Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Саноат

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир буда, соли 2009 дар масоҳати 200 гектар таъсис ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», асосан, минтақаи истеҳсолию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, сармоягузорӣ ва савдои наздисоҳилӣ буда, ба муҳлати 50 сол ташкил шудааст. Дар минтақа 5 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар чорроҳаи чор давлати Хитой (Қошғар) – Тоҷикистон (Ишкошим) – Афғонистон (Файзобод) – Қирғизистон (Ӯш) воқеъ аст. Дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим аз канданиҳои фоиданок сангҳои гаронбаҳо (кони «Кӯҳи лаъл», ки дар он санги гаронбаҳои лаъл истихроҷ мешавад) ва ороишию сохтмонӣ, захираи зиёди санги мармар мавҷуд аст, ки барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави кор мусоидат мекунанд.

Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар масоҳати 309 гектар таъсис ёфта, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Дар минтақа 1 субъект (то январи соли 2021) ба қайд гирифта шудааст. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва бо ин васила ба шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дода мешавад. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дар 1 гектар бунёди корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо бо арзиши беш аз 1,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар марҳалаи аввал истеҳсоли ҳавотозакунакҳои навъҳои гуногуни ҳавоӣ ва равғанӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монда мешавад.

Саноат

Соҳаи саноати Тоҷикистон то замони Истиқлол дар доираи низоми нақшавии тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда ташаккул ёфта, аз корхонаҳои он филиззоти рангаву нодир ва гаронбаҳо дар шакли маъдан, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ ҳамчун маҳсулоти тайёру нимтайёр дар дохили ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба фурӯш бароварда мешуд. Дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба кишоварзӣ зиёд буд. Соли 1991 шумораи умумии корхонаҳои соҳа 2308 ададро ташкил медод, аз ҷумла 207 корхонаи саноати вазнин ва 119 корхонаи саноати сабук. Ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,4% буд. Ҳиссаи саноати сабук ва хӯрокворӣ 70,6% ва саноати вазнин 29,4%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда афзалият доштани соҳаҳои коркардро дар ҷумҳурӣ инъикос кард.

Ҷанги шаҳрвандӣ (1992–1997) боиси коҳиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ гардид. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар соли 1997 нисбат ба соли 1990 32,3%-ро ташкил кард. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли нахи пахта 3 баробар, пойафзор, шоҳиворӣ, қолинҳо 30–40 баробар ва маҳсулоти ширӣ 90 баробар коҳиш ёфт.

Дар давраи таҳаввулоти иқтисодӣ дар истеҳсолоти саноатӣ тағйироти сохтории бузург ба вуҷуд омад. Мувофиқи барномаҳои стратегӣ оид ба рушди минтақавию соҳавӣ, масъалаи ҷойгиркунии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар минтақаҳо, кофӣ будани захираи ашёи хоми табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ афзалиятҳои сиёсати кишварро дар соҳаи саноат муқаррар кард.

Соли 2019 дар соҳаи саноат 219 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд – 59, Хатлон – 57, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3, шаҳри Душанбе – 60 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 40 корхона сохта ба истифода дода шуданд.

Саноати маъдан ва филиззоти қиматбаҳо

Дар шароити табиии кӯҳсори Тоҷикистон коркарди сарватҳои минералӣ ва таъмини пешрафти ин соҳа яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мебошад. Дар натиҷаи анҷоми корҳои нақшавии геологӣ дар ҷумҳурӣ чандин кони филиззоти ранга, сиёҳ, нодир, асил, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, маводди сохтмонӣ, ашёи кимиёвӣ-кӯҳӣ ва ғайра кашф гардиданд.

Дар ҷумҳурӣ комбинатҳои кӯҳӣ-маъдантозакунӣ амал карда, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ чандин корхонаи муштарак таъсис дода шуд. Бо рушди саноати металлургияи Тоҷикистон коркарди ашёи хом ва истеҳсоли филиззоти ранга афзоиш ёфт. Нишондоди қиёсии соҳаи маъданҳои кӯҳӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 – 8% бошад, пас дар соли 2020 ба 25,1% расид.

