Ба Руссия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна
Тобеъшавии Осиёи Миёна ба Россия, раванди таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар солҳои 60–80 асри 19. Таърихи муносибатҳои тиҷоратии байни Россияву Осиёи Миёна аз замони пайдоиши иттиҳодҳои қабилавии славянҳои шарқӣ ибтидо мегирад. Аз ибтидои асри 10 дар муомилоти пулии Руси Қадим дирхами «исмоилӣ» мавриди истифода қарор дошт.
Муносибатҳои аввалини Рус ва Осиёи Миёна
Аввалин намояндаҳои рус ба хониҳои Хева ва Бухоро соли 1558 сафари расмӣ кардаанд. Ба намояндагӣ аз давлати Рус табааи Англия А. Ченкинсон барои муайян намудани роҳи мувофиқу муносиби тиҷоратӣ бо мамолики Ҳинду Чин, ки бояд аз ҳудуди давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна мегузашт, соли 1557 ба Маскав ташриф овард. Шоҳ Ивани IV (Грозний) маълумоти мукаммали Ченкинсонро доир ба вазъи минтақа омӯхта, ҳамзамон ба ӯ чун сафири расмии давлати Рус дар ин хониҳо ваколатнома дод. Ченкинсон дар муддати сафараш (апрели 1558 – сентябри 1559) доир ба хониҳои Хеваву Бухоро маълумоти бисёр гирд овард, вазъи минтақаро барои Русу Авропо то андозае воқеъбинона муаррифӣ намуд. Ин сафари ӯ ба муносибатҳои дуҷонибаи Рус ва хониҳои Осиёи Миёна заминаи қавӣ гузошт. Дар нимаи дуюми асри 16 замони ҳукмронии Иван Грозний (1547–1584) 5 сафорат аз Бухоро ба Маскав анҷом дода шуд. Аз чоряки охири асри 16 то ибтидои солҳои 80 асри 18 ё дар ҳудуди қариб як садсола ба Маскав 8 намояндаи расмии (сафорат) Бухоро (соли 1552) ва сафирони рус (соли 1556) 7 бор ба Бухоро ташриф овардаанд. Баъди тасарруфи хониҳои Қазон ва Астрахан аз тарафи Рус алоқаи тиҷоратии байни давлати Рус ва хониҳои Осиёи Миёна тавсеа ёфт. Аз давраи ҳукумати сулолаи Романовҳо (1613–1917) сафоратҳои И. Хохлов ба Бухоро (1620), И. Федотов ва М. Муромес ба Хева (1669), бародарон Борис ва Семён Пазухин (1675) назаррас аст.
Императори рус Пётри I барои густариши муносибатҳои тиҷоратию дипломатӣ бо мулкҳои Осиёи Миёна кӯшиш кард. Ҳамзамон хонҳои Хева — Шоҳниёз (1687–1702), Арабмуҳаммад (1702–1714) ва Шерғозихон (1715–1728) барои бартараф намудани низоъҳои қабилавӣ ва фишори дохилӣ солҳои 1700, 1703 ва 1714 аз Пётри I хоҳиш намуданд, ки онҳоро зери ҳимояи худ гирад. Аз тарафи дигар, хабари дар гузашта ба баҳри Каспий пайвастани дарёи Ому ва дар маҷрои хушкшудаи он мавҷуд будани захираи фаровони тило сабаби ҷиддан ба Осиёи Миёна рӯй овардани Пётри I гардид. Бо мақсади ба маҷрои пешин гардондани дарёи Ому соли 1717 отряди калони ҳарбию тиҷоратӣ (шумораи умумӣ 7 ҳазор; 5 ҳазорашон ҳарбиён) зери роҳбарии намояндаи ашрофи Қафқози Шимолӣ Александр Бекович-Черкасский ба Хева фиристода шуд. Шерғозихон аз ин «сафорат»-и шубҳаангез ба ҳарос афтода, ҳангоми гуфтушунид онҳоро ба 5 гурӯҳ ҷудо кард ва фармон дод, ки онҳо дар алоҳидагӣ ҳамроҳ маҳв карда шаванд. Пётри I мақсад гузошт, ки хонро барои ин амал ҷазо диҳад, вале марги нобаҳангоми ӯ (1725) Хеваро аз хавфи юриши ҳарбӣ раҳо намуд. Тирамоҳи 1839 отряди калони ҳарбӣ (2750 нафар афсару сарбоз) бо сарварии губернатори ҳарбии Оренбург В. А. Перовский ба самти Хева раҳсипор гардид, вале қариб нисфи афсару сарбозон (1054 нафар) бар асари сармои қаҳратун дар роҳ талаф шуда, боқӣ январи 1840 ба Оренбург баргаштанд.
