Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945)

22 июни 1941 Олмони фашистӣ бидуни эълони ҷанг аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҳуҷум кард. Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуд. Ҳукумати Шӯравӣ барои ба муқобили душман сафарбар намудани тамоми қувва ва таъмини ғалабаи мардуми шӯравӣ корҳои зиёд анҷом дод. Аз ҷумла, 30 июни 1941 Кумитаи давлатии мудофиа ташкил шуда, тамоми ҳокимияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва хоҷагии мамлакат, ташкилоту идораҳои Тоҷикистон ба ихтиёри он гузаштанд. Дар Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҷанг даъват ва сафарбарии ҷавонмардон ба фронт оғоз гардид. Танҳо дар моҳҳои аввал тақрибан 6 ҳазор ҷавонмардон барои мудофиаи Ватан ихтиёран ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ ариза доданд. Дар назди баъзе комиссариатҳои ҳарбӣ барои омӯзиши ҷавонон маркази таълими ҳарбӣ ташкил шуд. Аз 17 сентябри 1941 дар асоси қарори Кумитаи давлатии мудофиа дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои ҷавонмардони синнашон аз 16 то 50-сола таълими умумии ҳарбӣ ҷорӣ гардид. Дар Тоҷикистон аз октябри 1941 то августи 1942 177685 нафар ба таълими умумии ҳарбӣ ҷалб шуданд.

Корнамоӣ дар майдони набард

Дар моҳҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ бисёр ҷанговарони тоҷик, аз қабили Н. Алиев, М. Иброҳимов, А. Ҳоҷибоев, С. Муҳаббатов, А. Пиров, А. Пирмуҳаммадзода, Э. Рӯзиев, Х. Кенҷаев, А. Қаландаров, А. Маҳмудов, А. Дадабоев, А. Қаноатов, Х. Абдиев ва дигарон дар набардҳои аввал бар зидди истилогарони фашистӣ ҷасорату шуҷоат нишон доданд. Тирамоҳи 1941 нируҳои асосии фашистӣ ба самти Маскав наздик шуданд. Тамоми мардуми шӯравӣ тавассути қатора барои ҳимояи шаҳр аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, озуқа ва афсар фиристоданд. Октябри 1941 аз Тоҷикистон дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ ба сӯи Маскав равона шуд ва беш аз 150 сарбозу афсарони он барои корнамоишон ба мукофотҳо сазовор гардиданд. Декабри 1941 Артиши шӯравӣ бори аввал дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашт ва нақшаи «Ҷанги барқосо»-и Гитлер барбод рафт.

Соли 1942 аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград низ корнамоӣ нишон доданд. Августи 1942 сарбозони дивизияи 61-уми савора, ки дар Тоҷикистон ташкил шуда буд, ба муҳорибаи Сталинград фиристода шуданд. Баъзе афсарони ин дивизия, аз қабили Ш. Аҳмадҷонов, А. Қаландаров, Х. Раҳимов, С. Амиршоев, С. Пӯлотов, М. Нарзибеков, М. Холматов, Р. Рӯзиев, Р. Аноров, А. Сулаймонов, Т. Алпатов, П. Абаринов ва дигарон сарбозони душманро бо муҳиммоти ҷангишон маҳв карда, бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд. 19 ноябри 1942 ҳуҷуми ҷавобии Артиши Шӯравӣ дар минтақаи Сталинград сар шуд. 2 феврали 1943 набарди назди дарёи Волга бо ғалабаи Артиши Шӯравӣ хотима ёфт.

