Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Иқтисодиёт

Иқтисодиёт соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, хусусиятҳои хосси тарзи истеҳсолот, инчунин хусусиятҳои фарқкунандаи мамлакатҳои алоҳидаро бо дар назар доштани мавқеи ҷуғрофиёӣ, ширкат дар тақсимоти байналмилалии меҳнат, анъанаҳои таърихие, ки тавассути сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар шароитҳои мушаххаси таърихӣ ба даст омадаанд, ифода мекунад. Иқтисодиёт соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, савдо, соҳаи ғайриистеҳсолӣ – маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраро дар бар мегирад. Истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба истеҳсолоти воситаҳои истеҳсолот ва истеҳсолоти маҳсулоти истеъмолшаванда ҷудо мешавад, ки таносуби байни онҳо асоси пешрафти техникиро таъмин мекунад. Иқтисодиёти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ хоҷагии халқи ягона, маҷмӯе буд, ки ҳама зинаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, тақсимот ва мубодиларо дар ҳудуди мамлакат дар бар мегирифт. Он ба истеҳсолоти бузурги мошинӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ такя карда, аз рӯи нақша барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ инкишоф меёфт. Дар Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ҷамъияти сотсиалистии мутарақкӣ бунёд шуд. Пайдо шудани якчанд давлати сотсиалистӣ дар ҷаҳон боиси ба вуҷуд омадани иқтисодиёти низоми ҷаҳонии сотсиализм гардид, ки самти асосии тараққиёти он пуриқтидор кардани раванди ҳамгароии иқтисодии сотсиалистӣ, наздик кардани хоҷагии халқи мамлакатҳои сотсиалистӣ ва ташаккули муносибатҳои устувор дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт, илм ва техника буд.

Иқтисодиётро ба шаклҳои зер ҷудо мекунанд: иқтисодиёти некуаҳволӣ (welfare economics), пӯшида (closed economy), сармояи бошиддат, кушода (opened economy), гузариш (transiting economy), бозорӣ (market economy) ва иқтисодиёти омехта (mixed economy).

Тоҷикистон аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофиёӣ ва табиии худ яке аз минтақаҳои муҳими иқтисодии Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Пас аз соҳибихтиёр шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз байн рафтани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбуди ҷиддии захираҳои молӣ иқтисод ва тиҷорат ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд.

Минбаъд марҳилаҳои иқтисодиёти Тоҷикистонро аз ибтидои соҳибистиқлолӣ то айни замон шартан ба 3 давра метавон ҷудо кард. Давраи аввал солҳои 1991–1994 таҳлили низоми шӯравӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ, давраи дуввум солҳои 1995–1999 раҳоӣ бахшидани иқтисоди кишвар аз ҳолати буҳронӣ, тағйироти сохторӣ ва институционалӣ, гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодӣ; давраи севвум солҳои 2000–2014 солҳои рушди устувори иқтисодӣ.

Соли 2011 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 952 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ дар 9 моҳи соли 2012 – 1,4 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-ро ташкил кард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷои корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд 59 корхона бо 969 ҷойи кори нав, вилояти Хатлон 57 корхона бо 678 ҷойи кори нав, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 корхона бо 87 ҷойи кори нав, шаҳри Душанбе 60 корхона бо 812 ҷойи кори нав ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 40 корхона бо 386 ҷойи кори нав сохта ба истифода дода шуданд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 корхона ба саноати сабук, 50 корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 корхона ба саноати маъдан, 1 корхона ба саноати ангишт, 5 корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Саноатчиёни кишвар соли 2019 дар самтҳои гуногуни саноат фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод. Соли 2019 256 корхонаи азими саноатӣ фаъолияти худро ҷамъбаст намуда, ба маблағи 14,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2018 4,6 миллиард сомонӣ зиёд аст.

То 1 апрели 2021 дар Тоҷикистон 603,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 83,8 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома, 345 ҳазор тибқи патент фаъолият мекунанд ва 178,410 хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2012–2019

Нишондиҳанда20122013201420152016201720182019
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо нархҳои амалии мутобиқи солҳо, миллион сомонӣ36163,140525,545606,650977,854790,364434,371059,277354,7
Суръати афзоиш бо ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта107,5107,4106,7106,0106,9107,2107,6107,5
Ба ҳар нафар аҳолӣ, сомонӣ4579,175019,75523,66031,76336,37291,47870,28388,3
Бо доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико961,51053,51119,3978,5808,7852,8860,0880,2

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзиши бозории мол ва хизматҳо, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар муҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд.

