ки қаблан низ вуҷуд дошт ва ба қавми бузурги тоҷик имкони иттиҳоди комил намедод, аз доираи тазодҳои гурӯҳҳои маҳаллӣ берун рафта, мавқеи минтақавиро ишғол намуд, ба ибораи дигар тафриқаи ҷиддие дар миёни шарқу ғарби Эронзамин, нобаробар бошад ҳам, ба бор овард.
Аз ҳодисоти назаррасе, ки дар замони Улҷойту рӯй дода буд, дарҳам-барҳамиҳои вазорату девондорӣ буд. Улҷойту баъд аз марги Ғозонхон вазирони собиқ – Рашидуддин ва Саъдуддини Совачиро дар вазифаҳояшон нигоҳ дошт. Баъдан шахсе ба номи Тоҷуддин Алишоҳи Табрезӣ бо роҳи макру ҳилла ба Улҷойту наздик шуда, бидуни саводи комил, ба корҳои девонӣ роҳ ёфт. Бо дасисаҳои ӯ Саъдуддини Совачӣ тақрибан солҳои 1312–1313 бо фармони хон ба қатл расонда шуда, мансаби ӯро Алишоҳ ишғол кард. Эътибори баланди Рашидуддин низ ба Алишоҳ нофорам буд, аз ин рӯ дар пайи сиёҳ кардани ӯ афтод, вале муваффақ нашуд.
Моҳи декабри соли 1316 Улҷойту дар ҳоле ки ба чиҳилсолагӣ нарасида буд, ба иллати беморие дар Султония аз дунё гузашт. Дар маҷмӯъ замони ҳукмронии ӯ замони пешравиҳои давлатдории Элхониён буд.
Баъд аз марги Улҷойту апрели соли 1317 писараш Абусаъид (1317–1336) ба тахти хонӣ нишаст, ки на бештар аз 12 сол умр дошт. Хурдсолии хон сабаби авҷгирии бесарусомониҳо дар дарбор шуд. Гурӯҳе аз мансабдорони давлатӣ дар пайи нигоҳ доштани мансабу манфиатҳои хеш ва амалӣ намудани матлабҳои нопокашон дар назди хони бетаҷриба ҳатто аз сиёҳ кардани якдигар ор надоштанд, бадин восита дар кори давлат ба хатоҳои муҳлик роҳ дода шуд.
Яке аз низоъҳои дарборӣ мухолифати Алишоҳи Табрезӣ бо Рашидуддин буд. Билохира бо ин туҳмат, ки Улҷойтуро писари Рашидуддин – Иззуддин бо дастуроти падар ба воситаи заҳр куштааст, 17 июли 1318 аввал писари 16-солаи Рашидуддин – Иззуддинро дар пеши назари падар ва баъд худи ӯро ба қатл расонданд. Ҳамин тавр, бузургтарин сиёсатмадор, файласуф, иқтисодшинос, табиб, муншӣ, муаррихи тавоно ва вазири эъморгари он замон бар асари хиёнати ҳасудон, мисли иддае аз вазирони собиқи тоҷик кушта шуд.
Кушта шудани Рашидуддин бисёр мансабдорони бузурги давлатиро бар ҳукмронии хон дилхунук кард; душманиву ихтилофҳои дохилидарборӣ рӯз то рӯз шиддат меёфтанд.
Агарчи ба воситаи амир Чӯпон истиқрори давлат муддате пойдор монд, вале ба воситаи душмании дигар мансабдорон он дер имтидод наёфт. Душманони амир Чӯпон бар ҷурми робитаҳои маҳрамона доштани яке аз писарони амир Чӯпон бо як канизи хон барангехтанд, то ба фармони ӯ писари амир Чӯпон ба қатл расид. Бадин восита миёни хон ва пурзӯртарин пуштупаноҳи ӯ – амир Чӯпон душмании сахт падид омад. Амир Чӯпон маҷбур шуд, ки ба сӯи Хуросон фирор кунад, то дар он ҷо аз атроф қувваҳои муқовимат ҷамъ оварда, алайҳи хон мубориза барад, вале ҳангоми ба Ҳирот ворид шуданаш ба дасти Ғиёсуддини Курт афтода, ба қатл расонда шуд.
Ин замони авҷи нооромиҳо дар Хуросон буд. Узбакхони Қипчоқ бо истифода аз фурсат ба сарҳадоти шимоли ғарбии мамлакати Абусаъид лашкар кашид. Абусаъид ҳангоми лашкар кашидан ба сӯи Узбакхон дар роҳ мариз шуда, охири ноябри соли 1335, дар синни 30-солагӣ аз дунё гузашт. Ӯ охирин хони бузурги Элхонӣ буд.
