Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Тиргон

Тиргон, яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони эронитабор, ки то асрҳои миёна маъмул будааст. Ин ҷашн дар рӯзи 13-уми моҳи тир, ки он рӯзро низ «тир» меномиданд, баргузор мегашт. Ҷашни Тиргон ба эҳтироми об ва оини обпошӣ марбут аст. Дар асотиршиносии Эрони Бостон Тир номи эзади борон буда, номи ӯ дар Авесто дар шакли «Тиштрайа», дар паҳлавӣ «Тиштар» ва дар форсии навин бо номи «Тир» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти Авесто, вазифаи Тиштар об гирифтан аз дарёи Фароҳкарт ва онро дар шакли борон ба заминҳои аҳуроӣ резонидан будааст. Тиштар инчунин номи ситораи рахшонтарини осмон буда, бо номи ситораи Сириуси юнонӣ ҳамреша аст.

Дар яшти ҳаштуми Авесто («Тир-яшт») Тиштар ситораи сапеду дурахшон ва тавоно мебошад, ки сиришти обро дораду нажодаш аз Апам Напат (эзади обҳо) аст. Тиштар ба колбадҳои марди ҷавони нерӯманд, аспи сафеди заррингӯш ва гови зариншох дармеояд ва бо деви хушксолию беборонӣ — Апаоша, ки мехост ҷаҳонро аз беобӣ табоҳ созад, мубориза мебарад. Дар набарди аввал Апаоша ғолиб меояд ва пеши дарёи Фароҳкартро мебандад, абрҳои бороноварро пора-пора мекунад, аммо дар набарди дуввум Тиштар нерӯ гирифта, деви хушксолиро шикаст медиҳад. Аз он пас абрҳо пурбор шуда, боронҳои фаровон ба кӯҳу дашту даман меборанд ва табиат сарсабз гашта, ҳаёти осудаву хуррам оғоз мешавад.

Дар қиссаҳои эронӣ чунин оварда шудааст, ки дар ин рӯз дар мавзеи Табаристон Манучеҳри пешдодӣ аз Афросиёб шикаст хӯрд ва барои тақсим кардани қаламрав шарте пеш гузоштанд. Яке аз паҳлавонони эронӣ бо номи Ораш ба болои кӯҳи Дамованд баромад ва бо тамоми нерӯи худ камонро кашида, тире ба сӯи дарёи Ҷайҳун партоб кард. Тир бо суръати тез аз субҳ то нимрӯзӣ парвоз карда, ниҳоят дар соҳили Ҷайҳун ба тани як дарахти бузургу ғафс фуруд омад. Аз ҷои фуруд омадани тир марзи Эрону Турон муайян шуд.

Дар гузашта дар рӯзи Тиргон дар байни ақвоми эронӣ маросими дигаре бо номи «Обрезгон» баргузор мешудааст. Дар замони шоҳигарии Пирӯзи Сосонӣ, ниёи Хусрави Анӯшервон, дар Эрон ҳафт сол хушксолӣ рух дода, борон намеборид. Одамону ҷонварон ва гиёҳҳо аз ин хушксолӣ маҳв мешуданд. Ин вазъро дида, шоҳ Пирӯз фармон дод, ки дар оташкада барои даъвати борон ба ибодат пардозанд. Ниҳоят баъди ҳафт сол дар рӯзи Тир борон борид. Ба хотири ин борони таърихӣ Пирӯзшоҳ амр намуд, ки ин рӯзро Обрезгон ном гузоранд ва онро ҳар сол ҷашн бигиранд.

Абусаиди Гардезӣ — муаллифи «Зайну-л-ахбор» дар асараш оид ба расми зарфшиканӣ ва обтанӣ дар ин ҷашн байни эрониёни қадим ёдовар шуда, ривояти дигареро ҷиҳати пайдоиши Тиргон зикр намудааст: «... ва андар Тир порсиён ғусл кунанд ва сафолинҳову оташдонҳо бишкананд. Ва чунин гӯянд, ки мардумон андар ин рӯз аз ҳисори Афросиёб бирастанд ва ҳар касе ба сари кори хеш шуданд. Ва ҳам андар ин айём гандум ё мева бипазанду бихӯранд ва гӯянд: андар он вақт ҳама гандум пухтанду хӯрданд, ки орд натавонистанд кард, зеро ҳама дар ҳисор буданд».

Дар ин ҷашн эрониёни қадим даруну беруни хонаро об пошида меруфтанд, либоси тоза мепӯшиданд. Сипас аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва «Тиру бод» меномиданд. Баъди 10 рӯз дар рӯзи Бод онро кушода, ба бод медоданд. Мардумони эронӣ дар ин рӯз аз хонаҳои худ баромада, хурсандӣ мекарданд, ба якдигар об мепошиданд. Ҳоло ҳам дар баъзе минтақаҳои эронинишин ин оин бо каме тағйирот маъмул аст. Расмҳои зарфшиканӣ, шустушӯй, пухта хӯрдани гандуму мева низ дар маъхазҳо ишора шудаанд.

Агарчи ҷашни Тиргон ва устураи Тиштар ё Тир аз байн рафтааст, аммо баъзе пораҳои он дар боварҳо ва таъбирҳо боқӣ мондаанд. Дар тасаввуроти мардуми баъзе манотиқи Тоҷикистон то ба имрӯз боварҳо дар бораи эзади тундару чароғак ва борон бо номи Қанбар, дар баъзе ҷойҳои дигар бо номи Бобо Қилдир боқӣ мондаанд, ки бешак идомаи омиёнаи асотири ниёгони мо дар бораи эзади борон Тир мебошанд.

Адабиёт: Брагинский И. С. Из истории таджикской народной поэзии. Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности. Москва, 1956; Берунӣ А. Осору-л-боқия. Душанбе, 1990; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2010.

Д. Раҳимов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.