Иқтисодиёти Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи севвум
Моҳи феврали соли 1939 Анҷумани 5-уми Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон нақшаи панҷсолаи севвуми рушди хоҷагии халқи мамлакат барои солҳои 1938–1942-ро муҳокима ва тасдиқ кард. Дар нақша васеъкунии корхонаҳои мавҷудаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ дар шимоли ҷумҳурӣ (маҷмааи филиззоти рангаи Қаромазор), фаъолияти 40 корхонаи комбинати маъдани кӯҳии Такоб, афзоиши истихроҷи ангишт ва нафт, бунёди неругоҳҳои барқи обии Варзоби Поён ва Хоруғ пешбинӣ шуда буд. Комбинати маъдани кӯҳӣ дар Такоб, кони нави Шӯроб, неругоҳи барқи обии Хоруғ, коргоҳҳои нави комбинати гӯшти пойтахт, заводҳои пахтатозакунии Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ва Конибодом ба истифода дода шуданд. Соли 1940 маҳсулоти умумии саноати ҷумҳурӣ нисбат ба соли 1937 72% ва нисбат ба соли 1913 8,8 баробар афзуд. Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҷумҳурии аграрӣ-саноатӣ табдил ёфт. Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан босуръат идома ёфта, соҳаи алоқа рушд кард. Пешрафти саноат ба афзоиши синфи коргар мусоидат намуд. Соли 1940 шумораи умумии коргарон ва хизматчиён дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз 140 ҳазор нафар гузашт.
Коллективонии хоҷагии қишлоқ комилан ба анҷом расида, мустаҳкам кардани шакли ташкилӣ-хоҷагии минбаъдаи колхозҳо амалӣ карда шуд. Соли 1940 майдони кишт 768,1 ҳазор гектарро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1913 якуним баробар зиёд буд. Агар дар ибтидои панҷсола дар ҷумҳурӣ 46 қароргоҳи мошинию тракторӣ мавҷуд буд, пас соли 1940 он ба 51 адад, шумораи тракторҳо аз 3740 ба 3884, автомобилҳои боркаш аз 811 ба 1533 адад афзуд. Тайёр намудани механизаторон ва мутахассисони хоҷагии қишлоқ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Соли 1939 40 мактаб ва курсҳои кадрҳои хоҷагии қишлоқ 4441 тракторчӣ, 269 бригадмеханик, 129 комбайнчӣ, 55 механики минтақавӣ ва дигар мутахассисони соҳаи хоҷагии қишлоқро омода намуданд. Масъалаи ҷалби занон ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ бомуваффақият ҳал шуда, нақши занон дар колхозу совхозҳо баланд гардид.
Солҳои 1939–1941 дар Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам васеъ намудани истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ҳаракати азхудкунии заминҳои биёбон ва хушк оғоз шуд. Барои амалӣ кардани ин мақсад сохтмони Канали Калони Фарғона аҳаммияти бузург дошт. Дар муддати кӯтоҳи бесобиқа (40 рӯз) ба масофаи 79 километр шабакаи асосии обгузар бунёд карда шуд. Солҳои 1940–1941 сохтмони каналҳои Фарғонаи Шимолӣ ва Ҳисор идома ёфта, низоми обёрии Вахш такмил дода шуд. Дар сохтмони Канали Калони Фарғона тақрибан 8 ҳазор ва дар сохтмони шоҳроҳи бузурги Помир 4,5 ҳазор нафар ҷавони ватандӯст кор карданд.
Комёбиҳои тараққиёти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ намоиш дода шуданд. Соли 1939 ҳуқуқи иштирок дар намоишгоҳро 288 колхоз ва 1488 пешқадамони хоҷагии қишлоқ ба даст оварданд ва соли 1940 дастоварди 409 колхози ҷумҳурӣ дар намоишгоҳ гузошта шуд, ки шумораи иштирокчиёни он аз Тоҷикистон 3459 нафар буд. Пешқадамони хоҷагии қишлоқи сотсиалистӣ сазовори дипломҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқ ва мукофотҳои олии ҳукуматӣ дониста шуданд.
