Тибби мардумӣ
Тибби мардумӣ — маҷмӯи маълумоту амалиёти гуногун, ки солҳои тӯлонӣ дар байни мардум зимни таҷрибаҳои ҳаётӣ ба амал омада, барои дароз кардани умри инсон, бартараф намудани иллати зоҳирии бадан, ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. Маълумоти мазкур даҳонӣ аз насл ба насл гузашта, дар урфу одат ва мақолу ривоятҳои халқӣ акс ёфтааст. Ҳатто одамони ибтидоӣ роҳҳои халосӣ аз бемориҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Бахши асосии ғизои онҳо решаву поя, мева ва дигар қисмҳои серобу сершираи рустаниҳо буд. Одамони ибтидоӣ батадриҷ истифодаи рустаниҳои «муъҷизакор»-ро бар зидди бемориҳо аз худ карданд. Онҳо узви шикаста ё аз ҷо беҷошударо табобат карда, доир ба хосияти шифобахшии нури офтобу об тасаввурот доштанд. Бемориҳоро бо гиёҳҳо табобат мекарданд; тарзи табобат аз насл ба насл мегузашт. Тадриҷан табибоне пайдо шуданд, ки пешаи онҳо гиёҳдармонӣ буд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 367.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