Соли 2020 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 87,379 миллион сомонӣ муқаррар шуд, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 11,7% зиёд буд. Дар назар дошта шудааст, ки солҳои 2021–2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ бо ҳисоби миёна ба 11,0% афзоиш ёфта, ба 108,793 миллион сомонӣ баробар мешавад. Афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои 2020 – 7,8%, соли 2021 - 7,9% ва дар соли 2022 - 8,0%-ро ташкил медиҳад. Мутобиқи ҳисоботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваррум дар соли 2020 – 6,8% (яъне нархҳо ба андозаи 6,8% дар 12 моҳ аз декабри 2019 то декабри 2020) ва дар солҳои 2021 ва 2022 – 6,8% ва 6,6%-ро ташкил медиҳад.

Андоз

Бо мақсади мукаммал ва дар як санади меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим даровардани низоми андозбандии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри 1998 нахустин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, аз 1 январи 1999 мавриди амал қарор гирифт. Дар доираи он тамоми муқаррароти асосии маъмурӣ, намудҳои мушаххаси андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда мешаванд, пешбинӣ гардида, бори нахуст додани рақами мушаххаси андозсупорӣ ба андозсупоранда ба назар гирифта, шумораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ кам карда шуд.

Бо дар назар доштани такмили марҳалавии низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004 Кодекси андоз дар таҳрири такрорӣ (бори дуввум) қабул карда шуд, ки дар он 21 намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва андоз аз фурӯши чакана пешбинӣ шуда буд.

Соли 2011 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омода гардида, соли 2012 қабул ва аз 1 январи 2013 мавриди амал қарор дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 намуди андоз амал мекунад: андозҳои умумидавлатӣ: (андоз аз даромад; андоз аз фоида; андоз аз арзиши иловашуда; аксизҳо; андози иҷтимоӣ; андозҳо барои захираҳои табиӣ; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) ва андозҳои маҳаллӣ (андоз аз воситаҳои нақлиёт ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул).

Дар Кодекси андоз 4 низоми имтиёзноки андозбандӣ пешбинӣ шуд, ки ба ҷалби сармоя мусоидат намуда, ба дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт нигаронида шудаанд (аз ҷумла, андозбандии сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, андозбандии корхонаҳои навтаъсис ва корхонаҳои амалкунанда, ки ба силсилаи комили коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, андозбандӣ аз рӯи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ва андозбандии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ).

Ҳамзамон, дар Кодекси андоз чандин тағйиру илова ворид карда шуд. Аз ҷумла, низоми имтиёзноки андозбандии фаъолияти парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво (соли 2013); низоми имтиёзноки андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок (соли 2015). Дар маҷмӯъ дар Кодекси андоз низоми имтиёзноки андозбандӣ то 6 адад расонида шуд, бекор намудани андоз аз фурӯши нахи пахта ва бар ивази он ҷорӣ намудани боҷи содиротии нахи пахта (соли 2016); ба муҳлати 5 сол аз андоз аз фоида озод намудани даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ (соли 2017); бекор кардани санҷишҳои маҷмӯӣ ё мавзӯӣ ҳангоми қатъкунии фаъолияти хоҷагии кишоварзӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ (соли 2018); таҳвили (фурӯши) либосҳои ягонаи мактабӣ ва томактабӣ (истеҳсоли ватанӣ) ва маводди давоии истеҳсоли ватанӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд (соли 2018), воридот ва таҳвили баъдии автомобилҳои нав (аз санаи барориш 1 сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50% маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд (соли 2018) ва аз моддаи 109-уми Кодекси андоз меъёри 1%-и андоз аз даромади умумии корхонаҳо хориҷ карда шуд (соли 2020).

Дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва татбиқи стратегияву барномаҳои соҳавӣ, чораҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи амалӣ кардани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011–2019 аз ҷониби мақомоти андоз тавассути таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сифати хизматрасониҳо ба андозсупорандагон, аз соли 2013 оғоз намуда, тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод кардани эъломияҳои андоз ҷорӣ карда шуд. Аз ҷониби мақомоти андоз барои чунин андозсупорандагон дар 38 нуқтаи нозироти андози шаҳру ноҳияҳо ҳуҷраҳои алоҳида (терминалҳо) бо компютерҳои ба Интернет пайваст кушода шудаанд, ки дар онҳо барои мусоидат ба андозсупорандагон ҷиҳати истифодаи дурусти хизматрасониҳои электронӣ, аз ҷумла пешниҳоди электронии эъломияҳо, кормандони алоҳида вобаста гардидаанд.

Ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашуда, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва пешгирии қонуншиканиҳо дар ҳисоб ва пардохти ин намуди андоз, аз 1 июли 2015 истифодаи ҳисобнома-фактураҳои электронии андоз аз арзиши иловашуда низ ҷорӣ карда шудааст, ки маъмурикунонии андоз аз арзиши иловашударо сифатан тағйир дод.

Бо мақсади сода ва мувофиқ намудани пардохти андозҳо ва сарфа намудани вақти субъектҳои хоҷагидор дар сомонаи Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо истифода аз он шаҳрвандон ва андозсупорандагон имкон доранд, ки маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин ва андоз аз воситаҳои нақлиётро бо истифодаи кортҳои бонкӣ («VISA», «Master Card» ва «Корти миллӣ») пардохт намоянд. Дар баробари пардохти ғайринақдии маблағи андозҳои мазкур бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ, тавассути сомонаи Кумитаи андоз хизматрасонии интернет-эквайринг ҷорӣ карда шуд.

Ҷиҳати бештар намудани муомилоти ғайринақдӣ ва саҳл намудани иҷрои ҳисоббаробаркуниҳо, Кумитаи андоз якҷо бо Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ бо истифода аз (рамзҳои бақайдгирӣ) РК-рамзҳо ба роҳ мондани ҳисоббаробаркуниҳоро оғоз намуд, ки мавриди амал қарор гирифтани чунин тартиб пеш аз ҳама ба коҳиш додани муомилоти нақдӣ, шаффоф нишон додани амалиёти анҷомдодаи андозсупорандагон, дар ҳисобҳо пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ мусоидат кард.

Ҷиҳати сода намудани раванди баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашудаи пардохтгардида, амсилаи (модули) нави хизматрасонӣ омода ва мавриди амал қарор гирифт, ки тибқи он пешниҳоди аризаи андозсупоранда ва хулосаи мақомоти андоз дар бораи баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Чунин шакли хизматрасонӣ барои сари вақт баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, сарфаи вақти (хароҷоти) андозсупорандагон, инчунин баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ «Рушди соҳибкорӣ» мусоидат менамояд.

Ислоҳоти пулӣ

Бонки миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ фаъолияти худро аз такмили заминаи қонунгузорӣ, ба муомилот баровардани пули миллӣ, бунёди сиёсати мукаммали пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва муҳайё кардани ҳисоббаробаркуниҳои мунтазаму боэътимод оғоз намуда, то ин замон ба чандин дастоварди бузург ноил гардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлол ва авҷи низоъҳои дохилӣ дар шароити сатҳи баланди таваррум ва беқурбшавии пул, Тоҷикистон бештар ба ҳимояи иқтисодиёти худ ва татбиқи сиёсати самараноки иқтисодӣ ниёз дошт. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои кишвар ва суръат бахшидан ба дигаргуниҳои иқтисодӣ ва бунёди низоми пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1995 Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани пули миллӣ бо қарори № 8 (324) «Дар бораи тартиби дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот баровардани пули миллӣ — рубли тоҷикӣ» қарор қабул кард. Аз 10 майи 1995 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пули миллӣ — рубли тоҷикӣ — бо арзишҳои 1, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500, 1000 рубл ба муомилот бароварда шуд.

Ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ зарурати ба таври дақиқ муайян кардани оқибати он ба равандҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ташкили механизми пурраи танзими муносибатҳои пулию қарзӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Ин раванд дар маҷмӯъ то андозае имкон дод, ки вазъи иқтисодии кишвар муътадил гардад ва барои баровардани пули нави миллӣ — «сомонӣ» омодагӣ гирифта шавад.

