Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Халқи тоҷик дар замони Темуриён, Шайбониён, Сафавиён, Аштархониён ва Аморати Бухоро

Давлати Темуриён

Солҳои 50–60-уми асри 14 Мовароуннаҳр аз мулкҳои парокандаи феодалӣ иборат буд. Соли 1365 хони муғул Илёсхоҷа ба Мовароуннаҳр ҳамла оварда, дар муҳорибаи назди Тошканд Темур ва Ҳусайнро шикаст дод. Вале Илёсхоҷа дар Самарқанд ба муқобилати сахти сарбадорон дучор омада, маҷбур шуд аз Мовароуннаҳр равад. Ҳусайн ва Темур соли 1366 ба Самарқанд баргашта, бо макру фиреб роҳбарони сарбадоронро ба қатл расониданд. Муносибати Темур ва Ҳусайн дар мубориза барои ҳокимият хеле тезу тунд гашт. Соли 1370 Темур Балхро забт карда, Ҳусайнро ба қатл расонид. Соли 1370 дар ҷамъомади сарлашкарон Темур амири мутлақи Мовароуннаҳру Хуросон эълон карда шуд. Ҳамон сол ӯ Самарқандро ба пойтахти Мовароуннаҳр табдил дод. Темур аз солҳои 80-уми асри 14 ба истилои кишварҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Темур империяи бузурге ташкил ёфт, ки ба он Мовароуннаҳр, Хоразм, вилоятҳои атрофи баҳри Каспий (Хазар), сарзаминҳои ҳозираи Афғонистон, Эрон, қисман Ҳиндустон, Ироқ, Қафқози Ҷанубӣ ва як қатор давлатҳои Осиёи Шарқӣ дохил мешуданд. Охири соли 1404 Темур ба Хитой лашкар кашид, вале дар роҳ (шаҳри Утрор) вафот кард. Баъди ӯ наберааш Пирмуҳаммад сардори давлати Темуриён шуд, вале соли 1406 ҳалок гардид. Муборизаи дохилӣ барои тахту тоҷ пурзӯр шуда, писари хурди Темур - Шоҳрух Самарқанд ва Эрони Ғарбиро ба даст дароварда, соҳиби тахт гардид. Бо вуҷуди ин давлати Темуриён аз ду ҳокимияти мустақил - Хуросон (марказаш шаҳри Ҳирот) ва Мовароуннаҳр (марказаш Самарқанд) иборат буд. Шоҳрух писари худ Улуғбекро ҳокими Самарқанд таъйин кард. Улуғбек соли 1414 ҳокими Фарғона - Аҳмад, соли 1425 амирони муғулро мағлуб сохта, ҳокими мутлақи Мовароуннаҳр шуд.

Баъди вафоти Шоҳрух (1447) дар мамлакат муборизаи дохилӣ авҷ гирифта, Улуғбек ва писарони ӯ Абдуллоҳ (1449) ва Абдулатиф (1450) кушта шуданд. Тобистони соли 1451 ҳокимиятро дар Самарқанд Абусаид Мирзо ба даст овард. Дар замони ҳукмронии ӯ дар мамлакат таъсири силсилаи Нақшбандия бо сардории Хоҷа Аҳрор пурзӯр мегардад.

Замони ҳукмронии Темур ва Темуриён ҳунармандӣ ва савдо ривоҷ ёфт. Дар корхонаҳои ҳунармандӣ дар қатори ҳунармандҳои маҳаллӣ ғуломон низ кор мекарданд, ки онҳо табақаи алоҳидаро ташкил медоданд. Ҷангҳои истилогаронаи Темур дар мамлакат ба инкишофи ғуломдорӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Темур дар юришҳои худ одамони зиёдро асир мекард, ки дар байни онҳо ҳунармандон низ буданд. Дар замони ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро (1469–1506) дар бозорҳои Ҳирот соле то 20 ҳазор ғулом фурӯхта мешуд. Ба муносибатҳои молию пулӣ ислоҳоти пулие, ки Улуғбек гузаронид (1428), мусоидат кард. Вале ҳокимони маҳаллӣ минбаъд ҳар кадом пули худро бароварданд ва мубодилоти пулӣ гирифтори буҳрон шуд.

Темур барои барқарор ва мустаҳкам кардани алоқаҳои тиҷоратӣ бо давлатҳои Русия, Англия, Фаронса, Испания ва мамлакатҳои Шарқ тадбирҳо андешид. Дар бозорҳои Мовароуннаҳру Хуросон молҳои гуногуни хориҷӣ ба фурӯш рафта, бозорҳои беруна ба молҳои ҳунармандони ин сарзамин эҳтиёҷ пайдо карданд. Давлатҳои хориҷа низ барои бо давлати Темуриён барқарор кардани алоқаҳои тиҷоратӣ сафирҳо фиристоданд. Масалан соли 1404 сафири Испания Клавихо ба Самарқанд, 1464 сафири Ивани III ба Ҳирот омада буданд. Савдои байналхалқӣ яке аз омилҳои муҳими инкишофи савдои дохилӣ гардид. Дар ин давра дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот бозорҳову корвонсаройҳо сохта шуданд.

Дар давлати Темуриён дар шаҳрҳои Осиёи Миёнаву Эрон иморатсозӣ авҷ гирифт. Бозорҳо, ҳаммомҳо ва мақбараҳо сохта мешуданд. Бо супориши Улуғбек дар Бухоро (1417), Самарқанд (1420) ва Ғиждувон (1432–1433) мадрасаҳо бунёд гардиданд. Машҳуртарин биноҳои дар асрҳои 14–15 сохташуда расадхонаи Улуғбек, масҷиди Бибихонум, ансамбли Шоҳи зинда, Руҳобод, Қутби чаҳор, Гӯри мир ва ғайра мебошанд. Қасрҳои Темуриён бо нақшу нигор ва тасвироти муҳорибаву ҷашнҳои дарбориён оро дода шуда буданд.

Санъати хаттотӣ ва минётури Ҳирот. Дар дарбори Шоҳрух китобхона буд, ки дар он беҳтарин хаттотон, лаввоҳон, саҳҳофон, мусаввирон – минётуранигорон ҷамъ омада буданд. Мактаби хаттотӣ ва минётури Ҳирот ба дараҷаи баланди тараққиёт расид, ки машҳуртарин намояндаи он Камолуддини Беҳзод мебошад. Муаррихон Ибни Арабшоҳ, Низомуддини Шомӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ, Шарифуддин Алии Яздӣ, Мирхонд, шоирон Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, ва дигарон дар ин давра зиндагӣ ва кор кардаанд. Инкишофи адабиёти бадеӣ ба санъат таъсири калон расонд.

Ибтидои асри 16 дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии феодалони маҳаллӣ давлати Темуриён суст ва хароб гашт. Дар охири давраи ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро қабилаҳои бодиянишини узбек бо сардории Муҳаммад Шайбонӣ ба Мовароуннаҳр ҳуҷум оварда, онро забт карданд. Яке аз намояндагони сулолаи Темуриён, ҳокими Фарғона Бобур (1483–1530) баъди аз Осиёи Миёна рафтанаш, дар ҳудуди Афғонистон ва Ҳиндустон (1526) ба давлати Темуриёни Ҳинд асос гузошт.

А. Мухторов.

Исёнҳо алайҳи хонадони Темуриён

а) Дар шимолу ғарби Эронзамин: ҷунбиши ҳуруфиён

Дар он рӯзгори тираву тори ҳукуматҳои ҷобиронаи бозмондагони муғул, ҳанӯз пас аз шикасти давлатҳои маҳаллии тоҷикии Куртҳои Ҳирот, Сарбадорон ва Музаффариён, мардумони маҳаллию дигар ҳеҷ гуна идеологияи боварибахши инқилобие намонда буд, ки ба воситаи он иттиҳод карда, ба мубориза бархоста, пояи зулмро барандозанд ва пои аҷнабиёни ваҳшисуратро аз сарзамини худ берун кашанд. Дини ислом бо он ҳама таълимоти инсондӯстонаи худ дигар имкони барқарор намудани адолати иҷтимоиро надошт, зеро иддае аз «пешвоёни ислом» бо тӯдаи зулмпешаи давлату дарбор «ҳамтабақ» шуда, динро ҳамчун воситаи ҳимояи кору амали онон истифода мебурданд. Бо вуҷуди ин ягона роҳи наҷот барои ҷомеаи мазлум ҳамоно гирд омадан дар зери ливои ислом боқӣ мемонд. Ин буд, ки сарриштаи чунин амалеро мутасаввифа ва рӯҳониёни воқеъбини озодандеш ба даст гирифтанӣ шуданд.

Пешвоёни исломии ин ҷунбишҳо бар он шуданд, ки чун ҳукуматгарони турку муғул тавонистаанд, иддае аз сарони исломии аҳли суннату ҷамоатро бар манфиати ҳукуматҳои худ моил кунанд, хостанд, ки дар ин замина аз мазҳаби ташайюъ истифода баранд. Ва бадин сабаб ҳам то андозае иттиҳоди табақае аз суфия бо рӯҳониёни озодпараст даст дод ва дар паи кор шуданд, вале ҳар кадом бо роҳи худ.

Чунон ки қаблан сухан рафта буд, ин ҷунбиш дар замони Темур зуҳур кард ва намояндаи барҷастаи онон Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ дар паи ташкилоте чунин шуд ва дар тариқати тасаввуф роҳи инқилобиро пеш гирифт ва муҳимтар аз ҳама он, ки дар роҳи мубориза ҷони худ ба хатар гузошт ва ба маркази идораи Темур – ба сӯи Мовароуннаҳр аз ғарби Эрон ҳаракат намуд ва дар сарзамини озодихоҳони Хатлон пойгоҳи идеологияи қавие барои муборизаи баъдии худу пайравонаш сохт, ки бадин восита Темур пайваста аз ӯ дар хавф мебуд. Оқибати муборизаҳои махфии суфии мазбурро баъдан ҳангоми баррасии исёни суфиён дар Хатлон хоҳем дид.