Мардуми шӯравӣ ҳамеша ҷанговаронро ба майдони набард, ба муҳофизати Ватан ботантана гусел мекарданд. Марти 1943 мардуми ҷумҳурӣ бо имзои 300 ҳазор нафар ба аскарони тоҷик мактуб равон карданд. Онҳо қавл доданд, ки тамоми неруи худро баҳри ғалабаи ҷанговарон бар душман равона мекунанд. Тобистони 1943 фармондеҳи артиши Олмон тасмим гирифт, ки дар минтақаи Камонаки Курск ба Артиши Шӯравӣ зарба занад. Дар набарди назди Курск батареяи фармондеҳ Х. Кенҷаев ва дар муҳорибаи назди Днепр батареяи И. Ҳамзаалиев шумораи зиёди душманро маҳв карда, ҳар ду бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуданд. Дар муҳорибаи назди дарёи Днепр 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон — С. Турдиев, Д. Азизов, Ҳ. Қосимов, Т. Мирзоев, Ӯ. Якубов, И. Крумин, А. Лапшин, М. Панфилов, П. Кашпуров, Н. Аникин, Х. Муҳаммадмирзоев, К. Ходов, В. Барутин, М. Новоселсев, А. Рудой, А. Гордеев, Б. Давлатов, В. Бояркин, Е. Данилян, И. Двадненко ва Д. Коржов бо унвони Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин муҳориба дивизияи 20-уми савора барои нишон додани қаҳрамонию мардонагии ҷанговаронаш ба гвардияи 17-ум табдили ном кард. Баъдан набарди сарбозони дивизия аз Белоруссия, Полша, Олмон то соҳилҳои дарёи Элба идома ёфт. Соли 1943 Т. Эрйигитов дар майдони набарди Волхов корнамоии А. Матросовро такрор кард. Ӯ дар лаҳзаи ҳалкунандаи ҷанг бо синааш пулемёти душманро пӯшонида, ҷони ҳамроҳонашро наҷот дод ва пас аз марг бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид. Фиристодагони дигари Тоҷикистон капитан Т. К. Гаврилов (Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ), А. Муъминов, Ю. Муъминов, А. Салимов, С. Ёфтаков, Ш. Исоев, Т. Одилов, М. И. Зафран ва дигарон барои аз муҳосира озод кардани Ленинград ҷасорату қаҳрамонӣ нишон дода, бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занони тоҷик, лейтенанти хизмати тиббӣ Ш. Ҳайдарова, Ч. Раҳимова, парасторон Р. Давронова, Ш. Ходатова, Ч. Мақсудова, С. Сангинова, лётчикон О. Муҳаммадҷонова, Л. Лаврентева, сержанти хурди полки авиатсионӣ С. Алибоева ва дигарон бо ордену медал сарфароз гардиданд. Ҳазорон ҷанговарони тоҷик (И. Шарифов, С. Амиршоев, Ф. Аҳмадов, Ч. Урозов, Э. Шарифов, А. Саидбеков, А. Фармонқулов) дар муҳорибаҳои Украина, Белоруссия ва назди Балтика ҷоннисорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 300 ҳазор сарбозу афсарон ширкат карда, тақрибан 150 ҳазор нафари онҳо фавтиданд ва маъюб шуданд; 58 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 нафар ба се дараҷаи ордени Шараф ва беш аз 50 ҳазор нафар бо ордену медалҳои дигар сарфароз гардиданд.

Иқтисодиёт

Аз 22 июни 1941 дар асоси муроҷиатнома ва директиваи Ҳукумати Шӯравӣ умури иқтисоди ҷумҳурӣ таҳти шиори «Ҳама чиз барои фронт! Ҳама чиз барои ғалаба!» ба талаботи замони ҷанг мутобиқ гардид. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли лавозимоту либоси ҳарбӣ, абрешим, нони хушк, консерва ва ғайра вусъат ёфт. Дар рафти гузариш дар корхонаҳо норасоии шадиди кадрҳои ихтисосманд, ашёи хом, сӯзишворӣ, неруи барқ, нақлиёт ва ғайра мушоҳида мешуд. Дар замони ҷанг қувваи асосии корӣ – мардҳо ба фронт сафарбар шуда, барои таъмини муназзами фаъолияти корхонаҳо дар ақибгоҳ бо қарори Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 26 июни 1941), рӯзи кории 10–11-соата ҷорӣ ва рӯзи истироҳатӣ ва рухсатии меҳнатии коргарону хизматчиён бекор гардид. Ҳамчунин дар моҳҳои аввали ҷанг ҷалби занон ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ афзуд. Соли 1941 тақрибан нисфи коргаронро занон ташкил медоданд. Дар баъзе корхонаҳо 70–80 дарсади коргарон насли ҷавон буданд. Ҳамзамон барои бартараф кардани норасоии кадрӣ дар Тоҷикистон тақрибан 5 ҳазор нафар ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳои таълимии назди фабрикаву заводҳо ҷалб шуданд.