Баъд аз марги Абусаъид бо пешниҳоди Хоҷа Ғиёсуддини вазир (писари Рашидуддин) Арпоғовун аз набераҳои Ариқ-бӯқои бародари Ҳулогухон ба тахти хонӣ нишаст, аммо баъд аз ним соли ҳукумат ҷоҳталабони дигари муғулӣ қиём карда, Арпоғовун ва вазири ӯ Ғиёсуддинро ба қатл расонданд, дигаре ба тахт омад, ки ин ибтидои пошхӯрии императории зиёда аз 80-солаи Элхониён буд.
Баъд аз марги Абусаъид гурӯҳҳое дар дарбори Элхониён барои қудрати сиёсиро ба даст гирифтан кӯшиш карданд, ниҳоят ҳар кадоми онҳо дар ҳар гӯшае аз қаламрави императории пошхӯрдаи Элхонӣ ҳукумати мустақиле ташкил карданд:
Ҷалоириҳо соли 1340 ҳукумати худро ташкил карданд ва то соли 1410 дар Бағдоду Ироқи Араб пойдор монданд;
Чӯпониён то соли 1359 дар Озарбойҷон ҳукумат карданд;
Музаффариён. Муассиси ин хонадон амир Музаффар баъди марги Абусаъид дар Язду Кирмон ва баъдтар дар Форсу Исфаҳон мустақил шуд, ки ин давлат то соли 1395 вуҷуд дошт;
Оли Инҷӯ соли 1342–1358 дар Форс мустақил буданд;
Сарбадорон соли 1338 дар Сабзавор ба воситаи қиёми мардумӣ соҳибистиқлол шуда, то соли 1388 дар ҳамон ҷо ҳукумат карданд.
Илова бар ин, як қатор давлату давлатчаҳои дигари ниммустақил, аз қабили Атобакони Форс, Атобакони Луристон, Атобакони Язд, Қарахитоиёни Кирмон ва Куртҳои Ҳирот, ки дар замони мавҷудияти Элхонҳои бузург вуҷуд доштанд, баъди инқирози ин давлат низ боқӣ монданд.
Куртҳои Ҳирот (1245–1381)
Аввалин давлати маҳаллӣ дар императории сангини муғул аст, ки бо дасти тоҷикон сохта шуд. Куртҳо сулолаи маҳаллии тоҷикони кӯҳистонии Ғуранд, ки бо номи Куртҳои Ҳирот маъруф гаштанд. Асосгузори ин хонадон Курт ном дошт. Эшон бо халқияти курдҳо ҳеҷ алоқамандие надоранд.
Малик Сайиди Курт дар замони салтанати султонҳои Ғур вазифаи лашкаркаширо адо мекард. Набераи ӯ – Иззуддин Умари Марғанӣ дар замони султон Ғиёсуддин Муҳаммади Ғурӣ то мансаби «вазириву ноибии ӯ» расид, инчунин вилояти Ҳирот ба ӯ дода шуд. Иззуддин ҳукумати Ғурро ба бародараш – Тоҷуддини Марғанӣ дод ва баъд аз ӯ дар арафаи ҳуҷуми муғул баъзе аз минтақаҳои Ғур бо маркази идориашон – қалъаи Ҳайсор ба дасти Рукнуддини Марғанӣ гузаштанд. Чингиз ба вилояти Ғур наздик шуда, ба зебоиҳои қалъаи Ҳайсор мафтун шуда, онро вайрон накард, баръакс онро маркази идории Ғур ва ҳокими он — Рукнуддинро малики тамоми Ғур таъйин кард.
Оли Курт ба воситаи хизмату итоаткорӣ ба сари қудрат расид, эшонро ҷуз аз мутеият чора набуд, дар акси ҳол таҷдиди давлатдории тоҷикон имкон надошт.
Баъд аз Рукнуддин, соли 1245 наберааш Шамсуддини Курт бо фармони амири муғулии он минтақа – Тоҳирбаҳодур ҳукумати Ғурро ба даст гирифт. Ба Муғулистон, пеши Мунку-қоон рафта, дар ғалабаи ӯ бар душманонаш ҳиссаи намоён гузошт ва ба ивази хизматҳояш аз номи хони бузурги Муғулистон ҳукумати Ҳиротро ба даст овард.
Мувофиқи ярлиғи Мунку-қоон доираи ҳукмронии малик Шамсуддин аз Ғур бадар рафта, тамоми ҳудуди имрӯзаи Афғонистон, қисмҳои ғарбии Покистони имрӯза то оби Синд ва сарҳадоти шарқии Эрони имрӯзаро дар бар мегирифт. Ҳирот пойтахти давлати ӯ қарор дода шуд. Ҳамин тавр, ба ғайр аз қисми Мовароуннаҳри сарзамини тоҷикон қариб аксарияти минтақаҳои дигари он ба ихтиёри Куртҳо дохил шуданд.
Малик Шамсуддини Курт дар вазнинтарин шароити сиёсӣ тавонист, давлатдории тоҷиконро дар қалби Эронзамин бори дигар эҳё кунад ва ба воситаи ақли закӣ, маҳорати баланди сухандонӣ, шуҷоату далерӣ ва ниҳоят, ба воситаи сиёсатмадории нишонраси худ тавонист, на танҳо ярлиғи хоссаи қоони бузурги Муғулистонро, ки гирифтани он барои маҳаллиён ҳеҷ имкон надошт, ба даст биёрад, балки дар амал қисме аз сарзамини тоҷиконро дар як марказ муттаҳид созад.
