Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Наврӯз

Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир айём» (ё Иди бузург) меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробарии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонатарини ҷашнҳост. Наврӯз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос ёфта, медурахшид. Мардум ин манзараро дида, дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд.

Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯи ин тахтгоҳ бо ҳадяҳои наврӯзӣ равонанд.

Дар манобеи таърихию адабии бостонӣ ва қариб дар ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номиданд. Фирдавсӣ, Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумот ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулуку-л-арз вал-анбиё» бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони эронӣ мегӯяд, ки дар оғози офариниши ҷаҳон хуршеду моҳу ситорагон ва замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.

Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадя мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади мӯбади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшақарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мебинад ва онро ба даст гирифта, обашро чашидааст, ки ширин мебошад. Амр кардааст, ки оби онро берун оваранду аз он шакар истеҳсол намоянд. Он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадя медоданд. Тибқи иттилои Берунӣ, рӯзи шашуми моҳи фарвардин Наврӯзи бузург аст. Гӯянд, Худованд дар ин рӯз аз офариниши ҷаҳон осуда гардидааст, чунки дар ин рӯз Худованд Муштариро офаридааст. Зардуштиён мегӯянд, ки Зардушт дар ин рӯз тавфиқ ёфтааст, ки бо Худованд муноҷот намояд ва Кайхусрав дар ин рӯз ба ҳаво ба меъроҷ рафта ва дар ин рӯз барои сокинони кураи Замин саодатро қисмат кардааст, бино бар ин, мардум ин рӯзро рӯзи умед номидаанд. Ҳар кас дар бомдоди ин рӯз, пеш аз он ки сухан гӯяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани худро чарб кунад, тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд.

Дар аҳди Сомониён ба инкишофи суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва халқҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Садаву Меҳргон ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи 1-уми фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд, ин рӯзҳоро «Наврӯзи кишоварзон»-у «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва ҳатто баъди истилои муғул Наврӯзро мардум бо тантана ҷашн мегирифтанд ва ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва омади кишти зироатро аз рӯи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.

Гоҳшуморӣ ва нишонаҳои фарорасии Наврӯз

Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидоли баҳорию тирамоҳӣ ва суръати вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такрор шудани ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хосси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ Хир пи чор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Қаротегину Дарвоз, Ванҷу Язгулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сӯх) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва ҳатто дар Покистон ҳам истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо «ҳисоби мард», «офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ ном мебаранд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад, масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра. Мувофиқи тасаввуроти тоҷикони ҳавзаи Хингоб, Наврӯз замоне фаро мерасад, ки офтоб ба нишони «дил» ворид шавад. Ин айём се рӯз давом карда, иди Соли нав ё Сари сол барпо мегашт. Дар ҳисоби сокинони баъзе деҳаҳо Наврӯз дар давраи «камар» ё «кордафсон» (рон) фаро мерасидааст. Мутобиқи ҳамин тақвим аксари мардум корҳои деҳқониро оғоз мекарданд. Иҷрои бархе маросими мавсимӣ ва расму одат низ аз рӯи ҳамин гоҳшуморӣ сурат мегирифтааст. Дар Бадахшон низ, ки тақвими «Офтоб дар мард» (Хир пи чор) корбурди васеъ дошт ва дорад, нишони «дил» замони таҷлили соли нав аст.

Шеваи дигари таъйини фарорасии соли нав дар байни аҳолии кӯҳистон мушоҳидаи ҳаракати офтоб ва афтодани сояи он ба нуқтаҳои муайян ба шумор мерафт. Асосан гардиши офтоб аз рӯи ҷойҳои нишоншуда дар қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарахтон, сангҳо ва ғайра мушоҳида мешавад, ки офтоб дар паси онҳо ғуруб ё тулӯъ мекард. Ҳисоби рӯзҳои солро мардум ба ҷуз аз нуқтаҳои тулӯъ ва ғуруби офтоб, равиши сояи қуллаҳои кӯҳ, ҳамчунин аз равзан ба нишонаҳои гуногуни хонаҳои анъанавӣ расидани нури офтоб ва ғайра муайян мекарданд. Яке аз куҳансолони деҳаи Сорчи ноҳияи Роштқала Худоёров Файзулло (85-сола) гуфтааст: «Ҳангоме ки аз равзанаи хона офтоб рост ба болои шахсутуни хона меафтад, мегӯянд, ки «офтоб дар мард» афтод, яъне офтоб қувват гирифт ва метавонем, ки ба Наврӯз тайёрӣ бинем».

