Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Осоишгоҳҳо ва чашмаҳои минералии Тоҷикистон

Тоҷикистон сарзамини обҳои минералӣ аст. Дар ин ҷо беш аз 200 чашмаи минералӣ мавҷуданд, ки дар заминаи бисёри онҳо истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Аксари ин обҳо хосияти шифобахш доранд. Бемориҳоро бештар бо обҳои минералии зеризаминӣ (оби чашмаҳо, пармачоҳҳо ва ғайра) муолиҷа мекунанд. Чашмаҳои минералии табиӣ дар натиҷаи қабатҳои обдори заминро буридани водиҳо, дара, сой, ҷар ва ғайра пайдо мешаванд. Ҳоло барои муолиҷа обҳои минералии пармачоҳҳои чуқурро низ истифода мебаранд, зеро таркиби кимиёвии онҳо тағйир намеёбад (таркиби оби чашмаҳои минералии табиӣ аз таъсири баъзе омилҳо, масалан, боришот дигаргун мешавад). Танҳо бо обҳои минералие, ки миқдори моддаҳои кимиёвӣ ва хосиятҳои физикиашон мувофиқи меъёр (бо таҷрибаҳои махсуси физикӣ, кимиёвӣ ва ғайра дақиқ карда шудаанд) аст, бемориро муолиҷа мекунанд. Обҳои минералӣ аз рӯи минералнокӣ (миқдори ҳама гуна моддаҳои дар об ҳалшуда, ғайри газҳо), таркиби ионҳо (хлоридӣ, сулфатӣ, натрий, калсий, магний ва ғайра), миқдори газ ва унсурҳои махсус (карбонатӣ, сулфидӣ, йоду бромӣ, хлориди натрий, радиоактивӣ ё радонӣ ва ғайра), инчунин ҳарорат (хунук – то 20 °С, гарм – то 36 °С, сӯзон, ё термалӣ то 42 °С ва ғайра) тавсиф карда мешаванд. Ғайр аз ин, обҳои минералии турш, нейтралӣ ва ишқорӣ вуҷуд доранд.

Бо обҳои минералии хлориди натрийдор, ки аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба хилтҳои андомгони одам қариб яксонанд, бемориҳои системаи дилу рагҳо ва асаб, банду буғум, пӯст, бемориҳои занонаро муолиҷа мекунанд. Онҳоро инчунин барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар ва талхароҳаҳо менӯшанд, ҳангоми бемориҳои узвҳои нафас ингалятсия менамоянд.

Обҳои минералии карбонатиро барои муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо фаровон истифода мебаранд. Нӯшидани обҳои минералии карбонатӣ (бо мақсади муолиҷа) ба фаъолияти узвҳои ҳозима, хусусан меъда, ҷигар ва гурдаҳо нафъи бисёр меорад.

Обҳои минералии сулфидиро одатан, барои қабули ванна кор мефармоянд. Омили асосии табобатии онҳо гидрогенсулфид буда, он тавассути пӯст ба андомгон ворид мегардад. Обҳои минералии сулфидӣ ба гардиши хун, кори системаи асаб, ғадудҳои эндокринӣ таъсири муфид мерасонанд.

Омили муолиҷавии обҳои радонӣ гази радиоактивии радон ва маҳсули таҷзияи он мебошад; аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ обҳои радонӣ хеле гуногунанд. Ҳангоми қабули ванна радон асосан дар пӯсти бемор ғун шуда, баъди чанд соат аз андомгони ӯ хориҷ мегардад. Оби радоне, ки барои муолиҷа нӯшида шудааст, аз меъда ба ҷигар, испурч ва дигар узвҳо ва обе, ки ингалятсия карда шудааст, аз шуш ба бофтаҳои рагҳо ва гурда меравад. Радон ба мубодилаи моддаҳо, кори системаи дилу рагҳо, ғадудҳои эндокринӣ, меъда, ҷигар ва ғайра нафъ меорад. Оби осоишгоҳи Хоҷаобигарм радонӣ аст.