Баъд аз марги Шамсуддини Курт (1278) парокандагию бесарусомонӣ дар давлати Куртҳо падид омад. Рукнуддин (Шамсуддини Кеҳин) ибни Шамсуддин ҷойгузини падар шуд, аммо мисли ӯ ҳукумат карда натавонист. Ӯ бештари вақташро дар қалъаи Ҳайсор мегузаронид.
Ибтидои солҳои 90-уми асри 13 яке аз писарони Шамсуддини Кеҳин – Фахруддин, ки бо сабаби норизоӣ аз сиёсати давлатдории корҳои падар зиндонӣ шуда буд, бо сарлашкари Элхонон – амир Наврӯз алоқа карда, ба воситаи ӯ аз банд раҳо ва бар тахти Ҳирот мустақил гашт. Бо талошу кӯшишҳои малик Фахруддин доираи ҳукмронии оли Курт дар ҳудуди қаблии давлати эшон қариб пурра барқарор карда шуд. Малик Фахруддин рӯз то рӯз тобеияташро ба хони бузурги Элхонӣ камтар мекард, ҳатто вақте ки соли 1304 Улҷойту ба тахти хонӣ нишаст, тамоми шоҳону ҳокимони давлатҳои дигар ва вилояту навоҳии дохилии мамлакат ба ғайр аз малик Фахруддин ба табрики ӯ рафтанд. Ӯ ҳатто элчӣ ва ё мактубе барои табрики Улҷойту нафиристод. Илова бар ин, малик Фахруддин номи Элхононро аз хутба афканда буд.
Ин аввалин бор буд, ки аз ҳукмрони Курт номи элхонро аз хутба меафканд, яъне бар ин маънӣ, ки Куртҳо дигар тобеи Элхониён нестанд. Улҷойту дар ғазаб шуда, Донишмандбаҳодур ном сарлашкарашро бо 10 000 ҷанговар ба муҳосираи Ҳирот фиристод. Сарлашкари Куртҳо – Ҷамолуддин Муҳаммади Сом дар ибтидо ба хотири гирифтани роҳи хунрезии беҳуда ба назди Донишманд омад, вале Донишмандбаҳодур ба ӯ гуфт: «Эй тоҷики фузули муонид, ба чӣ далериву тамкин пеши ман наёмадӣ?!... Ту бо чанд тоҷики маҷҳул ба шавкати худ мағрур шудаӣ...» Чун мақсади Донишманд ба Муҳаммади Сом маълум шуд, фармуд дар як лаҳза ӯро бо ҳамроҳонаш ба қатл расонанд ва лашкариёнаш мунҳазим шуданд.
Шикасти лашкари Элхониён дар Ҳирот хонро ба ташвиш овард. Лашкари дигаре иборат аз 30 000 савор омода намуд ва баъд аз 5 моҳ, январи соли 1307, бо роҳбарии Буҷой писари Донишманд ба ҷанги Ҳирот фиристод. 29 феврали 1307 Фахруддин даргузашт. Сокинони Ҳирот бо роҳбарии Муҳаммади Сом муддате бо муғулҳо мубориза бурданд, вале саранҷом аз муҳосираи тӯлонӣ талафоти бисёр дида, таслим шуданд. Шаҳри Ҳирот, ки бори дигар бо кӯшишҳои малик Фахруддин қомат афрохта буд, аз нав ба хок яксон гардид ва тамоми дороии мардум ба яғмо рафт.
Малик Фахруддин бародари дигаре бо номи Ғиёсуддин дошт. Ғиёсуддин ҳангоми ҷангҳои бародар гурехта, назди Улҷойту паноҳ бурд.
Соли 1307 Ғиёсуддин бо ярлиғи хон ба Ҳирот омад. Дар ярлиғ омада буд, ки «аз шатти Синд то ҳадди Омӯй» қаламрави малик Ғиёсуддин хоҳад буд. Ҳокимони муғулии Ҳирот бо сабаби он ки Ғиёсуддин аз хонадони оли Курт буд, ӯро рӯи дидан надоштанд.
Давраи мустақилият ва аз миён рафтани давлати Куртҳо. Баъд аз марги малик Ғиёсуддин писараш Шамсуддин Муҳаммад, ки дар таърих бештар бо номи Шамсуддини III маълум аст, бар тахт нишаст, аммо майхорагии пайваста ӯро амон надод, ки бештар аз ду моҳ ҳукумат ронад. Дар ҳамон сол бародараш - малик Ҳофиз ба ҷои ӯ қоиммақом шуд, вале ӯ низ бесарусомонии дар дарбор ба вуҷудомадаро бартараф кардан натавонист. Сустии ҳукмронии ҳар ду бародар ба он оварда расонд, ки дар корҳои дарборӣ бештар ашрофи ғурӣ нуфуз пайдо карда, ҳатто ба фармонҳои малик аҳамият намедоданд, илова бар ин маликро маҷбур мекарданд, ки ба иродаи эшон амал кунад. Ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, соли 1330 ӯро ба қатл расониданд.