Аз дигар табақаи пешвоёни ислому тасаввуф низ нафароне падид омаданд, ки хостанд аз роҳи муътақидоти динӣ мардумро дар атрофи худ гирд биёваранд. Бадин хотир дар садади он шуданд, ки мазҳабе бисозанд, ки барои эътиқод кардани мардуми маҳаллии Эронзамин, яъне тоҷикон мувофиқ буда ва ҷавҳаре миллигуна низ дошта бошад, то мардум зудтар бад-он бигараванд ва бадин восита ҷунбиши миллие тамоми мардумро фаро гирад ва дар мубориза алайҳи ҳукуматгарони муғулӣ пирӯз гарданд. Пешвои ин ҳаракат марди донишманде буд маъруф ба Фазлуллоҳи Астарободӣ (1340 – 1394) аз аҳли Мозандарон, ки баъдан ба сабаби дар ҳар макони дигар мақарр сохтану амал кардан ӯро аз аҳли Машҳаду Табрез низ донистаанд. Чун осори таълифкардаи ӯ ба лаҳҷаи тоҷикони Астаробод аст, муҳаққиқон дар астарободӣ буданаш тардид наварзидаанд.

Фазлуллоҳ дар ибтидо барои огоҳӣ аз ҳолоти мардум қариб ба тамоми манотиқи Эронзамин рафта, вазъи иҷтимоӣ ва тафаккуроти умумиро омӯхт ва дар ниҳоят ба хулосае омад, ки мазҳабе мувофиқи вазъи он ҷо бисозад. Ва сохт. Барои тарғибу ташвиқ аз ҳама беҳтар минтақаи Табрезро донист ва он ҷо ба фаъолият оғоз ниҳод. Қабл аз ҳама худро Маҳдӣ эълон кард ва чунин баён дошт, ки коинот «бар асоси се марҳала: нубуват, имомат ва улуҳият бунён гузошта шудааст. Нубуват бо ҳазрати Одам шурӯъ ва ба ҳазрати Муҳаммад (с) хотима меёбад ва ба авҷи худ мерасад. Даврони имомат бо ҳазрати Алӣ (к) оғоз ва ба имом Ҳасани Аскарӣ хотима меёбад ва даврони улуҳият бо зуҳури Фазл шурӯъ мешавад, ки бино ба эътиқоди худаш Маҳдӣ аст ва охирин зуҳур маҳсуб мешавад».

Таълимоти мазҳабии Фазлуллоҳи Астарободӣ чӣ гуна буд? Ин таълимот омехтаи динҳои маъруфи замон – ислом, масеҳият, яҳудӣ ва тафаккури тасаввуфи исломӣ буд. Ӯ аз дониши комиле, ки дар шинохти ҳарфҳо дошт, истифода карда, ба воситаи он ҳақоиқи таълимоти худро исбот карданӣ шуд. Мирҷаъфарӣ менависад: «Ӯ бо истифода аз илми ҳуруф тамоми умуру аҳкоми диниро ба 28 ҳарфи арабӣ ва 32 ҳарфи форсӣ ирҷоъ дод ва мӯътақид буд, ки чун Худо маҳсус (эҳсосшаванда) нест ва ҷуз аз роҳи калимаву лафз қобили шинохт нест, лизо пояи шинохти Худо лафзу калима аст. Сухан мураккаб аз ҳуруф аст ва лизо аслу лубби сухан садову ҳарф аст. Аз сӯи дигар, лафз муқаддам бар маънист ва тасвири маънӣ бидуни лафз мақдур [боқудрат] нест. Ба ақидаи Фазл таъбири маъонӣ бо ҳуруф ва асвот [савтҳо, овозҳо] дар ду қолиб рехта шудааст: аввал қолиби ҳуруфи арабӣ, ки 28 адад ва забони Қуръон ва забони ҳазрати Муҳаммад (с) аст ва дуввум ҳуруфи форсист, ки 32-то ва «Ҷовидоннома»-и Фазл бо ин ҳуруф аст. Фазл ба татбиқи тамоми мазоҳири ошкору пинҳони ҷаҳон бо 28 ҳарфи арабӣ ва 32 ҳарфи форсӣ пардохт.

Пайравони ӯ баъдҳо назари ӯро густариш доданд ва ҳатто гуфтанд, ки нахуст дар даҳони инсон 28 дандон мерӯяд, ки баробари ҳуруфи арабист ва Қуръон бад-он нозил шудааст ва сипас ба 32 дандон афзоиш меёбад, ки баробари ҳуруфи форсӣ ва муъодили калимаи «Аллоҳ» аст». Хуллас, тамоми васоили таъвилгароии миллиро ба кор бурда, аз он адёни бузург ҷараёне сохт, то «дар дараҷаи аввал қавми худро аз зери юғи истилои муғулу тотор бираҳонад». Ӯ Маҳдӣ будани худро ба он асоснок намуданӣ шуда мегуфт, ки вай «барои баркандани бунёди ситам ва густурдани бисоти адолат ба роҳ хостааст, то инсонҳоро аз қайди бедоди ишғолгарони бегона озод созад. Яке аз мавориди тазодди байни ҳуруфиён ва ҳукуматиёни замона, яъне Темуриён ҳамин буд». Аммо Темуриён тавонистанд, ки бо шӯронидани баъзе аз рӯҳониёни мутаассиб иддае аз муслиминро бо онҳо бад кунанд ва бадин баҳона Мироншоҳ ӯро бо макру ҳилла ба банд кард (дар соли 1394) ва фармони қатлашро баровард ва ҳамчунони дигар шахсан худаш сари ӯро аз тан ҷудо сохт, баъдан Темур ҷасади ӯро аз гӯр кашид ва сӯзонд.

Аз Фазлуллоҳи Астарободӣ якчанд китоби назмию насрӣ ва девони ашъор (бо тахаллуси Наъимӣ шеър мегуфт) ба ёдгор монда, ки мухбир аз донишманди воломақом ва шоири тавоно будани ӯанд.

Пас аз марги ӯ, махсусан дар замони ҳукмронии писарони Темур аҳли ҳуруфия боз фаъол шуда, ба муборизаҳои ҷиддитар даст заданд. 7 ё 9 тан аз пайравони фаъоли ӯ, ки бисёр мардони донишманд ва ҳам далеру нотарс буданд, дар қатори мардуми тоҷик ба даъвати дигар мардумон низ оғоз карда, доираи ташвиқоту муборизаи худро хеле васеъ намуданд. Ва ин муборизаҳои эшон ба ҳангоме буд, ки дар Мовароуннаҳр мутасаввифаи инқилобӣ бо сарварии Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ муборизаҳои идеологии худро рӯз то рӯз ривоҷ медоданд. Бадбахтиву нокомии қавми тоҷик дар он ҳангом иборат аз он буд, ки бо вуҷуди дар саросари Эронзамин таҳти дирафши уламои исёнгари инқилобӣ гирд омаданашон бо вуҷуди ҳадафи ягона – барандохтани зулму таъаддии бегонагон аз сари худу сарзамини аҷдодӣ доштанашон, ташкилоту маркази ягонаи ҷунбиши инқилобӣ надоштанд, яъне чун ҳамешагӣ пайваста ин низоъҳои мазҳабӣ садди роҳи иттиҳоду ягонагии ин миллат будааст.

Хуллас, пайравон (халифаҳо)-и бузурги инқилобии Фазлуллоҳи Астарободӣ, ки бидуни шакк аз ҷумлаи пешвоёни ҳаракати озодхоҳии қавми тоҷик будаанд, кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то сарони Темуриро ҳатто дар лонаҳои дастнораси худашон нобуд созанд. Чунончи яке аз пешвоёни ин ҷунбиш Мавлоно Маҷдуддини Астарободӣ (яке аз домодҳои Фазлуллоҳ) шахсан худаш бо як гурӯҳ пайравонаш дар шаҳри Ҳирот ба ҷони Шоҳрух суиқасд намуд, вале ноком шуда, ба даст афтода худ кушта шуданд. Чунончи мухтасари ҳодисаи мазкурро Мирҷаъфарӣ чунин овардааст: «Аз ҳаводиси муҳимми замони Шоҳрух суиқасд ба ҷони вай дар соли 830 (1426–1427) дар Масҷиди ҷомеи Ҳирот буд. Касе ба номи Аҳмади Лар дар мақоми додхоҳӣ пеши Шоҳрух омад ва бо корд захме ба шиками ӯ зад. Аммо ин захм коргар наяфтод ва Шоҳрух ба зудӣ шифо ёфт. Аҳмади Лар аз муридони Мавлоно Фазлуллоҳи Астарободӣ, пешвои фирқаи ҳуруфия будааст. Вайро пас аз иртикоби ин амал дар масҷид пора-пора карданд. Ва дар паи он ҷамъеро низ зиндону шиканҷа намуданд. Дар ин миён Сайидқосим Анвори Табрезии шоир ва суфии машҳур низ табъид шуд», ки ин матлаъи ғазал аз ӯст:

Намедонам чӣ афтодаст қисмат аз қадар моро,
К-аз ин даргоҳ меронанд доим дар ба дар моро.