Дар ин муддат барои баланд бардоштани қобилияти харидории рубли тоҷикӣ ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии дохилӣ як силсила тадбир андешида шуд. Аз ҷумла, муайян кардани қурби рубли тоҷикӣ нисбат ба асъори хориҷӣ оғоз ёфта, ҳисоббаробариҳо бо ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба тартиб дароварда шуданд ва дар бораи назорати асъор дастурамулу низомномаҳои дахлдор таҳия ва қабул гардиданд. Илова бар ин, ба муомилот баровардани рубли тоҷикӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон дод, ки қарзи дохилии худро дар назди шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар бобати пардохти маош, нафақа, идрорпулӣ ва дигар пардохтҳои ба он баробар пардохт кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати мустақилонаи пулию қарзии хешро пеш бибарад. Ин рӯйдоди муҳим аз ҷониби мутахассисони соҳаи иқтисод қадами инқилобӣ арзёбӣ гардида, ҳамчун оғози давраи сифатан нави ислоҳоти иқтисодии мамлакат баҳои сазовор гирифт. Рубли тоҷикӣ яке аз василаҳои асосии ба даст овардани истиқлоли иқтисодии кишвар гардид ва имкон дод, ки то андозае муътадилии макроиқтисодӣ таъмин карда шавад.

Маҳз дар ҳамин давраи инкишоф зарурати қабул намудани маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки мебоист мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро ба сифати бонки танзимгар равшан ифода намуда, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти онро ба роҳ монад, ба миён омад. Бино бар ин, соли 1996 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул шуд, ки барои ба бонки марказии муосир табдил ёфтани Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини устувории пули миллӣ замина гузошт.

Иқдоми мазкур дар якҷоягӣ бо маҷмӯи чорабиниҳои дигари иқтисодию молиявӣ, аз ҷумла қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар, таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкӣ, ҳифзи пасандозҳо ва ғайра имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи таназзулро паси сар намояд ва барои ворид намудани нишонҳои нави пули миллӣ — «сомонӣ» дар соли 2000-ум заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Аз даврони истиқлоли давлатӣ то инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилоти пулии кишвар асъори зерин истифода бурда шудааст:

  • Пули миллӣ (рубл)-и собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ то 6 январи соли 1994;

  • Рубли Федератсияи Россия (барориши соли 1993) – аз 6 январи соли 1994 то 10 майи 1995;

  • Рубли тоҷикӣ – аз 10 майи 1995 то 30 октябри 2000;

  • Сомонӣ – аз 30 октябри 2000 то инҷониб.

Вобаста ба муътадил шудани вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурати ислоҳоти дуввуми пулӣ ва ба муомилот баровардани пули дорои унсурҳои ҳимоявии муосир, ки мебоист ҳамзамон мероси таърихию фарҳангии тоҷиконро таҷассум намояд, ба миён омад. Бо мақсади сари вақт чоп намудани пули миллӣ соли 1999 Бонки миллии Тоҷикистон бо корхонаи Giesecke + Devrient GmbH (Олмон) шартнома ба имзо расонид. Аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии кишвар — «сомонӣ», ки ба ифтихори асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон Исмоили Сомонӣ (849–907) номгузорӣ шудааст, ба муомилот бароварда шуд. Пулҳои коғазӣ бо арзиши 1, 5, 10, 20, 50, 100 сомонӣ ва воҳиди хурди он бо арзиши 1, 5, 20, 50 дирам ба муомилот бароварда шуданд. Соли 2010 бино бар зарурат ва эҳтиёҷоти муомилоти пулии мамлакат пулҳои коғазӣ бо арзиши 3, 200, 500 сомонӣ ба муомилот ворид карда шуданд. Ҳамчунин, бо мақсади истифода дар муомилот, аз соли 2001 тангаҳои филизӣ ва аз соли 2004 ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ сикка зада мешаванд.

Низоми бонкӣ

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми асосии ҷудонашавандаи бахши молиявӣ буда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин, яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ пешбурди миёнаравии молиявӣ тавассути ҷалби захираҳои пулии озоди аҳолӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, равона намудани онҳо ба воситаи қарздиҳӣ ба субъектҳои иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дусатҳа буда, аз сатҳи болоӣ – Бонки миллии Тоҷикистон ва сатҳи поёнӣ – ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, ҳамчунин ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кишвар фаъолият мекунанд, иборат мебошад.

Яке аз ҳадафҳои Бонки миллии Тоҷикистон таъмини устувории низоми бонкии давлат аст. Аз рӯи ин, Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи фаъолияти Бонки исломӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва дигар қонунҳои соҳавӣ бо мақсади нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявиро ба роҳ мондааст.