Баъди қатли малик Ҳофиз ғуриёни дарбор бо сарварии Солор Муиззуддин Ҳусайни Куртро, ки ҳанӯз кӯдак буд, ба тахт нишонда, аз номи ӯ ҳукм меронданд.
Баъд аз он ки соли 1337 Туғотемур дар қисми хуросонии давлати пошхӯрдаи Элхонӣ хон эълон шуд, малик Муиззуддин Султонхотунро, ки духтари Туғотемурхон, ё хеши ӯ буд, «дар силки издивоҷ кашид ва асбоби салтанат мураттаб гардонид ва хутба ба номи хеш хонд». Ин санаи мустақил эълон шудани давлати Куртҳо буд, ки намояндагони ин хонадон дар роҳи ба даст овардани он қариб сад сол кӯшишҳо ба харҷ дода буданд. Бо вуҷуди ба даст овардани истиқлол малик риштаи дӯстиро бо элхон наканд, балки онро мустаҳкамтар намуд, чунончи ин равишро дар муборизаҳои малик алайҳи Сарбадорон ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Рӯз то рӯз густариш ёфтани давлати Сарбадорон ва бадин сабаб нуфузи бештар пайдо намудани мазҳаби ташайюъ рӯҳониёни олирутбаи давлати оли Куртро беқарор кард. Агарчи малик Муиззуддин ба ин аҳамияте намедод, вале рӯҳониён ӯро дам ба дам бар он меангезиданд, ки пеши роҳи густариши Сарбадоронро гирад. Нахуст Сарбадоронро дар сарҳадҳои шимоли ғарбии кишвар ба пуррагӣ саркӯб карданд, бисёре аз навоҳии Кӯҳистону Бодгисро ба ҳайати давлати хеш ҳамроҳ намуданд.
Шуҳрату қудрати Куртҳо ба ҳадде расид, ки ҳатто муносибати амир Темур ва амир Ҳусайн писари амир Қатаған бо Туғлуқтемур бад шуда, аз Мовароуннаҳр фирор карданд ва ба дарбори малик Муиззуддин паноҳ оварданд. Туғлуқтемур аз малик талаб кард, ки амир Ҳусайнро дар банд карда, ба назди ӯ фиристад. Малик амирро дастгир кард, вале назди хон нафиристод.
Малик Муиззуддин баъди марги Абусаъид то охири давраи ҳукмрониаш (майи соли 1370) комилан мустақил буд, баъд аз беморӣ дар сиюнуҳумин соли ҳукмрониаш аз дунё чашм пӯшид.
Пас аз марги Муиззуддин писараш Ғиёсуддин Пиръалӣ ба тахти Куртҳо нишаст. Давраи ҳукмронии ӯ ибтидои инқирози ҳукумати оли Курт буд. Кашмакашиҳои писарони Муиззуддин барои тахт нооромиро ба вуҷуд овард. Сарбадорон низ аз ин вазият истифода бурда, доираи ҳукмронии худро дар шарқ васеъ карданӣ шуданд. Соли 1380 Темур азми тасхири Хуросон кард ва бо лашкари гарон нахуст ба сарзамини Куртҳо ворид шуд. Вилояти Сарахс бидуни ҷанг ба Темур таслим шуда, баъди ҷанг дар Фушанҷ шаҳри Ҳирот муҳосира шуд. Муҳорибаи шадиде ба вуқӯъ пайваст, вале саранҷом моҳи майи соли 1381 ҳиравиён ба Темур таслим шуданд. Бо фармони Темур шаҳр ғорат ва ашёи гаронарзиши зиёд ба Кеш бурда шуд.
Ҳамин тавр, охирин ҳукмрони оли Курт - Ғиёсуддин Пиръалӣ бо аҳли хонаводааш дар банди Темур афтод, эшонро ба Мовароуннаҳр бурда, аввал зиндонӣ ва баъди муддате қатл карданд.
Баробари аз байн рафтани эшон давлатдории тоҷикон дар Хуросони Бузург муддати бештар аз 500 соли дигар қатъ гардид, ки натиҷаи саркӯбии пайвастаи бештар аз 400-солаи турку муғул буд.
