Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Сада

Сада, ҷашни Сада, яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми эронӣ, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман барпо мешуд ва тибқи тақвими милодӣ ба рӯзҳои 30–31-уми январ баробар аст. Азбаски аз даҳуми баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд, зеро, ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, форсиён шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Маъхазҳои адабию таърихӣ ва манбаъҳои бостонӣ собит кардаанд, ки пайдоиш ва решаи иҷтимоии ин ҷашн бештар ба корҳои кишоварзӣ алоқаманд буда, ибтидоаш бо рӯзгори қадими мардуми эронитабор пайванди ногусастанӣ дорад.

Аз рӯи иттилои гоҳшуморҳо ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст, ки ин ҳолати табиат дар натиҷаи баробар шудани шабу рӯзи зимистонӣ ба амал меояд. Шабу рӯзи зимистонӣ 25-уми декабр баробар мешавад ва шояд ҳолати мусовӣ будани шабу рӯзи зимистонӣ замоне охири моҳи январ сурат мегирифтааст. Аз рӯи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, одамон гӯё ҷашни Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтаанд. Дар ин ҷашн моддаҳои хушбӯйро дуд мекарданд, ки зимистон ба хубӣ сипарӣ гардад ва ба мардум осебу зиёне нарасад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Ҳушангро асосгузори ин ҷашн гуфтааст: гӯё Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён ба море дучор омада, сангеро сӯйи ӯ андохт. Санг ба санги дигар бархӯрда, аз он оташаке парид ва ба ин васила оташ кашф гардид. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташе афрӯхта, ба он саҷда мекарданд ва ин маросимро Сада номиданд.

Дар баъзе ривоятҳои асотирӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Бо амри Заҳҳок – шоҳи ҷоҳил ҳар рӯз ду нафар шахси бегуноҳро кушта, аз мағзи сари онҳо барои морони ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил ин одамонро яктоӣ дар кӯҳи Дамованд пинҳон кард, ба ҷои онҳо гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард. Вақте ки Фаридун Заҳҳокро нобуд кард ва бар тахт нишаст, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Ӯ кори худро ба шоҳ баён кард. Барои исботи ҳақ будани гуфтаҳои Армоил шахсони аз марг наҷотдодаи ӯ шабонгоҳ ҳар кадоме дар кӯҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ҳисоби онҳо ба 100 мерасид. Ҳамин тавр, ба сабаби аз марг наҷот ёфтани 100 нафар одами бегуноҳ Фаридун ҷашне баргузор намуд ва номи онро Сада гузошт. Ба расмият даромадани онро манбаъҳои адабию таърихӣ собит сохтаанд.

Аҷдоди мо дар ин рӯз ҷашне меоростанд, тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва сӯи осмон кабутарҳо сар медоданд. Аз рӯи одат ба муносибати ҷашни Сада шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд ва тавассути баргузор намудани русуми неки ниёкон сарварони замонро (мамдӯҳонро) ба саховатмандию мурувват даъват мекарданд.

Мувофиқи иттилои Ибни Мискавайҳ, барои баргузории ҷашни Сада бо амри шоҳони эронитабор дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоғ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Даруни чормағзро кофта, бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон мебастанд. Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекарданд. Чормағзро даргиронда, парандагонро раҳо мекарданд. Шаби тор мисли рӯз равшан мегардид.

Сада то асрҳои 10–11 ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Баъди ҳамлаи муғул дар дарбор таҷлили он аз байн рафт, вале байни мардум чун ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо анъаноти деринаи ориёӣ таҷлил мегардид. Султон Маҳмуд ва писараш Масъуд, ки диндорони мутаассиб буданд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани дини ислом бисёр анъанаҳо ва суннатҳои бостонии мардуми ориёиро манъ карда буданд, ки яке аз онҳо ҷашни Сада мебошад.

Дар байни мардуми ориёиасли Ҳинду Эрон роҷеъ ба оташ асотири ҷолиб мавҷуданд. Аз Авесто, манбаъҳои форсии миёна, паҳлавии сосонӣ устураву ривоятҳои фаровонеро метавон пайдо намуд, ки тибқи онҳо нуру оташ бо пайдоиш ва фурӯзонии хеш тамоми беморӣ, зиштӣ, тарсу ваҳм ва ҳамаи осори бадию шайтониро парокандаву нобуд мекардааст. Гузаштагони мо дар оташдонҳову оташкадаҳо оташро ҳамеша фурӯзон нигоҳ медоштанд ва намегузоштанд, ки оташ хомӯш шавад. Дар оғози ҳамаи ҷашну сурҳо оташ меафрӯхтанд. Аҳуро Маздоро ситоиш намуда, намоз мегузорданд. Аз ҳамаи ин ҷашнҳои марбут ба оташ маъмултаринаш Сада буд.

Ҷашни Сада то ҳол дар байни зардуштиёни Ҳинду Эрон баргузор мегардад. Мардуми Варорӯд онро бо номҳои ҷашни «Хут», «Чаҳоршанбеи охирин», «Чаҳоршанбеи сурӣ», «Аловпарак» ва «Оташафрӯз» таҷлил менамоянд. Дар Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ҷашни Сада дубора эҳё ва ҳамчун иди миллӣ эътироф гардид.

Адабиёт: Бертельс Е. Э. Праздник джашни Сада в таджикской поэзии // История таджикско-персидской литературы. Москва, 1957; Аҳмадов Р. Наврӯзи оламафрӯз. Душанбе, 1978; Негмати А. Земледельческие календарные праздники древних таджиков и их предков. Душанбе, 1989; Берунӣ. Осору-л-боқия. Душанбе, 1999; Розӣ Х. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1380 (2002).

Р. Аҳмадов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 313–314.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.