Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, санади меъёрию ҳуқуқие, ки мақсаду вазифаҳо, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои дарозмуддати сиёсати давлатӣ дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018, № 1042 тасдиқ шудааст. Аз 10 боб ва 55 модда иборат аст. Бобҳои Консепсия:
-
Муқаррароти умумӣ.
-
Заминаҳои қабули Консепсия.
-
Вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин.
-
Мақсад ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин.
-
Заминаҳои ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин.
-
Муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ.
-
Муносибати давлат ба шаклгирии тафаккур ва таълими динӣ.
-
Нақши иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм.
-
Муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-
Муқаррароти хотимавӣ.
Дар Консепсия таърифи мафҳумҳои асосии дар он мавриди истифода қароргирифта (мазҳаб, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, маросими динӣ, мафкураи динӣ, озодии пайравӣ ба дин, прозелитизми ноҷоиз, таассуби динӣ, таҳаммулпазирӣ, тундгароии динӣ, фаъолияти таблиғотӣ, ходимони динӣ, экстремизм) дода шудааст (моддаи 5). Яке аз муҳимтарин масъалаҳои раванди эҳёи давлатдории миллии тоҷикон ва шинохти фарҳангу ҳувияти миллии мардуми Тоҷикистон муайян кардани мақоми дин дар ҷомеа ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин арзёбӣ шудааст (моддаи 6). Сабабҳои қабули Консепсия:
-
Солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии номатлуб, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ дошта, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундравона гаштанд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа ва хатар мегузаронанд, боиси таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегардад.
-
Густариши фаъолияти таблиғотии (миссионерии) равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон дар ду даҳсолаи охир, ки боиси ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои диниву мазҳабӣ гашт.
-
Аз ҷониби намояндагони равияву мазҳабҳои навпайдои исломӣ ва ғайриисломӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани адабиёти диниву мазҳабӣ, маводди электронӣ, видеоӣ ва шунавоии дорои хусусияти таблиғотӣ.
-
Дуруст танзим нагардидани раванди гирифтани таълими динии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва ба Ватан барнагаштани ҳамаи донишҷӯёни дар хориҷи кишвар ғайрирасмӣ ба таълими динӣ фарогирифта, ки боиси афзоиши ворид шудани ғояву ақидаҳои равияҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон номатлуб гашт.
-
Дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон паҳн шудани барномаҳои гуногуни диниву мазҳабӣ тавассути интернет ва шабакаҳои моҳвораӣ, ки барангезандаи мафкураву ғояҳои ифротӣ буда, боиси нигаронии ҷомеа гардиданд.
-
Рушд наёфтан ва хусусияти куҳнапарастӣ, таассуб ва то ҳадде хурофотӣ гирифтани тафаккури динии ҷомеа дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон (моддаи 7).
Муҳити динӣ аз лиҳози паҳншавии тундгароии динӣ ва экстремизм бештар осебпазир буда, мухолифатҳои назарии дохилимазҳабӣ, ба қутбҳо ҷудо шудани он бар асари ворид шудани ақидаҳои тундгаро ва донишҳои нокифояи динии аҳолӣ ба ин раванд мусоидат менамоянд (моддаи 40).
Мутобиқи Консепсия, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин амалӣ намудани вазифаҳои асосии зерро пайгирӣ менамояд:
-
ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва амнияти миллии кишвар;
-
рушди устувори робитаҳои созандаи давлат ва иттиҳодияҳои динӣ;
-
таъмини татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар соҳаи озодии виҷдон, фароҳам овардани шароиту имконоти беҳтар ҷиҳати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба пайравӣ кардан ва ё накардан ба дине, ба тарзи озод интихоб кардан ва тағйир додани эътиқоди динӣ;
-
таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод;
-
такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ;
-
таъмини мақом ва нақши аслии дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа, тақвият додан ва ба самти созандагӣ равона намудани неруи маънавию ахлоқии ҷомеа;
-
мусоидат ба раванди эҳёи фарҳангу худшиносии миллӣ, посдории мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои динию таърихии мардуми тоҷик;
-
ташаккули низоми шаффофу муассири таҳсилоти динӣ ва тафаккури динии ҷомеа, ҳимояи гуфтугӯи доимӣ ва таҳаммулпазири ҳамзистӣ байни дину мазҳабҳо ва иттиҳодияҳои динии гуногун, инчунин таҳкими фазои ваҳдату ризоят дар ҷомеа;
-
пешгирии барангехтани кинаву адовати динӣ, падидаҳои номатлуби ифротгароӣ дар муҳити динӣ;
-
ҷалби иттиҳодияҳои динӣ ба раванди бунёди давлати дунявӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа (моддаҳои 14, 15).