Бо мақсади суръат бахшидани истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди буҷети давлат, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳо «Барномаи давлатии коркард ва фурӯши сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ дар солҳои 2001–2005», «Барномаи рушди соҳаи саноати коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2002–2010», «Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009–2015» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тило ва нуқра барои солҳои 2012–2016» татбиқ шуданд. Соли 2019 «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ барои давраи то соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2020 «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд.

Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои зертобеъ дар соли 2020 нисбат ба солҳои 2000–2016 (8,28 миллиард сомонӣ) ба 7722,4 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод 7,65 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Солҳои 1992–2019 дар соҳаи саноати кӯҳии ҷумҳурӣ 30 корхонаи истихроҷ ва коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ ва 8 корхонаи заргарӣ таъсис ёфт. Корхонаҳои бузурги истеҳсоли тило, нуқра, филиззоти ранга, заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишии ҷумҳурӣ: ҷамъияти масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон», ҶМТ КДММ «Апрелевка», ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ТА корхонаи муштараки «Анзоб», ҷамъияти саҳомии кушодаи «ГОК Адрасмон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноати Тоҷикистону Хитой», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуқрафом», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургияи Анзоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент», Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии «Тилои тоҷик», Артели заршӯйи «Одина», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдулазиз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таком Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина», корхонаи воҳиди давлатии «Филиззоти нодири Тоҷикистон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Равшан», корхонаи воҳиди давлатии «Зари Кӯлоб», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик кристалл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ақиқа», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Заргари тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Майрамбибӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷи зарин», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Ккорхонаи фаръии «Анори Дарвоз», Корхонаи коркарди санги «Анчин», Корхонаи коркарди санги «Фароғат», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Чамаст», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Лаъл», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Асрори санг» ва ғайра.

Аксари корхонаҳо аз нав маблағгузорӣ шуда, бо технологияи нав таъмин гардиданд. Маҳсулоти ин корхонаҳо ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Соли 2020 корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва филиззоти гаронбаҳо ба маблағи 7722,4 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 – 756,6 миллион сомонӣ зиёдтар буд.

Дар ин давра 54,8 ҳазор тонна хокаи сурб, 94,2 ҳазор тонна хокаи руҳ, 48,7 ҳазор тонна хокаи мис, 54,7 ҳазор тонна хокаи сурма ва 6,9 ҳазор тонна сурмаи филиззӣ истеҳсол карда шуд. 100%-и маҳсулоти филиззоти қиматбаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Саноати сабук ва пилапарварӣ

Саноати сабук ва пилапарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки саноати кишвар ба шумор меравад. Коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба монанди нахи пахта, пӯст, пашм, пила ва самаранок истифода намудани иқтидорҳои мавҷуда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва вусъати истеҳсоли маҳсулоти воридотиро ивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда афзалиятҳои соҳа муайян гардиданд. Давоми 30 соли Истиқлоли давлатии кишвар зиёда аз 50 корхонаи калони соҳа ифтитоҳ ёфт.

Корхонаҳои нав, асосан дар самтҳои коркарди пахта ва нахи он, пӯст, истеҳсоли пахтаи тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, ҷӯробу қолинбофӣ, мебелсозӣ, истеҳсоли пойафзор ва халта сохта, ба истифода дода шуданд. Соли 1991 шумораи корхонаҳои соҳа 63 адад буд, соли 2020 теъдоди онҳо ба 486 расид.

Ҳаҷми маҳсулоти саноати сабук дар соли 1991 – 0,06 миллион сомонӣ, соли 1995 – 16 миллион сомонӣ, соли 2000 – 139,6 миллион сомонӣ, соли 2005 – 323,3 миллион сомонӣ, соли 2010 – 1093,7 миллион сомонӣ, соли 2015 – 1425,5 миллион сомонӣ, соли 2018 – 2700,4 миллион сомонӣ, соли 2019 – 2897,9 миллион сомонӣ ва соли 2020 – 3140,3 миллион сомониро ташкил дод.