Дар деҳаи Ямги ноҳияи Ишкошим санге мавҷуд аст, ки мардум онро «офтоббин» ном мебаранд. Чанд рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз мӯйсафедони ин деҳа ба воситаи ин санг фарорасии Наврӯзро мушоҳида мекунанд. Ин олати сангӣ дар ҳамворӣ ҷойгир шудааст ва дар миёнҷойи он сӯрохе мавҷуд аст. Вақте ки офтоб вориди он гашт, одамон пай мебаранд, ки Наврӯз фаро расидааст. Ин мушоҳидаи мардум танҳо аз 18 то 21-уми март ба амал меояд.

Дар баробари мушоҳидаҳои ҷирмҳои осмонӣ ва гардишу афтодани сояи офтоб дар мавзеъҳои муайян мардуми тоҷик инчунин кӯчишу рафтори ҷонварони мухталифро мушоҳида карда, фарорасии баҳорро таъйин менамуданд. Ин мушоҳидаҳои фенологӣ барои муайян кардани замони фарорасии мавсими баҳор, оғози корҳои кишоварзӣ, кишти зироат, молдорӣ, боғдорӣ ва ғайра истифода мешуданд. Чунончи, аҳолии деҳоти ҳавзаи дарёи Хингоб дар оғози баҳор парида омадани парандаи хурд — сангобдавакро мушоҳида кардаанд. Дар ин айём инчунин парандаи дигар – шохник парида меомадааст, гамбуски хурди сиёҳ — говак пайдо мешудааст, гулҳои зардаку сиёҳтӯш – гули чоғузак мерӯидаанд.

Мардумони шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Шаҳрисабз ва сокинони водиҳои Ҳисору Зарафшону Фарғона бо дидани лаклак бар он бовар буданд, ки баҳор расидааст, ҷашни Наврӯз наздик аст, чунки лаклак қосиди баҳору Наврӯз буда, одамони аз сармои зимистон дилтанггардида баробари дидани ин парандаи зебо шоду масрур мешаванд.

Рамзҳои наврӯзӣ

Ҷашни Наврӯз рамзҳои хосси худро дорад. Дар ҷашни Наврӯз ва оину суннатҳои марбути он ранги сафед аҳаммияти бештар доштааст ва дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покию беолоишӣ, сулҳу осоиш, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову обу либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад. Масалан, ҳангоми таҷлили сол либоси сафед ба бар мекарданд. Дар рӯи суфраи наврӯзӣ шакар, шир, мост ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан мурғу моҳиро рӯи дастурхон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар суфраи наврӯзӣ инчунин себу сир ва санҷид ҳам мегузоштанд, ки дарунашон сафед аст.

Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо ал-Кисравӣ, шоҳони Сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро ба ҳаво сар медоданд, субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навдӯшида, ё хӯрдани пораи панири тоза оғоз мекарданд ва дар ин рӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд.

Дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон дар айёми Наврӯз аслан ғизоҳои ширӣ, ба мисли ширбиринҷ, ширчӯш, ширравған, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хӯрокҳоро дар хона таҳия карда, сипас ба табақу зарфҳо бардошта, ба идгоҳ мебурданд ва бо ҳам тановул мекарданд. Тоҷикони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд ва ҳатто ба хонаи ҳамсоя ва хешу ақрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахси суманаковарда рӯймоли сафед баста, ба зарфаш, маъмулан, орд, қанд ё тухми мурғ мениҳад. Дар Бадахшони Тоҷикистон дар рӯзи Наврӯз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, шахси ба хона воридшаванда дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегӯяд: «Шогуни баҳор муборак!» ва мизбон «Бо рӯи шумо муборак!» гуфта, қадре ордро ба китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи ҳаёти осуда буда, сафедӣ, фаровонӣ ва фоли нек ба шумор меравад.

Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Ҳисор, Кешу Фарғона, Қаротегину Дарвоз, Зарафшону Бадахшону Хатлон ва дигар ҷойҳо идгоҳҳои махсус вуҷуд доштанд, дилхушиҳои гуногун, бозӣ ва сайрҳои халқӣ баргузор мешуданд. Ин гуна идгоҳҳо дар Самарқанд – мавзеи Оби Раҳмат, дар Бухоро – Чашмаи Аюб, дар Кӯлоб – Тамошотеппа, дар Ҳисору Панҷакенту Хуҷанд ва Истаравшану навоҳии дигар лаби рӯдхонаҳо ва атрофи чашмаҳои маъруфу ҷойҳои хушобу ҳаво интихоб шуда буданд. Дар баъзе маҳалҳо сайри наврӯзӣ дар назди мазоре бо қурбон кардани гӯсфанд ё буз ҳам барпо мешуд. Аз ҳамон давра одати мардум шуда буд, ки рӯзи Наврӯз дар ҳафт зарф ҳафт навъи ғалларо мекориданд ва аз рӯи сабзиши онҳо фол мегирифтанду пешгӯӣ мекарданд, ки дар ин сол ба кадоме аз ин рустаниҳо эътибор бидиҳанд ва корҳои кишоварзон чӣ гуна сурат хоҳанд гирифт. Дар байни мардуми тоҷик оид ба Наврӯз нақлу ривоят, рубоию дубайтӣ, суруду тарона, ғазалу мухаммас ва қиссаву ҳикояту достон эҷод шудаанд. Мардуми заҳматкаш бо таҷлили Наврӯз сулҳу салоҳ, беҳбуд, оромишу осоиш ва хушнудиро орзу мекарданд.

Бозиҳои наврӯзӣ

Як бахши ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои гуштингирӣ, аспдавонӣ, пиёдапойга (давидан), бандкашӣ, ҷавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон), инчунин бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабкҷанг, чилликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешуданд. Гуштингирӣ ва бузкашӣ маъмултарини мусобиқаҳои наврӯзӣ буданд. Дар баъзе минтақаҳо мусобиқаи пиёдакашак низ доир мешуд. Ҷавонмардони пурқувват ба ду даста тақсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матои 2–3-метриро ба даст оранд. Навъи дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ сараспа буд, ки тирандозон аз болои аспи давон нишони ҳаракаткунандаро (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) ба нишон мегирифтанд. Дар водии Хуф найзапартоӣ маъмул буд, ки аз болои аспи давон тухмро дар замин бо найза мезаданд. Инчунин дар ҷашни Наврӯз арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанде дигар бозиҳо иҷро мешуданд.