Оғози забти Осиёи Миёна
Аз солҳои 40–50 асри 19 ангезаҳои бисёр доираҳои ҳукмрони Россияро ба татбиқи нақшаи забти минтақа таҳрик медоданд: а) равнақи муносибатҳои сармоядорӣ, ки зарурати васеъ намудани пойгоҳи ашёи хом, бозори савдои молҳои саноатӣ ва қувваи арзони кориро пеш овард; б) пурзӯр шудани рақобати давлатҳои абарқудрат дар минтақа; в) намоиши иқтидору нуфузи ҳарбӣ дар муқобили давлату мулкҳои нисбатан заиф; г) бо вазифаҳои маъмурӣ таъмин намудани амалдорони давлатӣ; д) дур кардани диққати аҳли заҳмат аз масоили ҳалталаби сиёсӣ. Ба Россия ҳамроҳ кардани ҳудуди Қазоқистон (Дашти Қипчоқ) солҳои 30 сар шуд. Соли 1832 губернатори ҳарбии Оренбург дар соҳили шимолу шарқии баҳри Каспий истеҳкоми Ново-Александровскийро бино кард. Соли 1835 40 ҳазор километри мураббаъ майдони чарогоҳи қабилаҳои қазоқро гирифта, ба сохтмони хати мудофиавии байни Орск ва Троиск оғоз намуд. Акнун Россия бо баҳонаи бенатиҷа хотима ёфтани гуфтушунид бо Хева ҳаракатро ба самти Осиёи Миёна фаъол намуд. Соли 1847 дар резишгоҳи Сирдарё истеҳкоми ҳарбии Раим ва соли 1853 ба ҷои қалъаи Оқмачит (дар соҳили Сирдарё) истеҳкоми ҳарбӣ – форти Перовский (ҳоло Қизилӯрда), соли 1847 дар Улутауи Ҳафтрӯд истеҳкоми Копал қомат афрохтанд. Солҳои 1850–1854 сипоҳиёни рус Кишвари Заилийскро ишғол намуданд. Соли 1854 дар ҷои деҳаи Алмаато қароргоҳи ҳарбии Верное сохта шуд. Ҳамин тариқ, аз Семипалатинск то Верное хати истеҳкоми нави мустаҳками ҳарбӣ қарор гирифт. Баъди анҷоми сохтмони он губернатори Сибири Ғарбӣ Гасфорд масъалаи ба ҳам пайвастани хатҳои Сибиру Сирдарёро пешниҳод намуд. Албатта, ҳамаи ин бе муқобилати шадиди хонҳои Хеваву Хӯқанд сурат намегирифт.
Баъди шикасти мутлақияти Рус дар Ҷанги Крим (1853–1856) фаъолияти доираҳои маъмурӣ ва ҳарбии Россия дар самти Осиёи Миёна муваққатан қатъ гардид. Бо оғози Ҷанги шаҳрвандӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1861–1865) ва қатъ гардидани интиқоли пахта аз он ҷо, талабот ба ашёи хоми Осиёи Миёна афзуд. Ҳамин тариқ, дар ибтидои солҳои 60 асри 19 тайёрии сиёсию дипломатӣ ва ҳарбӣ барои татбиқи нақшаи ишғоли Осиёи Миёна ба мадди аввал баромад. Акнун ба сифати тадбири аввалин бо ҳам пайвастани хатҳои ҳарбии Сибир ва Оренбург, ки ҳанӯз соли 1861 генерал-губернатори Оренбург Безак пешниҳод карда буд, боз ба миён гузошта шуд (1863). Барои татбиқи ин лоиҳа фармондеҳи ҳарбии Оренбург полковник Черняев бо дастгирии ғайрирасмии Безак тобистони 1863 қалъаи Сузақро дар Сирдарё ишғол ва бошандагони атрофи онро раияти Россия эълон кард. 4 июни соли 1864 полковник Черняев шаҳри Авлиё-отаро ишғол намуд. Дар ин ҳангом отряди полковник Верёвкин шаҳри Туркистон (12 июн) ва Чимкентро (22 сентябр) зери тасарруфи худ даровард. Черняев аз ин амали бобарори хеш илҳом гирифта, бе розигии генерал-губернатори Оренбург Г. М. Кржижановский баъди ғасби Чимкент ба тарафи шаҳри Тошканд ҳаракат кард, вале кӯшиши ӯ дар тирамоҳи 1864 барои ишғоли шаҳр бебарор анҷом ёфт. Баҳори 1865 Черняев аз нав ба Тошканд ҳуҷум карда, қалъаи Ниёзбекро, ки мавзеи асосии иншооти обтаъминкунандаи шаҳр ҳисоб мешуд, ишғол намуд. Бо фармони ӯ сипоҳиёни рус оби наҳри Анҳорро баста, шаҳрро аз ду манбаи ҳаётан муҳим – обу маводи ғизоӣ маҳрум карданд. Бо ташаббуси хони Хӯқанд Олимкул зиёда аз 30 ҳазор бошандагони шаҳр ба мубориза бархостанд. Ҳуҷуми Черняев аз ҷануби шаҳр, аз тарафи дарвозаи Камолон 9 майи 1865 оғоз шуд. Дар рафти муҳорибаи аввал Олимкул ба ҳалокат расид ва мардум аз амири Бухоро Музаффар ёрӣ хостанд. Черняев аз ёрии амири Бухоро огоҳ шуда, сараввал роҳи эҳтимолии ба Тошканд ворид шудани лашкари ӯро баст. Шаби 14 ба 15 май ба шаҳр ҳуҷум намуд. Муҳофизони қалъа то оташ гирифтан ва таркидани борутхона онро ҳифз карда тавонистанд. Ҷангҳои шадиди кӯчагӣ 15 ва 16 май идома доштанд. Дар ин вазъи ногувор савдогарон, сарватмандону амалдорон шаҳрро тарк карда, 17 май намояндагони худро барои гуфтушунид ба назди Черняев фиристоданд. Черняев бо намояндагони шаҳр шартномаи сулҳ ба имзо расонда, уҳдадор шуд, ки ба анъанаҳои динии мардум мудохила нахоҳад кард ва қоидаи андозситонӣ дар доираи закоту хироҷ маҳдуд ва аз рӯи ҳаҷми маҳсулот гирифта мешавад.