Дар Консепсия зикр шудааст, ки мардуми тоҷик беш аз 1300 сол бо фарҳангу эътиқоди исломӣ зиндагӣ доранд. Дар ин муддат дини ислом ба яке аз бахшҳои муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мубаддал шуда, меъёри ахлоқию маънавии он дар зиндагии аксарияти мардум ҷой гирифтааст. Дар натиҷаи раванди тӯлонии омезиши арзишҳои исломӣ бо арзишҳои миллии тоисломии тоҷикон дар фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик марзи мафҳумҳо ва арзишҳои миллӣ ва динӣ асосан аз байн рафта, дар зиндагии амалии аксари мардуми Тоҷикистон ин арзишҳо ба сифати бахшҳои пайвастаи як низоми комили арзишҳои ахлоқӣ муаррифӣ мегарданд. Тоҷикон бо пазируфтани ислом дар ташаккули фарҳанги исломӣ нақши муҳим бозидаанд. Сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон дар тӯли садсолаҳо ҳамчун бузургтарин маркази ташаккули илму фарҳанги исломӣ муаррифӣ гардида, дар масири таърих забони тоҷикӣ ба унвони забони дуюми олами ислом шинохта шудааст. Мероси гаронбаҳои фарҳангии мутафаккирони тоҷик дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ҳамчун манбаи маънавию ахлоқӣ ва тарбиявии аҳли ҷомеа мавриди истифода қарор мегирад. Халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла фарҳанги исломӣ саҳми бузург ва ҳалкунанда гузошта, бо офаридани осори бузурги моддию маънавии илмӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ яке аз саҳмиядорони асосии хазинаи пурғановати тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Бино бар ин, мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон имрӯз худро аз ҷумла меросдорони маънавии ин саҳмияи бузурги гузаштагони худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ дониста, ҳамчун бахши ҷудоношавандаи тамаддуни исломӣ нисбат ба сарнавишти имрӯзаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бетафовут нестанд (моддаи 50).
Тибқи Консепсия, мусулмонони Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафии аҳли суннат ва ҷамоати дини ислом мебошанд ва 3 дарсади онҳоро пайравони мазҳаби исмоилии дини ислом ташкил медиҳанд. Таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дар фарҳанги миллии тоҷикон нақши меҳварӣ дорад. Фарҳангу маънавиёт, одобу ахлоқ, меъёрҳои рӯзмарраи ҳаёт ва расму оинҳои мардуми тоҷик дар тӯли садсолаҳо бо мазҳаби ҳанафӣ пайваст гаштаанд. Ба мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун ба мазҳаби аксарияти аҳолии кишвар ва меҳвари фарҳангу суннатҳои мардуми тоҷик эҳтироми хосса гузошта мешавад (моддаи 23). Ҳолати дар сатҳи таассубу хурофот боқӣ мондани тафаккури динии баъзе аз шаҳрвандон, ки метавонад яке аз монеаҳои рушди устувори ҷомеа ва нуқтаҳои заифи суботу амнияти миллии кишвар бошад, бояд тавассути ба роҳ мондани барномаҳои таълимию маърифатӣ, боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқию динӣ ва такмили раванди омӯзиши қонунҳо, таърих ва асосҳои дин, диншиносӣ ва мероси гаронбаҳои фарҳанги миллӣ ислоҳ карда шавад (моддаи 35).
