Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хоҷагии манзилию коммуналӣ

Ташаккул ва рушди хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ аз солҳои 20 асри 20 оғоз ёфт. Аввалин биноҳои иқоматии дуошёнаву сеошёнаи замонавӣ солҳои 30 асри 20 бунёд шуданд. Баробари инкишофи соҳаи бинокорӣ ва бунёди биноҳои калонпанел суръати сохтмони манзил афзуд. Қисми зиёди манзилҳои иқоматии пойтахт солҳои 1970–1980 сохта шуданд. Дар ин давра асосан биноҳои иқоматии 9–12 ошёна сохта мешуданд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сохтмони биноҳои баландошёнаи иқоматӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, шароити манзилии аҳолӣ беҳтар шуд.

Аз 27 октябри 2020 Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партовро гирифт. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» хидматрасониҳои асосии зеринро анҷом медиҳад: таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ ва баровардани партовобҳои истеъмолкунандагон; пешбурди сиёсати ягонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар ҷумҳурӣ; истифода ва таъмини ҳифзи фонди манзил дар шаҳрҳо, шаҳракҳо ва марказҳои ноҳияҳо; тозагии санитарӣ, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ирригатсия; истифодабарӣ ва таъмини хидматрасонии иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ; таъмини гармӣ ба истеъмолкунандагон; иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ; иҷрои корҳои таъминотӣ, ташкили анборҳои яклухт ва чакана; пешбурди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; хидматрасониҳои нақлиётӣ ва иттилоотию машваратӣ; тарбия, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра.

Ҳоло (2021) дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 118 корхонаи давлатии фаръӣ воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд: корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ – 61 адад; корхонаҳои давлатии фаръии соҳаи обтаъминкунӣ ва корез воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо – 27 адад; корхонаҳои истифодабарии соҳаи оби ошомиданӣ ва чароғҳо дар деҳоти мамлакат – 25 адад ва корхонаҳои давлатии фаръии ғайрикоммуналӣ 5 адад.

Соли 2019 масоҳати умумии фонди манзили ҷумҳурӣ 101,3 миллион метри мураббаъро ташкил медод, ки аз ин миқдор 33,8 миллион метри мураббаъ ба фонди манзили шаҳрӣ ва 67,3 миллион метри мураббаъ ба фонди манзили деҳот рост меояд.

Фонди манзили аҳолӣ дар солҳои 2013–2019

Нишондиҳанда2013201420152016201720182019
Фонди манзил — ҳамагӣ (миллион метри мураббаъ)86,990,291,293,396,398,6101,3
Фонди манзили шаҳрӣ (миллион метри мураббаъ)27,930,630,931,332,032,933,8
Ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини шаҳр (метри мураббаъ)12,713,913,713,613,913,614,1
Фонди манзили деҳот (миллион метри мураббаъ)59,059,660,461,964,365,667,5
Ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини деҳот (метри мураббаъ)10,09,89,69,69,99,89,8

Солҳои 2001–2020 барои сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 128 миллион 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Соҳаи асосии умури беҳдошту техникӣ таъминот бо об ва ба роҳ мондани фаъолияти корезҳо мебошад. Низоми муосири обтаъминкунӣ аз маҷмӯи иншооту дастгоҳҳои мураккаб иборат буда, истихроҷ, софкорӣ, безараргардонӣ ва ба истеъмолкунандагон расонидани оби хушсифатро таъмин мекунад. Соли 2007 дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ 47% ва соли 2020 65%-ро ташкил намуд. Айни замон 58% сокинони деҳот ва тақрибан 86% сокинони шаҳрҳо бо оби ошомиданӣ таъмин мебошанд. Ҳаҷми хидматрасониҳои коммуналӣ дар соли 2020 ба 181 миллион 867,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2007 (27 миллион 867,9 ҳазор сомонӣ) 6,5 баробар зиёд мебошад.

Солҳои 2008–2012 аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ ба маблағи 14 миллион 620,6 ҳазор сомонӣ ва солҳои 2009–2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 41 адад техникаи махсуси коммуналӣ ва 3 адад равонакҳо ба маблағи 1 миллион 948 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуданд.

Соли 2020 корхонаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ барои корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ 40 миллион 291,2 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карданд. Ҳамчунин 33,8 ҳазор бех дарахтони гуногуни ороишӣ, аз ҷумла: дар вилояти Хатлон – 12,2 ҳазор бех (112%), вилояти Суғд – 20,8 ҳазор бех (100%) ва ноҳияҳои тобеи марказ 0,8 ҳазор бех (100%) шинонида шуд. Дар миқёси ҷумҳурӣ масоҳати умумии заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои коммуналӣ 40,97 гектарро ташкил медиҳад, 68 адад гармхона дар масоҳати 11711 метри мукааб сохта шуда, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 24,26 гектар ва 35 адад гармхона ба масоҳати 6189 метри мукааб, дар вилояти Суғд 12,81 гектар ва 21 адад гармхона бо масоҳати 4043 метри мукааб, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6 адад гармхона дар масоҳати 419 метри мукааб, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ – 3,9 гектар ва 6 адад гармхона дар масоҳати 1060 метри мукааб. Дар гармхонаҳо 239,3 ҳазор қаламчаи гули садбарг, дар масоҳати 1218 метри мукааб гулҳои мавсимӣ, 21,5 ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи ороишӣ парвариш шудаанд, ки дар мавсими дарахтшинонӣ барои ободонӣ ва сабзкории кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо истифода бурда шудаанд.

Барои ташкил намудани низоми безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди фурӯзонакҳои симобдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маблағгузории корхонаҳои коммуналӣ ва истифода аз биноҳои онҳо, 94 нуқтаи қабул ва нигоҳдории фурӯзонакҳои симобдор ташкил гардида, солҳои 2011–2020 ба миқдори 538940 дона фурӯзонакҳои симобдори корношоям барои нигоҳдорӣ дар ҷойҳои махсус ҷамъоварӣ шуд.

Бо мақсади таҷдид, барқарорсозӣ ва сохтмони нави иншооти коммуналӣ, бахусус иншооти обтаъминкунӣ, корез ва беҳдошти санитарии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо ташкилотҳои байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Раёсати гуманитарии Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди ҳамкориҳои техникии Олмон, Агроаксияи Олмон, Агентии амрикоӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо лоиҳаҳо (UNOPS), Фонди фавқулодаи ёрӣ ба кӯдакони назди Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF), Ташкилоти башардӯстӣ оид ба мубориза бо камбизоатии ҷаҳонӣ (OXFAM), Агентии ҷопонӣ оид ба ҳамкории байналхалқӣ дар Тоҷикистон («JICA»), Раёсати швейсарии рушду ҳамкорӣ (SDC), Агентии туркӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (TİKA) ҳамкориҳо ба роҳ мондааст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 352–353.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.