Дар тарбияи ғоявию сиёсии меҳнаткашон муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ, матбуот ва радио нақши муҳим бозиданд. Солҳои 1938–1940 дар ҷумҳурӣ 802 китоб бо теъдоди 10384 ҳазор нусха нашр шуд.
Комсомоли ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва фаъолияти хоҷагӣ нақши бузург дошт. Дар аввали соли 1940 дар сафҳои Иттифоқи ленинии Кумитаи ҷавонони умумииттифоқи Тоҷикистон 65 ҳазор нафар, аз ҷумла, 14 ҳазор духтарон буданд. Моҳи январи соли 1940 шумораи ташкилотҳои ибтидоии комсомолӣ ба 3314 адад афзуд, дар ҳоле ки соли 1938 шумораи онҳо 1537 ададро ташкил медод.
Октябри соли 1939 даҳсолагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардида, коргарони пешқадам, колхозчиён, ходимони адабиёт ва санъат бо ордену медалҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ сарфароз гардиданд.
Кори «Ҷамъияти мусоидат ба мудофиа, авиатсия ва сохтмони кимиёвӣ», Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва ҷамъиятҳои варзишӣ эҳё шуд. Танҳо соли 1939 ба «Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» 43 ҳазор аъзо ҷалб гардида, то соли 1940 дар сафҳои он тақрибан 80 ҳазор нафар буд.
Дар гурӯҳҳои мудофиавӣ 14 ҳазор тирандоз, низомиёни савора, пулемётчиён ва дигарон тайёр карда шуданд. Зиёда аз 12 ҳазор нафар курси мудофиаи зиддиҳавоӣ ва зиддикимиёвиро омӯхт.
Рушди иқтисод барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии меҳнаткашон шароити мусоид фароҳам овард. Бо ин мақсад, соли хониши 1939–1940 дар пойтахти ҷумҳурӣ Институти давлатии тиббии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) кушода шуд.
Сохти колхозӣ имконият фароҳам овард, ки маҳсулоти умумӣ ва молии истеҳсоли хоҷагии қишлоқ зиёд гардида, даромади пулии колхозҳо афзояд. Соли 1938 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зиёда аз 30 ноҳия аз супоридани ғалла ба давлат ва тамоми ноҳияҳои баландкӯҳу марзӣ аз супоридани гӯшту шир озод карда шуданд.
Соли 1939 музди миёнаи меҳнати коргарон ва хизматчиёни соҳаи саноат нисбат ба соли 1929 бештар аз 3 маротиба афзуд.
Соли 1940 даромади умумии пулии колхозҳо 42,2 миллион сӯмро ташкил намуда, даромади миёнаи пулии як колхоз 136 ҳазор сӯм ва ба як хоҷагии колхозӣ 214 сӯм рост меомад. Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана дар ҷумҳурӣ аз 81 миллион сӯми соли 1937 то ба 100,3 миллион сӯм дар соли 1940 афзуд.
Дар давоми солҳои 1938–1941 дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ташкилотҳо, колхозҳо, инчунин коргарон ва хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби худ 705 ҳазор метри мураббаъ, аз он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 233 ҳазор метри мураббаъ манзили иқоматӣ сохтанд.
Маблағгузории давлат барои таъминоти иҷтимоӣ зиёд шуд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 1930 он 20 ҳазор сӯмро ташкил медод, соли 1940 ба 640 ҳазор сӯм расид. Андозаи ёрии иҷтимоӣ дар шакли нафақа ва ёрдампулиҳои давлатӣ зиёд шуд. Соли 1930 танҳо 218 нафар бо нафақаи давлатӣ таъмин буданд ва пас аз 10 сол шумораи нафақахӯрон ба 7518 нафар расид.
Г. Х. Ҳайдаров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 285.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