Сарбадорон (1337–1381)
Яке аз охирин давлатҳои асримиёнагии тоҷикон аст. Дар яке аз рӯзҳои соли 1335 элчиёни муғулӣ ба хотири ҷамъ кардани хироҷ ва ё коре дигар ба деҳаи Боштин (Поштин)-и Байҳақ (аз тобеоти Хуросон) омаданд ва хонаи Ҳасану Ҳусайн ном бародаронро мақар гузиданд, шабе аз ин бародарон шаробу шоҳид хостанд, шароб оварда шуд, вале шоҳид (духтар) на. Чун элчиён (ба ривояте як ва ба ривояти дигар панҷ нафар буданд) маст шуданд, тамаъ дар аҳли он хона (ва ё деҳа) карданд, пас, ин бародарон аз шиддати нангу номус бархостанд ва онҳоро аз дами корд гузарониданд. Вазири Элхонон алайҳи бародарон ашхоси мусаллаҳ фиристод ва шӯру ошуб дар деҳа афтод. Мардуми он навоҳӣ муттафиқ бар он шуданд, ки дафъи зулм кунем, илло сари худро ба дор ихтиёр дорем ва лақаби «сарбадорӣ» пайдо шуд».
Қиёми шӯришгарон дар Боштин тамоман ғайричашмдошт буд ва сарвари ҳақиқӣ бо халқи шӯрида ҳамдардро надошт. Абдураззоқ, сарвари шӯришгарон, бо амри тасодуф дар миёни мардуми қиёмкарда падид омад ва ба хотири ҳимояи молу ҷони худ аз ҳукуматдорони Элхонӣ, ки ба хазинаи ӯ хиёнат карда буданд, бо шӯришгарон пайваст ва роҳбари эшон шуд.
Ҳанӯз дар ибтидои зуҳури сарбадориён Абдураззоқ бо сабаби ихтилофе аз дасти бародараш Ваҷеҳуддини Масъуд кушта шуд (соли 1337). Ваҷеҳуддини Масъуд ба ҷои ӯ ба тахти Сарбадория нишаст ва Сабзаворро забт намуда, онро пойтахти давлаташ эълом дошт ва баъди бо рӯҳонии маъруфи он вақт шайх Ҳасани Ҷӯрӣ якҷо шуданд, Нишопурро низ забт кард. Чун Элхониён шоҳид шуданд, ки иттиҳоди шайх Ҳасан ва Ваҷеҳуддин музаффариятҳои Сарбадоронро бештар намуд, дар пайи бадар кардани шайх аз он иттиҳод шуданд. Мактубҳову расулон фиристоданд, аммо шайх ба ҳукмрони Элхонӣ мактубе навишт ва дар он аз кору фаъолиятҳои худ хабар дод, мухтасари он чунин буд, ки аз сабаби зулми сахт мардум ба шайх Халифа рӯ оварда, дар шахсияти ӯ наҷотдиҳандаи худро медиданд ва гирди ман ҳам чун муриди ӯ будам, тарафдорони бисёр ҷамъ омаданд.
Сарбадорон Сабзавору Нишопурро гирифта, алайҳи Элхониён лашкар кашиданд. Дар ин ҷанг Шайхалии Говун - бародари Туғотемурхони Элхонӣ ба қатл расид ва лашкари Элхониён пароканда шуд. Ғалабаи рӯзафзуни Сарбадорон на танҳо Элхониён, балки давлатҳои дигарро низ ба таҳлука андохт. Ягона давлате, ки метавонист бо Сарбадорон муқобала шавад, давлати Куртҳои Ҳирот буд.
Вақте ки Туғотемурхон аз дасти Сарбадорон дар Хуросон шикаст хӯрда, роҳи гурезро пеш гирифт, малик Муиззуддини Курт назди ӯ кас фиристода талаб кард, ки лашкари парокандаро ҷамъ намуда, якҷоя бар зидди Сарбадорон мубориза бояд бурд. Сарбадорон фурсатро аз даст надода, ба хотири забт ва нобуд кардани малик Муиззуддин ба сӯи Ҳирот лашкар кашиданд. Ду лашкар дар Зова ном ҷое ба ҳам бархӯрданд. Дар ин ҷанг шайх Ҳасан аз тарафи Сарбадорон бо нишондоди амир Ваҷеҳуддин кушта шуд, бадин сабаб шикаставу пароканда гаштанд. Ҳанӯз ҳангоми бар ҳаёт будан миёни амир Ваҷеҳуддин ва шайх Ҳасан ихтилофоти ошкор нашуда буд. Тарафдорони Ваҷеҳуддинро «сарбадор» (ё «эътидолӣ» ва «миёнарав») ва тарафдорони шайх Ҳасанро «шайхиён» (ё «ифротӣ» ва «тундрав») ном буданд. «Сарбадорон» заминдорони хурду миёнаи хилофи ҳамагонӣ гардонидани молу сарват буданд ва «шайхиён» ҳунармандону деҳқонони бебизоат.