Сайид Исҳоқ ном ҳамсаффи Фазлуллоҳ (ва ҳам домоди дигари ӯ), ки пешвои ҳуруфиёни Хуросон буд, аз ҷумлаи донишмандони маъруфи замон маҳсуб мешуд. Алиюлаъло ном халифаи дигари ӯ муваззаф шуд, ки дар маркази яке аз давлатҳои туркии дигар дар Осиёи Сағир (яъне Туркия) таблиғ барад, ӯ то ҷое таблиғ мебурд, ки ҳатто мардумро ба шӯриши мусаллаҳона алайҳи ҳукмронони вақт даъват мекард, чунон ки аз ин абёти ӯ бармехонем:

Гар ба даст орем мо як рӯз теғ,
Шукри Ҳаққ гӯем ва гар на, сад дареғ.
Эй хушо онон, ки аз фазли Худо
Узрҳо хоҳанд аз тафсири мо.
Нест чизе беҳтар аз қатли адӯ
Пеши фазли Ҳаққ ба ҳаққи зоти Ӯ.
Гар бидидастат, ки даст орӣ ба теғ,
Хун бирез аз қавми мункар бедареғ.
Гар бар эшон шаммае раҳм оварӣ,
Дар ҳама адёну миллат кофарӣ.

Аз ӯ осори зиёде боқӣ мондааст. Ва аммо шуҷоътарин халифаи Фазлуллоҳ (ва ҳам яке аз домодҳои дигари ӯ) марди бисёр донишманд Умодуддин Насимӣ буд, ки аз ҳама шуҳрати бештар дошт. Насимӣ аз мардумони Шероз буд, ки ба хотири ташвиқу мубориза ба Шервон рафт ва он ҷо ба забони туркӣ ошно ва яке аз донандагони олии он шуд, ҳатто бад-он забон шеърҳо суруд. Ашъори форсии ӯ чунон аст, ки гумон меравад дар пайравии Ҳофиз суруда бошад. Бештаре аз девони ашъори ӯ иборат аз шеърҳост, ки дар мазаммату фошсозии амалҳои риёкоронаи ҳокимони золим ва даъват ба мубориза алайҳи онҳост. Насимӣ ва дигар пешвоёни ҳуруфия «ҳама чизро дар ин дунё ба нафъи инсон таъвил мекарданд ва инсонро то мақоми улуҳият бармекашиданд». Ин буд, ки Насимиро низ ба бидъату зандақа гунаҳгор карда, пӯсти баданашро зинда ба зинда барканданд ва дар ҳамон ҳолат ба дораш кашиданд. «Навиштаанд, ки дар пойҷӯбаи дор рӯ ба мухолифони худ гуфт: «Он худое, ки шумо мепарастед, зери пои ман аст. Ва дар зери пои Насимӣ сиккаеро ёфтанд, ки сурати султон бар он ҳак шуда буд». Ҳамин тавр, муборизаи ҳуруфиён нишон медиҳад, ки намояндагони миллати боқареҳаи тоҷик на танҳо алайҳи Темуриён, балки алайҳи зулми туркони Усмонӣ низ бархоста будаанд, ба ибораи дигар ҷунбиши густурдаи онҳо баёнгари он аст, ки доираи фаъолияти онон хеле васеъ аз Хуросон то ба Туркия имтидод доштааст. Ва ба ҳеҷ рӯ наметавон ин ҷунбиши ононро як шӯру қиёми берабту ғоратгарона (ки бештаре аз шӯришҳои умумӣ дорои чунин хислатҳо будаанд) ва амсоли ин номид. Баръакс Фазлуллоҳ ва пайравонаш то ҳадде бар ҳукмфармоёни золимпеша ва мутаассибини «ҳаромҳӯр»-и ситоишгари онон нафрат гирифтанд, ки рӯзадории пайвастаро ихтиёр карданд ва бадин сабаб пешвояшон мулаққаб ба Фазлуллоҳи Ҳалолхӯр шуд, ҳатто баъдан қиёми пайравони ӯ машҳур ба «қиёми ҳалолхӯрон» шуд, ки дар бештаре аз таворих бо ин ном мусаббатанд.

б) Дар Хуросон: таҳти ливои намояндагони Сарбадорон

Бори зулму таъаддии сахт ва хунхориҳои мутааддиди Темурро, ки мардуми тоҷик бештар аз сӣ сол мутаҳаммил буд ва бар дӯши худ мекашид, бо мурдани ӯ дигар тоқати идомаи онро надошт. Бадин сабаб аз вазъи ногувори империяи Темур ва кашмакашиҳои дохилидарбории фарзандону наберагони ӯ истифода бурда, сарварони маҳаллии тоҷикӣ низ даст ба «тамарруд»-у истиқлолхоҳиҳо заданд. Ин гуна ҷунбишҳои мардумӣ қариб, ки дар бештаре аз манотиқи тоҷикнишин ба мушоҳида мерасид. Ин дафъа низ мисли замони ҳукумати ҷобиронаи фарзандони Чингиз боз ҳамон тоҷикони Хуросон бештар ба ҷунбиш омада, пайкари империяи темурияро ба ларза оварданд. Дар навбати аввал намояндагони мардумӣ ва давлатии собиқ Сарбадорон ва Куртҳои Ҳиротӣ дар собиқ «саркаш» ба ҷунбиш омаданд. Ин ҳодисаҳо дар аввали ба ҳукумати воло расидани Шоҳрух ба зуҳур пайвастанд. Дар он миён Султонъалӣ (Хоҷаъалӣ)-и Сабзворӣ номе, ки аз хонадони Сарбадорони тоҷик буд, хост, ки бори дигар алами давлатдории тоҷиконро дар чаҳорчӯбаи истиқлоли миллӣ барафрозад. Албатта, чунин исён ва илова бар ин, амалӣ шудани он дар чунон императории бузург хайёле беш набуд, аммо дар ҳар сурат тоҷиконро таҷориби собиқаи таърихӣ, махсусан муваффақиятҳои замони хунхортарин мардумон - чингизиён (яъне таъсиси давлатҳои Куртҳои Ҳирот ва Сарбадорони Сабзвор) илҳом мебахшид, ки шояд бори дигар бахти истиқлол ба рӯи эшон бихандад. Дар ин замина ва ҳамчунин, бо назардошти ин, ки дар замони ҳукмронии Темур соҳиби эътибори баланд шуда буд, Султонъалии Сабзворӣ хост, ки аз «боло» таҳаввулоте фаврӣ кунад ва ба осонӣ ғолиб шавад. Дар ин хусус Мирхонд менависад, ки Шоҳрух ба хотири истиқрори комили ҳукуматаш ба атрофу акноф сарваронашро фиристод, ки қалъаҳои шаҳрҳоро таъмир кунанд ва истеҳком бахшанд, то душманонро маҷоли ҷангу исён намонад. Ва бадин мақсад амир Сайидхоҷа номеро барои иморати қалъаи Тӯс фиристод. Ва «дар он овон, ки амир Сайидхоҷа ба иморати Тӯс иштиғол дошт, мунҳиён ба самъи ӯ расониданд, ки Хоҷаъалӣ Сабзворӣ (писари Хоҷа Масъуди Сабзворӣ) ҳуқуқи айёдӣ (некиҳо) ва эҳсони ҳазрати Соҳибқиронро ба тоқи нисён ниҳода, ба истизҳори ҷамъе аз сарбадорони бемиқдори гарданкаш сарафрозӣ мекунад ва дар мулк доиянбозӣ менамояд. Амир Сайидхоҷа чун ин хабар бишнид, бе лабсу диранг бар маркаби таваккал савор шуда, бо он миқдор сипоҳ, ки дошт, ба оҳанги ҷанги мухолифон дар ҳаракат омад ва то марғзори Родгон инон бознакашид. Дар он ҷо рӯзе чанд таваққуф намуда, ба атрофи вилоят ҷиҳати эҳзори лашкар мусреъон фиристод. Ва дар ин асно амир Мизроб ба ӯ пайваст. Ва он ду амир ба иттифоқ сесад савори ҷаррорро ба расми минқалой ба тарафи Сабзвор фиристоданд. Ва Хоҷа Султонъалӣ аз таваҷҷуҳи сипоҳ огоҳ гашта, дувист савори мукаммалро номзади дафъи туркмонон карда. Ва дар ҳаволии Баҳробод ҳар ду фариқ ба ҳам расиданд ва ноираи муҳориба иштиъол ёфт ва сабзвориён ғолиб омаданд ва аксари туркмононро ба қатл оварданд. Ва чун амир Сайидхоҷа бар ин ҳол иттилоъ ёфт, бо дувоздаҳ ҳазор савор ба таъҷил илғор фармуда, ба ҷанггоҳ расид. Танҳое бесар дид ва аз мухолифон як нафар надид. Ва аз он ҷо мутаваҷҷеҳи Чочурм гардид ва тойифае мардуми беоқибат ба ҷанг пеш омаданд ва аз тарафайн мардуми бисёр захмдор шуданд, то он ғоят, ки амир Сайидхоҷаро захми тире расид ва он шердил захмҳои худро пинҳон дошт ва чанд рӯз дар хуфя марҳаму фатила мениҳод, чунончи ҳеҷ кас аз ҳавоссу муқаррабони ӯро бар он иттилоъ наёфт. Алқисса, ба муддати се-чор рӯз се чаҳордевори қалъаи Чочурмро монанди чашми зиреҳ ва хонаи занбур сохтанд ва бурҷу боруи онро андохта, қатле ба ифрот карданд. Ва амир Сайидхоҷа баъд аз қатли аҳли қалъа мутаваҷҷеҳи Фарюмад гашт ва суккони он ҳудуд ва навоҳие, ки паноҳ ба қалъа бурда буданд, сипари мухолифат дар рӯй кашида, мутаваҷҷеҳи разму пайкор шуданд. Ва муҳориботи саъб воқеъ шуда. Амир Сайидхоҷа даст аз ҷанг бардошт ва фармон дод, ки боғоти эшонро хароб созанд ва дарахтонро аз бех баркананд. Ва лашкариён ба он муҳим машғул шуданд. Ва мардуми Фарюмад содот ва уламоро шафеъ сохта, амир Сайидхоҷа аз сари ҷаримаи он ҷамоат даргузашт ва бисёре аз он чӣ иктифо намуда, мутаваҷҷеҳи қалъаи Марсиён шуд ва Марсиёнро дар таҳти тасарруф оварда, рӯй ба Сабзвор ниҳода ва дар зоҳири он диёр фуруд омада, фармуд, ки лашкариён гирди худ хандақ канданд.

