Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Барпо намудани ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Баъди фирори амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ 4 сентябри 1920 М. В. Фрунзе нақшаи барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шӯравиро дар ин сарзамин баррасӣ намуд, вале пас аз чанд муддат М. В. Фрунзе ба Россия бозхонд шуд (10 сентябр) ва аскарони сурх бино бар камбуди захира, мушкилоти интиқоли лавозимоти ҷангӣ таъқиби амирро дар Дарбанду Бойсун мавқуф гузошта (13 сентябр), ба Ғузор ақиб нишастанд. Дар ин фурсат амир сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ (Иброҳимбек, Олимбой, Давлатманбий, эшони Султон, Фузайл Махсум, Раҳмонқул) ва тамоми навкарони фирориашро ҷамъ оварда, барои бозпасгирии Бухорои Марказӣ омодагӣ мегирифт. Барои татбиқи ин амалиёт Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт, ки ба ҳайати он Муҳаммадсаидбеки парвоначӣ (вазири ҳарбӣ), Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбек (сарфармондеҳони низомӣ) дохил мешуданд. Сентябри 1920 дар Душанбе бо ҳузури намояндагони қувваҳои зиддишӯравии Туркистон, Хева, гвардиячиёни сафед ва афғонон қурултой доир шуд ва амир онҳоро ба амалиёти муштарак даъват кард. 12 октябри 1920 амир бино бар камбуди лавозимоти ҳарбӣ аз Британияи Кабир кумак хост, вале англисҳо бо сабаби шиддати ҳаракати озодихоҳӣ дар Афғонистон хоҳиши ӯро рад карданд. Аз ин рӯ, амир ҷиҳати татбиқи ҳадафҳояш ба қувваҳои дохилӣ такя карда, мардумро бештар ба артиш сафарбар намуд. Ҳамзамон бо афзоиши хароҷоти артиш мушкилоти таъмини он ба дӯши мардум афтод ва ин боиси сар задани исёну шӯришҳо гардид.

Шӯриши Усмон

Сарвари шӯриш – Усмон Муҳаммадамин зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин буд. Ӯ аз соли 1916 ҳамроҳи дӯстонаш Одина ва Мулло Тош дар заводҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Ассакӣ кор мекард. Ҳангоми бозгашт (1918) молу пули онҳоро амалдорони маҳаллӣ қисман «ба нафьи бек» мусодира карданд. Усмон дар вокуниш ба ин амал як навкари бекро лату кӯб карда, чанд муддат дар кӯҳистон пинҳон шуд.

Декабри 1920 беки Қаротегин Мир Абдулҳафиз ҳангоми маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ хост, ки деҳқон Усмони «гарданшах» ва дигар ҳаммаслаконашро ҳамчун навкар ба хизмати амир фиристад, вале онҳо дар роҳи Файзобод ба самти Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин дар ҷавоб аз хонаводаи Усмон ва Мулло Тош талаб кард, ки хироҷи 7-соларо пешакӣ пардохт намоянд. Дар чунин фурсат Усмон дӯстонашро дар деҳаи Янғолик ҷамъ оварда, мардумро ба шӯриш даъват кард. Усмон дар ихтиёраш 2500 пиёда ва 650 савора, 400 камони фитилии худсоз, тақрибан ҳазор шамшер ва ҳокими Қаротегин 15–20 навкари мусаллаҳ дошт. Исёнгарон баъди ишғол намудани маркази Қаротегин — Ғарм «ҳокимияти халқӣ» ташкил карданд. Ҷонишини аввали Усмон — Одина ва ҷонишини дуюм Мулло Тош буд. Чун исёнгарон таҷрибаи сиёсӣ надоштанд, баъзе амалдорони собиқ Давлатбеки бий (сарвари таъминот), Мулло Абдураҳим (қозӣ) ва Мулло Мирзо Умед (муфтӣ) ба «ҳокимияти халқӣ» роҳ ёфтанд. Маҳз бо хиёнати ин амалдорон «ҳокимияти халқӣ» баъди 10–15 рӯзи мавҷудият барҳам хӯрд; Усмон ва ҳаммаслаконаш ба қатл расонида шуданд. Шӯриши Усмон нисбат ба исёни Қаландаршо муташаккил буд, вале аз ҷиҳати пойгоҳи иҷтимоӣ заъф дошт.

Ташкили «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор»

Сентябри 1920 роҳбарони Ҳукумати Шӯравии Бухоро хостанд, ки бо мақсади сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобӣ ташкил диҳанд. 5 сентябри 1920 сарвари Ҷабҳаи Туркистон ду полки савора, баталёни пиёда ва батареяи тӯпчиёнро ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро вогузор кард, ки минбаъд бо роҳи ҷалби ихтиёриён шумораи қувваҳои инқилобиро зиёд кунад, вале чорабинии мазкур бино бар камшумор будани ихтиёриён натиҷаи дилхоҳ надод. Аз ин рӯ, 9 ноябри 1920 бо қарори Кумитаи Марказии иҷроияи Умумируссиягӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқии Ҷумҳурии Федеративии Сотсиалистии Шӯравии Русия оид ба корҳои Туркистон баҳри сарнагун кардани низоми амирӣ ва ташкили Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» таъсис дода шуд. Ба ҳайати ин отряд дивизияи 1-уми савораи Туркистон иборат аз се полки савора, дивизияи савораи кӯҳии тирандоз ва аскарони сурхи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҳамчун роҳбалад ва тарҷумон) дохил мешуданд.

Амалиёти отряд аз 17 декабри 1920 бо роҳбарии В. Марсов аз шаҳри Қаршӣ оғоз гардид. Аз январи 1921 фармондеҳии даста ба зиммаи В. М. Ионов вогузор шуд. 21 феврали 1921 бригадаи 1-уми савора бо сарварии Я. А. Мелкумов Душанберо ишғол кард.

Дар натиҷаи амалиёти «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» қаламрави Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз маҳалҳои ҷудогонаи Дарвоз) то апрели 1921 аз лашкари амир озод карда шуд. 4 марти 1921 амир Олимхон тариқи гузаргоҳи Чубек дарёи Панҷро убур карда, ба хоки Афғонистон дохил шуд. Отряд аввали моҳи май Дарвозро озод кард. Дар натиҷаи амалиёти «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор» дар Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ сарнагун шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт.

Н. Ҳотамов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 274–275.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.