Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ислоҳоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои бартараф кардани монеа ва мушкилоти соҳаи иқтисод ва рушди саноати ҷумҳурӣ замина фароҳам омад. Дар ин давра бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон талаби замон буд. Бидуни истеҳсолоти саноатӣ таъмини пешрафти иқтисодӣ, бартараф кардани монеаҳо ва рушди муқаррарии қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ғайриимкон буд.

Дар охири солҳои 20-уми асри 20 дар ҷумҳурӣ асосан саноати сабук ва хӯрокворӣ вуҷуд дошт. Бо сабаби ҳанӯз омӯхта нашудани иқтидори саноатию энергетикии Тоҷикистон соҳаҳое бунёд гардида инкишоф ёфтанд, ки аз ашёи хом ғанӣ буданд. Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии ашёи хоми саноатӣ ва хӯроквории Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Ғояи саноатикунонӣ дар нақшаҳои панҷсолаи пеш аз ҷанг инъикос шуда буд.

Дар самти саноатикунонии мамлакат сохтмони нахустин неругоҳи бузург – неругоҳи барқи обии Варзоб бо иқтидори 7,5 ҳазор киловатт, хатти роҳи оҳани Мелниково (Конибодом)–Шӯроб, ду комбинати ғалла ва истеҳсоли орд дар Қӯрғонтеппа ва Янгибозор (ҳоло шаҳри Ваҳдат) оғоз ёфт. Заводи коркарди меваи Конибодом (соли 1928), кони ангишти «Первомайская» (1930, кони № 8), Комбинати консерви Хуҷанд (Ленинобод, соли 1932), ду заводи нахустини равғанкашӣ дар Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва чандин неругоҳи хурд сохта шуданд, ки ба давраи панҷсолаи якум (1928–1932) рост омаданд. Дар саноати пахтатозакунӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба навсозии техникии он нигаронида шуда буд. Бо мақсади рушд додани саноати абрешимбофӣ ва пилтаресӣ солҳои 1930–1932 заводҳои пахтатозакунии Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе), Хуҷанд, Фархор, Ҷилликӯл, Қӯрғонтеппа ба истифода дода шуданд. Фабрикаи дӯзандагии Сталинобод (соли 1933) ва фабрикаи дӯзандагӣ-трикотажии Ленинобод (вилояти Суғд, соли 1939) бузургтарин корхонаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ буданд. Соли 1942 дар Сталинобод навбати аввали комбинати бофандагӣ ба кор даромад, ки пойгоҳи коркарди пахта дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.

Бо вусъат ёфтани инқилоби фарҳангӣ саноати полиграфӣ хеле рушд карда, соли 1934 комбинати полиграфӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар натиҷа матбааи давлатии Душанбе ва чандин матбааи хурди ноҳиявӣ таъсис дода шуданд.

Бо сохтани корхонаҳои саноатӣ масъалаи омода намудани кадрҳо ба миён омад. Дар давраи аввали саноатикунонӣ мутахассисон ва ҳатто як ҳиссаи коргарон аз Федератсияи Россия ва Украина ба Тоҷикистон вобаста карда шуданд. Барои ҷалби мардуми маҳаллӣ ва тайёр намудани коргарони касбӣ дар назди фабрикаю заводҳо (соли 1924) омӯзишгоҳҳо таъсис ёфтанд. Танҳо соли 1940 дар омӯзишгоҳҳои ҷумҳурӣ 1185 нафар мутахассиси касбӣ тайёр карда шуд.

Дар ин давра қадамҳои нахустин барои табдил додани Тоҷикистон аз ҷумҳурии аграрӣ ба аграрӣ-саноатӣ гузошта шуданд.

Саноат дар даврони истиқлол

Аз аввали солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми иқтисодии миллӣ тавассути аз низоми банақшагирии мутамаркази давлатӣ ба иқтисоди бозоргонӣ гузаронидани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф таҳия ва қабули маҷмуи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот тавассути ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ, таъсиси кластерҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва бизнес-инкубаторҳо дар соҳаҳои саноат аз шартҳои асосӣ мебошад. Барои амалисозии ин тадбирҳо, аз ҷониби вазорат лоиҳаҳо доир ба таъсиси технопаркҳо ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷорӣ таҳия гардиданд.

Давоми солҳои 2005–2015 барои рушди соҳаҳои саноати кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи 3,3 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоягузорӣ шуд, аз ҷумла сармоягузории мустақим 2,8 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар маблағгузориҳо 474,8 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медоданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (дар соли 2015) ба 12,2 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат ба 27 миллиард 586,6 миллион сомонӣ расонда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 3 миллиард 809,4 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,6%-ро ташкил дод.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноатҳо:

  • ангишт — 114,2%;

  • маъдани кӯҳӣ — 117,6%;

  • масолеҳи сохтмон — 114,3%;

  • сабук – 123,6%;

  • мошинсозӣ – 129,6%;

  • табъу нашр – 109%;

  • хӯрокворӣ – 109,2%;

  • корхонаҳои пахтатозакунӣ – 102,5%;

  • нафт ва газ – 117,6%;

  • электроэнергетика – 119,6%.

Дар се моҳи аввали соли 2021 дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4% афзуда, ҳаҷми он 8201,1 миллион сомониро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2285 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 269 корхона дар саноати истихроҷ, 1859 дар саноати коркард, 76 корхона дар соҳаҳои таъминоти газ, барқ, буғ, об ва 81 корхона дар коркарди партовҳо фаъолият мекунанд.

Аз миқдори умумӣ 695 корхона дар вилояти Суғд, 621 адад дар вилояти Хатлон, 493 адад дар шаҳри Душанбе, 419 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 57 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеанд.

Бо мақсади такмил додани низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини сифат ва амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаҳои саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, дар корхонаҳои соҳа раванди гузариш ва мутобиқгардонии низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дошта, якчанд корхонаи соҳа мутобиқи низоми Таҳлили хатар ва нуқтаҳои муҳими назоратӣ (Hazard Analysis and Critical Control Points) сертификатсия шуда, низоми ISO22000 – Созмони байналмилалии стандартизатсия (International Organization for Standardization) ҷорӣ карда шуд. Дар натиҷа, якчанд корхонаи саноати хӯрокворӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳо ноил гардидаанд, аз ҷумла маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бино бар дорои сифати баланд будан, бо қарори Фонди байналмилалии сифати баланди кор дар шаҳри Женева (Швейсария) бо медали тило ва аз ҷониби Кумитаи номинатсияи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупоӣ дар шаҳри Вена (Австрия) бо мукофоти байналхалқии «Сифати аврупоӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Ю. Николаев, Т. Луқмонов.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 330–331.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.