Сентябри 1865 генерал-губернатори Оренбург Кржижановский ба Тошканд омада, онро мулки мустақил эълон кард. Ин сафар дар ҳолате амалӣ шуд, ки аскарони амир Музаффар як қисми ҳудуди Хӯқандро ишғол намуда, амир талаби аз Тошканд баровардани аскарони русро пеш гузошт.
Забти Хуҷанд, Ӯротеппа ва тобеъшавии Аморати Бухоро
Кӯшиши амир Музаффар барои ба итоати худ даровардани Тошканд ба ҳуҷуми навбатии русҳо баҳона шуд. 8 май дар муҳорибаи Эрҷар (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) сипоҳи амир ба шикаст дучор шуд, вале Романовский сараввал қарор дод, ки барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар саргаҳи роҳи водии Фарғона нахуст Хуҷанд, Ӯротеппа ва Новро ишғол намояд.
Романовский 15 ва 16 май Новро бе муқобилат ба даст оварда, ба аҳолии Хуҷанд эъломияи «сулҳҷӯёна» пешниҳод намуд. 21 май соати 3 пагоҳӣ сарбозони рус барои ҳуҷуми қатъӣ ба шаҳр ҳаракат карданд, вале дар ин фурсат намояндагони бонуфузи шаҳр бо сардории қозикалон Ҳоҷӣ Азамат барои мардум амон хостанд. Романовский сарбозонашро ба мавқеи аввалӣ – дарвозаи Хуҷанд баргардонда, дар мавриди «бо роҳи осуда барқарор кардани сулҳ ва таъмини ҳифзи раияти Россия аз таҳдиди Аморати Бухоро» изҳороти нав пешниҳод кард. Ҳоҷӣ Амин ва ҳаммаслаконаш ба шартҳои Романовский розӣ нашуданд ва ҳуҷуми артиши рус ногузир гардид. 24 майи 1866 муборизаи муҳофизони Хуҷанд саркӯб шуд. Дар ин набард аз муҳофизони Хуҷанд 2,5 ҳазор нафар қурбон, аз сипоҳиёни рус 71 нафар кушта, 63 нафар захмӣ ва 6 нафар бедарак шуданд. Амир Музаффар барои таъмини сулҳ аз Романовский хоҳиш намуд, ки ҳаракати сипоҳиёнашро ба ҳудуди аморат боз дорад. Пас аз воқеаҳои Хуҷанд хони Хӯқанд – Худоёр дар мактубаш Романовскийро барои ин ғолибият табрик карда, ваъда дод, ки «аҳди дӯстона»-и худро бо русҳо бечунучаро риоя хоҳад кард. 2 июни 1866 Романовский ба Тошканд баргашт. То тирамоҳи ҳамон сол дар гуфтушунидҳои дипломатии байни генерал-губернатори Оренбург Кржижановский ва Романовский талабҳои барои Россия мувофиқ пешниҳод ва қабул шуданд. 18 августи 1866 Кржижановский барои таҳия ва имзо намудани шартномаи сулҳ ба Тошканд омада, дар ин ҷо ӯ ҳайати намояндагии Аморати Бухороро барои баррасии шартномаи сулҳ ба ҳузур пазируфт. Ӯ ҳангоми гуфтушуниди сулҳ бо Бухоро қарор дод, ки бо ҳар баҳона шартномаи сулҳро ба таъхир андохта, барои ҳақ баровардани ҳуҷуми дарпешистодаи худ амири Бухороро гунаҳкор намояд. Бо ин мақсад дар радифи дигар талабҳо Кржижановский 13 сентябри 1866 бандеро дар шартнома пешниҳод кард, ки мувофиқи он амир бояд дар муддати 10 рӯз 100 ҳазор тангаи тилои нақдро чун товони ҷанг ба намояндагони расмии Россия супорад. Ҳол он ки дар ин муҳлати муқарраршуда иҷрои талаби ӯ ғайриимкон буд. 20 сентябр отряди амалкунанда ба ҳаракат дароварда шуд. 23 сентябр муҳосираи Ӯротеппа оғоз шуд. Лашкари рус дар ҳайати 19 ротаи пиёдагард ба ҳаракат даромад. Дар муддати 8 рӯз шаҳр ишғол карда шуд. Дар ин набард талафоти муҳофизони шаҳр 2000 нафар, сипоҳиёни рус 17 нафар ва захмиён 230 нафар буд. Баъди набарди назди Ҷиззах (18 октябри 1866) ноуҳдабароии амир Музаффар ва заъфи лашкари ӯ маълум гардид. Соли 1867 ҳукумати подшоҳии Россия барои идора кардани мулкҳои мустамликавии Осиёи Миёна генерал-губернатории Туркистонро таъсис дод. Генерал-губернатории Туркистон дар ибтидо аз вилоятҳои Сирдарё ва Ҳафтрӯд иборат буд. Фармондории ин губерния ба ихтиёри генерал-адютант К. П. Кауфман вогузор шуд. Ӯ метавонист ба таври мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломатӣ дошта бошад; масоили ҷангу сулҳро бо салоҳдиди худ ҳал кунад.