Истеҳсоли маҳсулоти муҳимтарини саноати сабук дар солҳои 1991–2020

Ҷадвали 1

Номгӯи маҳсулотВоҳиди андоза199119952000200520102015201820192020
Нахи пахтаҳазор тонна24616810715395,298,498,5102,5101,5
Ресмони пахтагинҳазор тонна24,713,214,8156,14,920,722,419,3
Матои пахтагинмиллион метри мураббаъ102,42811,524,125,68,47,512,713,7
Матои нобофтамиллион метри мураббаъ135,51,81,710,81,12,12,2
Маҳсулоти дӯзандагӣмиллион сомонӣ195,97,712,351,396,5109,3267,2260,6345,5
Ҷӯробмиллион ҷуфт49,24,53,155,72,65,74,17,8
Қолинмиллион метри мураббаъ7,60,70,30,50,61,23,14,72,8
Пойафзормиллион ҷуфт8,50,60,110,030,410,470,80,81,0
Мебелмиллион сомонӣ1,30,120,212,15,015,442,954,160,8
Атласмиллион метри мураббаъ68,68,40,300,070,0040,0190,0210,022

Дар даврони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои бузурги коркарди нахи пахта ба монанди ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН», корхонаи «Кабоол-тоҷик-текстайлз», ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бофандаи Норак», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Замин Текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррес», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯлоб-текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ресандаи Хатлон», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Текстайлз», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хима текстил», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Неку Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Истиқлол 2011», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» ва истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» ба маблағи зиёда аз 320 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта ба истифода дода шуданд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори беш аз 80 ҳазор тонна коркарди нахи пахта дар реҷаи се басти корӣ (дар як сол) фаъолият доранд.

Соли 2016 марҳилаи якум ва соли 2018 марҳилаи дуввуми истеҳсолоти ресандагии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 24,5 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ба истифода дода шуд, ки барои рушди саноати сабук такони ҷиддӣ бахшид.

Маҳсулоти якчанд корхонаи соҳа дар бозорҳои хориҷии кишвар низ мавқеи худро пайдо карда, шимҳои мардонаву бачагона аз матои ҷинс, нимшимҳо, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно ба давлатҳои Россия, Беларусь ва Иттиҳоди Аврупо содирот карда мешаванд.

Ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ дар кишвар барои таъсиси ҷойҳои кори нав, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва дар ин замина ба раванди саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуд. Солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, аз 79 ҳазор дона (соли 2014) ба 926 ҳазор дона (соли 2020) расидааст.

Соҳаи қолинбофӣ, ҳамчун қисми таркибии соҳаи саноати сабук ба ҳисоб рафта, дар давраи истиқлоли кишвар марҳила ба марҳила рушд мекунад.

Соли 2014 «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2020» қабул карда шуд. Бо амалӣ шудани ин барнома истеҳсоли қолинҳо нисбат ба соли 2014 1,5 баробар афзоиш ёфта, аз 1 миллион 763 ҳазор метри мураббаъ соли 2014 ба 2 миллион 812 ҳазор метри мураббаъ дар соли 2020 расонида шуд.

Саноати мебелбарорӣ низ батадриҷ рушд карда, корхонаҳои соҳа бо дастгоҳу таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардиданд. Соли 2016 истеҳсоли мебел дар ҷумҳурӣ ба 17,4 миллион сомонӣ баробар буда, соли 2018 ин рақам ба 42,9 миллион сомонӣ расид. Корхонаҳои бузурги ин соҳа ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бисот», «Арча-мебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикмебел», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ИИ «Империя» ва ғайра мебошанд.

