Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Бемористонҳо

Бемористонҳо муассисаҳоеанд барои дармони беморони бистарӣ. Бемористонҳо ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мешаванд. Бемористонҳои умумӣ (иборат аз шуъбаҳои гуногун) ва махсус (бемористонҳои касалиҳои сил, бемориҳои сироятӣ, амрози рӯҳӣ, иллатҳои чашм, аз ҷумла барои кӯдакон) низ мавҷуданд. Агар бемористонҳо дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунанд, онҳоро бемористонҳои клиникӣ меноманд. Бемористоне низ вуҷуд дорад, ки ба одамон мувофиқи касбу корашон хизмат мерасонад, масалан, бемористонҳои кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғайра.

Бемористонҳо шуъбаҳои қабулгоҳ, муолиҷа, ташхису табобат, лаборатория, дорухона, ошхона, хонаи либосшӯйӣ ва ғайра доранд. Ҳайати кормандон, аз ҷумла табибони бемористонҳо ба миқдори катҳо вобаста мебошанд.

Ба қавли ҷуғрофиёдони маъруфи араб Макризӣ нахустин бемористонҳои доимӣ дар замони халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик (соли 707) бино ёфтаанд. Дар онҳо беморони махав (лепра) бистарӣ карда мешаванд. Дар Андалусия (Испания) бемористонро «молостон» (мористон), дар Миср «мурустон» ва дар Мағриб «мурстон» меноманд.

Дар баъзе сарзаминҳо ба бемористонҳо номҳои дигаре низ илова мешаванд. Бемористоне, ки подшоҳи қарахонӣ Туғмоқ Бугро соли 458 ҳиҷрӣ дар Самарқанд бино кардааст, «дорулмарзо» ном дошт. Дар аҳди Салҷуқиён бемористонро «дорулофия» ва «дорушшифо» мегуфтанд. Дар замони туркони усмонӣ вожаҳои «доруссиҳат», «шифохона» ва «теморхона» низ машҳур буданд. Халифаи аббосӣ Мансур соли 148 ҳиҷрӣ Бурҷиси ҳакимро ба Бағдод фаро хонда, дар шаҳраки Карх ба бинои бемористон ва маркази таҳқиқу дармон дастур дод. Табибони ин бемористон дар пешрафти тиб саҳми назаррас гузоштаанд. Овардаанд, ки хазинаи моҳонаи бемористони Саййида (модари Маҷдуддавла) дар Бағдод (соли 304 ҳиҷрӣ ифтитоҳ шуд) ба 600 ва тахсиси моҳонаи бемористони Муқтадирии Бағдод ба 200 динор мерасид. Ба гуфтаи Ибни Абуусайбиа ва Қифтӣ (соли 301 ҳиҷрӣ), дар он давра бо ташаббуси Синон ибни Собит табибон зиндониёнро низ муоина, ташхис ва даво мекардаанд. Ҳамчунин ба деҳоти ҷануби Ироқ бемористонҳои сайёр фиристода мешаванд, ки ба ашхоси ғайримусулмон низ кумак мерасонданд. Барои табобати беморони рӯҳӣ бемористонҳои алоҳида вуҷуд доштанд. Адиби давраи Мутаваккил Мубаррад чунин бемористонро дар дайри Ҳизкил (дар байни Бағдод ва Восит) дида будааст. Тибқи гузориши Яъқубӣ ва Масъудӣ он қадимтарин бемористони рӯҳӣ буд, ки аз бемористони Бетҳлеҳем (Bethlem)-и Лондон (таъсисаш соли 1404) ва бемористони умумии Валенсия (Hospital General Valencia)-и Испания (таъсисаш соли 1409) бартарӣ доштааст. Машҳуртарин бемористонҳои садаи 3 ҳиҷрӣ, ки ба табобати беморони рӯҳӣ сарукор доштанд, бемористонҳои Аҳмад ибни Тулун дар шаҳри Фустоти Миср буданд. Ба гуфтаи Макризӣ дар он бемористон ба маризон либоси махсус пӯшонида, дору ва ғизо ройгон дода мешуд.

Дар Андалусия барои ҷудо нигоҳ доштани беморони махав дар беруни шаҳри Қуртуба (Кордова) бемористони махсус сохта буданд. Ба гуфтаи Маққари танҳо дар шаҳри Қуртуба ва ҳаволии он 50 бемористон вуҷуд дошт, ки пас аз тасаллути масеҳиён бар он сарзамин аз байн рафтаанд. Испаниягиҳо бемористони Муҳаммади Панҷум – амири хонадони Насрро, ки соли 777 дар шаҳри Ғарнота (Гренада) сохта шуда буд, ба зарробхона табдил доданд. Мувофиқи тарҳе, ки меъмори фаронсавӣ Гиябӯ бардошта буд, он бемористон бинои дутабақа доштааст. Усмониҳо дар бахшҳои гуногуни артиши худ – қувваҳои ҳарбии баҳрӣ, коргоҳи киштисозӣ ва ғайра низ бемористонҳо сохта буданд. Онҳо ба аҳолии тамоми қаламрави хилофати худ аз Будапешт то Крим ва аз Салоника (дар Аврупои Марказӣ) то Макка, ҳамчунин ба мардуми сарзаминҳое, ки сокинонашон ба дини ислом нагаравида буданд (Белград, Будапешт ва ғайра), кумаки тиббӣ мерасонданд. Бино ба маълумоти асири олмонӣ Ю. Шелтбергер дар замони Боязиди Юлдурум (соли 1400) танҳо дар шаҳри Бурса 8 бемористон вуҷуд доштааст.

Дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ то охири асри 19 бемористонҳо ба шакли кунуниашон вуҷуд надоштанд. Соли 1891 дар Бухоро бемористони русию мардуми таҳҷой (барои 30 кат) кушода шуд, ки амбулатория ва дорухона низ дошт. Дар он 2 табиб, 3 фелдшер ва 1 дорусоз кор мекард. Охири асри 19 артиши Русияи подшоҳӣ дар қисмҳои сарҳаддии Хоруғ ва Помир ду шуъбаи қабули беморонро ташкил кард, ки аз онҳо аскарон ва баъдан мардуми бумӣ истифода мебурданд.

Беморхонаи аввалин дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон (дорои 40 кат) соли 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 табиб ва 32 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият дошт. Баъди ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 бемористон фаъолият мекард (990 кат дошт). Баъди дар пойтахт таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1939) адади бемористонҳои ҷумҳурӣ афзуд. Масалан, соли 1940 дар Тоҷикистон 121 бемористон (бо 4490 кат) вуҷуд дошт, соли 1985 адади онҳо ба 319 (бо 42790 кат) расид (10818 табиб).

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ аксари бемористонҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 128 бемористони деҳотӣ, 53 бемористони ноҳиявӣ ва 25 бемористони шаҳрӣ фаъолият доранд. Баъзе бемористонҳо ба марказҳои саломатӣ табдил дода шудаанд: Маркази саломатии деҳотӣ – 854, маркази саломатии ноҳиявӣ – 54, маркази саломатии шаҳрӣ – 53 адад.

А. Боқизода.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 370–371.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.