Кауфман бо мақсади идома додани амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави Бухоро соли 1868 бо хони Хӯқанд Худоёр шартномаи сулҳ баст. Мувофиқи мундариҷаи он хон тобеияти Россияро эътироф карда, барои фаъолияти озоди тоҷирони рус бояд имкон фароҳам меовард. Хони Хӯқанд уҳдадор шуд, ки тоҷирони русро дар тамоми шаҳрҳои хонӣ бо корвонсаройҳои махсус таъмин намояд.
Амир Музаффар баъди шикаст дар набарди Ҷиззах зери фишори намояндагони бонуфузи динию маъмурӣ, мударрисини мадрасаҳои Бухоро ва ашхоси дигар бар зидди Россия ҷиҳод эълон намуд. Кауфман дар вокуниш ба ин амал Самарқанд (2 майи 1868) ва Каттақӯрғонро ишғол намуд. Пас аз шикасти Самарқанд ҳаракати қувваҳои зиддиамирӣ махсусан дар Бухоро, Шеробод, Ҳисор, Кӯлоб ва дигар мулкҳо шиддат ёфт. Дар ин фурсат Кауфман лашкари сершумори амирро дар набарди назди Зирабулоқ (июни 1868) пурра мағлуб кард. Як рӯз пеш аз ин муборизони Шаҳрисабз ба Самарқанд наздик шуда, 2 июн дар якҷоягӣ бо бошандагони ин шаҳр ба муқобили гарнизони рус (шумораашон 650 нафар) ҳуҷум карданд. Сарбозону тоҷирони рус дар қалъа паноҳ бурданд. 8 июн сипоҳиёни Кауфман исёни мардуми Самарқандро пахш карданд.
Албатта, Кауфман метавонист амалиёти ҳарбии худро барои пурра тобеъ намудани Аморати Бухоро идома диҳад, вале бо сабаби хавфи норозигии давлатҳои абарқудрат, алалхусус Англия барои гуфтушуниди сулҳ бо амир розӣ шуд. Тибқи шартномаи 23 июни 1868 идораи вилоятҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон ихтиёран ба Руссия гузашта, амир аз ҳуқуқи пешбурди сиёсати хориҷӣ маҳрум гардид. Ҳамчунин амир уҳдадор шуд, ки 500 ҳазор сӯм товони ҷанг супорад. Ҳамин тариқ, дар як лаҳзаи кӯтоҳи таърихӣ (1864–1868) хонии Хӯқанд ва Аморати Бухоро ба мулки мустамликавии Россия табдил ёфтанд. Баъди чунин сурат гирифтани муносибат Кауфман Шаҳрисабзу Китобро аз қувваҳои мухолиф озод карда, дар ихтиёри амир гузошт. Соли 1868 дар заминаи мулкҳои Янгиқӯрғон, Каттақӯрғон, Самарқанд ва Панҷакент дар ҳайати генерал-губернатории Туркистон округи Зарафшон ташкил шуд. Баъдан ҳарбиёни рус ба самти мулкҳои болооби Зарафшон — Мастчоҳ, Фалғар, Фон, Яғноб, Киштуд ва Моғиён ҳаракат карданд. Баҳори 1870 сардори округи Зарафшон генерал Абрамов дар натиҷаи «Экспедитсияи Искандарқӯл» (гӯё ҳадафи таҳқиқи сарватҳои табиии ин мавзеъ буд) мулкҳои номбурдаро ба округи Зарафшон ҳамроҳ намуд. Соли 1873 мувофиқи шартномаи нав муносибатҳои ғуломдорӣ дар Аморати Бухоро барҳам хӯрданд ва барои ташкили муассисаи намояндагии доимии Россия тасмим гирифта шуд.