Рушди соҳаи коркарди маҳсулоти чорво (пӯст ва пашм) бо дар назар доштани истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав аҳаммияти иқтисодӣ дошта, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар бо таъсиси корхонаҳои ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Осиё» дар заминаи «Заводи пӯсти Данғара», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Матин Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Мастчоҳ», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Интиқол», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарми Хуҷанд», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик–Хуа-Ши-Тай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоягузории Байналмилалии Дубай», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Чарм», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасан саноат», соҳибкори инфиродии «Набиев» ва соҳибкори инфиродии «Абдусатторов» амалӣ гардид.

Саноати масолеҳи сохтмон

Яке аз соҳаҳои муҳими саноати кишвар буда, дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳми назаррас мегузорад. Бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ корхонаҳои зиёд фаъолият карда, эҳтиёҷоти иншоотҳои сохтмонӣ, обиву барқӣ, роҳсозӣ ва иқоматиро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамоянд.

Солҳои 90-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ 32 корхонаи саноатӣ ва ташкилотҳои хизматрасонии соҳа фаъолият доштанд, соли 2019 миқдори онҳо ба 517 адад расид.

Соли 2014 бунёд ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳо бо технологияи нав ба роҳ монда шуд. Дар 103 корхонаву коргоҳ барои 1710 нафар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки ба маблағи 49,7 миллион сомонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд.

Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо сементи ватанӣ ва ба хориҷи кишвар содир намудани он соли 2014 корхонаҳои истеҳсоли семент ва варақаҳои гаҷкартонӣ таъсис дода шуданд. Масалан, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Чунгтсай Моҳир семент» — иқтидори солонааш 1,2 миллион тонна буда, гаҷкартон бо иқтидори 1 миллион м мураббаъ, халтаҳои қоғазӣ бо иқтидори 80 миллион дона ва ширкати «Ху Чан Ғаюр Индастриал» бошад, гаҷ бо иқтидори 150 ҳазор тонна, варақаҳои гаҷӣ бо иқтидори 2,5 миллион дона истеҳсол мекунанд.

Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ аз нимаи дуввуми соли 2013 босуръат инкишоф ёфт. Ҳоло аз ҳисоби маҳсулоти истеҳсол кардаи корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» ва «Чунгтсай Моҳир семент» соле ба хориҷи кишвар зиёда аз 500 ҳазор тонна сементи навъҳои М - 400 ва М-500 содир карда мешавад. Тавассути ин корхонаҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари воридкунандаи ин навъи маҳсулот ба кишвари содиротсозанда табдил ёфт.

Соли 2014 истеҳсоли сементи ватанӣ ба 1 миллион тонна расонда шуда, соли 2015 ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол гардид ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 11,5%-ро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳаи мазкур соли 2019 ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2018 345,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10%-ро ташкил дод. Истеҳсоли семент ба 4,2 миллион тонна, хишт – 159,1 миллион дона, газоблок - 36,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1,5 миллион метри мукааб, гаҷкартон - 1,4 миллион дона ва шифер - 1,3 миллион дона баробар гардид. Дар ин давра 1,5 миллион тонна семент ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 890 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон - 576 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Қирғизистон - 80,6 ҳазор тонна содир гардид. 399,6 ҳазор дона гаҷкартон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот шуд.

Дар маҷмӯъ соли 2019 25 корхона ва коргоҳҳои соҳа ба фаъолият оғоз намуда, ба маблағи 82,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Соли 2020 корхонаҳои соҳа ба маблағи 3 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2019 200,4 миллион сомонӣ зиёдтар буд. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 9,7%-ро ташкил дод.

Истеҳсоли семент ба 4242,3 ҳазор тонна, хишт - 171,5 миллион дона, хишти сементӣ - 82,5 миллион дона, газоблок - 45,4 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ - 1434,3 ҳазор метри мукааб, бетони сохтмонӣ - 436,9 ҳазор метри мукааб, бомпӯши асбестӣ ба 1842,8 ҳазор дона баробар шуд.

Ҳаҷми содироти масолеҳ 60,3 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҳаҷми воридот 48,2 миллион долларро ташкил дод, содирот нисбат ба воридот ба 12,1 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиёд гардид. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент буд, ки маблағи он 59,8 миллион долларро ташкил дод.