Дар давраи ҷанг мусобиқаи сотсиалистӣ барои иҷроиши барзиёди нақшаҳои истеҳсолӣ, сарфаи ашёи хом, баланд бардоштани самараи меҳнат ва коҳиши арзиши аслии маҳсулот хеле ривоҷ ёфт. Соли 1941 дар байни ҷавонони кишвари мо ҳаракати пешқадамони давраи ҷанг — дусадфоиза (коргаре, ки ду сарборӣ иҷро мекард — яке барои худ, дигаре барои рафиқе, ки дар фронт аст) маъмул гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи бригадаҳои ҷавонони фронтӣ ба 1427 расид. Дар Тоҷикистон роҳбари бригадаи Фабрикаи шоҳибофии Душанбе Ахмедова бори аввал ташаббусро нишон дода, тамоми комсомолон ва ҷавононро ба ҳаракати дусадфоиза таҳрик дод. Баъдан ин ҳаракат дар Комбинати абрешимбофии Ленинобод, кони Чоруқдаррон, Заводи равғанбарории Қӯрғонтеппа ва Комбинати консервабарории Чкаловск (ҳоло Гулистон) ва ғайра натиҷаи мусбат дод. Дар натиҷаи ин тадбирҳо истихроҷи ангишт ба 224 ҳазор тонна (1945), истеҳсоли қувваи барқ мутаносибан ба 72,1 миллион киловатт/соат, газвори пахтагин ба 3 миллион метр (1940) расид. Корхонаҳои нассоҷии кишвар дар солҳои ҷанг тақрибан 178 ҳазор тонна нахи пахта, 770 тонна калобаи абрешимӣ, 6,5 миллион метр матои абрешимӣ, даҳҳо миллион қуттии консерва, ҳазор ҷуфт пойафзол ва маҳсулоти дигар истеҳсол карданд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти умумии корхонаҳои калони хӯроквории ҷумҳурӣ ба 82,7 миллион сӯм расид, ки нисбат ба давраи пеш аз ҷанг зиёд буд.

16 августи 1941 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи аз хатти ҷабҳа ба Поволже, Урал, Сибири Ғарбӣ, Қазоқистон ва Осиёи Миёна кӯчонидани корхонаҳои саноатӣ қарор қабул кард. Дар давраи аввали ҷанг 27 адад корхонаҳои саноатӣ ва таҷҳизоти онҳо аз хатти ҷабҳа ба Тоҷикистон кӯчонида шуданд, ки бештари онҳо корхонаҳои соҳаи сабук ва хӯрокворӣ буданд. Дар муддати кӯтоҳ Заводи консервабарории Феодосия «Красный Перекоп», Заводи зарфҳои шишагии Симферопол ба номи 1-уми Май, Комбинати шоҳибофии Маскав ба номи Шербаков, Комбинати бофандагии Люберетск ва ғайра ба фаъолият оғоз карданд. Дар солҳои ҷанг дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 корхонаву коргоҳҳои нав, аз қабили корхонаҳои сементбарорӣ, таъмири автомобилӣ, электрокимиё, конҳои филиззоти рангаи Чилликул, Чоруқдаррон ва Такфон, Фабрикаи ресандагии Конибодом, корхонаҳои давлатии шири Сталинобод ва Ленинобод ва ғайра ба кор сар карданд. Бунёди неругоҳи барқи обии Варзоби Поён идома дошт. Дар натиҷа шумораи коргарони корхонаҳои истеҳсолӣ то соли 1945 ба 42,4 ҳазор расид.