Ва чун даҳ рӯз аз муҳосираи Сабзвор бигузашт, ногоҳ хабар расид, ки Пирподшоҳ (писари Луқмон подшоҳ – ҳокими Ҷурҷон) изҳори мухолифат карда, ба вилояти Ҷувайн даромадааст. Амир Сайидхоҷа даст аз ҷанги сабзвориён бардошта, мутаваҷҷеҳи Пирподшоҳ шуд. Ва Хоҷа Султонъалӣ аз тангнои муҳосира берун ҷаста, ба Пирподшоҳ пайваст ва ҳар ду лашгар наздики якдигар расида, аз ҷонибайн саффҳо рост карданд. Ва амир Сайидхоҷа дар қӯл (қалби лашкар) ва амир Мизроб дар маймана қарор гирифтанд ва Темур-буко ва Шайхсултон ва Абобакр дар майсара манзил карданд. Ва аз он ҷониб Пирподшоҳ дар қалб истода ва Хоҷа Алии Сабзворӣ бо ҷамъе сарбадорон дар маймана таваққуф намуд ва майсараро ба вуҷуди тоифае аз баҳодурони Мозандарон ороиш доданд». Ва аммо дар ҷанги нобаробар лашкари исёниён шикаста шуд. «Ва сипоҳи мансур ғанимати фаровон гирифт. Ва амир Сайидхоҷа ду рӯз аз ақиби он рӯзбаргаштагон рафт ва қатли бисёр карда, ба ҷониби Сабзвор муъовадат намуд».

Чун ки аз ин навиштаҳо бармеояд, доманаи ин исён аз доираи марказии собиқи давлати Сарбадорон – шаҳри Сабзвор берун рафта, қариб тамоми ҳудуди Хуросони шимоли ғарбӣ ва ҳатто Мозандаронро низ фаро гирифта буд. Яқин буд, ки дар муқобили чунон сипоҳи ҷаррори темурӣ истодагарӣ кардан кори осон набуд, вале дар ҳар сурат ҷунбиши мазбур сарони мамлакати темуриро ҳушдор медод, ки бо ин мардум аз тариқи сулҳу салоҳ ва ҳукмронии муътадилтар раванд. Агарчанде дар он лаҳазот лашкари шоҳрухиён қатлу ғорат ва харобкории фаровон карданд, вале баъдан Шоҳрух маҷбур шуд, ки он харобиҳоро то андозае барқарору ҷуброн кунад ва ҳолати мамлакатро дар ин минтақа ба эътидол оварад.

в) Дар Сиистону Ғур: таҳти ливои бозмондагони Куртҳои Ҳирот

Яке аз марокизи умдаи озодидӯстони бисёр давру замонҳо – сарзамини пурифтихори Сиистону Ғури тоҷик ин дафъа низ аз риояи он анъанаи таърихии хеш ғофил намонд. Ин навбат дар минтақаи мазбур ливои озодихоҳон ба дасти тоҷикони Ғур барафрошта шуд. Ҳофизи Абрӯ, ки худ дар он ҳангом 47-сола буд, аз зуҳури он ҳодиса ба хубӣ ёд дошт, бадин восита дар таърихномаи хеш бобе тартиб дода аз он хабар додааст, ки мухтасари он ба қарори зайл аст:

«Зикри фиристодани лашкар ба ҷониби Ғур ва ғуриён [дар соли 1407]

Баъд аз он, аз ҷониби Ғур хабар расид, ки ҷамъе аз муфсидон – гурӯҳе аз Ғур ва баъзе аз Сичистон – муқаддамуҳум писари малик Исмоил ибни малик Муслиҳ, ки аз тарафи Ҳиндустон ба вилояти Ғур даромада ва Муҳаммад Сипаҳбади Ғур, ки падарони ӯ дар замони мулуки оли Курт ҳоким будаанд ва дар Ғур бо чанд тан аз шуҷъони бебок ва абтоли саффҳо аз ғояти кор ноандешида, бунёди фитнаву фасод ва сари тавилаи шарру инод гаштаанд ва сари пурбоди фузул ба наҳбу тороҷ бараҳна карда, сипари хазлону ҷаҳолат бар сар об афканда ва аз сари хубси ақоид хаёлоти фосид ба димоғ роҳ дода ва чанд тан аз коркунону уммол, ки ба забти моли он навоҳӣ рафта буданд, ба дараҷаи шаҳодат расонида ва дар навоҳии Ғур дасти наҳбу ғорат баргушода ва раъоёи он мавозеъ аз дасти ҷавру таъаддии эшон поймол шуда.

Бандагии ҳазрат хост, ки рикоби олӣ бад-он савб дар ҳаракат оварад ва азимати ҳумоюн ба дафъи он ҳодиса ба имзо расонад. Ҷамъе аз умаро ва нуввобу аркони давлат ва аъёни ҳазрат... маъруз гардониданд, ки [ба дафъи ин ҳодиса омодаанд] ...Мисоли олӣ... ба нафоз анҷомид, ки амир Шайх Луқмони барлос ва амир Ҳасани ҷондор бо чанд ҳазор савору пиёда дар мутобаъату мушояъати эшон бираванд ва ба дафъи он ҳодиса қиём намоянд...

[Ва ин амирон чун] қариби он ҷамоат расиданд, аҳволи эшон тафаҳҳус намуда, чунон маълум шуд, ки ҷамъе анбӯҳ, аз хасоису-н-нос ва авбоши Ғуру Сичистон бар эшон гирд омадаанд ва низ Мавдуди Гармсерӣ дар садади мадади эшон омада. Бино бар ҳазму эҳтиёт, ба сари эшон нарафтанд ва сурати он ҳол маърузи ҳазрати салтанатшиорӣ гардониданд.

Бандагии ҳазрат амир Ҷаҳонмалик ва амир Сайидаҳмади Тархонро ва амир Фармоншайхро бо нуҳ қӯшун (!) ба мадади эшон фиристод. Аз яйлоқи Кайту ин ҷамоъат чун ба асокире, ки пештар рафта буд, мулҳаққ шуданд. Ба иттифоқи якдигар мутаваҷҷеҳи ёғӣ гаштанд. Ва чун бад-он ҷамоъати беоқибат расиданд, тойифаи мутаҷаннида ба рағбате содиқ ҳисоми интиқом аз ниёми эътизом баркашиданд ва дар як лаҳза кори эшон ба инқитоъ расониданд ва дар он диёр аз фуҷҷор (табаҳқорон) дайёр (кас) нагузошт ва ба андак муддат ва саҳл фурсате димор аз ниҳоди эшон бароварданд... Писари малик Исмоил малик Муслиҳ, ки умдаи кор ва иддаи истизҳори он қавм буд, гирифтор гашт. Ӯро муқайяд гардонида... ба Ҳирот... расонида, аз баҳри ибрати дигар мутамарридон бар дарби Майдон маслуб (ба дор кашида) гашт...

Чун ин фатҳ муяссар гашт... асокири мансур муроҷиат намуданд ва бо ахзи ғаноим ба даргоҳи олампаноҳ расид.

Чун ки аз навиштаҷоти мазбур маълум мегардад, Ҳофизи Абрӯ аз ғояти ноилоҷӣ, ба хотири ҳақ намудани лашкаркашии Темуриён алайҳи ғуриён, калимоти қабеҳгунаро барои озодихоҳон истифода карда, онҳоро аз ҷумлаи фасодкорони разил эълом медорад. Ҳуҷуми ғуриён ба хироҷғундорони давлати Темурӣ худ баёнгари он аст, ки мардум аз супоридани боҷу хироҷҳои мутааддиди миёншикан ба дод омада, бадин хотир аз ноилоҷӣ бо «думи шер бозӣ кардаанд», на ин ки «аз ғояти кор ноандешида» ба ин амали марговар даст задаанд. Ва ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон чунин ҷунбиши бузурги мардумиро, ки воқеан ду мамлакат (Систону Ғур)-ро дар бар мегирифт, тӯдаи авбошу раҳзан муаррифӣ кард. Ва дигар ин, ки ба муқобили эшон фиристодани «нуҳ қӯшун» мухбир аз хеле бузург будани доира ва шумораи шӯришгарон аст, ки иборат аз як тӯдаи раҳзанон донистани онон ҳеҷ ба ақл бар намеояд.