Дар ин давра воридоти таҷҳизоту технология 2,5 миллиард сомониро ташкил дод. Равандҳои истеҳсолии онҳо ба муҳити зист таъсир нарасонида, маводди энергетикию сӯзишвориро сарфа менамоянд. Хароҷоти қувваи барқ ва ангишт то 30% кам шуда, боиси то 15–25% баланд шудани даромаднокӣ ва паст гардидани арзиши аслии маҳсулот шуд. Истифодаи технологияи нав имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа аз 5 миллион сомонӣ (1991) ба 3 миллиард сомонӣ (2020) расад.

Аксарияти корхонаҳои масолеҳи ғайримаъданӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, шаҳри Ҳисор ва ғайра сохта ба истифода дода шудаанд.

Содироти семент охири соли 2015 оғоз гардида, соли 2020 ба 1,3 миллион тонна расид.

Истеҳсоли масолеҳи асосии сохтмонӣ дар солҳои 1992–2020

Ҷадвали 2.

Номи масолеҳ19922000200520102014201520162017201820192020
Семент, ҳазор тонна446,854,8253,1288,21149,31412,02001,33117,23844,24202,24242,3
Маводди ғайримаъданӣ, ҳазор метри мукааб168,835,5268,8448,8862,01100,01241,31041,11232,21511,41434,3
Хишт, миллион дона102,721,044,678,4164,6160,0175,6180202229254,0

Саноати сӯзишворию энергетикӣ

Дар Тоҷикистон ин соҳа, асосан, истеҳсоли ангишт, нафт ва газро дар бар мегирад. Соҳаи муҳимтарин истихроҷи ангишт мебошад. Дар Тоҷикистон тақрибан 35 кони ангишт маълум аст. Конҳои калонтарини он: Шӯроб, Фон-Яғноб, Равот, Киштуду Заврон, Моғиён, Назарайлок ва Миёнаду.

Солҳои 2013–2020 суръати афзоиши истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ назаррас буд. Истихроҷи ангишт дар соли 2020 2 миллион 29 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1991 1 миллион 720 ҳазор тонна ё 6 баробар зиёд мебошад.

Бо фароҳам омадани шароити мусоид барои рушди соҳа ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, аз соли 2013 то соли 2019 дар ҷумҳурӣ 18 адад корхона, аз ҷумла 6 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи ғайридавлатӣ дар 11 кони ангишт, аз ҷумла 3 адад бо тарзи зеризаминӣ ва 15 адад бо тарзи кушода ба истихроҷи ангишт оғоз намуданд. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар як сол тақрибан 900 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мекунад.

Соли 2001 дар қитъаи ғарбии кони ангишт корхонаи фаръии «Кони ангишти Зиддӣ» бо истихроҷи тарзи кушоди ангишт ва бо иқтидори 120 ҳазор тонна дар як сол ба кор шурӯъ кард.

Дар қатори корхонаҳои мавҷудаи соҳаи саноати ангишт дар давраи солҳои 2013–2020 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корхонаҳои нав, аз ҷумла ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талко-Ресурс», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати металлургии Тоҷик», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қудрат-2010», ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сиёвуш» таъсис дода шуданд.

Афзоиши истихроҷи ангишт ва пешрафти корхонаҳои соҳа маҳз дар ин давра ба назар расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз 87,3 миллион сомонӣ (2013) ба 380 миллион сомонӣ (2020), ҷалби сармоягузорӣ оид ба воридоти техника ва таҷҳизоти нав аз 27,1 миллион сомонӣ (2013) ба 56,4 миллион сомонӣ (2019) расонида шуд. Дар соли 2020 миқдори техникаҳои махсуси кӯҳӣ аз 36 то 889 адад расонида шуд, ки боиси афзоиши истихроҷи ангишт гардид. Дар ин давра ҳаҷми истихроҷи ангишт ба 2 миллион 29 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар таърихи ҷумҳурӣ нишондоди баландтарин ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани сиёсати дурусти ягонаи давлат дар бахши саноати истихроҷи ангишт ҷиҳати таъмини боэътимоди соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт, дар самти кам кардани вобастагии кишвар аз воридоти гази табиӣ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки беш аз 200 корхонаи бузурги саноатӣ ва энергетикӣ бо истифода аз ангишт корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Ҳоло яке аз иншооти бузурги энергетикӣ — Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-2 — бо истифода аз ангишти кони «Фон-Яғноб» фаъолият мекунад.