Обҳои минералии нитрогенӣ (ин обҳо аксаран хеле гарм мешаванд) асосан бо ҳарорат ва таъсири механикии худ (бо ҳубобҳои газ) ба пӯст шифо мебахшанд (ҳангоми қабули ванна). Ин обҳоро инчунин барои дорушӯйии узви иллатноки бадан, ингалятсия, шустани рӯда ва ҳамчун нӯшокии муолиҷавӣ истифода мебаранд.

Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ обҳои минералӣ ба организм таъсири умумӣ (асосан тавассути асаб ва хун) низ мерасонанд. Инчунин ҳарорат ва массаи об, ки ба бадан фишор меорад (фишори оби ваннаҳои муолиҷавӣ, ҳавзҳои муолиҷавӣ ва ғайра гуногун аст), рангу бӯи об (нӯшокии муолиҷавӣ), шароит, муҳлат, суръат ва шумораи қабули ваннаҳо, инчунин ҳолати аввалии андомгон муҳиманд. Табибон ин омилҳоро ба назар гирифта, ба ҳар бемор муолиҷаи алоҳида таъйин мекунанд. Барои муолиҷаи узвҳои дарунӣ обҳои минералиро менӯшанд. Обҳои минералии осоишгоҳҳоро бевосита аз чашма нӯшидан мумкин аст. Дар аксар осоишгоҳҳо павилйонҳои обҳои минералии нӯшокӣ сохта шудаанд, ки барои дар ҳама фаслҳои сол нӯшидани об мусоидат мекунанд. Обҳои минералиро дар шишаҳо низ мегиранд (масалан, обҳои минералии «Шоҳамбарӣ», «Ҳавотаг» ва ғайра). Онҳоро дар заводҳои махсус ва сехҳои муассисаҳои саноати хӯрокворӣ автоматҳо ба шишаҳо мерезанд (бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тарзи нигоҳдошт ва кашондан).

«Баҳористон»

«Баҳористон», осоишгоҳ дар вилояти Суғд. 22 майи 2011 дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» сохта шудааст. Масоҳаташ 22 гектар. Масофа аз шаҳри Гулистон то осоишгоҳ – 20 километр. Иқлими маҳал континентӣ ва хушк буда, вобаста ба фаслҳо тағйир меёбад. Ҳарорати миёнаи январ -4 – +1 °С, июл 16–29 °С. Дар ҳудуди «Баҳористон» 5 бинои замонавӣ қомат афрохтааст. Бинои асосии осоишгоҳ 61 утоқи зисти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамчунин китобхона, сартарошхона, машшотахона, толори билярдбозӣ ва ғайра дорад. Бинои якум аз 46 утоқ иборат буда, дар он 92 нафар ҷой мешавад. Бинои дуввуми осоишгоҳ барои фароғат ва муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар он утоқҳои табобат, ошхона, толори варзиш ва ғайра ҷойгиранд. Бахши муолиҷавии осоишгоҳ аз 5 утоқи муоинаву ташхис ва 17 утоқи табобати бемориҳо иборат буда, барои 96 нафар ҷои зист дорад. Бинои табобатии «Баҳористон» бо таҷҳизоти замонавии физиотерапиягӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ин ҷо ба беморон гиёҳчой ва доруҳои наботии тақвиятбахш низ медиҳанд. Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис, оббозӣ ва ғайра шароити мусоид фароҳам овардаанд. Маҷлисгоҳи осоишгоҳ дорои компютерҳои замонавӣ ва васоити электронӣ буда, дар мизи мудаввари он барои 30 нафар ҷои нишаст мавҷуд аст. Дар осоишгоҳ ҳамчунин 2 бинои тобистонӣ (дорои 104 ҷой) сохта шудааст.