Агар бо шикаст хӯрдани ин ҷунбиш дар сарзамини Ғур оромие падид омада бошад, пас дар Сиистон доманаи он канда нашуд, балки имтидод ёфт. Ҳатто дар баъзе манотиқи атроф низ бошандагони маҳаллӣ ба осонӣ гардан намефуроварданд. Аз ҷумла, Мирхонд ҳангоми баррасии ҳодисоти соли 1408 менависад, ки Шоҳрух пас аз як соли ҳодисаи Ғур маҷбур шуд, ки шахсан бо лашкари гарон ба сӯи «гарданкашон»-и Исфизору Фароҳ биравад. Пас аз муборизаҳои нобаробар Шоҳрух ғолиб омад. Аммо дар яке аз қалъаҳои назди Сиистон мавсум ба Ҳисори Овак муддати муҳосира имтидод ёфт, аҳволи мардуми қалъа чунон вазнин шуд, ки онҳо дар ниҳояти кор танҳо «бо оби чоҳ рӯзгор мегузарониданд ва лашкариён нақб зада, оби чоҳ низ бозситаданд» ва пас аз он таслим шуданд. Шоҳи Сиистон Қутбуддин ҳамоно бо Шоҳрух дар мақоми зиддият қарор дошт ва ҳеч сари инқиёд фуруд намеовард ва мардуми Сиистон низ дар пайравии шоҳи худ қарор доштанд. Мирхонд меафзояд:

«Оташи хашми ҷаҳонсӯз забона ба фалаки асир кашида, Шаҳнаи қаҳр (яъне Шоҳрух) фармон дод, ки саддҳои Сиистон, ки аз аҳди Рустами Дастон баста буданд, бишикастанд ва ҳамаро вайрон сохтанд ва даст ба наҳбу ғорати он вилоят бароварданд. Ва дар он мавзеъ аз мазореъ (киштзор) асар нагузоштанд ва бо вуҷуди он, ки дар он мамлакат ғалла бисёр мебошад дар андак замоне дуди қаҳт аз дудмони мардум баромад ва харобии беҳадд дар он ҳудуд зуҳур ёфт.

Ва Мирзо Рустам (набераи Темур) дар он вилоят аз Ироқ омада буд ва амир Мизроб бар ҳасаби фармон ба вилояти Зира рафт ва чун осори бениҳоятӣ дар он мамолик ба мартабае зоҳир шуд, ки мазиде бар он мутасаввир набувад. Ҳазрати хоқони саъид (Шоҳрух) азми муроҷиат фармуд... ва дар салхи моҳ (21 октябри соли 1408) ба... Ҳирот нузули иҷлол фармуд».

Ин буд натиҷаи як «сафар»-и «шоҳи одили Темуриён» - Шоҳрух барои саркӯб кардани «тӯдаи авбош» дар дохили кишвари худ. Чунин амал бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки табиати хунхориву вайронкории ақвоми ишғолгари турку муғул дар қуруни вусто ҳеч гоҳ қатъ намеёфт. Иттифоқан агар нафаре аз онон «фарҳангӣ»-ю «одил» ҳам буда бошад, вале дар лаҳзаҳои «даркорӣ» метавонист аз худ ваҳшонияте зоҳир кунад, ки ба солҳову асрҳо дигар ислоҳ напазирад. Ва комилан вайрон шудани сарзамини қобили кишту зироате чун Сиистони афсонавӣ танҳо тавассути ана ҳамин гуна ақвоми ваҳшӣ сурат гирифта метавонист, ки Шоҳрухии «илмпарвар»-и онон бад-он нуқтаи таммат гузошт. Ва аммо муаррихи бузурги афғон Устод Абдулҳай Ҳабибӣ бо камоли боварӣ менависад: «Вай (яъне Шоҳрух)... тамоми ҷароҳоти футуҳоти чингизию темуриро дар Афғонистон марҳамгузорӣ намуд», ки ба ҳеч ваҷҳ ба ин гуфта наметавон розӣ шуд.

Ҳанӯз муаллифи маҷҳули «Таърихи Сиистон» якчанд қарн қабл аз ин «илтифот»-и Шоҳрух навишта буд, ки пас аз он ки аввалин маротиба пои туркони ғоратгар ба Сиистон расид ва Маҳмуди Ғазнавӣ дар соли 1002 хутбаро ба номи худ кард, ӯ аввалин турк буд, ки дар ин кишвари поки тоҷикон ба ҳукумат расид. Ва чун бар минбари ислом ба номи туркон хутба карданд, ибтидои меҳнат [азобу машаққат]-и Сиистон он рӯз буд! Ва Сиистонро ҳанӯз ҳеч осебе нарасида буд, то ин вақт. Ва андар ҷаҳон, аз рӯзгори Яъқуб ва Амр ҳеч шаҳре ободонтар аз Сиистон набуд. Ва «Доруддавла» гуфтаанд Нимрӯзро, то он рӯз, ки амир Халафро аз Сиистон бибурданд, ба хилоф, ки мардумон бар ӯ карданд. То диданд, ки чӣ диданд ва ҳанӯз мебинанд! Ва Эзад донад, ки чанд рӯзгор баргирад?». Воқеан ҳам ин гуфтаи пайғамбаронаи муаллифи маҷҳул зина ба зина то ба комилан мунҳадим шудани ин кишвари зебо амалӣ шуд ва асосан ба сарзамине хушку беоб ва безироат мубаддал гашт.

Хароб шудани Сиистон то ҳадде муассир буд, ки бузургтарин муаррихи дарбории Темуриён - Мирхонд шарти хизматгузориро бар хоҷагони худ як сӯ гузошта, ин ваҳшонияти ононро то ҳадде баҳо гузошт, ки ба гуфтаи ӯ ваҳшониятеро аз ин болотар тасаввур наметавон кард.

г) Дар Хатлон: таҳти ливои аҳли тасаввуф

Чунонки гуфта омад, аз ҷавру зулми хунхорони темурӣ ҳеч гӯшае аз қаламрави кишвари азими тоҷик ором набудааст. Дар қисмати Мовароуннаҳри сарзамини тоҷик асосан кашмакашиҳои дохилидарбории темуриён сурат мегирифт ва чунон менамуд, ки гӯё мардуми тоҷикро ҷуръату имкони сар бардоштану дам аз истиқлол задан набуд. Албатта дар ин «лона»-и хунхориву даҳшат бисёр ҷуръату шердилии азим мебоист, то алайҳи ин мардумхорон сар баланд бикунанд. Дар ин миён ё мавқифи ҷуғрофиёии саъбулубур ва ё ҷуръати рӯирости мардумӣ кор дода метавонист.

Мавқеи ҷуғрофиёии Бадахшон ва ҷуръати мардумони он то андозае ба амале чунин мутобиқ буд. Бадахшониён на танҳо пас аз Темур, балки дар замони ҳукмронии худи ӯ низ бо вай дар муҳориба шуда, ҳатто дар яке аз муҳорибаҳо қариб ӯро ба қатл расонида буданд. Ва акнун дар замони Шоҳрух низ ҳукумати марказии темурӣ аз шоҳони Бадахшон дар ташвиш буд. Сарчашмаҳо аз саркашию тамаррудҷӯии онҳо борҳо хабар додаанд. Дар ҳар сурат, ба иллати мавқеи ногувори ҷуғрофиёӣ ҳукуматҳои марказӣ ба Бадахшон камтар дар «баҳсу мубоҳиса» мешуданд.

Хитаи дигари тоҷикнишин — Хатлон низ ҳадафи муборизаҳои ҳукуматдорони темурӣ қарор гирифт. Ҷуръату ҷасорати хатлониён ҳанӯз аз қадимуззамон маълум буд: аз ғалабаи эшон ба аъроби истилогар, ҷангҳо бо ғазнавиён, задухӯрдҳо бо қабоили ғуз ва ғайра маълум мегардид, ки эшон ҳеч гоҳ бо ғосибони кишвари худ ба осонӣ сар хам накардаанд. Ин дафъа низ маркази муборизаи зидди темурӣ сарзамини Хатлон қарор гирифт. Чунон ки қаблан машруҳ шуд, Темур ҳамеша аз ин гӯшаи қаламраваш дар ташвиш буд, на танҳо ҳокимони Хатлон бо ӯ сари душманию инқиёд доштанд (матлаб Кайхусрави Хатлонӣ ва олу авлоди ӯст, ки қаблан дар ин бора гуфтаем), балки дигар қувваҳои зидди темурӣ низ табиати озодидӯстии мардуми Хатлонро ба назар гирифта, дар ин сарзамин ҷамъ меомаданд; аз ҷумла суфиёни инқилобӣ бо сарварии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ (1314–1384) ин маконро мақарри худ қарор дода буданд ва муборизаҳои пинҳонии ғоявии онҳо пайваста идома меёфт.

Яке аз шогирдони донишманду бовафои Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, муборизи матини роҳи озодии миллӣ ва аз ҷумлаи мутасаввифаи бузурги инқилобӣ Хоҷа Исҳоқ ибни амир Оромшоҳ Алишоҳии Хатлонӣ (1330–1424) дар садади он шуд, ки муборизаҳои чандинсолаи ғоявии пири худ ва ҳаммаслаконони шогирдонашро амалӣ созад. Хоҷа Исҳоқ пас аз оне, ки аз тарафи пири худ пешвои аҳли тасаввуфи кулли Хуросону Мовароуннаҳр эълом дошта шуд, имкон пайдо кард, ки аксари мутасаввифаи инқилобии тоҷикро дар атрофи худ ҷамъ биёварад. Дар он рӯзгори вазнин мардуми бечора барои беҳбуд бахшидани ҳаёти худ ягон умедгоҳе надошт, зулми турку муғули ишғолгари хунхор, илова бар ин, дар хизмати эшон будани рӯҳонияти расмии мутаассиб (то ҷое, ки Темурро аз шахсиятҳои муқаддаси исломӣ эълом дошта буданд) мардумро бад-он мекашонанд, ки танҳо рӯ ба аҳли тасаввуф - исломиёни озодандеши адолатхоҳ биёваранд. Ва дар он ҳангом нуфузи чунин шайхон ба ҳадде будааст, ки қариб аз тамоми табақоти ҷомеа бад-эшон гирд меоманданд. Чунон ки Парвизи Азкоӣ бо нақл аз номи Нуруддин Ҷаъфар Дастобозории Бадахшӣ (1339–1395) - бузургтарин шогирди Мирсайид Алии Ҳамадонӣ менависад: «Ҳазрати Мир (Алии Ҳамадонӣ) худ дар Хатлон сокин гардиданд, акобиру ашрофи он диёр ба шарафи иродати эшон мушарраф шуданд. Чунон ғавғову издиҳоме даст дод, ки агар касе мехост ба шарафи муҷоласату мухолатати вай мушарраф гардад, тараддуди бисёр ва мулозамати бешумор мебоист намуд, то давлати мулоқот муяссар гардад. Муғавиёну муфсидон ба амир Темури Гуракон арз карданд, ки саййиде дар Хатлон пайдо шуда ва муриди бениҳоят ба ҳам расонда ва мудаъии салтанат аст. Аз ҷумла Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ писари амир Оромшоҳ муриди вай гашта. Чун амир Оромшоҳро дахли тамом дар салтанати амир Темур буда, андеша намуда, ки иродати Хоҷа Исҳоқ боиси салтанати вай гардад». Ва албатта ин тахмини Темур аз ҳақиқат дур набуд, зеро падари Хоҷа Исҳоқ аз ҷумлаи ҳукуматдорони маҳаллии Хатлон буд ва бадин восита хонадони онон метавонистанд аз дастгирии мардум истифода карда, ҳукумати мустақили худро таъсис диҳанд. Ин ташвиши Темур то охири умраш имтидод дошт ва ҳамчунон, то ба замони ҳукмронии фарзандонаш расид, махсусан, Шоҳрухро сахт безобита месохт.