Лоиҳаҳои мазкур ба таъминоти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бо энергияи барқ, гармӣ ва буғи технологӣ нигаронида шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки ҷуброни камбудҳои мавсимӣ дар истеҳсоли қувваи барқ таъмин гардида, қувваи барқи зиёдатӣ ба бозори энергетикии мамлакатҳои Осиёи Ҷанубӣ содирот карда шавад.

Бо назардошти ҳаҷми фаровони захираҳои ангишт ва имконоти мавҷуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият ва рушди соҳаи саноати ангишт заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ташкил карда шуд. Ҳоло содироти ангишт ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст.

Аз солҳои 60-уми асри гузашта дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ-геологӣ як қатор конҳои нафту газ дар ҳудуди вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Ҳисор кашф карда шуданд. Инҳо конҳои нафту гази Равот, Ниёзбек, Айриғон, Қарақчиқум, Кичикбел, Қизилтумшуқ, Оқбашадир, Қӯрғонча, Шоҳамбарӣ, Бештенток, Сулдузӣ ва ғайра мебошанд. Аз соли 2001 нафт дар заводи нафткоркунии Шоҳонаи Конибодом коркард мешавад.

Дар ҷумҳурӣ 13 кони газ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 7-тои он дар шимоли мамлакат ва конҳои гази Қизилтумшуқ (Ҷалолиддини Балхӣ) ва Шоҳамбарӣ дар қисми марказии мамлакат воқеъ аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли нафт зиёда аз 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда то соли 1990-ум ба зиёда аз 320 ҳазор тонна расида буд.

Истихроҷи газ дар Тоҷикистон хеле кам буда, талаботи аҳолиро қонеъ намегардонад. Гази кони Қизилтумшуқ ба воситаи қубур ба Душанбе дода мешавад. Гази Қизилтумшуқ асосан ба Заводи нуриҳои азотии Вахш дода мешавад, вале захираи он ночиз буда, талаботи асосӣ бо гази табиӣ аз ҳисоби гази Ӯзбекистон таъмин карда мешавад.

Соҳаи электроэнергетика дар Тоҷикистон аз давраи Ҳокимияти Шӯравӣ инкишоф ёфтааст. Асоси соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистонро неругоҳҳои барқи обӣ (беш аз 90%) ташкил медиҳанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ аз солҳои 30-ум оғоз ёфт. Неругоҳҳои бузурги он давра неругоҳҳои барқи обии Норак (бо иқтидори 3 миллион киловатт), Сарбанд (210 ҳазор киловатт), Сангтуда 2, Бойғозӣ, Қайроқум (126 ҳазор киловатт) буданд.

Аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба шумор меравад. Дар ин давра бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши энергетика амалӣ карда шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 1861,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.

Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф иншоотҳои обиву барқӣ ва як қатор неругоҳҳои бузурги барқӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта ба истифода дода шуд, инчунин татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 ва барқарору идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид. Ҳоло иншооти бузурги соҳа неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда – 1» (бо иқтидори 670 мегаватт) ва «Сангтуда - 2» (220 мегаватт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (400 мегаватт), хатҳои интиқоли барқии «Ҷануб-Шимол» (500 киловолт), «Конибодом-Бодканд» (220 киловолт), «Лолазор-Хатлон» (220 киловолт) ва «Тоҷикистон - Афғонистон» (220 киловолт) сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар натиҷаи ин тадбирҳо иқтидори истеҳсолӣ ва имконияти содиротии мамлакат то андозае зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имконияти навро фароҳам овард, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд.