Омилҳои табобатии осоишгоҳ: гармишифоӣ (лойқашифоӣ, регшифоӣ, мумшифоӣ ва ғайра), барқшифоӣ (муолиҷа бо ултрасадо, электрофорез, индуктотерапия ва ғайра), лазершифоӣ, обшифоӣ (души мудаввар, обзани «марворидӣ», обзанҳои табобатӣ ва ғайра), намакшифоӣ, масҳ (аз ҷумла масҳи барқӣ), сӯзаншифоӣ ва ғайра Воситаи асосии муолиҷа лойқаи шӯри кӯли Сакии шаҳри Саки (Украина) мебошад. Лойқаи кӯл хосса барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, селлюлит, мӯйрезӣ, касалиҳои нохун, артритҳо, остеохондроз, никрис, бенаслии зану мард, сусткамарӣ, простатит, псориаз, шукуфа, кубоз, моҳипӯстӣ, неврит, радикулит, асабдард, дарди нимсара, сарчархӣ, ғамбеморӣ, бехобӣ, назла, гайморит, гулудард, пневмония, бронхит, зиқи нафас, пародонтоз, гингивит, стоматит, ҳепатитҳо, илтиҳоби талхадон, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби рӯда, бемориҳои гӯшу даҳон ва ғайра муфид аст. Осоишгоҳ тамоми сол фаъолият мекунад.

«Гармчашма»

«Гармчашма», маҷмааи табобату сайёҳӣ. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ гаштааст. Аз осоишгоҳ то маркази ноҳия - 60 километр, то шаҳри Хоруғ - 45 километр. Омили асосии табобатии он оби шифобахши Гармчашма, ҳавои тозаву серуни кӯҳистон ва радиатсияи фаровони офтоб мебошад. Иқлими маҳал континенталӣ ва хушк, тобистон гарм ва зимистон мӯътадил аст. Ҳарорати миёнаи ҳавои июл 31,6 °С, январ - 19,5 °С. Боришоти солона 100 миллиметр. Давраи офтобӣ дар як сол 2500-3000 соатро ташкил медиҳад. Дар ноҳия фасли баҳор аз 3 март оғоз ёфта, то 3 июн, тобистон аз 4 июн то 18 сентябр, тирамоҳ аз 19 сентябр то 19 декабр, зимистон аз 20 декабр то 2 март давом мекунад. Намнокии ҳаво дар як сол ба ҳисоби миёна 43% аст.

Соли 1957 дар назди чашма шифохонаи махсус бунёд карда шуд, ки 50 кат дошт. Ба он аз тамоми гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморон барои табобат меомаданд. Соли 2010 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои шифохона маҷмааи «Гармчашма» сохта шуд ва дар рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмаа аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷои офтобдиҳии бадан ва ғайра иборат аст. Дар «Гармчашма» асосан бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд: псориаз, экзема, нейродермит, склеродермия, хориши умумӣ ва ҷузъии пӯст, ихтиоз, шукуфаи сурх, парапсориаз ва ғайра

«Зумрад»