Ташкилотҳои қарзии молиявӣ яке аз қисмҳои пайвасткунандаи байни саноат ва савдо, кишоварзӣ ва аҳолӣ мебошанд. Инчунин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳисоббаробаркунии пулӣ, қарздиҳии хоҷагиҳо, миёнаравӣ дар азнавтақсимкунии сармоя, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва ҳосилнокии меҳнатро таъмин намуда, хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонкиро тавассути шабакаҳои васеи худ, аз ҷумла филиалу марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод менамоянд, ки ба фарогирии молиявии кишвар мусоидат мекунанд.

Низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи низоми бонкии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни 1991 (№ 332) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нақши бонки марказӣ ва иҷрои вазифаҳои он ба зиммаи Бонки миллии Тоҷикистон вогузор шуд, бонкҳои дигар дар заминаи бонкҳои соҳавӣ, ки пас аз пош хӯрдани собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ боқӣ монданд, ба расмият дароварда шуда, фаъолияти худро идома доданд.

Баробари ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, низоми бонкии ҷумҳурӣ низ то андозае ба соҳибихтиёрию мустақилӣ соҳиб гашт ва ба бунёди низоми миллии бонкдорӣ оғоз намуд. Низоми бонкӣ дар солҳои 1992–1995 ба мушкилоте, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ нисбат ба онҳо ҳассос буд, дучор омад.

Соли 1992 дар қаламрави ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 10 бонк фаъолият мекард. Сохтори низоми бонкии кишвар тадриҷан мукаммал гардида, дар ҷамъбасти соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият намуда, аз мавҷудияти шароити мусоиди макроиқтисодӣ ва пешбурди сиёсати оқилонаи самараноки пулию қарзии низоми бонкии кишвар шаҳодат медиҳанд.

Дороии умумии бонкҳо, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ дар соли 2000 311 миллион сомонӣ (17,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ)-ро ташкил намуда, дар интиҳо дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 26 307,4 миллион сомонӣ (31,9% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) баробар гардиданд. Уҳдадориҳо дар ин давра аз 272 миллион сомонӣ (15,1% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) то ба 19 131,7 миллион сомонӣ (23,2% нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) зиёд гардиданд.

Раванди таҳким ва такмили бахшҳо ва ҷанбаҳои гуногуни низоми бонкӣ ҳанӯз ҳам идома дорад ва он барои устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, мувофиқ будан ба меъёрҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ҷавобгӯ будан ба талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёт равона шудааст. Низоми бонкии мамлакат ба низоми байналмилалии бонкӣ ворид шуда, аксари навгониҳои олами бонкдории ҷаҳонӣ дар фаъолияти худ ҷорӣ кард ва ҳамқадами давраю замон гардид. Ба меъёрҳои байналмилалии ҳисобдорӣ гузаштани Бонки миллии Тоҷикистон ва низоми бонкии мамлакат ҳамкории ин низомро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд. Кори босамари низоми электронии пардохт, кортҳои пардохтии бонкҳо, банкоматҳо, посттерминалҳо низ дар фаъолияти бонкҳои ҷумҳурӣ яке аз омилҳои ба даст овардани боварии мардум ба низоми бонкдорӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат заминаи боэътимоди қонунгузории соҳаи бонкдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин соҳа ба вуҷуд оварда шуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (1996), «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» (1995), «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» (1998), «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ» (2003), «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» (2004), «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» (2009), «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (2011), «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» (2011), «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ» (2014), ки дар танзими низоми бонкии мамлакат нақши муҳимро доро мебошанд, мавриди амал қарор доранд.

Афзоиши пасандозҳои аҳолӣ яке аз дастовардҳои муҳими низоми бонкдории мамлакат маҳсуб мешавад. Соли 2020 ҳаҷми умумии пасандозҳо дар муқоиса ба соли 2002 беш аз 77 баробар афзуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил кард. Вобаста ба ин, имкони молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ бештар гардид, танҳо дар соли 2020 ба муштариён ба маблағи 10,0 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод карданд, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат намуд. Бо пешрафти низоми бонкӣ шаклу сифати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ низ мунтазам ба таври мусбат тағйир меёфт. Ташкилотҳои қарзӣ дар баробари навъҳои маъмули хизматрасонии бонкӣ, мисли амалиёти хазинавӣ, додани қарз, қабули пасандозҳо, амалиёти муосири бонкӣ, аз қабили амалиёти сейфӣ, ҳамлу нақл, ҳисоббаробаркунӣ бо кортҳои пардохтии бонкӣ ва пардохти электронӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар баробари ин, бо мақсади ҷорӣ намудани хизматрасонии муосири бонкӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии бонкӣ, дар ташкилотҳои қарзӣ технологияҳои муосири хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, ба мисли бонкдории мобилӣ, интернет-бонкинг, пардохтҳо тавассути навъи қолаби хатрамз QR-рамз ва маблағҳои электронӣ бомуваффақият татбиқ шуда истодаанд, ки бо истифода аз онҳо муштариён бемамониат амалиёти пардохтиро ба таври ғайринақдӣ анҷом медиҳанд.