Амир Ваҷеҳуддин дар давлати Сарбадория амири ягона ва бузургтар аз ҳама шинохта шудааст. Баъди маргаш даҳ тан аз гумоштагони ӯ ба ҳукумати олии Сарбадория расидаанд, аммо лақаби «амир»-ро надошта, ҳамчун ҷонишини Лутфуллоҳ ибни Ваҷеҳуддин дониста шудаанд. Баъди Ваҷеҳуддин чанде аз роҳбарони ин давлат то замони Хоҷа Шамсуддини Алӣ яке пайи ҳам ба ҳукумат расида, кушта мешуданд. Хоҷа Шамсуддини Алӣ дар давлати Сарбадория тартибу низоми сустшударо то андозае барқарор намуд ва шаҳри Домғонро, ки аз дасти Сарбадорон берун шуда буд, бори дигар тобеъ кард, аммо аз тарафи Ҳайдари Қассоб ном амалдори давлаташ ба қатл расонида шуд. Ба ҷои ӯ Хоҷа Яҳёи Каробӣ (ё Каровӣ), ки мададгори Ҳайдар шуда буд, бар тахти Сарбадория нишаст. Чун ҳукумати Хоҷа Яҳё рӯз то рӯз қавӣ шудан гирифт, ҳукмрони Элхониён — Туғотемурхон дар пайи он шуд, ки бо роҳи гуфтушунид ӯро ба худ моил созад.
Хоҷа Яҳё дар Мозандарон ҳангоми мулоқоташ бо Туғотемурхон, бо баҳонаи он ки «сулҳ мекунем», бо дастаи сесаднафараи худ бар сари муғулон ногаҳон ҳамла оварда, Туғотемурхонро кушт. Бо ҳамин ҳукмронии муғулҳо дар сарзамини Эрон ба охир расид (декабри 1353). Баъд аз ин шаҳрҳои Астаробод, Бастом, Суманон ва навоҳии атроф зери тасарруфи Сарбадорон қарор гирифтанд. Хоҷа Яҳё аз дасти бародари занаш кушта шуд. Ҳайдари Қассоб ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт, аммо худи ӯ низ баъд аз чаҳор моҳ аз дасти паҳлавон Ҳасани Домғонӣ кушта шуд ва охирӣ писари амир Ваҷеҳуддин - Лутфуллоҳро бар тахт нишонд, ӯ ҳам баъд аз як солу се моҳ кушта шуд ва худи Ҳасани Домғонӣ бар тахт нишаст. Чун ӯ ҳоли шайхону дарвешонро ба танг овард ва алайҳи эшон хусумат варзид, онҳо бо иттифоқи Хоҷа Алии Муайид ӯро ба қатл расонида, худ соҳибтахт шуданд.
Хоҷа Алии Муайид соли 1365 бар тахт нишаст ва дар замони ӯ давлати Сарбадория аз нав қуввату вусъати тоза ёфт. Баъд аз он ки Темур Эронзаминро пурра ба худ тобеъ намуд, Алии Муайидро ҳамчун ҷонишини худ дар Сабзавор гумошт (соли 1381). Бо ҳамин давлати мустақили Сарбадорон аз байн рафт. Дар яке аз ҷангҳо, ки Алӣ бо Темур ҳамроҳ буд (1387), дар Луристон кушта шуд.
Давлати Сарбадорон давлати мардумӣ буд. Қувваҳои мутаҳаррики онро косибон, деҳқонони камбизоат, шаҳриён ва уламои шиамазҳаб ташкил медоданд. Чун ин давлат сохтору табиати мардумӣ дошт ва пойдории он дар адами зулму истибдод буд, ғояҳои он ба гирду атроф паҳн мешуданд, ва халқи замони мадид зери зулму истибдод қарор дошта, дар чунин давлат зистанро орзу мекарданд. Ин буд, ки дар манотиқе, чун Кирмону Самарқанду Мозандарон барои сохтани чунин ҷамъият кӯшиш карда шуд.
Солҳои 1374–1375 дар Кирмон паҳлавон Асад бар зидди ҳукмрони маҳаллӣ бархоста, муддати 9 моҳ шаҳрро дар даст дошт, қариб кулли сарватмандони бузург ва амалдоронро ғорату тороҷ ва иддаеро қатл карданд. Ҳатто Хоҷа Алии Муайид барои дастгирии эшон лашкар фиристод, вале Шоҳшуҷоъ эшонро шикаст дод. Асад кушта шуд, бо ҳамин шӯриш ва амали эшон мунҳадим гашт.
Дар Самарқанд вазъ куллан дигар буд. Дар ин ҷо мардум на алайҳи ҳукмрони худ, балки баҳри мудофиаи шаҳри худ бар зидди душмани хориҷӣ бархостанд. Илёсхоҷаи муғул ба Самарқанд ҳуҷум кард, ҳокимони шаҳр Темур ва Ҳусайн шаҳрро партофта ба Хуросон гурехтанд. Халқ бо роҳбарии Мавлонозода, Мавлоно Хурдак ва Калави Наддоф, ки аз пайравони Сарбадорон буданд, аз шаҳр дифоъ карда, душманро ба он ворид шудан нагузоштанд. Душман дид, ки кор саъб аст, тарки ҳаволии Самарқанд кард. Темур ва Ҳусайн ин ҳолро мушоҳида карданд, бо фиребу найранг боз ба шаҳр баргашта, ба ғайр аз Мавлонозода дигар ҳама роҳбарони мудофиаро ба қатл расонданд. Зери ғояҳои Сарбадорон ба ин монанд ҳодисаҳо дар Мозандарону Гелон ва дигар навоҳӣ низ (соли 1366) рух доданд.