«Зумрад», осоишгоҳ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар соҳили дарёи Исфара (дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр), дар нишемангоҳи кӯҳҳои Варорӯд ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 20 гектар. Аз «Зумрад» то маркази шаҳр - 3 километр, то шаҳри Хуҷанд - 110 километр. Иқлими маҳал континенталӣ; тобистон - хушк, зимистон - мӯътадил. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 26 °С, январ - -2 °С. Мавзеи осоишгоҳ зеботарин гӯшаи шаҳр буда, ба осорхонаи табиӣ монанд аст. Сабаби таъсиси «Зумрад» чашмаи минералии «Оби шифо» аст. Дар ҷои кунунии осоишгоҳ соли 1972 барои кормандони соҳаи кишоварзӣ хонаи истироҳат (150 кат) сохта шуда буд. Соли 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд (барои 260 нафар дар як баст). Баъди ба истифода додани бинои №1 (соли 1983) адади ниёзмандон ба 380 ва бинои №4 (соли 1987) ба 500 нафар дар як баст расид. Он соли 2015 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад» табдил дода шуд. «Зумрад» дорои 3 бинои иқоматӣ, 2 коттеҷ, 3 бинои табобатӣ (барои 250 нафар дар як соат), қасри «Шифокорон» (дорои 300 ҷой), китобхона, чойхонаи «Сино», Осорхонаи тибби тоҷик (ба номи ташаббускори бунёди «Зумрад» ва аввалин сарвари он Мирзо Олимов), ошхона (дорои 500 ҷои нишаст), толори рақс, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимёвӣ, шуъбаҳои ташхис, дандонпизишкӣ ва ғайра мебошад. Дар «Зумрад» бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғайра), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартроз, остит, бурсит ва ғайра), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғайра), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда, роҳҳои пешоб ва ғайра дармон карда мешаванд. Муолиҷа бештар бо истифода аз оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзаншифоӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар маркази варзиши шифоии «Зумрад» 37 намуд дастгоҳҳои муолиҷавӣ, тенниси рӯи миз, биллиард, майдончаи волейболу бадминтон мавҷуданд. «Зумрад» тамоми сол фаъолият мекунад. Соли 2015 «Зумрад» барои сифати олии хизматрасонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии тилоии «Quality Summit» (Авҷи сифат) мушарраф гардидааст. Ҳоло дар осоишгоҳ биноҳои нави замонавӣ қомат афрохта истодаанд, ки савияи хизматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам беҳтар менамоянд.

«Обигарм»

«Обигарм», осоишгоҳест дар шаҳри Роғун. Дар масофаи 100 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Обияйлок ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1200-1300 метр. Осоишгоҳ соли 1946 дар заминаи чашмаҳои минералии гарм таъсис ёфтааст. Аввал 50 кат дошта, мавсимӣ (фақат тобистон) буд. Ҳоло тамоми сол фаъолият дорад. Моҳҳои май-октябр дар як вақт ба 300 нафар ва дар моҳҳои дигар ба 100 нафар хизмат мерасонад.

Маҳалли осоишгоҳ сарсабз буда, дар самти роҳи Помир дараҳои сердолударахт тӯл кашидаанд. Зимистон кӯтоҳ ва нисбатан гарм, вале сербарф аст. Дар давоми зимистон баъзан ҳаво то +13 +17 °C гарм мешавад. Тобистон бештар салқин аст. Намнокии нисбии ҳаво моҳҳои июл 27%, август 20% ва сентябр 23% мебошад.

Обҳои минералии осоишгоҳ дар қаъри замин ҷой гирифтаанд. Бино бар ин, ҳарорати онҳо баланд ва минералнокиашон хосса аст. Бо мақсади бештар рӯи замин баровардани оби ҳарораташ баланд, ки ба раванди муолиҷа таъсири мусбат мерасонад, чанд пармачоҳ кофта шудааст. Оби пармачоҳҳо дар шакли обзан (ванна) ва душҳои гуногун истифода мешавад. Муолиҷаро танҳо табиб таъйин мекунад. Дар осоишгоҳ аз аэроҳелиотерапия низ фаровон истифода мекунанд. Усулҳои дигари муолиҷа, масалан, галванизатсия, ионнофорез бо новокаин, калсий, магний ва ғайра, диатермия, дарсонвал, солюкс ва кварс, парафиншифоӣ, варзиши шифоӣ, масҳ, парҳез низ мавҷуданд. Дар «Обигарм» бемориҳои силсилаи асабҳои канорӣ, полиартритҳо (ғайрисилӣ), амрози узвҳои ҷинсии занона, пӯст (экзема, нейродермит, псориаз, склеродермия, моҳипӯстӣ, хоришак, кератодермия, дисхидроз, саглеси музмин), брутселлёз ва ғайра табобат карда мешаванд.