Хуллас, Хоҷа Исҳоқ ба пиронсолии худ нигоҳ накарда (дар он ҳангом 93-сола буд), дар садади сарнагун кардани ҳукумати Темуриён аввал дар Хатлон ва баъдан то ҷое, ки имкон дошт, дар дигар манотиқи кишвари тоҷик шуд. Мақсади ниҳони ӯ «ташкили як давлати суфиёна буд», ки метавон онро яке аз охирин кӯшишҳои ҷиддии барқарор намудани давлатдории миллии тоҷикон дар сарзамини худ номид. Ба ин мақсад ӯ тамоми муридону пайравон ва махсусан, пешвоёни аҳли тасаввуфро аз манотиқи мухталифи Мовароуннаҳру Хуросон пинҳонӣ ба Хатлон даъват кард, то аз ин ҷо ба шӯриши умумӣ оғоз кунанд. Хоҷа Исҳоқ ягона роҳи муваффақиятноки ташкил кардан ва ба пирӯзии ниҳоӣ расидани ин ҷунбиши умумихалқиро дар он медид, ки яке аз ин мутасаввифаро «Маҳдӣ» эълом дорад, то мардум бо тамоми ҳастӣ бад-ӯ гараванд. Чун «зуҳури Маҳдӣ» дар тафаккури мардуми мусулмон зуҳури марди наҷотдиҳанда аз зулму таъаддӣ ва амсоли ин буд, Хоҷа Исҳоқ бад-он шуд, ки шояд мардуми аз зулму ситам баҷономада ба зудӣ зери ливои шиори чунин марде иттиҳод кунанд. Бадин хотир яке аз шогирдони донишманду ҷасури хеш Муҳаммад ибни Абдуллоҳро (таваллудшудаи Қоини Хуросон, вафот: 1464), ки аз ғояти донишмандӣ ба ӯ лақаби «Нурбахш»-ро гузошта буд, интихоб кард ва «Маҳдӣ»-ву пешвои қиём эълом дошт. Интихоби «Маҳдӣ» ба баъзе суфиён, аз ҷумла шогирди донишманди Хоҷа Исҳоқ Сайид Абдуллоҳи Барзишободии Машҳадӣ мақбул наёфтод ва иддае аз аҳли тасаввуфро, ки барои қиём дар Хатлон гирд омада буданд, пайрави худ сохт ва аз шӯриш даст кашид. Бо вуҷуди ин, бештаре омодаи шӯриш шуданд. Ва аммо хиёнаткорон кори худро карданд.

Бо вуҷуди ин, ҷунбиши мазкур «ба соли 826 (ё 827 мутобиқ ба 1423/24) дар кӯҳи Тирӣ (ки имрӯз бо кӯҳи Пирӣ маъруф аст) аз қалъаҳои Хатлон оғоз гардид».

«Ин хабар ба Мирзо Шоҳрух мерасад, ки Хоҷа Исҳоқ саййидзодаеро «Маҳдӣ» хонда ва подшоҳ сохта ва мегӯянд, ки Имом аст. Подшоҳ ба он ҷониб лашкаре мефиристад. Меоянд ва ҷанг мекунанд. Ду писари Хоҷа Исҳоқ ва қариб ба ҳаштод тан аз суфия ва ҷамъи дигар дар ин қазия ба қатл мерасанд. Ва Мирсаййид Муҳаммад (Нурбахш)-ро гирифта ва муқайяду маҳбус месозанд». Маълум аст, ки Темуриён пайваста ҷосусони худро дар Хатлон муваззаф сохта буданд, ки аз кори суфиён хабар диҳанд. Ҳамчунони дигар, баъзе аз суфия «дар мулозимати Мирзо Шоҳрух буданд, ки бо Хоҷа Исҳоқ адовати қадимӣ дошта будаанд» ва бадин восита ба бадном кардан ва баъдан нобуд сохтани ӯ мусоидат кардаанд. Ба ақидаи Ч. С. Тримингэм дар соли 1423 эмиссарон (намояндагони махфии давлатӣ)-и Шоҳрух Хоҷа Исҳоқро ба қатл мерасонанд. Роҷеъ ба ин қиём ва оқибати он аз ин бештар маълумоте нест, магар ин ки афзудаанд, Хоҷа Исҳоқ ё дар ҷанг ба шаҳодат расида ва ё дастгир шуда, дар Балх дар рамазони соли 1424 ҳукми қатл содир шуда дар 93 (ё94)-солагӣ мақтул мегардад.

Оромгоҳи ӯ ҳоло дар деҳаи Хоҷаисҳоқи ноҳияи Кӯлоб ҷойгир ва назди аҳли деҳа ривояти мухталифе роҷеъ ба ин марди мубориз мавҷуд аст, ки овардани онҳо на дархури матолиби ин сафаҳот аст.

Ва аммо ривояти дигаре низ ҳаст, ки гӯё дар ҷанг захмӣ шуда, муридонаш ӯро ба кӯҳистони баланде пинҳон мекунанд ва бадин восита дар ин авохир донишманди тоҷик Ҳамза Камол ба хулосае омадааст, ки «Мазори Хоҷа Исҳоқ» дар кӯҳҳои Фон иборат аз ӯст.

Ҳамчунони дигар дар шаҳри Кобул мазори дигарест бо номи «Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ», ки то ба имрӯз ҳар соле як маротиба суфиён аз амокини мухталиф дар гирди марқади ӯ ҷамъ меоянд ва маҳфилҳои бузурги суфиёна барпо мекунанд. Ҳамин тавр, муаммои мадфани Хоҷа Исҳоқ то ба охир ошкор нест.

Чунон ки дида шуд, ҷунбишҳои мардумии тоҷикон дар се маркази муҳими сукунати онон қариб ки дар як вақт (ки имрӯз дар ҳудуди Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор доранд) ба зуҳур пайвастанд ва сардамдорони Темуриро ҳушдор доданд, балки маҷбур сохтанд, ки дар сиёсати минбаъдаи худ аз ифрот дар зулму таъаддӣ даст кашанд ва роҳи эътидолро пеш гиранд. Агарчи минбаъд ҳам кори ҷавру ситам дар ин сарзамин идома дошт, вале шиддати он хеле поин рафт, яъне об пошидани мардум ба оташи зулм беҳуда набудааст, балки коргар омад ва минбаъд то зуҳури ақвоми дигари саҳрогард (яъне узбакони Шайбониён) мардуми азияткашидаи тоҷикро оромии нисбие фаро гирифт.

Аммо як нуқта аст, ки он набояд мавриди тағофул ё бепарвоии минбаъдаи муҳаққиқин қарор бигирад, чунон ки то ба имрӯз будааст. Ҳарф сари ҳақиқати ҷунбишҳои мазкур аст. Аз осори таърихӣ ва таҳқиқоти мутааххири иддае аз муаррихин бармеояд, ки ин ҷунбишҳои мардумиро бештар ҳамчун саркашии лашкаркашони ҳокимони зердасти Темуриён ба хотири ғасби ҳокимият ва ҳамчун фасодкорони имперотурӣ тафсир кардаанд. Ва ин бештар ба он хотир будааст, ки эшон ба Шоҳрух эҳтиромоти мабзул медоштанд. Ҳатто Устод Абдулҳай Ҳабибӣ барин донишманд зоҳиран аз ин исёнҳо хушбин нест, чунончи дар ҷое менависад, ки «Шоҳрух тамоми сафаҳоти шимолии Афғонистонро то Тахористону Хатлон [аз шӯришгарон] пок намуд». Шояд донишмандони мазкур ин нуктаи муҳимро ба назар гирифтаанд, ки Шоҳрух тавонист як давлати пурқудрат ва муҳимтар аз ҳама давлати мутамаддини он замонро падид овард, барои инкишофи тамаддуни исломӣ-эронӣ шароитҳои мусоид фароҳам овард ва онро аз ҷаҳонбинии нимаваҳшии туркӣ-муғулӣ афзалтар эълом дошт ва амал кард ва ғайраву ҳоқазо ва бадин сабаб аз «сарзаниш»-и ӯ чашм пӯшидаанд. Вале ҳақиқати таърихӣ, то ҷое ки дар фавқ мухтасаран баён шуда, дар паҳлӯи навиштаҳои донишмандони арҷманд аст, на дар дохили он. Ва чунон ки асноди таърихӣ собит месозанд, дар дигар сохтани табиати ин ғосибони туркӣ-муғулӣ, моил гардонидани онҳо ба зиндагии осоишта, тараққии тамаддуну фарҳанг, ободгардонӣ ва амсоли ин гуна корҳои хайри инсонӣ, бидуни шубҳа ба воситаи таъсири амиқи мардуми бумӣ, аз ҷумла ба воситаи ҷунбишҳои мазкури миллӣ низ будааст.