Саноати мошинсозӣ, ҳарбӣ ва кимиё

Инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқ ва умуман иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ ба фаъолияти самараноки корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати ҳарбӣ ва кимиё алоқамандии зич дошта, дараҷаи тараққиёт ва сифати таҷҳизоти дар соҳа истеҳсолшаванда, метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ заминаи устуворро фароҳам оварад.

Тамоюли барқароршавии вазъи истеҳсолӣ дар корхонаҳои соҳаи мазкур аз соли 2000-ум оғоз гардид. Агар дар соли 2000 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳа 30,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондод дар соли 2005 ба 131,2 миллион сомонӣ ва соли 2009 ба 150,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соли 2009 нисбат ба соли 2000 463% ва соли 2005 ба 107%-ро ташкил дод.

Бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар ин соҳа беш аз 20 корхона ва коргоҳҳои гуногун ба истифода дода шуд. Дар корхонаҳо, асосан маҳсулотҳо ба монанди ноқилҳои гуногунтамғаи алюминий, профилҳои алюминий, қубур ва профили металлӣ, маводҳои таркандаи саноатӣ, тракторҳо, автобусҳо, кунҷак ва швеллерҳо, профилҳои пластикӣ, криолит ва фториди алюминий, кислотаи сулфат, плитаҳои резинӣ, мехҳои махсус ва моеъҳои шӯянда истеҳсол карда мешаванд, ки маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд.

Ҳамзамон беш аз 30 корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти гуногуни пластикӣ, 25 корхонаи коркарди пораву партовҳои металлӣ, 15 корхона ва коргоҳҳои дорубарорӣ ва гиёҳҳои шифобахш ва 12 корхонаи коркарди алюминийи аввалия мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо мақсади афзоиши ҳаҷми коркарди алюминийи аввалия ва таъмини бозори дохилӣ бо ноқилҳои баландшиддат ва бо ҷалби сармояи дохилӣ дар шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли ноқилҳо ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» таъсис дода шуд (2011). Иқтидори солонаи корхона коркарди 10 ҳазор тонна алюминий мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои соҳаи мазкур аз маблағи 655,7 миллион сомонӣ (2014) то ба 1986,2 миллион сомонӣ (2020) расонида шуд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин давра аз ҳисоби корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 23 корхонаву коргоҳҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ фаъолият мекунанд. Дар давоми соли 2020 корхонаҳо ба маблағи 34,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 18,1 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 2 баробар зиёд шудааст. Дар саноати мазкур 298 адад корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ амал мекунанд, ки беш аз 40 номгӯи маҳсулоти асосии соҳаро истеҳсол карда истодаанд.

Саноати хӯрокворӣ

Ин соҳа асосан соҳаҳои истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот, равғанбарорӣ, шаробу нӯшокиҳои ғайриспиртию спиртӣ, тамокубарорӣ, каннодӣ, истеҳсоли намак, истеҳсоли орд ва гӯшту ширро фаро мегирад. Мақсади стратегии он аз таъминоти устувор ва кафолати аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоии бехатар ва дорои сифати баланд иборат буда, дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ тавассути ворид кардани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Сиёсати инноватсионӣ дар соҳаи мазкур дар заминаи воридоти техника ва технологияҳои муосир, такмили низоми фурӯши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохилӣ ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар мағозаҳои фирмавии корхонаҳои коркард, таъмини бехатарии коргарон, сарфаи захираҳои истифодашаванда, бозомӯзии мутахассисони соҳа дар давлатҳои мутараққие, ки натиҷаҳои назарраси инноватсионӣ ба даст овардаанд, амалӣ карда мешавад, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ мусоидат мекунад.

Истифодаи техникаю технологияҳои муосири хориҷӣ дар истеҳсолот, ҷалби мутахассисони касбии хориҷӣ ва омодасозии кадрҳои сатҳи муносиб барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар хориҷи кишвар ба рушди инноватсия ва самаранокии истеҳсолот дар соҳа мусоидат кард.

Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубаст, истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, намаки ошӣ, нӯшокиҳо, маҳсулоти макаронӣ, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ ба назар мерасад. Таҷдиди хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои муосир имкон фароҳам овард, ки коркарди саривақтии ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ивазкунандаи воридот дар истеҳсолот ҷорӣ гардида, иқтидорҳои истеҳсолӣ талаботи бозори дохилиро бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ таъмин намоянд.

Тибқи маълумоти расмии омор, соли 1991 дар ҷумҳурӣ 94 корхонаи саноати хӯрокворӣ мавҷуд буд. Дар давраи Истиқлоли давлатӣ ин шумора мунтазам боло рафта, соли 2021 ба 525 корхона расонида шуд.

Танҳо дар ҳашт соли охир (2013–2020) дар саноати хӯрокворӣ 495 корхона ва коргоҳ бо дарназардошти васеъгардонии истеҳсолоти мавҷуда сохта ба истифода дода шуд. «Комбинати орди Душанбе», «Суғдиён», «Чархи гандумин», «Зерновая компания», «Султони Ҳаким», «Астана», «Кока-Кола нӯшокиҳои Тоҷикистон», «RC Душанбе», «Сиёма», «Авесто Гурӯҳ», «Макколӣ», «Грин-Фудс», «Афзали Суғд», «Шири Данғара», «ТҶ-МОЛ», «Тиҷорати Сорбон», «Сирдарё», «Аштфрут», «Хуҷ-Андагро», «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», «Арай ТҶ» ва ғайра корхонаҳои азими кишвар буда, дар пешрафти саноати хӯрокворӣ саҳми назаррас доранд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ низ аз соли 1996 тамоили устувори рушд пайдо кард. Соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 48,3 миллион сомониро ташкил дода, дар соли 2020 ин нишондод ба 6 миллиард 768,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар ба 22% расонда шуд.

Ҷиҳати паст намудани таъсири шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар дар ин давра пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба соҳаи саноат ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва густариши ҳамкориҳо бо ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии кишварҳои Аврупо ва Осиё ба монанди ширкатҳои «ХАСКИ» (Ҷумҳурии Люксембург), «СИДЕЛ», «АДУЕ», «VGB», «Мингаззин» (Ҷумҳурии Италия), «ТРАН» (Ҷумҳурии Фаронса), «Франсуа» (Шоҳигарии Белгия), «АСКО» (Конфедератсияи Шветсария) ва ширкати «НАНТЕН» (Ҷумҳурии Финландия) дар самти воридоти хатҳои технологии муосир дар корхонаҳои ватанӣ мусоидат карда, ба инкишофи саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла таъсиси брендҳои ватанӣ такон бахшид. Ин пеш аз ҳама дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маводи бандубасти маҳсулоти хӯрокӣ, таъсиси брендҳои ватанӣ ба монанди «Сиёма», «Оби зулол», «Амири», «Файзи Расул», «Шоҳона», «Фарозон», «Арзанда» ва дар корхонаҳои ватанӣ роҳандозӣ гардидани истеҳсоли брендҳои шинохтаи ҷаҳонии «Кока-Кола», «Пепси», «Фанта», «Миринда», «Бонаква», «Сеналко», «Буона» ва «Магна» ба назар мерасад.

Дар натиҷа, воридоти нӯшокиҳои ташнагишикан аз 28,4 ҳазор тонна дар соли 2013 ба 16,7 ҳазор тонна дар соли 2020 расонида шуд, ки нисбат ба соли 2013 1,7 баробар ва ё 11,7 ҳазор тонна кам мебошад.

Адабиёт: Султонов З. Ресурсно-экономический потенциал регионов Таджикистана. Душанбе, «Дониш» 1994; Ш. Ғаффоров, Ғ. Хоҷаев, А. Эшбоев. Захираҳои табиӣ ва вазъи истифодабарии онҳо. Душанбе. «ДДТТ», 2004; Утаганов А., Ғаффоров Ш. //Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни «Географияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе, 2007.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 325–330.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.