Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ялдо

Ялдо, Шаби ялдо, шаби чилла, ҷашни бостонии мардуми ориёӣ, дарозтарин шаби аввали моҳи дай, ки ба муносибати зодрӯзи эзади Меҳр ё Митра баргузор мешуд. Мувофиқи тақвими эронӣ шаби 30-юми моҳи озар (22-уми декабр) рӯзи таваллуди Меҳр мебошад, зеро аз ҳамин вақт сар карда, рӯзҳо дарозтар ва тобиши офтоб бештар мегардад. Ялдоро инқилоби зимистонаи Офтоб низ мегӯянд. Офтоб дар ин вақт аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (бо майли 23°27′) мегузарад ва рӯзи аз ҳама кӯтоҳу шаби аз ҳама дароз ба вуҷуд меояд. Эрониён ба муносибати ҳамин сана шабнишиниҳо барпо мекарданд. Вожаи «ялдо» аслан аз забони сурёнӣ буда, маънои вилодат ё таваллудро дорад. Яъне дар ин шаби дарозтарини сол Меҳр таваллуд шудааст, чун ӯ эзади рӯшноӣ ва фурӯғ буд, аз ҳамон замони зода шудани ӯ рӯзҳо ба дароз шудан сар мекарданд.

Дар асотир ва боварҳои қадимии эрониён гуфта шудааст, ки Меҳр аз нуре, ки аз паси кӯҳҳои Албурз метобад, таваллуд шудааст. Эрониёни қадим дар Ялдо ба домани ин кӯҳ мерафтаанд, то ки субҳ шафақи сурхро ҳамчун намоди таваллуди Меҳр мушоҳида намоянд. Ӯ бар тан зиреҳи заррину бар дӯш сипари симин ва дар даст гурзе гарон дорад. Бар гардунаи минуии бо ситораҳо мунаққаш, ба чаҳор аспи сафеди намиранда, ки наълҳои заррин ва симин доранд, савор аст.

Ҳоло дар бисёр устонҳои Эрон шаби дарозтарини солро бо номи Ялдо ҷашн мегиранд ва дар ин шаб ғизоҳои махсус тановул карда, амалу одатҳои суннатиро иҷро менамоянд. Дар рӯи суфраи маросими Ялдо меваҳои сурхранги себ, анор, ангур ва қанду мағзу мавиз мегузоранд. Яке аз неъматҳои шартии ин дастархони ҷашнӣ тарбуз (ҳиндувона) мебошад. Аз таомҳо оши шир, биринҷ, мурғ бештар таҳия ва тановул мегардад, ки аксаран ранги сафед, зард ва ё сурх доранд. Ҳар як мева ё ғизое, ки дар суфраи маросимӣ ниҳода мешавад, рамзи хоссеро ифода мекунад. Чунончи, ранги сурхро ҳамчун рамзи шафақ ва тулӯи офтоб, яъне таваллуди хуршед маънидод мекунанд.

Дар бисёр манотиқи Эрон ва Тоҷикистон мардум зимистонро ба ду чилла: калону хурд ҷудо мекунанд ва шаби нахустини чиллаи калонро ба Ялдо баробар медонанд, аз ин хотир таъбири «шаби чилла» низ дар гуфтори мардум роиҷ аст.

Мардуми Хуросон дар ин шаб бедор мемонанд ва ба ибодату қироати Қуръони маҷид мепардозанд. Дар бисёр деҳаҳо ҷавонон қиссахонӣ, шоҳномахонӣ ва саргармиҳои дигаре чун фолкушоӣ, чистонёбӣ, шеърхонӣ барпо мекунанд.

Бурдани ҳадя ба арӯс ба унвони «шаби чилла» аз унсурҳои дигари маросими Шаби ялдо дар ҷануби Хуросон аст. Дар ин шаб барои духтароне, ки ба тозагӣ номзад шудаанд, аз тарафи хонаводаи домод ҳадяҳо фиристода мешаванд ва хонаводаҳои арӯсу домод даври ҳам ҷамъ меоянд.

Дини меҳрпарастӣ дар замони ҳукумати Ашкониён аз сарзамини Эрони бузург ба Рум ва кишварҳои Балкану романизабони Аврупо роҳ ёфтааст. То асри 4-и милодӣ дар империяи Рум ва баъзе мамлакатҳои аврупоӣ дини меҳрпарастӣ ҷорӣ будааст ва баъд масеҳият ҷои меҳрпарастиро ишғол кардааст. Дар ин мамолик рӯзи 25-уми декабрро ҳамчун зодрӯзи Митра ҷашн мегирифтанд, шамъафрӯзӣ мекарданду шабнишиниҳо барпо менамуданд. Чун масеҳият дар империяи Рум ҷойгузини меҳрпарастӣ гашт, мардум шабнишинии зодрӯзи Меҳрро идома медоданд. Аз ин сабаб рӯҳониёни масеҳиро маъмур карданд, ки рӯзи таваллуди Исоро 25-уми декабр эълон кунанд ва таҷлил намоянд (то он замон зодрӯзи Исои Масеҳ 6-уми январ таҷлил мешуд). Ҳамин тавр, Ялдо дар кишварҳои аврупоӣ ба ҷашни Кристмас (Рождество — Милод) ё худ зодрӯзи Исои Масеҳ табдил ёфт ва то имрӯз идома дорад. Дар кишварҳои масеҳикеши Аврупо дар шаби ҷашни Милод ҳоло ҳам шамъ равшан мекунанд ва он се ҳафта фурӯзон мемонанд. Шамъгузорӣ ёде аз эзади фурӯғу рӯшноӣ Меҳр (Митра) мебошад, яъне идома ва унсурҳои оини бостонии ниёгони мо — меҳрпарастӣ ҳоло ҳам дар фарҳанги халқҳои гуногуни ҷаҳон ба назар мерасанд.

Адабиёт: Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон. Теҳрон, 1381 шамсӣ; Разӣ Х. Ойини Меҳр: Пажӯҳишҳое дар таърихи ойини розомези митрӣ дар Шарқу Ғарб. Ҷилди 1. Теҳрон, 1381; Раҳимов Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва оинҳои суннатии тоҷикон. Душанбе, 2011.

Д. Раҳимов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 314–315.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.