Тибқи муқаррароти хотимавии Консепсия, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои татбиқ ва иҷрои самараноки он масъул мебошанд (моддаи 55).
Адабиёт: «Дин ва ҷомеа», № 6, 7, 2019.
Ҷашнҳои бузурги мусулмонӣ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги мусулмонӣ — идҳои Рамазон ва Қурбон дар шумори идҳои расмӣ ва рӯзи истироҳат мебошанд. Ба ин ду ид «идайн» низ гуфта мешавад. Иди Рамазон (Иди Фитр, Иди Сиём), яке аз ҷашнҳои миллии суннатии мардуми мусулмон, аз ҷумла тоҷикон, ки дар поёни моҳи рамазон, рӯзи якуми моҳи шавволи солшумории ҳиҷрӣ баргузор мегардад. Аз ҷумлаи воҷиботи динӣ дар ин рӯз додани садақаи фитр ва баргузории намози ид мебошад, ки мусулмонон бо анҷом додани онҳо бо моҳи шарифи Рамазон то соли оянда хайрбод мегӯянд. Пас аз он ба сари қабри гузаштагонашон, хонаи наздикону пайвандон, ёрону дӯстон, ҳамсоягон (асосан хонаҳое, ки мурдаи тоза доранд) рафта, ба арвоҳи фавтидагон оят тиловат мекунанд, дар ҳаққи онҳо дуову фотиҳа мехонанд, аз Худованд барояшон омурзиши гуноҳон хоста, аз даргоҳи илоҳӣ ба хонадони онҳо дар мусибати ба сарашон омада сабри ҷамил талаб менамоянд ва орзуву таманнои хайр мекунанд, ки ин худ як навъ ифодаи таслияту таскинбахшӣ ва изҳори ҳамдардию ғамхорӣ дар ҳаққи якдигар аст. Одатан дар хондани намози Иди Рамазон таъхир карда мешавад. Уламои дин сабаби инро дар он мебинанд, ки барои додани садақаи фитр фурсати бештар фароҳам гардад. Ҳикмати асосӣ дар ин маврид, агар аз як сӯ, ба савоби афзунтар ноил гардидани саховатмандону хайркунандагон бошад, аз сӯйи дигар, ҳар чӣ бештар баҳравар гаштани ниёзмандон аз ин хайру саховати онҳост.
Иди Қурбон (Гӯспандкушон, Гӯсфандкушон, Иди Азҳо), яке аз ду иди бузурги исломист, ки ҳар сол дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷаи солшумории ҳиҷрии қамарӣ таҷлил мешавад. Ба қавли Берунӣ, «рӯзи даҳуми ин моҳ Иди Қурбон аст, ки қурбониҳо ва ҳадиро дар рӯз мекушанд. Ва охирин рӯзи ҳаҷ ҳамин рӯз аст. Ва дар ин рӯз Худованд ба ҷои Исмоил як қӯчро қурбонӣ гирифт» («Осору-л-боқия», саҳ. 385). Бино бар забҳи шутур, гов ё гӯсфанд (узҳия) дар айёми Иди Қурбон онро Идуннахр, Идулазҳо низ меноманд. Дар мавсими ҳаҷ дар Макка на танҳо ҳоҷиён, балки ҳар мусулмоне, ки қудрату тавоноӣ дорад, метавонад дар айёми иди Қурбон молеро қурбонӣ кунад. Дар китобҳои қисас ва таърих омадааст, ки пас аз бинои Каъба Иброҳим (алайҳиссалом) дар рӯъё фармони илоҳӣ ба забҳи Исмоил (алайҳиссалом)-ро дарёфт ва чун онро ба фарзандаш баён кард, ӯ низ ба амри илоҳӣ гардан ниҳод. Иблис саъй кард, то Исмоилро аз роҳ бизанад, вале дар фирефтани ӯ ва модараш Ҳоҷар ноком шуд. Ҳангоме ки Иброҳим кордро бар гулӯи Исмоил ниҳод, овози ғайбӣ ӯро аз идомаи кор боздошт. Хитоб омад, ки Худованд дар муқобили сабр ва сидқи эшон гӯсфандеро фидя фиристодааст ва Иброҳим маъмур шуд, то гӯсфандро ба ҷои Исмоил қурбонӣ кунад. Суннати мазкури иброҳимӣ минбаъд дар заминаи яке аз маносики ҳаҷ қарор гирифт. Ва ҳам дар ин замина аст, ки он ба иди «Гӯсфандкушон» маъруф шудааст, чунонки Рӯдакӣ мегӯяд:
Бод бар ту мубораку хуншон, Ҷашни Наврӯзу Гӯспандкушон!