Н. Амиршоҳӣ.

Шайбониён

Ибтидои асри 16 дар сарзамини Мовароуннаҳр табаддулот ва таҳаввулот дар низоми сиёсӣ ва умури идорӣ ба амал омад. Қабоили кӯчии муғул ва муғулони туркшуда бар 92 қабила, ки мусаммо ба узбек буданд, бо истифода аз низоъҳои дохилии охирин намояндагони сулолаи Темуриён аз Дашти Қипчоқ зери сарварии Муҳаммади Шайбонӣ ба Мовароуннаҳр ҳуҷум карданд.

Соли 1500 Шайбонихон бо кумаки ҳокими Тошканд Маҳмудхони муғул, ки 5000 сарбозро дар ихтиёраш гузошта буд, ба ҷониби Самарқанд лашкар кашида, онро муҳосира кард. Аъёну ашрофи Самарқанд сокинони шаҳрро ба муҳофизати он даъват карданд. Ҳокими Бухоро Муҳаммад Боқӣ тархон бо 10 ҳазор лашкар тасмим гирифт, ба самарқандиёни муҳосирашуда кумак намояд. Ин хабар Шайбонихонро маҷбур кард, ки аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ба набарди Муҳаммад Боқӣ тархон биравад. Дар наздикии дижи Дабусия миёни Муҳаммад Боқӣ тархон ва Шайбонихон ҷанг ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа лашкари Муҳаммад Боқӣ тархон шикаст хӯрд. Баъди ин пирӯзӣ Бухоро бо мусоидати ашрофи он бе ҷанг тобеи Шайбонихон шуд.

Низоъҳои дохилӣ ва қасди ҷони ҳамдигар намудани аъёну ашрофи Самарқандро истифода бурда, Шайбонихон ба ҷониби Самарқанд лашкар кашид. Замоне ки ба рустои Тотканд расид, хабар ёфт, ки дастае аз аъёну ашрофи Бухоро бо ҳокими собиқи ин шаҳр – Муҳаммад Боқӣ тархон, ки дар Насаф паноҳ бурда буд, ҳамроҳӣ шудаанд, то Бухороро таслими ӯ гардонанд. Шайбонихон дубора ба Бухоро омад ва ҳар касеро, ки бо ҷурми хиёнат муттаҳам шуда буд, бераҳмона ба қатл расонид ва лашкариёнаш шаҳрро ба боди ғорату харобӣ кашиданд. Ӯ бар шаҳриёни Бухоро ғаромати бузурге баст, дастур дод то девори шаҳрро хароб кунанд ва бародараш султон Маҳмудро ҳокими Бухоро таъйин намуд. Соли 1500 пас аз кӯшишҳои бенатиҷаи ҷонибдорони хонадони Темуриён барои таҳрик намудани аҳолии шаҳри Самарқанд ба ҷанг алайҳи Шайбонихон ин шаҳр ба ӯ таслим шуд. Шайбонихон Ҷонвафо мирзоро, ки аз қабилаи найман буд, бо 600 ҷанговари ӯзбек дар дижи Самарқанд монда, дастур дод, то молу амволи аъёну ашрофи аз шаҳр фирор намударо тороҷ карда, ба хазина интиқол диҳанд.

Бобур, ки он замон дар шаҳри Кеш буд, ба ҷониби Ҳисор ақибнишинӣ карда, тирамоҳи ҳамон сол бо гурӯҳи 240-нафара аз тариқи кӯҳҳои Фон ва Киштут озими водии Самарқанд шуд ва шабона бо нардбонҳо вориди шаҳр гашта, лашкари дар Самарқанд будаи Шайбониёнро шикаст дод. Шайбонихон ба ҷониби Бухоро ақибнишинӣ карда, ба қалъаи Дабусия ҳуҷум овард. Қалъаро хароб ва сокинонашро қатли ом кард.

Бар асари ғоратгарии лашкари Шайбониён Самарқанд хеле хароб шуда буд ва Бобур натавонист дар баробари ҳуҷуми такронии Шайбонихон (майи 1501) аз он дифоъ кунад, ночор Самарқандро тарк кард ва Шайбонихон бар он тасаллут ёфт.

Баъди тасхири шаҳру вилояти Мовароуннаҳр Муҳаммади Шайбонӣ ба сарҳадди Хуросон наздик шуд ва тирамоҳи соли 1503 ба ҷониби Балх лашкар кашида, навоҳӣ ва қалъаи Андхӯдро бидуни набард ба даст овард.

Шайбонихон се бор ба Балх ҳуҷум кард, аммо ба шадидтарин муқовимати муҳофизони шаҳр дучор шуда, онро тӯли се моҳ муҳосира кард. Шайбонихон ночор зимистони ҳамон сол Амударёро убур карда, озими Самарқанд гашт.

Баҳори соли 1507 Шайбонихон ба Хуросон, ин дафъа ба ҷониби Ҳирот лашкар кашида, 7 майи 1507 сипоҳи темурии Хуросонро шикаст дод ва вориди Ҳирот шуд. Қисме аз лашкариёни ӯ ба қатлу ғорати мардуми Кирмон пардохта, худи ӯ ба Исмоили Сафавӣ номаи таҳқиромезе навишт ва аз Исмоили Сафавӣ хост, ки ба исми ӯ хутба хонда, ба номаш сикка бизанад.

Исмоили Сафавӣ соли 1510 ба Хуросон лашкар кашида, баъди шикасти лашкари пешоҳанги Шайбонихон ба наздикии Марв расид ва онро ба муҳосира гирифт. Чун муҳосира тӯл кашид, 30 ноябри 1510 Исмоил вонамуд кард, ки ақибнишинӣ мекунад ва 3 километр дуртар аз Марв сипоҳи худро таваққуф дод. Шайбонихон бо 30 ҳазор лашкар пайи таъқиби шоҳи Эрон аз қалъаи Марв берун омад, аммо 2 декабри 1510 лашкари 17-ҳазорнафараи Исмоил сипоҳи Шайбонихонро дар муҳосира гирифт. Шайбонихон бо 500 нафар ҳамрикобаш аз муҳосира берун омада, дар аснои фирор ба чаҳордеворе расид, ки роҳи бурун рафтан надошт ва он ҷо зери пои сарбозони фирории хеш афтода, ҷон дод.

Пирӯзии Исмоили Сафавӣ дар Марв саҳифаи муҳимме дар таърихи давлатдории Эрони ибтидои асри 16 гардид. Ғалаба дар набарди Марвро ба унвони поя ва асоси сиёсӣ дар раванди ба даст овардани истиқлоли Эрон дар аҳди Сафавиён метавон ба назар гирифт.

Дар ҳамон соли кушта шудани Шайбонихон (1510) сарварон Суюнчхоҷахон ва дере нагузашта намояндаи бузургсоли ин силсила Кучкунчихон (1510–1530) хони узбекон интихоб шуданд, аммо тамоюли таҷзияталабӣ дар миёни Шайбониён, ки замони барҳаёт будани Муҳаммади Шайбонӣ буруз карда буд, баъди марги ӯ боиси ба се даста тақсим шудани ин сулола гардид. Яке аз он гурӯҳ Кучкунчихон ва дигаре Суюнчхоҷахонро ба ҳайси хон пазируфтанд, дастаи сеюмро писари Шайбонихон – Муҳаммад Темур султон сарварӣ мекард. Муҳаммад Темур султон ба Исмоили Сафавӣ эъломи итоат карда, тибқи созиши тарафайн рӯдхонаи Ҷайҳун марз миёни Мовароуннаҳр ва Хуросони Эрон муайян шуд, тамоми навоҳии соҳили чапи Ҷайҳун ба ихтиёри Сафавиён гузашт ва ин сабаб шуд, то узбекони шайбонии бегона ватани тоҷикон – Мовароуннаҳрро моли меросии худ ҳисобида, асрҳои тӯлонӣ дар он ҳукумат кунанд.

Соли 1530 хони Шайбониён Кучкунчихон фавтид ва муддати кӯтоҳе (то 1533) писараш Музаффариддин Абусайид ҷойгузини падар шуд. Соли 1533 Убайдуллоҳхон – бародарзодаи Шайбонихон, ки ҳокими Бухоро буд, хони узбекҳо интихоб шуда, пойтахти давлатро ба Бухоро интиқол дод. Баъди фавти Шайбонихон ва ба ҳокимият расидани Кучкунчихон ва Музаффариддин Абусайид тамоми қудрати низомӣ дар дасти Убайдуллоҳхон буд. Ӯ ҳанӯз аз соли 1521 дар лашкаркашиҳо ва ғоратгариҳои Шайбониён дар Хуросон ширкат карда, мавриди мазаммат ва истеҳзои шоирони ин қаламрав (аз ҷумла Бадруддин Ҳилолӣ) қарор гирифта буд.

Ҳамин тавр то марги Убайдуллоҳхон (1539) Хуросон ба майдони муборизаи Сафавиёну Шайбониён табдил ёфта буд. Аз соли 1539 то соли 1550 оромие бар Хуросон роҳ ёфта, танҳо соли 1547 Хуросон аз ҷониби Бурокхон як бор мавриди ҳуҷум қарор гирифт.

Баъд аз фавти Убайдуллоҳхон дар Мовароуннаҳр Абдуллоҳхони I (1539–1540)–писари Кучкунчихон ба сари ҳокимият омада, давлат дучори буҳрони шадиди сиёсӣ гардид ва раванди ба вилоятҳои алоҳида тақсим гаштани он оғоз шуд. Ҳамин тавр, дар Бухоро Абдулазизхон (1540–1550) - писари Убайдуллоҳхон ва дар Самарқанд Абдулатиф (1540–1552) писари сеюми Кучкунчихон хони узбекҳо интихоб шуда, Бароқхон – писари Суюнчхоҷахон дар Тошканд, писарони Ҷонибек – Пирмуҳаммадхон дар Балх ва Искандархон дар Миёнкол ва дар Ҳисор Темур Аҳмад султон ҳокими мустақил буданд.

