Ҷашнҳои миллӣ
Меҳргон ҷашни бостонии миллист. Меҳргон аз вожаи «Меҳр» корбаст шуда, шакли аввалаи «Митра» – номи яке аз бузургтарин эзадони ҳиндуэронист, ки 1400 сол то милод дар сангнавиштаҳо ҳакк шудааст. Дар Авесто низ суруде мансуб ба Меҳр мавҷуд аст. Дар осори санскрит, бавижа дар Ведаҳо, ки қадимтарин ҷузъи он «Ригведа» аст, роҷеъ ба ин эзад иттилоъ зикр шудааст. Тибқи тақвими зардуштии авестӣ, Меҳргон рӯзи эътидоли тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки он ба 16-уми меҳрмоҳ (моҳи ҳафтуми солшумории шамсӣ), мутобиқ ба 22 октябри солшумории григорианӣ рост меояд. Тибқи гоҳшумории авестӣ ҳар як моҳ аз 30 рӯз иборат буд, ки ҳар кадоми он рӯзҳо бо номи яке аз эзадон номгузорӣ шудааст. Ҳар гоҳ номи рӯзу моҳ бо ҳам баробар меомад, он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Чун номи рӯзи 16-уми ҳар як моҳ «Меҳр» буд, ба он пасванди «гон»-ро изофа намуда, «Меҳргон» номида, ҷашни бузург созмон медоданд. Ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз куҳантарин иде мебошад, ки аз қадимулайём ба муносибати бардошти ҳосили кишти деҳқонӣ ва поён пазируфтани корҳои кишоварзӣ таҷлил мегардад. Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино бар маълумоти Берунӣ дар «Осору-л-боқия», Фаридун ба муносибати нобуд кардани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба ҷашни Меҳргон асос гузоштааст.
Дар даврони куҳан маъмултарин ва ҷолибтарин русуми ин ҷашн оростану перостани хони меҳргонӣ будааст, ки махсус бо анвои меваҷот сурат мегирифтааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст, ки дар ҷашни Меҳргон агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онҳо барои шоҳ ва ғанӣ гардондани хазинаи давлат туҳфаҳо меоварданд. Баъзан ашёи рамзиро дар лагани тилоӣ монда, болояшро бо матои гаронбаҳо пӯшонда, назди шоҳ мегузоштанд, ки ин амал пандомӯз буд.
Меҳргон баробари рушди деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекардаанд. Деҳқонҳо ба пешвози Меҳргон ҳашар мекарданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо анҷом медоданд, шоирон дар васфи Меҳргон шеърҳо менавиштанд. Ҳофизону мутрибон ба муносибати ин ҷашни бузург суруду оҳангҳои ҷашнӣ эҷод мекарданд, ки онҳо «Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурд» ва ғайра ном доштанд. Дар рӯзи Меҳргон шоҳи сосонӣ бомдодон ҷомаи махсусе, ки аз матои «Бурди яманӣ» ва зарбофти гаронбаҳо буд, ба бар карда, тоҷи махсусро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мениҳод, дар толори бузург менишаст ва мардуми аз вилоятҳои дури мамлакат омадаро мепазируфту ҳадяҳояшонро қабул мекард. Меҳргонро Ҳахоманишиён низ таҷлил мекарданд, дар давраи Сомониён ва то ҳамлаи муғул (асри 13) ин идро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегирифтанд.
Муғулҳо ҷашни Меҳргонро дар дарбори шоҳон манъ карда бошанд ҳам, ин ҷашн дар байни кишоварзон бо ин ё он ном таҷлил мешуд ва ин анъана то замони мо расидааст. Масалан, сокинони деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баъди бардошти ҳосили деҳқонӣ, дар миёнаи моҳи октябр, бо номи «Сайри мазор» ҷашне доранд. Дар ин рӯз гӯсфанд ё гов кушта, аҳли деҳа ҷашни бузурге меороянд, дастархонашонро бо меваҳои гуногун, тарбузу харбуза ва сабзавот пур карда, дар атрофи хони пурнозу неъмат тарона месароянд, дафу танбӯру дутор навохта, рақсу бозӣ мекунанд ва ин шодиву сурур то бегоҳ идома меёбад. Мардум ҷашни «Сайри мазор»-ро ба хотири фаровонии ҳосил ва осудагии рӯзгор баргузор мекунанд. Чунин маросим, ки боқимондаи ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, дар дигар маҳалҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасад.
Меҳргонро зардуштиёни Язд ва Кирмоншоҳи Эрон дар давоми 6 рӯз бо риояи анъанаҳои бостонӣ таҷлил мекунанд. Онҳо дар ин рӯз либоси нав мепӯшанд, даруни мурғро бо маводди ғизоӣ пур карда мепазанд, дар рӯи дастархони меҳргонӣ шарбат, гулоб, ширинӣ, сабзавот, меваҷот (анор, себ, ангур), гулҳои рангоранг, оина, сурмадон ва китоби Авесторо мегузоранд. Атрофи хони меҳргониро бо овишн (пудинаи кӯҳӣ) оро медиҳанд, гузоштани чанд адад сиккаи нуқра, санҷиду бодому писта ва зарфи оби хушбӯйи овишнро раво намуда, шамъҳоро фурӯзон ва дар зарфе испанд дуд мекунанд. Ҳангоми пешин аҳли хонавода, хурду бузург бо шодию сурур сари дастархон баробари оинаи барқад рост истода, дуо мехонанд ва сипас ба нӯшидани шарбат сар мекунанд, зану мард ба чашмонашон сурма мекашанд ва овишни хушкро бо нуқлу санҷид ба сари ҳамдигар рехта, якдигарро табрик мекунанд. Дар ин рӯз барои тозадомодону номзадҳояшон порча, ширинӣ мебаранд, ба тангдастону бечорагон ёрӣ мерасонанд. Агар дар ин рӯз тифле ба дунё ояд, номе ба ӯ мегузоранд, ки вожаи «Меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрбону, Меҳрваш, Меҳрдухт, Меҳрон, Меҳрубон, Меҳроб ва ғайра.
Дар даврони шӯравӣ заҳматкашон ҳар сол баъди ҷамъоварии зироат «Иди ҳосилот»-ро анҷом медоданд, ки он қисме аз унсурҳои ҷашни бостонии Меҳргонро фаро мегирифт. Рӯзҳои ҷашн дар шаҳру деҳот бозиҳои варзишӣ — бузкашӣ, гуштингирӣ, камонварӣ ва ғайра барпо мегардиданд.
Баъди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин иди аҷдодӣ дубора эҳё шуд. Ҳоло ҳар сол дар Тоҷикистон баъди ҷамъоварии зироати кишоварзӣ ҷашни Меҳргон бо риояи русуми суннатӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ Иди харбуза, Иди асал, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои махсуси консертӣ ва сайругашти оммавии мардум ташкил карда мешаванд.
Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978.
Р. Аҳмадов.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 306–307.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




