Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Ҳифзи иҷтимоӣ

Ҳуқуқҳои муҳимтарини инсоният — кор, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, манзил, таҳсилот ва таъминоти иҷтимоӣ дар қонуни асосии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият намуда, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи таъминоти моддӣ (нафақа ҳангоми пиронсолӣ, беморӣ, куллан ё қисман аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, гум кардани саробон), кӯмаки иҷтимоӣ ва дастгирӣ аз ҷониби ҷомеаро дар дигар ҳолатҳои зарурӣ кафолат медиҳад.

Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шумораи умумии муассисаҳои фаъолияткунанда дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ба 193 адад расонида шуд. Бо мақсади пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ ба шахсони осебпазиру ниёзманд, танҳо дар сохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: 7 хона-интернат барои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ, 4 осоишгоҳу истироҳатгоҳи мавсимӣ барои собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон ва дигар дараҷаҳои имтиёздор, 3 маркази давлатии тавонбахшии маъюбон, маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон, 6 маркази минтақавии хизматрасонӣ барои пирону маъюбон, 43 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳо ва шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 48 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, барои ҷабрдидагони хушунат дар оила ва қурбониёни савдои одамон, шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам фаъолият доранд.

Сохтори он аз муассисаҳои статсионарӣ (будубоши доимӣ), марказҳои тавонбахшӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, маҷмааи таълимию таҷрибии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо, корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» дар шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ, пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва комиссияҳои ташхиси тиббию иҷтимоӣ иборат аст. Дар замони Истиқлоли давлатӣ шаклҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз 3 ба 9 намуд, шумори хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз 12 ба 40 ва дараҷаҳои истифодабарандагони хадамоти иҷтимоӣ аз 3 ба 16 гурӯҳ расонида шуданд.

Дар моҳҳои январ–июни 2021 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 710000 нафар нафақагир (аз он 154556 нафар маъюб ва беш аз 30000 нафар кӯдакони маъюб) ба қайд гирифта шуда, ҳудуди 15%-и хонаводаҳо аз оилаҳои камбизоати кишвар аз низоми кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд.

Яке аз шаклҳои муосири дастгирии ниёзмандони аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми нави таъйин ва пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад. Механизми таъйин ва пардохти ёрии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат бар ивази ду механизми қаблӣ: кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ мебошад, ки шурӯъ аз соли 2011, марҳала ба марҳала дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шудааст. Соли 2017 ба 84986 нафар аз оилаи камбизоат кумакпулӣ ба маблағи 28,5 миллион сомонӣ, соли 2018 ба 94 675 оила дар ҳаҷми 38,6 миллион сомонӣ ва соли 2019 ба 98858 оила дар ҳаҷми 39 249 316 сомонӣ пардохт карда шудааст. Соли 2020 теъдоди гирандагони кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 103644 оила буда, маблағи он 12 550 300,00 сомониро ташкил дод.

Дар 7 соли охир ба 470511 оилаи камбизоат ба маблағи 177 миллион сомонӣ ёрдампулии унвонии иҷтимоӣ таъйин ва пардохт карда шуд. Ҳаҷми ёрдампулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, 23,5 миллион сомониро ташкил дода, ба 753 263 талаба пардохт гардид.

Низоми ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи 2008, №379 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» то соли 2020 амалӣ гардид. Дар ин давра ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ 131 миллион сомониро ташкил намуда, ба 684920 оилаи камбизоат таъйин ва пардохт карда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби шарикони рушд ба ҷараёни хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшии кӯдакони осебпазир ҳамасола таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз соли 2008 то имрӯз 48 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, пирону маъюбон, ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ, қурбониёни савдои одамон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ташкил гардида, фаъолияти онҳо идома дорад. Барои ташкил ва пешниҳоди хизматҳои иҷтимоӣ маблағи кӯмакпулӣ аз 150000 сомонӣ (соли 2008) ба 11 842 080 сомонӣ дар соли 2021 расид.

Бо дар назар доштани пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ, инчунин бо мақсади бештар фаро гирифтани кӯдакон, пиронсолону маъюбон бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшӣ, муассисаҳои давлатии Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон (барои 150 ҷой) ва Кушониён (барои 100 ҷой) сохта ба истифода дода шуданд.

Сатҳи маъюбшавӣ дар ҷумҳурӣ бо гузаронидани ҷараёни мунтазами солимгардонӣ коҳиш ёфт. Масалан, соли 2014 шумораи маъюбон 167881 нафар (2,0%) ва соли 2019 - 149704 нафарро (1,6%) ташкил дод.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахши муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб шуда, мақсад ва вазифаҳои он, пеш аз ҳама таъмини шароити зиндагии арзандаи шаҳрвандон, тавассути таъмин намудани ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва пойдории ризояти оммавӣ дар ҷомеа мебошад.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 357.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.