Дар замони ҷанг кишоварзони ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки корхонаҳои саноатиро бо маҳсулоти стратегӣ — пахта ва пилла таъмин намуда, истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти чорворо афзун гардонанд. Иҷроиши ин масъала ба дӯши занон, мӯйсафедон ва ҷавонон афтода, камбуди техникаи кишоварзӣ ва кадрҳои механизаторӣ ба пешрафти соҳа таъсири номатлуб мерасонд. Аз ин рӯ, дар назди мактабҳои механикии хоҷагии қишлоқи Ленинобод ва Шаҳритӯс, таълимгоҳҳои назди истгоҳҳои мошину трактор масъалаи тайёр кардани кадрҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи ин иқдом нақши занон дар умури корҳои механизаторӣ, артелҳои хоҷагии қишлоқ, бригадаҳо, звеноҳо, фермаҳои чорводорӣ ва ҷавонон дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ (45%) афзоиш ёфт.

Соли 1941 Ҳукумати Шӯравӣ низоми карточкаро барои дарёфти ғизо ва молҳои саноатӣ ҷорӣ кард. Мардуми ақибгоҳ ба душвориҳои моддӣ нигоҳ накарда, ба фронт ёрӣ мерасониданд. Соли 1942 сохтмони Канали Ҳисор ба итмом расид, аммо бо сабаби камбуди техника ва қувваи кории мардҳо иншооти обёрӣ, заҳкашҳо, насосҳои обкашӣ корношоям шуда, тадриҷан нақшаи истеҳсоли пахта дар соли 1942 (121,7 ҳазор тонна) ва 1943 (58,3 ҳазор тонна) нисбат ба соли 1941 (181,8 ҳазор тонна) кам шуд ва баръакс истеҳсоли ғалла то соли 1943 (700 ҳазор тонна) афзоиш ёфта, воридоти ғалла ба ҷумҳурӣ қатъ гардид. Ҳамчунин дар солҳои 1943–1944 кишоварзон ба фонди захиравию мудофиавии Артиши Шӯравӣ 65 ҳазор пуд ғалла равон карданд. Соли 1944 160 колхозчӣ ва корманди ҳизбиву шӯравии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои иҷрои нақшаи давлатии истеҳсоли ғалла ба орденҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дараҷаҳои I ва II) сарфароз шуданд. Дар солҳои ҷанг чорводорони кишвар зиёда аз 2,2 миллион пуд гӯшт истеҳсол карданд, ки зиёда аз 316 ҳазор пуди он ба хазинаи мудофиавии Артиши Шӯравӣ равона гардид. Дар солҳои ҷанг мардуми Тоҷикистон барои ҷанговарони Артиши Шӯравӣ 151 вагон туҳфа, барои фонди хазинаи мудофиавии Ватан зиёда аз 75 миллион сӯм, 40750 пуд ғалла, барои сохтмони колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» беш аз 84 миллион сӯм ва барои эскадриляи ҳавоии «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 миллион сӯм ҷамъоварӣ карданд; ҳамчунин ба маблағи 584 миллион сӯм вомбарги қарзи давлатӣ ва 130 миллион сӯм чиптаи лотерея харидорӣ намуданд, ҷавонони ҷумҳурӣ барои таъмини аслиҳа 6 миллион сӯм ҷамъ карданд.

Маориф ва илму фарҳанг

Дар замони ҷанг вазъи таълим низ мураккаб гардид. Зиёда аз 5 ҳазор омӯзгор ба майдони ҷанг сафарбар шуданд, биноҳои мактабҳо қисман ба госпитали ҳарбӣ табдил ёфтанд. Дар баъзе мактабҳо норасоии ҷои нишаст, китобу дафтар ва дигар лавозимот мушоҳида мешуд. Қисман хонандагони синфҳои болоӣ ё ба майдони ҷанг ё ба истеҳсолот сафарбар мешуданд. Бо вуҷуди ин душвориҳо Ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиш менамуд, ки ҷавонони синни мактабӣ аз таълим берун намонанд. Дар соли таҳсили 1945–1946 шумораи мактабҳо ба 2881 адад ва талабагон ба 239,8 ҳазор нафар расид. Ноябри 1942 150 ҳазор китоби таълимии тозанашр аз шаҳри Ленинград ба Сталинобод оварда шуд.