Музаффариён (1331–1395)
Музаффариён хонадони дигари тоҷикиянд, ки дар вилоятҳои Язду Кирмон, Форс ва Исфаҳону Ироқ ҳукумат карданд. Аслу насаби эшон аз Хофи Хуросон аст. Бобои эшон - Ғиёсуддини Хоҷӣ бар асари ҳамлаи аввали муғулҳо аз Хуросон фирор намуда, ба Язд омад ва дар он шаҳр ватан ихтиёр кард. Ғиёсуддинро се писар буд – Абубакр, Муҳаммад ва Мансур. Абубакру Муҳаммад ҳангоми лашкаркашии Ҳулогу дар хидмати атобаки Язд - Алоуддин буданд ва аз тарафи ӯ ба кӯмаки Ҳулогу рафта, дар тасхири шаҳри Бағдод иштирок карданд.
Набераи ӯ Музаффар аз ҷониби атобаки Язд ҳокими Майбуд таъйин ва ба амир Шарафуддин мулаққаб гашт. Музаффар дар давлати Элхониён то замони Улҷойту-султон роҳдории вилоятҳои байни Кирмоншоҳу Луристон то Марву Ҳирот ва ҳукумати Майбудро дар ихтиёр дошт. Моҳи марти соли 1314 Музаффар аз дунё гузашт ва писари 13-солааш Муборизуддин Муҳаммад мақоми ӯро соҳиб шуд.
Соли 1318 атобаки Язд - Ҳоҷишоҳ бо амалдорони дигари Элхонӣ ихтилоф кард ва аз тарафи элхон Муборизуддин ба дафъи ӯ фиристода шуд, то ғолиб омад ва аз ин таърих ҳукумати Язд ба ихтиёри Муборизуддин гузошта шуд.
Соли 1340 амир Пирҳусайни Чӯпонӣ ҳукумати Кирмонро низ дар ихтиёри Муборизуддин дод. Чун доираи қаламрави Оли Музаффар то шаҳри Бам, ки соли 1342 забт шуда буд, вусъат ёфт, Пирҳусайни Чӯпонӣ аз густариши минбаъдаи ӯ бим карда, ӯро ба Шероз даъват намуд, аммо ҷавоби рад гирифт. Ин аввалин сарпечии ҳукмрони Музаффарӣ аз ҳукумати Элхонӣ буд.
Соли 1353 Муборизуддин ҳамроҳи писараш - Шоҳшуҷоъ ба сӯи Шероз лашкар кашида, баъди шаш моҳи муҳосира онро зери тасарруф даровард. Муборизуддин Шоҳшуҷоъро ба ҳукумати Кирмон фиристод, Шерозро қароргоҳи худ гузида, мақарр сохт ва соли дигар Исфаҳонро низ тобеи худ кард.
Минбаъд доираи ҳукмронии Оли Музаффар хеле васеъ шуда, тамоми ҳудуди байни Даштҳои Луту Кавир то соҳилҳои Халиҷи Форсро дар бар гирифт.
Амир Муборизуддин бо мақсади тобеъ кардани Озарбойҷон ба Табрез лашкар кашид. Баъди ғалаба Муборизуддин ҳукумати он вилоятро ба наберааш - Шоҳяҳё дод, ки сабаби ихтилоф миёни писарон - Шоҳшуҷоъ ва Шоҳмаҳмуд бо падарашон Муборизуддин шуд. Писарони Муборизуддин бо ҳокими Исфаҳон - Шоҳсултон забон як намуда, падарашонро ҳангоми аз Табрез ба Исфаҳон омадан (августи соли 1358) мил кашида, зиндон карданд. Ӯ соли 1364 дар маҳбас аз дунё гузашт.
Амир Муборизуддин - муассиси давлати Оли Музаффар дар муддати 40 соли ҳукмрониаш ба воситаи кордонию истеъдод тавонист, ки ҳукумати кӯчаки падару амакҳои худро дар Майбуд вусъат бахшад ва оҳиста-оҳиста кулли вилоятҳои ҷанубии Эрони имрӯзаро дар як марказ муттаҳид созад, ки баъдан бо номи падари ӯ - Музаффар, яъне давлати Музаффариён машҳур шуд.
Баъд аз Муборизуддин писари калонии ӯ Ҷалолуддин Шоҳшуҷоъ ба тахти оли Музаффар (солҳои 1359–1384) нишаст. Ӯ ҳукумати Кирмонро ба бародараш Имодуддин Аҳмад ва Ироқи Аҷаму Абарқуро ба бародари дигараш Шоҳмаҳмуд дод.