Тобеъшавии Хева, Хӯқанд ва Моварои Каспий
Соли 1869 татбиқи нақшаи ишғоли хонии Хева ба уҳдаи отрядҳои ҳарбии Туркистон, Оренбург ва Қафқоз вогузор гардид. Нимаи дуюми моҳи майи 1873 нируҳои рус бе муқобилати ҷиддӣ ба маркази хонӣ наздик шуданд. Хони Хева Муҳаммадраҳим аз ин амал ба ҳарос афтода, бо мақсади эътирофи шикаст ба назди Кауфман қосид фиристод, вале дар ин фурсат ашрофи Хева ба табаддулот даст зада, ба ҷои Муҳаммадраҳим амакашро ба тахт нишонданд. Дар вокуниш ба ин амал ҳарбиёни рус ба Хева дохил шуданд. 12 августи 1873 дар байни Руссия ва Муҳаммадраҳимхон шартномаи сулҳ ба имзо расид ва хони Хева аз ҳуқуқи пешбурди сиёсати хориҷӣ маҳрум гардид; мулкҳои соҳили рости Ому ба ихтиёри Руссия гузаштанд; хон бояд ба ғуломфурӯшӣ поён медод; фаъолияти озоди тоҷирони русро дар тамоми қаламрави хонӣ пурра таъмин мекард; Хева то августи 1879 бояд 2200 ҳазор сӯм ба Руссия товони ҷанг медод. Барои таъмини итоати доимии доираҳои ҳукмрони Хева дар соҳили рости дарёи Ому (наздикии пойтахт) истеҳкоми Петро-Александровский бунёд шуд.
Дар ин давра вазъи иқтисодии Хева бар асари аз даст рафтани баъзе мулкҳо (Тошканд ва Хуҷанд) ва кам шудани даромади хазина мураккаб гардид, Худоёрхон ҳаҷми андозу маҷбуриятҳоро зиёд намуд. Ин амали ӯ сабаби авҷ гирифтани норозигӣ ва шӯриши мардум шуд. Соли 1871 дар ноҳияҳои қирғизнишин ҷунбишҳо сар зада, солҳои 1874–1876 шӯришҳои мардумӣ бо роҳбарии Абдурраҳмони Офтобачӣ (писари Мусулмонқули қипчоқ, собиқ ҳокими Хӯқанд), Насруддин (писари калони Худоёрхон, ҳокими Андиҷон) ва Муродбек (бародари Худоёрхон) авҷ гирифтанд. Худоёрхон 22 июли 1875 бо аҳли хонаводааш ба Тошканд фирор кард ва ба ҷои ӯ писараш Насруддинбек ба тахт нишаст. Кауфман ҳангоми гуфтушунид бо Насруддин (4 август) дар ивази қабули пешниҳодҳояш ҳокимияти ӯро эътироф кард. 29 август отрядҳои калони ҳарбии рус дар назди қалъаи Маҳрам исёни мардумро саркӯб карданд. 22 сентябри 1875 Кауфман бо Насруддин дар бораи сулҳ шартнома баст, ки мувофиқи он хони Хӯқанд вобастагии худро ба Руссия расман шинохт. Заминҳои соҳили чапи болооби Сирдарё бо Намангон ба Руссия ҳамроҳ карда шуданд. Бар асари имзо шудани шартномаи нобаробар дар Андиҷон муборизаи қувваҳои мухолиф шиддат ёфт ва Мулло Исҳоқ бо номи Пӯлодхон (Пӯлодбек) хон эълон шуд. Отрядҳои русҳо дар пахш кардани шӯриш ноком шуда, Марғелон ба ихтиёри шӯришгарон гузашт. Дар Андиҷон зери роҳбарии Абдурраҳмони Офтобачӣ қувваи калони ҳарбӣ ҷамъ шуд. Дар ин фурсат дастаҳои ҳарбии Скобелев шӯриши Андиҷонро саркӯб карданд ва сарварони шӯриш, аз ҷумла Абдурраҳмон, ба тарафи русҳо гузаштанд. 19 феврали 1876 ҳукумати хонии Хӯқанд расман барҳам хӯрда, ба ҷои он вилояти Фарғона таъсис дода шуд. Генерал Скобелев губернатори Фарғона таъйин гардид. Ҳамин тариқ марҳалаи аввали забти Осиёи Миёна анҷом ёфт, вале ҳалли ниҳоии он ба тобеияти Закаспий – Моварои Каспий (паҳнои қароргоҳи қабилаҳои туркман) вобастагӣ дошт. Ҳанӯз дар давраи юриш ба Хева (1873) бо баҳонаи аз тарафи туркманҳо халалдор кардани сарҳадди ҷанубу ғарбии Руссия, генерал Головачёв ба Хоразм юриш намуда, баъзе қабилаҳоро ба итоати Руссия водор кард. Марти 1874 ҳукумати марказии Руссия «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспий»-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он дар ҳайати маъмурии Қафқоз шуъбаи Моварои Каспий (марказаш Красноводск) таъсис дода шуд. Ҳудуди он аз соҳилҳои шарқии баҳри Каспий то дарёи Атрек дар ҷануб ва дар шимол то хатти сарҳаддии хонии Хева тӯл мекашид. Бар асари ин амали Руссия мудохилаи дипломатияи англис дар ин қисми минтақа фаъол гардид.
