Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Таъминоти дору

Дар ҷумҳурӣ назорат ва кафолати таъмини давлатии аҳолӣ бо маводи доруии хушсифат, ашёи хоми давоӣ, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, молҳои тиббӣ, маводи санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият, таҳия ва пешбурди феҳристи давлатии маводи давоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт мақоми Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ назаррас буда, он фаъолияти дорухонаҳоро ба низом меоварад. Бо мақсади рушди саноати дорусозӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон корхонаи таҳвили рустаниҳои шифобахши «Сариҳосор» ба истифода дода шуд. Он дорои 8 дастгоҳу таҷҳизот буда, аз 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш даво истеҳсол мекунад. Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли дору ва таҳвили гиёҳҳои шифобахши Маркази илмию тадқиқотии фармасевтӣ ба фаъолият пардохт. Дар муассисаи мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғилофак (капсула)-ҳои маводи фаъоли биологӣ, аз шираи камол «Ферулин» ва дар шишаҳо «Шарбати ширинбӯя» роҳандозӣ шуд. Феълан дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои фармасевтии ватанӣ – Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Помир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шабнам ШАР», «Ҳаким», «Саҳо», «Авитсенна», «Фармико», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Аввалин» ба истеҳсоли маводи доруворӣ машғуланд.

Дорухона, аптека, муассисаи махсуси тиббӣ барои тайёр кардан, нигоҳ доштан ва фурӯши дору, воситаи беҳдорию беҳдоштӣ, обҳои минералӣ, масолеҳи захмбандӣ ва дигар лавозимоти гуногуни тиббӣ. Дорухонаҳои аввалин дар Хитой, Миср ва Рум сохта шудаанд. Асри 8 дар Бағдод дорухона ташкил ёфт, ки муассисаи давлатӣ маҳсуб мешуд. Дар дорухонаҳои он замон озмоишгоҳҳо вуҷуд доштанд, ки доруҳои мураккаб тайёр мекарданд. Чунин озмоишгоҳҳо то асрҳои 19–20 фаъолият карда, баъдтар баробари рушди саноати дорусозӣ аз байн рафтанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон аввалин дорухонаҳои хусусӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (1900) ва Истаравшан (1916) ташкил шуда буданд. Ноябри 1923 Шӯрои иқтисодии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Оинномаи раёсати донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва қоидаҳои Комиссариати халқии ҳифзи тандурустиро қабул кард. Аввалин дорухонаҳои давлатӣ соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд ташкил ёфтанд. Октябри 1924 дар шаҳри Душанбе дорухонаи давлатӣ ва нахустин мағозаи беҳдошт ба фаъолият оғоз намуданд. Дорухонаҳои давлатӣ солҳои 1926–29 дар Конибодом, Спитамен (собиқ Нов), Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), Рашт (собиқ Гарм) ва Панҷакент низ ташкил карда шуданд. Дар онҳо зиёда аз 50 нафар дорусоз фаъолият доштанд. Дорусозони аввалини маҳаллӣ (А. Набиев, О. Почочонов, Н. Почочонов) аз Хуҷанд буданд. Онҳо солҳои 1924–28 дар Тошканд таҳсил карда, соҳиби тахассуси ёвари провизор гаштанд. Сентябри соли 1929 дар назди Комиссариати халқии ҳифзи тандурустӣ Раёсати дорухонаҳои тоҷик ва савдои лавозимоти тиббӣ ба кор оғоз кард. Соли 1975 дар шаҳри Душанбе анбори доруҳо ба истифода дода шуд, ки масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ буд. Соли 1980 раёсати дорухонаҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

Кормандони дорухонаҳо ба аҳолӣ дору ва дигар васоити тиббӣ мефурӯшанд, рустаниҳои шифобахшро захира мекунанд, ба кормандони тиб доир ба доруҳои нав ва тарзи истифодаи онҳо маълумот медиҳанд. Барои ин дар марказҳои тиббӣ ва шифохонаҳои калон ҳуҷраҳои фармасевтӣ амал мекунанд. Назорат аз болои муҳлати истифодаи адвия, инчунин расондани ёрии аввалин ба касоне, ки ногаҳон бемор ё ба фалокат дучор шудаанд, аз ҷумла вазифаҳои кормандони дорухонаҳо мебошад. Тарзи фаъолияти дорухонаҳо, тартиби қабул, нигаҳдорӣ ва фурӯши дору, инчунин вазифаи кормандони дорухонаҳо тибқи дастури махсус танзим карда мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 2500 (аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе – 502, ноҳияҳои тобеи марказ – 238, минтақаҳои Рашт – 41, Бохтар – 331, Кӯлоб – 243, вилояти Суғд – 564 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 65) дорухонаи хусусӣ вуҷуд дорад.

С. Ҷ. Юсуфӣ.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 369.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.