Шоҳшуҷоъ ба азми забти Озарбойҷон лашкар кашида, шаҳру навоҳии бисёри сари роҳашро, аз қабили Рай, Қазвин ва ғайра баъзеро бо ҷанг ва бархеро бе ҷанг тасарруф намуда, баъдан пойтахти Озарбойҷон - шаҳри Табрезро гирифт.
Шоҳшуҷоъ дар миёни ҳукмронони оли Музаффар яке аз шахсиятҳои маъруф ба шумор мерафт. Ӯро дар таърих ҳамчун подшоҳи фозилу илмдӯст ва донандаи хуби шеъри форсию арабӣ низ шинохтаанд. Шеъри форсӣ дар аҳди ӯ ривоҷ ёфт. Ҳофизи Шерозӣ ва Умод Фақеҳи Кирмонӣ барин шоирону донишмандони оламгир аз мамдӯҳони ӯ буданд.
Шоҳшуҷоъ дар охири умр айшу нӯшро ба ифрот расонид. Бар асари истеъмоли барзиёди машрубот 9 октябри соли 1385 дар синни 53-солагӣ (25 соли давраи салтанаташ) дунёро падруд гуфт.
Бино бар васияти Шоҳшуҷоъ бар тахти оли Музаффар писараш - Зайналобидин (1384–1388) нишаст, вале аз тарафи дигар намояндагони олимақоми ин хонадон мавриди мухолифат қарор гирифт. Дар чунин ҳолат соли 1387 Амир Темур ба он минтақа наздик шуд ва намояндагони худро назди Зайналобидин фиристод, то охирӣ давлати оли Музаффарро ба Темур таслим кунад. Ин таклиф на танҳо қабул нашуд, балки Зайналобидин фиристодагони Темурро иҷозати муроҷиат надод. Темур дар ғазаб шуда, ба сӯи Шероз лашкар кашид. Зайналобидин ба сӯи Бағдод гурехт, дар роҳ хост, ки аз Шоҳмансур - ҳокими музаффарии Шуштар кӯмак гирад, вале охирӣ ӯро аз роҳи фиреб ба дом оварда, ҳабс кард.
Музаффаруддини Қошӣ — ҳокими яке аз бузургтарин вилоятҳои давлати Музаффарӣ — Исфаҳон ба Темур таслим шуд ва шаҳрро ба ихтиёри онон гузошт. Чун дар Мовароуннаҳр нооромиҳо сар зад, Темур маҷбур шуд, ки давлати ниматасарруфшудаи оли Музаффарро миёни дастнишондаҳои худ тақсим намуда, ба хотири наҷоти тахтгоҳи худ ба Мовароуннаҳр шитобад. Дар пайи муборизаҳои дохилӣ намояндаи дигари Музаффариён — Шоҳмансур ба пурқувваттарин ҳукмрони оли Музаффар табдил ёфт. Баъд аз нобарориҳо дар муттаҳид кардани ҳукмронони Музаффарӣ, Шоҳмансурро ноумедиҳо домангир шуда, ҳатто рӯ ба шароб овард ва нӯшидани онро ба ифрот расонид.
Дар чунин ҳолат амир Темур бори дуввум ба давлати оли Музаффар лашкар кашид. Дар ҷанги шадиди миёни тарафайн Шоҳмансур кушта шуд ва пас аз он дигар намояндагони олирутбаи ин хонадон аз тамоми гӯшаву канори мамлакаташон ҷамъ шуда, барои итоат ба назди Темур омаданд. Темур эшонро дар банд кард, магар султон Зайналобидин ва султон Шиблӣ — писарони Шоҳшуҷоъ, ки бо дасти ҳукмронони хонадони худӣ кӯр шуда буданд. Он дуро ба ҷон амон дод ва ба Самарқанд фиристод, боқии аҳли хонадони оли Музаффарро, ки дар маҷмӯъ 72 нафар буданд, бо фармони ӯ охири моҳи майи соли 1393 ба қатл расониданд. Бо ҳамин яке аз охирин давлатҳои асримиёнагии тоҷикон аз байн рафт ва дар ҳудуди давлати эшон замони ҳукумати Темур оғоз шуд.
Адабиёт
- Иқбол Аббос. Таърихи муфассали Эрон. Ҷилди 1. Аз ҳамлаи Чингиз то ташкили давлати Темур. Теҳрон, 1333 ҳиҷрӣ / 1962.
- Бартольд В. В. Туркестан в эпоху монгольских нашествий // Сочинения. Том 1. Москва, 1963.
- Ғафуров Б. Ғ. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. Москва, 1972.
- Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX–XIV. Порчаҳо аз «Равзат-ус-сафо» ва дигар кутуб. Мураттиб ва муҳаққиқ Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. 1999.
- История таджикского народа. Том III. XI–XV века. Период развития феодального общества. Под общей редакцией академика Р. М. Масова. 2013.
Н. Амиршоҳӣ, Н. Сафаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 243–249.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