Маъмулан, дар адои намози иди Қурбон таъҷил карда, барвақттар хондани он мустаҳаб ба шумор меравад. Сабаби ин амр дар он аст, ки мусулмонон барои қурбонӣ кардан вақти бештаре дар ихтиёр дошта бошанд.
Аз ҷумлаи анъанаву суннатҳои неке, ки дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон анҷом дода мешавад, хайру саховат ба ниёзмандон, пӯшидани либоси беҳтарин, хешро оростану перостан ва бо шодию нишот ба идгоҳ (намозгоҳ) ва табрики ҳамдигар рафтан аст.
Адабиёт: Мец А. Мусульманский ренессанс. Москва, 1973; Берунӣ Абурайҳон. Китобу-т-тафҳим. Душанбе, 1976; Ҳамон. Осор-ул-боқия. Душанбе, 1990; Ислам: Энциклопедический словарь. Москва, 1991; Боқизода А. Накҳати Рамазон. Душанбе, 2006; Раҳмонов Э. Дар бораи дин. Душанбе, 2006; Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. Москва, 2007.
С. Маҳмадуллоҳ.
Танзими анъана ва ҷашну маросим
Дар солҳои нахустини Истиқлол зоҳирпарастию худнамоӣ дар барпо кардани маъракаҳои пурдабдаба ва мусобиқа дар оростани дастурхони серхароҷот ба ҳукми анъана даромада, аҳволи оилаҳои нисбатан дасткӯтоҳро боз ҳам вазнинтар мекард. Анъана ва урфу одатҳои нав ба наве пайдо мешуданд, ки ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии шаҳрвандон ба ҷуз сарборию вазнинӣ чизи дигаре намеоварданд. Бо мақсади пешгирӣ кардани исрофкорӣ ва зиёдаравиҳо соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зарурати танзими маъракаҳо ба тасвиб расида, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 253 аз 24 майи соли 2007 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд. Барои қабули Қонун беш аз 20 ҳазор дархосту пешниҳод ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Инчунин тавассути васоити ахбори умум, сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаву мулоҳизаҳои мардум изҳор карда шуданд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нахустин қонуни сирф миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 таҳти № 272 ба имзо расида, ҳадафи он ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдагӣ мебошад, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро ба танзим дароварда, баҳри ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Дар радифи таъмини иҷрои талаботи қисми 1-и моддаи 5-и Қонуни мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 503 комиссияи доимӣ амал менамоянд. Тибқи маълумоти шуъбаву бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 6439 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 692, вилояти Суғд – 1740, вилояти Хатлон – 1666, шаҳри Душанбе – 1020 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 1321) фаъолият доранд.
Бо саҳми вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳо ва ҳамватанони саховатманду хайрхоҳ тайи чанд соли охир дар арафаи ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлол хатнасури беш аз 94 ҳазору 589 нафар тифл ва тӯйи домодию арӯсии зиёда аз 5608 ҷуфт навхонадор аз оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд ба тариқи дастаҷамъона сурат гирифт. Аз рӯзҳои аввал иҷрои талаботи Қонун дар самти ҳимояи манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ натиҷаҳои назарраси молӣ ва иқтисодӣ дод. Муҳимтар аз ҳама, мазмун, моҳият ва муҳтавои Қонун комилан ба табиат ва манфиати мардум мувофиқ омада, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.
Х. Шокиров.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 315–317.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