Расму оин ва суфраи наврӯзӣ

Дар бисёр маҳалҳо пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн, чоршанбеи сурӣ ё чоршанбеи охирин, ҳинобандон, бахткушоён ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Дар бисёр ҷойҳо рӯзи чоршанбеи охири солро «чоршанбеи сурӣ», яъне ҷашну хушнудии рӯзи чоршанбе номида, онро дар арафаи ҷашни Наврӯз барпо менамуданд. Мардум хона ва гирди оташдонро тоза мекарданд, оташ меафрӯхтанд, фол мекушоданд, ҳазориспанд дуд мекарданд, чойнику пиёлаи кафида ва тарқёфтаро дур меандохтанд, оташбозӣ (алавпарак) мекарданд. Мардуми водии Ҳисор, Қаротегин ва Кӯлоб дар чаҳоршанбеи охири сол, ҳангоми ғуруби офтоб дар майдонҳо ё кӯчаҳо оташ афрӯхта, аз болояш се бор меҷаҳиданд. Зарфи сафолиро ба оташ андохта мешикастанд ва то ба хонаҳояшон баргаштан ба қафо нигоҳ намекарданд. Дар баъзе манотиқи тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ маросими оташафрӯзӣ баргузор мешуд. Ба баргузории ин маросим аҳли ҳар оила аз рӯи тавоноӣ ва имкони моддии хеш омодагӣ мегирифт. Сардори оила субҳ пеш аз баромадани Офтоб бо кӯза ё зарфи об ба лаби чашма ё рӯд рафта, зарфҳоро пуроб мекард. Аз болои об се бор ҷаҳида, «Ҳар чӣ дарду бало дорам, об бибар» гуфта, оби тозаро оварда ба остонаи дари хонаи худ мерехту баъзе амалҳои рамзомезро иҷро менамуд. Ҳангоми таҷлили Соли нав дар байни мардум оростани суфраи «Ҳафтсин» маъмул буд, ки ба он ҳафт ашёи сарҳарфи номашон «син» дохил мешуданд. Ин ашё себ, сир, сирко, сабза, суманак, санҷид, сумоқ буда, ҳар кадомашон рамзу маънӣ дошт. Баъзеҳо ба пайравии «Ҳафтсин» суфраи «Ҳафтшин»-ро низ оро медоданд, ки фарогири шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шамшод ва шарбат буд. Тоҷикон суфраи «Ҳафтмева»-ро меоростанд, ки аз ҳафт навъи меваҳои маҳаллӣ иборат буд. Занҳо дар арафаи Наврӯз маслиҳат карда, дар табақҳо гандум месабзонданд ва дар рӯзи муайян аз он дастаҷамъӣ дар деги калоне суманак мепухтанд.

Дар айёми Наврӯз мардум ба сайру гашти идона мебаромаданд. Ҷойҳо ва мавзеъҳои махсуси сайр ва идгоҳҳо мавҷуд буданд, масалан, «Сайри соли нав», «Сайри Ширбадан», «Сайри Оби Раҳмат», «Сайри Қӯшчинор», «Сайри гули биҳӣ», «Сайри гули норинҷ» ва ғайра. Мардум гурӯҳ-гурӯҳ (занҳо ҷудо аз мардон) ба талу теппаҳои гулпӯш, лаби чашмаву канори дарёҳои мусаффо ва ҷойҳои дигари хушобуҳаво рафта, базму хурсандиҳо мекарданд. Духтарон даф зада, сурудхонӣ ва рақсу бозиҳо мекарданд, ба шохҳои дарахтони бузург арғунчак баста, алвонҷ мехӯрданд.

Наврӯз дар адабиёт ва мусиқӣ

Дар адабиёти хаттӣ ва эҷодиёти шифоҳӣ дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёр эҷод гардиданд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳангии миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки аз аҳди хонадони Сосониён то ин замон суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи Ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар ин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагии ҷаҳонпаҳлавонон васф ва ишқу муҳаббати мардум ба зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар ситоиш ёфтаанд.

Наврӯзи байналмилалӣ

Наврӯз ҷашни созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсон аст. Ин ҷиҳати масъаларо ба эътибор гирифта, Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он рӯзи 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯз ба маҷрои тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда, ҳамасола дар тамоми ҷаҳон таҷлил мегардад.

Дар даврони истиқлол Наврӯз бо тамоми урфу русумаш эҳё гардида, ҳамчун ҷашни бедории табиат, ҷашни сурур ва худшиносии миллӣ бо риояи расму оин ва анъанаҳои қадимӣ вориди зиндагии мардум гардид. Ҳоло Наврӯзро дар шаҳри Душанбе дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои шаҳрию фарҳангӣ ва варзишгоҳҳо таҷлил менамоянд. Дар сайргоҳҳо дастархонҳои наврӯзиро меороянд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои ҳунарӣ созмон медиҳанд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳҳо ва ҷойҳои махсус мусобиқаҳои гуногуни наврӯзӣ, аз қабили гуштингирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ ва ғайра ташкил карда мешаванд.

Адабиёт: Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Берунӣ Абурайҳон. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Мирбобо А. Наврӯз ва ҷаҳонибинӣ. Душанбе, 1992; Аҳмадов Р. Наврӯзи хуҷастапай. Душанбе, 2001; Ҳамон. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Душанбе, 2007; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашни миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламоро. Душанбе, 2012.

Р. Аҳмадов, Д. Раҳимов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 307–313.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.