«Хоҷаобигарм»

«Хоҷаобигарм», яке аз осоишгоҳҳои маъруфи ҷумҳурӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (52 километр шимолтар аз Душанбе), дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл +22 °С); зимистонаш сербарфи мулоим (ҳарорати миёнаи январ -2 °С); боришоти солона 1430 миллиметр. Осоишгоҳ соли 1934 таъсис ёфтааст. Омили асосии табобатии осоишгоҳ обҳои минералии радонии гарм (62-96 °С) мебошанд. Дар ҳудуди осоишгоҳ зиёда аз 40 чашмаи минералӣ мавҷуд аст. Аз соли 1957 дар осоишгоҳ бо мақсади муолиҷа аз оби минералии пармачоҳ истифода мекунанд. Он бештар дар шакли обзан (ванна)-ҳои гуногун ва душ таъйин карда мешавад. Яке аз омилҳои асосии табобатӣ дар осоишгоҳ буғи радону торонӣ ва газҳои гарм мебошад. Миқдори радон дар буғ хеле зиёд аст. Ба андомгон асосан маҳсули таҷзияи он, яъне афканишоти радиоактивӣ таъсир мерасонад (дар сатҳи пӯст то 3-4 соат боқӣ мемонад). Дар таркиби буғ ҳамчунин нуклиди радиоактивии торон (Радон - 220) мавҷуд аст. Тамоми таъйинот аз ҷониби табибон ва ба таври фардӣ сурат мегиранд. Ошомидани оби шифобахшро пеш аз истеъмоли ғизо ё баъди он мефармоянд. Дар осоишгоҳ бемориҳои зер табобат карда мешаванд: амрози гуногуни устухону мушакҳо (артрит ва полиартрити ғайрисилӣ, остеохондроз, спондилез, спондилоартроз, синовити музмин, бурсит, тендовагинит, миозит, миалгия, периартрит, фибромиозит ва ғайра), бемориҳои силсилаи асаб, амрози занона (салпингити музмин, метрити музмин, бемориҳои илтиҳобии аъзои ҷинсӣ, ихтилоли тухмдонҳо, бенаслӣ ва ғайра), бемориҳои дилу рагҳо (эндомикардит, нақси гуногуни дил, атеросклероз, зиқи дил, ғалаёни хун, фишорпастӣ, оризаҳои флебит, тромбофлебит ва ғайра). Дар натиҷаи табобат фишори хун паст, консентратсияи холестерину липидҳои мувофиқи меъёр, В-липопротеидҳо, триглисеридҳо, натрий, оҳан, мис ва силитсий кам, дараҷаи шахшавии хун суст, миқдори фосфолипидҳо, калий ва ғайра зиёд мешавад, фаъолияти гурдаҳо, ғадуди болои гурда, шуш меафзояд. Осоишгоҳ дорои 700 кат мебошад.

«Ҳавотаг»

«Ҳавотаг», осоишгоҳ дар ноҳияи Истаравшан, дар масофаи тақрибан 25 километр шимолу ғарбтари шаҳр ҷой гирифтааст. Осоишгоҳ дар заминаи обҳои минералӣ, ки ибтидои солҳои 50 асри 20 аз умқи 1300 метр кофта бароварда шудаанд, бунёд гардидааст. Соли 1954 дар ин ҷо бинои обзан (ванна)-ҳоро сохта мутахассисонро ба кор даъват карданд; таъсири обҳои минералӣ ба андомгони одам мавриди омӯзиш қарор гирифт. Минбаъд дар мавзеи пармачоҳҳо озмоишгоҳи замонавии «Ҳавотаг» қомат афрохт. Осоишгоҳ дар доманаи шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон дар баландии 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Маҳалли осоишгоҳро сойи амиқи Шӯрбулоқ бурида мегузарад. Иқлими маҳал континентии шадид аст. Ҳарорати ҳавои июл-август гарм 30-42 °С, сентябр-октябр +20 - +30 °С. Миқдори умумии боришоти солона - 400 миллиметр. Фасли тобистон гарм бошад ҳам, бино бар хушк будани ҳаво тоқатфарсо нест. Намнокии нисбии ҳаво аз июн то сентябр 25-15%, октябр 50-60%-ро ташкил медиҳад. Зуд-зуд шамол мевазад (хусусан тирамоҳу зимистон). Дар осоишгоҳ бемориҳои роҳи меъдаю рӯда (гастрити музмин, колити музмин, гепатохолецистити музмин), силсилаи устухону мушакҳо (полиартрити музмин, остеохондроз), амрози силсилаи асабҳои канорӣ (радикулити музмин, полиневрити музмин, ишиас), бемориҳои занона (эндометрити музмин, бенаслӣ), бемориҳои пӯст (экземаи себореявӣ, себорея, экземаҳои шадид ва зершадид бидуни тарӣ, дерматитҳои пайдоишашон кимиёвӣ, шукуфаи сурх, склеродермия, кератодермия, хоришак, дисҳидроз, саглеси музмин ва ғайра) табобат карда мешаванд.