Августи 1879 генерал Ломакин Қизиларватро пурра забт карда, 28–29 август дар наздикии Кӯқтеппа аз дасти туркманҳо шикаст хӯрд. Баъди ин мағлубият сарфармондеҳии артиш дар Моварои Каспий ба зиммаи генерал М. Д. Скобелев вогузор шуд. 12 январи 1881 ӯ қалъаи Дангалитеппа ва 18 январи 1881 Ашқободро ишғол кард. Майи ҳамин сол ба шуъбаи ҳарбии Моварои Каспий мақоми вилоят дода шуд. 1 январи 1884 намояндагони қабилаҳои туркман дар Марв ихтиёран тобеияти Русияро пазируфтанд.
Масъалаи Помир
Дар ин давра зиддияти Россия ва Англия дар минтақа тақрибан ба низои ҳарбӣ табдил ёфт. Баъди гуфтушуниди тӯлонӣ соли 1887 марзҳои шимоли ғарбии Афғонистон сарҳадди нуфузи Россия эътироф гардид. Охирин минтақаи мавриди баҳси Англияву Россия Помир буд. Доираҳои ҳукмрони Англия дар асоси таҳқиқоти солҳои 50–70 асри 19 ба мавқеи ҷуғрофии Бадахшон ошно шуда, намехостанд, ки сиёсати мустамликавии Россия ба сарҳаддоти мулкҳои мустамликавии онҳо дар Ҳинд таъсир гузорад. Солҳои 1872–1873 тибқи қарордоди Англияву Россия дарёи Панҷ ҳамчун сарҳадди шимоли Афғонистон муайян гардид. Акнун доираҳои ҳукмрони Афғонистон бо ёрии қувваҳои ҳарбии Англия мехостанд ҳудуди мулкҳои кишварро аз ҳисоби мулкҳои Бадахшон васеъ намоянд. Соли 1873 ба амири Афғонистон муяссар шуд, ки баъди тасарруфи Бадахшон гумоштаашро дар он ҷо ҳоким таъйин намояд. Бо дастгирии бевоситаи англисҳо амир Абдурраҳмонхон (1880–1901) соли 1883 мулкҳои Помири Ғарбӣ Вахон, Шуғнон ва Рӯшонро ишғол кард. Ҳамзамон Хитой низ бо иғвои англисҳо артиши сарҳаддии худро ба самти Помири Шарқӣ ба ҳаракат даровард. Россия то давраи ҳамроҳкунии хонии Хӯқанд (1876) бевосита ба масъалаи муайян намудани сарҳаддаш дар минтақаи Помир рӯ наоварда буд. То ин давра аллакай Афғонистон мулкҳои Помири Ғарбӣ, Хитой Сариқӯл, водии Рангкӯл ва дарёи Аличур ва англисҳо Канчут, Кофиристон, Ясин, Чатролро соҳиб шуданд. Истисмори сарбозону маъмурони афғон, муносибати ваҳшиёнаи онҳо нисбат ба аҳолии маҳаллӣ сабаби норозигӣ ва исёни мардуми Помири Ғарбӣ гардид. Мардум ягона роҳи халосиро дар омадани русҳо ба Помир медиданд. Мардуми маҳаллӣ сафари отрядҳои ҳарбии Россияро ба ин минтақаи кӯҳистон бо хушнудӣ пешвоз гирифта, борҳо аз коргузорони генерал-губернатори Оренбург ба таври хаттӣ хоҳиш намуданд, ки Россия зудтар онҳоро ба зери ҳимояи худ гирад. Маҳз бар асари эҳсоси аҳолии маҳаллӣ доираҳои ҳарбӣ ва дипломатияи Россия ба масъалаи ҳамроҳкунии Помир таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Баъди сафарҳои намояндаи ҳарбӣ ва дипломатии рус Б. Л. Громбчевский ба Помир (1888–1890) тобистони соли 1891 бо сардории полковник М. Е. Ионов ба Помир дастаи ҳарбӣ фиристода шуд. М. Е. Ионов намоишкорона ба англисҳо, афғону хитоиҳо фаҳмонд, ки Помир аз ҷиҳати ҷуғрофӣ расман ба ҳудуди Империяи Россия ҳамроҳ шудааст. Сипас М. Е. Ионов дастаи ҳарбиро дар Шоҷон (Шочон) назди дарёчаи Мурғоб гузошта, ба Фарғона баргашт. Дар вокуниш ба ин Хитой ва Афғонистон дастаҳои ҳарбии худро дар Помир қавитар карда, ба аҳолӣ муносибати ваҳшиёнаро раво медиданд. Бо талаби генерал-губернатори Туркистон А. Б. Вревский дар Петербург доир ба ҳалли ин масъала ҷаласа даъват карда шуд. Тибқи қарори он (феврали 1892) барои дурусттар муайян намудани вазъи мавҷуда отряди 35-нафара бо сардории поручик Бжезитский ба Помир фиристода шуд. Ӯ дарёфт, ки минтақа комилан зери фармонфармоии афғонҳо ва хитоиҳо қарор дорад. Тобистони 1892 дастаи калони ҳарбӣ бо сардории М. Е. Ионов ҳарбиёни хитоию афғонро аз Помир бадарға кард. Ин амали қатъии Россия Англияро водор намуд, ки ба ҳалли масъалаи Помир ҷиддӣ машғул шавад. Сафири Россия дар Лондон Ласселс 27 феврал (аз рӯйи тақвими нав — 11 март)-и 1895 ба Вазорати корҳои хориҷии Англия номаи эътирозӣ (нота) пешниҳод намуд, ки дар он расман шарту шароити «муайян намудани хатти сарҳаддии байни Россия ва Британияи Кабир дар Помир» дарҷ шуда буд. Дар асоси шартнома хатти сарҳаддӣ бо Афғонистон дар ғарби Зӯрқули дарёи Панҷ муайян гардид. Заминҳои соҳили рости Панҷ — Рӯшон, Шуғнон ва қисми