Солҳои 40-уми асри 16 барои тахту тоҷ миёни хонҳо ва султонҳои Шайбонӣ муборизаҳои шадид оғоз шуданд, ки дар онҳо писари 17-солаи ҳокими Миёнкол Искандархон – Абдуллоҳ султон бо дастгирӣ ва кумаки Хоҷа Ислом ғолиб омад. Соли 1557 ӯ Бухороро ишғол намуда, ба забти мулкҳои дигар шурӯъ кард. Соли 1561 Абдуллоҳ султон падари худ Искандархонро бо машварати Хоҷа Ислом хони тамоми узбекҳо эълон кард, аммо ҷилави роҳбарият иҷрои ҳамаи корҳои низомӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар дасти худаш буд. Соли 1561 шаҳри Бухоро дубора пойтахти давлати Шайбониён шуд. Абдуллоҳи II Шайбонӣ дар натиҷаи муборизаҳои шадид, тавонист вилоятҳои истиқлолталаби Мовароуннаҳрро зери фармони ҳукумати марказӣ оварад. Соли 1583 пас аз фавти падар Абдуллоҳхони II хони узбекҳои Шайбонӣ эълон гардид. Маҳз ин замон ба марҳилаи сеюми таърихи сиёсии Шайбониён ибтидо гузошт.

Абдуллоҳхон дар назди худ мақсад гузошт, ки ҳамаи мулкҳои замоне ба Шайбониён тобеъбударо ба зери фармони худ дарорад. Барои амалӣ кардани ин ҳадаф феврали 1584 ба ҷониби Тахористону Бадахшон лашкар кашид. Худи ҳамон сол лашкари узбекон Толиқон, Бағлон, Норин, Андароб ва қалъаи Зафарро ишғол кард. Ишғоли Хатлон барои Абдуллоҳхон гарон омад. Ибтидои апрели 1584 Абдуллоҳхон бо сарварии писараш Абдулмуъмин барои ишғоли Кӯлоб лашкар фиристод. Ҳудуди 40 рӯз Шайбониён натавонистанд қалъаи Кӯлобро бигиранд ва ба сахттарин муқовимати сокинони қалъа дучор шуданд, ки дар натиҷа лашкари Шайбониён талафоти бисёр дода, ақибнишинӣ кард. Ин шикасти лашкарашро Абдуллоҳхон таҳаммул накарда, бо қувваи бузург худаш ҷониби Кӯлоб ҳуҷум кард. Баъди муборизаҳо ва ҷангҳои сахт 1 июли 1584 қалъаи Кӯлоб таслим шуда, тамоми муҳофизони он ба қатл расиданд.

Бо истифода аз нооромиҳои замон, ки дар давлати Сафавиён рух дода буданд, Абдуллоҳхони Шайбонӣ давоми солҳои 1587–1593 қисми зиёди Хуросонро зери фармони худ гирифт. Талошҳои Сафавиён солҳои 1590–1592 барои бозгардондани Хуросон натиҷа надоданд. Соли 1595 худи шоҳ Аббос амалиёти низомиро бар зидди Шайбониён сарварӣ карда, шаҳри Исфароинро, ки он замон Абдулмуъмин - писари Абдуллоҳхони Шайбонӣ дар он ҷо иқомат дошт, аз ишғоли узбекҳо берун овард ва Абдулмуъмин ба Машҳад ақибнишинӣ кард. Тӯли се соли баъдӣ сипоҳи Сафавиён сарҳадди Хуросон, ки то шаҳри Симнон дар зери ҳукумати Абдуллоҳхон буд, убур накард.

Ин замон пояҳои давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ оҳиста-оҳиста заиф мегашт. Шоҳ Аббос аз ин ҳолат хабар дошт ва ба ҳуҷуми густурдае ба Хуросон омодагӣ мегирифт. Агарчи дар охири соли 1597 сафири нави Абдуллоҳхон аз ҷониби дарбори шоҳ Аббос қабул ва ҳатто ба ҳузури шоҳ пазируфта шуд, аммо муносибат нисбат ба ӯ таҳқиромез буд. Шоҳ Аббос аз сафири Бухоро омодагиҳои худро ба як лашкаркашии густурда бар зидди Шайбониён, ки тобистони соли 1598 анҷом додан мехост, пинҳон намедошт.

Ҷиддитар аз ин барои сарнавишти давлати Абдуллоҳхони Шайбонӣ шиддат ёфтани буҳрони дохилии кишвар, аз ҷумла ихтилоф миёни Абдуллоҳхони куҳансол ва писари худхоҳи ӯ Абдулмуъмин буд. Баҳори 1597 Абдуллоҳхон ба ҳамаи ҳокимони Хуросон амр дод, ки ҳеҷ кадоме аз дастуроти Абдулмуъминро иҷро накунанд, ин амал боиси ҷанги ошкоро миёни Абдуллоҳхон ва Абдулмуъмин гашт. Абдулмуъмин ба Балх боз гашт ва барои лашкаркашии нав ба Мовароуннаҳр омодагӣ медид.

8 феврали 1598 Абдуллоҳхони Шайбонӣ фавтид ва аз худ давлатеро дар ҳоли буҳрон ва парешонӣ ба мерос гузошт. Баъд аз марги Абдуллоҳхон Абдулмуъмин бе монеа тахти Бухороро гирифта, ҳамаи онҳоеро, ки дар рикоби падараш бар зидди ӯ буданд, аз дами теғ гузаронд. Балвое чандро дар кишвараш фурӯ нишонд, сипоҳи азим гирди ҳам оварда, азми лашкаркашӣ ба Хуросон кард, аммо дар роҳи Зомин (наздикии Ӯротеппа) ҷонибдорони падараш бо сарварии Абдусамадбӣ, ки дар ин лашкаркашӣ ҳамроҳаш буданд, қасд ба ҷонаш карда, ӯро 27 июни 1598 ба ҳалокат расониданд. Ҳамин тариқ, бо марги Абдулмуъмин ашрофи кӯчии шайбонӣ ва намояндагони рӯҳонии суннии Мовароуннаҳр ба ду дастаи бо ҳам душман тақсим шуданд, ки яке дар Бухоро ва дигаре дар Балх фаъолият намуда, ҳар кадоме аз ин гурӯҳ намояндаи худро барои тахти хонӣ номзад мекарданд.

Дар чунин фазои нобасомон хоҳарзодаи Абдуллоҳхон – Динмуҳаммад, ки аз ҷониби падарӣ ба табори Аштархониён мепайваст, барои ҳифзи ҳукумат дар Ҳирот мубориза мебурд.

Сипоҳиёни шайбонӣ, ки дар шаҳрҳои Хуросони Ғарбӣ буданд, он минтақаҳоро худсарона тарк гуфта, ба Мовароуннаҳр баргаштанд. Динмуҳаммад ба шоҳ Аббос пешниҳод кард, ки Машҳад зери ҳукумати Сафавиён ва Ҳироту вилояти он марбут ба Шайбониён бошад, аммо шоҳ Аббос ин пешниҳодро рад намуд, ки боиси ҷанги навбатии тарафайн шуд.

10 августи 1598 дар 24-километрии шаҳри Ҳирот миёни Сафавиён ва Шайбониён охирин набард барои Хуросон рух дод, ки дар натиҷа лашкари Шайбониён шикаст хӯрда, Динмуҳаммад бо бардоштани захм ҳангоми фирор дар роҳи Мовароуннаҳр фавтид ва Хуросон зери фармони Сафавиён қарор гирифт.

Бо истифода аз вазъи нобасомони Мовароуннаҳр хони қазоқ Таваккал ба ин сарзамин ҳуҷум ва Аҳсикат, Андиҷон, Тошканд, Самарқанду Миёнколро ишғол карда, ба бародари худ Ишим султон дод ва худ ҷониби Бухоро лашкар кашид. Дар ҷанги наздикии Бухоро Таваккал аз ҷониби хони Бухоро – Пирмуҳаммад шикаст хӯрда, ба тарафи Самарқанд ақибнишинӣ кард. Дар ин муддат аз Ҳирот ба назди Пирмуҳаммад бародари Динмуҳаммад - Боқӣ султон омад ва дар муборизаҳо миёни лашкари Пирмуҳаммад ва қазоқҳо иштирок карда, август - сентябри 1598 қазоқҳоро бо сарварии Таваккал шикаст дод. Таваккал бо бардоштани захм ба тарафи Тошканд ақибнишинӣ намуда, баъди чанде вафот кард. Ба поси хидмат дар мубориза бар зидди қазоқҳо Пирмуҳаммад Боқӣ султонро ҳокими Самарқанд таъйин кард, аммо бо гузашти замон Боқӣ султон худро дар тахти Бухоро лоиқтар аз Пирмуҳаммад дониста, бар зидди ӯ мухолифатҳоро сар кард. Пирмуҳаммад барои сарнагун кардани Боқӣ султон лашкар ҷамъ намуда, бо 10 ҳазор сарбоз ба ҷониби Самарқанд ҳуҷум кард, аммо шикаст хӯрда, худаш ба қатл расид. Августи 1599 Боқӣ султон ба тахт нишаст ва бо ҳамин давлати Шайбониён завол ёфта, сулолаи нав - Аштархониён ба сари ҳокимият омад.

Ҳ. Камол.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 249–260 (саҳ. 256–257: тасвирҳо).

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.