«Ӯротеппа»

«Ӯротеппа», осоишгоҳи иқлимиест дар ноҳияи Истаравшан. Соли 1978 таъсис ёфтааст. Дар масофаи 5 километр ҷанубтар аз шаҳри Истаравшан, дар водии Каттасой (баландиаш аз сатҳи баҳр 1010-1050 метр) ҷойгир шудааст. Иқлимаш континентии наздикӯҳист. Ҳарорати миёнаи июл +25,2 °С, январ - 2,4 °С. Боришоти солона 368 миллиметр. Лабораторияи биохимикӣ, шуъбаҳои рентгенологию физиотерапевтӣ, кабинетҳои варзиши шифоӣ, масҳ ва ғайра дорад. Дар «Ӯротеппа» амрози системаи дилу раг, ғалаёни хун (хипертония) табобат карда мешаванд. Ҳавои софи доманаи кӯҳ барои кори тамоми андомгон таъсири муфид мерасонад.

«Шоҳамбарӣ»

«Шоҳамбарӣ», осоишгоҳ дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 1100-1150 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст (26 километр ғарбтар аз шаҳри Душанбе). Осоишгоҳ соли 1953 таъсис ёфтааст. 2 июли 2021 баъди бозсозӣ номи тозаву замонавӣ гирифт. Феълан ба ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» табдили ном кардааст. Тобистони маҳал гарм (40-42 °С), зимистонаш камбарф (ҳарорати миёнаи январ - 1°С). Боришоти солона 660 миллиметр. Дар маҳалли осоишгоҳ мавсими гармӣ 270-300 рӯз идома меёбад; гармӣ бино бар чандон намнок набудани ҳаво тоқатфарсо нест. Бинои асосии осоишгоҳ панҷошёна буда, дорои 500 кат, ошхона (бо 200 ҷойи нишаст), маҷлисгоҳ (барои 300 нафар), толори варзишӣ ва солимгардонӣ аст. Бинои муолиҷавии осоишгоҳ дар масоҳати 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар он ҳамзамон метавонанд то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта шаванд. Бинои амфитеатр дорои 560 ҷойи нишаст мебошад. Дар он тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ, тамошои филм дар мониторҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шудааст. Дар шафати амфитеатр барои мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ 11 дӯкон барои фурӯши дору, гиёҳҳои шифобахш, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра бунёд шудааст. Сохтмони хатти нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи беш аз 10 километр ба роҳ монда шудааст. Оби осоишгоҳ ҷавобгӯи меъёрҳои санитарию беҳдоштист. Омили асосии табобатии осоишгоҳ оби минералӣ буда, он ба рушду инкишофи баъзе бактерияҳои бемориангез таъсири марговар мерасонад. Дар осоишгоҳ бемориҳои роҳи меъдаю рӯда ва ҷигар (гастрит, энтерит, колит, холесистит, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта,


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 373–377.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.