шимолии Вахон пурра ба ихтиёри Россия гузаштанд. Ин сарҳадҷудокунии сунъӣ ба сарнавишти миллати тоҷик таъсири номатлуб гузошт. Заминҳои соҳили чапи дарёи Панҷ, ки таърихан ҷузъи ҳудуди мулкҳои Рӯшон, Шуғнону Вахон ҳисоб меёфтанд, бо амлокдориҳои соҳили чапи Панҷи бекии Дарвози Аморати Бухоро ба ихтиёри Афғонистон гузаштанд. Сарҳадди Россия ва Хитой дар Тошқӯрғони Сариқӯл муайян шуда, ҳалли боадолатонаи худро дарёфт накард. Ҳалли ноодилонаи сарҳадмуайянкунии Россияву Англияро дар Помир маҳкум намуда, мардумшиноси намоёни рус А. А. Бобринский чунин баҳо додааст: «Дар асоси ин шартнома Вахон, Ишкошим, Ғорон, Шуғнон, Рӯшон қисмат карда шуданд. Мулкҳои соҳили рости Панҷ ба ихтиёри мо, қисми соҳили чап ба Афғонистон гузаштааст. Сарҳадди нав ин ҷамоатҳоро ба ду қисм тақсим кард. Ин ҳолатеро мемонад, ки агар касе бо тадбири хаёлии худ дар байни ду давлат тақсим кардани деҳаи русро пешниҳод намояд».
Пайомадҳои тобеъшавии Осиёи Миёна
Сохтори маъмурии мулкҳои мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна тибқи «Низомнома доир ба идоракунии кишвари Туркистон» (1886) ба роҳ монда шуд. Ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон панҷ вилоят: Ҳафтрӯд (Семирече), Сирдарё, Фарғона, Самарқанд ва Моварои Каспий дохил мешуданд. Ҳар як вилоят (ба истиснои Моварои Каспий, ки он дар зери итоати сардори вилоят буд) губернатори ҳарбӣ дошт. Генерал-губернатории Туркистон аз ҷиҳати маъмурӣ ба чанд вилоят, уезд, пристав ва волость ҷудо мешуд. Фақат дар волостҳо бо салоҳдиди маъмурини сатҳи вилоятӣ ва уездӣ аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ сардор (волостной) таъйин карда мешуд. Ҳарчанд расман вазифаи оқсақоли волостӣ интихобӣ буд, вале ӯ амалан ба амалдорони рус вобаста буд. Онҳо, табиист, ки дар ин вазифаи маъмурии зинаи поинӣ хизматгузорони содиқи худро тариқи «интихобот» ҷойгузин мекарданд. Дар маҷмӯъ сохтори тамоми зинаҳои маъмурии кишвари Туркистон ба талаботи идоракунии тарзи «ҳарбӣ-феодалӣ»-и мутлақияти Россия пурра мувофиқат мекард. Тибқи сиёсати мустамликавии мутлақият дар Осиёи Миёна фаъолияти корхонаҳои саноатии навбунёд ба коркарди маҳсулоти хоми кишоварзӣ (пахта, пашму пӯст) равона шуда, тамоми маҳсулоти ниҳоии саноатӣ дар корхонаҳои марказии Россия истеҳсол мегардид. Минтақа пурра ба пойгоҳи ашёи хом, қувваи арзони корӣ ва бозори савдои молҳои саноатии кишварҳои абарқудрат табдил ёфт. Таърихи мустамликадории Россия дар Осиёи Миёна ба ду давра ҷудо мешавад: а) аз оғоз то анҷоми тасарруфи Осиёи Миёна (миёнаи солҳои 60 — охири асри 19), даврае, ки воридшавии сармояи Россия ба минтақа нисбатан суст сурат гирифт, асосан бо фурӯши маҳсулоти саноатӣ маҳдуд мешуд; б) давраи монополистии капитализм (империализм)-и рус (аз охири солҳои 90 асри 19 то ғалабаи Инқилоби Октябр). Дар давраи дуюм ҳаҷми сармоягузории Россия вобаста ба талаботи саноати марказӣ дар соҳаи кишоварзӣ афзоиш ёфт. Дар ин замина мавқеи бонкҳо торафт мустаҳкам мешуд. Рушди мунтазами робитаи истеҳсолоти маҳаллӣ бо марказҳои саноатии империя зарурати сохтмони роҳи оҳанро пеш овард. Он дар навбати худ мавқеи сармоягузориро дар истеҳсолоти Осиёи Миёна, аз ҷумла Аморати Бухоро боз қавитар гардонд. Муносибати мутлақияти Россия нисбат ба дину системаи маориф аз сиёсати иқтисодии он маншаъ мегирифт. Ин тарзи муносибат аз як тараф дар нигоҳдошт, вале муттасилан ба итоати худ даровардани муассисаҳои динӣ (қозиёту муфтиёт ва ғайра) ва аз тарафи дигар ба афзоиш додани нақши калисои православӣ дар минтақа равона шуда буд. Ҳарчанд додгоҳҳо (судҳо)-и анъанавии мардумӣ дар шакли додгоҳи бийҳо (дар асоси одат) барои аҳолии кӯчӣ ва қозиёт (дар асоси шариат) нигоҳ дошта шуданд, вале амалан дар ин самт мудохилаи маъмурии амалдорони рус дида мешуд. Дар соҳаи маориф низ ҷорӣ намудани низоми таълими русӣ ва русикунонии фарҳанги мардум дар мадди аввал қарор дошт. Ин раванд дар фаъолияти «Управленияи муассисаҳои таълимии кишвари Туркистон», ки дар сари он саринспектор (нозир)-и омӯзишгоҳҳо меистод, пурра зоҳир мешуд.