Бо мақсади бунёди низоми бонкии солим ва масъул дар мамлакат, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои ташкилотҳои қарзӣ Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва барои ҳифзи манфиати ташкилотҳои қарзии хурд Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкил гардид. Таъсиси бюроҳои қарзӣ низ барои шаффофияти фаъолияти қарздиҳӣ ва таъсиси пойгоҳи муътамади парвандаҳои қарзӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Бо мақсади таҳкими устуворӣ, амният ва эътимоднокии низоми бонкии мамлакат, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва васеъ гардонидани имконоти қарздиҳии онҳо, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат барои хизматрасонии молиявӣ ба муштариён санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон такмил дода шуданд. Барои таъмини шаффофият ва беҳтар намудани назорати фосилавии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ҳар сол Феҳристи шаклҳои ҳисоботҳои танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ такмил дода мешавад.

Бо мақсади идомаи ислоҳот баҳри мукаммал намудани фаъолияти молиявӣ ва институционалии низоми бонкӣ, мутобиқ намудан ба меъёрҳои байналмилалӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии бонкӣ, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила бо шарикони рушд, таъмини самарабахшӣ ва ҷолибияти низоми бонкӣ барои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушду таҳкими идоракунии хавфҳо ва пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкӣ бори нахуст дар таърихи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон «Нақшаи стратегии солимгардонии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2019» ба тасвиб расид.

Дар самти сиёсати пулию қарзӣ дар доираи «Стратегияи пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020» як зумра ислоҳоти институционалӣ, аз қабили ҷорӣ ва таҳкими фишангҳои муосир, ҷорӣ намудани механизми идоракунии пардохтпазирӣ, тақвият додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳо, фароҳам овардани фазои мусоид ва заминаи устувор барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ, ҳадафгирии таваррум татбиқ гардиданд.

Бо мақсади дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини самаранокии сиёсати монетарӣ аз марти 2017 тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ амалиётҳои кӯтоҳмуҳлати бозтамвил, аз қабили қарзи шабонарӯзӣ (овернайт), қарзи рӯзона (интрадей) ва музоядаҳои қарзӣ ба роҳ монда шуданд. Бо мақсади вусъат додани дараҷаи таъсирбахшии фишангҳои монетарӣ ва ҷолиб намудани шарту услуби анҷомдиҳии амалиёти монетарӣ, фишанги муосири амалиёти кӯтоҳмуҳлати амонатӣ бо пули миллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷорӣ гардид. Инчунин, барои идораи пардохтпазирӣ ва истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ соли 2018 дар доираи ёрии техникии Бонки Швейтсария ва Хазинаи Байналмилалии Асъор механизми пешгӯии пардохтпазирӣ ба роҳ монда шуд. Ҷиҳати мукаммал намудани иқтидори таҳқиқотӣ ва дурнамосозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баҳри пешбурди сиёсати пулию қарзии пешбинишаванда соли 2018 моделҳои сохторӣ «DSGE» ва макрофискалӣ ҷорӣ карда шуданд.

Барномаи сармоягузории давлатӣ

Барномаи сармоягузории давлатӣ — маҷмӯи грантҳо ва қарзҳое, ки аз ҷониби шарикони байналмилалии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дошта равона карда мешаванд. Соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба 4523,5 миллион сомонӣ баробар шуд, ки 17,4%-и ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медод. Аз ин маблағ 48,6%-ро грантҳо ва 51,4%-ро қарзҳо ташкил медиҳанд.

Адабиёт: Экономика: Толковый словарь: Англо-русский. Москва, 2000; Румянцева Е. Е. Новая экономическая энциклопедия. 3-е изд. Москва, 2008; Б. Исомат. Аз афкори иқтисодии ниёгон. Душанбе, 2011.

Ш. Дӯстбоев, Х. Муҳаббердиев.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 320–324.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.