Дар солҳои ҷанг Донишкадаи технологии саноати консервабарории Одесса ва Донишкадаи кишоварзии Ворошиловград муваққатан ба Сталинобод кӯчонида шуданд. Соли 1943 Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод ба донишкадаи занона ва омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод, Конибодом ва Хоруғ ба омӯзишгоҳи омӯзгории занона табдил дода шуданд. Соли 1943 аввалин хатмкунандагони Институти тиббии Сталинобод ба номи Абуалӣ ибни Сино (25 нафар) фавран ба майдони ҷанг сафарбар гардиданд.

Адабиёти тоҷик низ зери ғояҳои ватандӯстӣ инкишоф меёфт. Шоиру нависандагони тоҷик Ҳ. Юсуфӣ, А. Назаров, Ҳ. Карим, Ф. Ниёзӣ, А. Қаҳҳорӣ, Л. Бузургзода, А. Пирмуҳаммадзода бо силоҳу қалам бар зидди душман мубориза мебурданд. С. Айнӣ оташи ғазаби худро нисбат ба душман дар шеърҳои «Суруди зафар», «Қиссаи ҷанг ва зафар», мақолаҳои публисистии «Чингизи асри XX», «Деви ҳафтсар», «Шерзод» ва ғайра баён кард. А. Лоҳутӣ бо шеърҳои «Шамшери душман бишканем», «Ба шаҳри Ленин», «Ба халқи муборизи Украина», «Бародари рус», М. Турсунзода бо шеъру достонҳои ватандӯстонаи «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ғалабаи Таня», «Писари Ватан», осори манзуму мансури М. Миршакар, А. Деҳотӣ, М. Раҳимӣ, Б. Раҳимзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Р. Ҷалил ва дигарон дар қалби хонандагон роҳ ёфтанд. Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ (бунёд: 1942) намоишҳои мазҳакавӣ-мусиқавии «Розия», операи тоҷикии «Тоҳир ва Зӯҳро», дар театрҳои драмавӣ асарҳои муаллифони тоҷик, аз қабили «Дар оташ»-и С. Улуғзода, «Хонаи Нодир» ва «Дили модар»-и Ҷ. Икромӣ ба саҳна гузошта шуданд.

Соли 1943 «Театри фронтии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» ташкил шуд, ки дар байни сарбозони шӯравӣ шуҳрат пайдо кард. Театри мазҳакавии Ленинград, Театри кӯдаконаи Ворошиловград, Театри кӯдаконаи Воронеж, Театри Украина ба номи В. И. Шорс, киностудияи кӯдаконаи иттифоқии «Союздетфильм»-и Маскав (ба киностудияи Сталинобод муттаҳид шуд), ба пойтахти ҷумҳурӣ кӯчонида шуданд. Соли 1943 нахустин филм дар бораи ширкати ҷанговарони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ «Фарзанди Тоҷикистон» таҳия гардид.

Бо нишони қадрдонӣ аз меҳнату фидокории коргарон, колхозчиён ва зиёиёни Тоҷикистон зиёда аз 102 ҳазор нафар ба медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945» сарфароз шуданд. 9 майи 1945 мардуми тоҷик якҷо бо дигар мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ ғалабаро бар зидди Олмони фашистӣ таҷлил карданд. 8 августи 1945 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ба муқобили Ҷопон ҷанг эълон намуд. 2 сентябри 1945 Ҷопон таслим шуд ва Ҷанги дуюми ҷаҳон ба охир расид.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 286–289.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.