Албатта, ҳамроҳкунии Осиёи Миёна ба Россия ҷиҳатҳои мусбат низ дошт. То замони ҳамроҳ кардани минтақа ба Россия дар ин ҷо муносибатҳои авлодӣ ва қабилавӣ (дар мавзеъҳои кӯчиён), патриархалӣ-феодалӣ (мавзеъҳои зисти аҳолии муқимӣ) ва ҳатто ғуломдорӣ мавҷуд буданд. Мулкҳои Аморати Бухоро, хониҳои Хеваву Хӯқанд ва ғайра дар ҳолати парокандагии сиёсӣ қарор доштанд. Кашмакашҳои дарборӣ, задухӯрдҳои муттасили ҳарбӣ, пардохти андозу маҷбуриятҳо ба зиндагии мардум таъсири номатлуб мерасониданд.
Баъди ба Россия ҳамроҳ кардани минтақа, хоҷагии натуралӣ инқироз ёфт, муносибатҳои ғуломдорӣ барҳам хӯрданд, муносибатҳои молию пулӣ, бозоргонӣ, сохтмони роҳи оҳан, истеҳсолоти саноатӣ ва ғайра ба инкишофи иқтисодиёт таъсири мусбат расонданд. Нишондоди рушди муносибатҳои тиҷоратии тарафайн: соли 1914 ҳаҷми интиқоли маҳсулот аз Россия ба Осиёи Миёна ба 243,6 миллион сӯм расид, ки 40%-ро молҳои саноати бофандагӣ ташкил медоданд; аз Осиёи Миёна ба Россия ба маблағи умумии 269 миллион сӯм маҳсулот содир шуд, ки аз ин миқдор 213,5 миллион сӯм ё 80%-и он пахта буд. Торафт бештар ворид кардани молиёт ба минтақа барои равнақи савдову саноат ва нақлиёт мусоидат мекард. Осиёи Миёна тадриҷан ба кишвари якказироатӣ табдил меёфт. Вобаста ба афзоиши талаботи пахта навъҳои гуногуни пунбадона аз Амрико ба минтақа оварда шуданд. Соли 1900 пахтаи Осиёи Миёна ҳамагӣ 24%-и талаботи саноати бофандагии Россияро таъмин намуд. Соли 1913 ин нишондиҳанда ба 50% расид.
Осиёи Миёна ба доираи муомилоти молии ҷаҳонӣ кашида шуд. Дар минтақа корхонаҳои саноатӣ, алалхусус пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ бунёд шуданд. Пайдоиши театр, осорхонаҳо, ба роҳ мондани нашри матбуоти даврӣ дар маркази генерал-губернатории Туркистон ва марказҳои маъмурии вилоятҳо, ташкилёбии макотиби таълимӣ бо усули ҷадид барои рушди фарҳанги муосир дар минтақа имкони бештаре фароҳам оварданд, вале дар маҷмӯъ барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ-миллии мардумони маҳаллӣ ба Россия ҳамроҳ кардани мамлакатҳои Осиёи Миёна монеаи ҷиддӣ шуд. Худи ҳамин мафҳуми «аҳли мустамлика» будан барои мардумони бумии минтақа, аз ҷумла тоҷикон, ниҳоят таҳқиромез буд. Бо ғалабаи Инқилоби Октябр ва ташкил шудани Ҳукумати Шӯравӣ мардумони минтақа, аз ҷумла тоҷикон, ба давлатдории миллии худ даст ёфтанд. Агарчи дар раванди тақсимоти ҳудудии миллӣ дар ҳаққи миллати тоҷик беадолатиҳои бузург сурат гирифтанд, вале боз ҳам ба сифати мардумони соҳибватан ва соҳибдавлат пазируфта шудани онҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷумҳурии махсуси худ дар ҳайати Давлати Шӯравӣ арзиши бузурги таърихӣ дошт.
Х. Пирумшоев, Н. Амиршоҳӣ.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 263–268.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




