Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Андароб

Андароб, чашмаи минералӣ. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 63 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар шафати роҳи мошингарди Хоруғ–Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2300 метр. Тобистон чашма зери оби дарё мемонад. Дебиташ – 0,2 литр дар як сония, ҳарорати обаш 13,5–14,2 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (551 миллиграмм дар як литр), калсий (195 миллиграмм дар як литр), магний (104 миллиграмм дар як литр), калий (29,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1220 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (587 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (310 миллиграмм дар як литр), молекулаҳои диссотсиатсиянашудаи ангидриди карбон (1071 миллиграмм дар як литр), кислотаи силикат (26,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин титан ва мис мавҷуданд. Минералнокии умумиаш – 4,2 грамм дар як литр. Онро метавон барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҳепатит, холецистит, пиелонефрит, касалии қанд ва диатези бавлӣ ошомид. Чашмаи Андароб вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Ессентуки–17, Зваре (Гурҷистон) ва Севан (Арманистон) шабоҳат дорад.

Ангишт

Ангишт, чашмаи минералӣ дар 3,5 километр ҷанубу шарқии шаҳри Ваҳдат. Оби минералии ҳидрогенсулфидӣ навъи Сочи – Матсеста. Аз пармачоҳ (умқи 1800 метр) ба миқдори 4 литр дар як сония ҷорӣ аст. Ҳарорати об дар сарчашма 54 °С; минералнокиаш 29 грамм дар як литр; таркибаш хлориди натрий ва калсий дорад; обаш андаке радиоактивӣ аст. Ҳамчун оби шифобахш истифода мебаранд.

Анзоб

Анзоб, чашмаи хунуки минералӣ, 95 километр шимолтари Душанбе (8 километр шимолтари ағбаи Анзоб), дар сари роҳи Душанбе–Хуҷанд, дар баландии 3179 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,5 литр дар як сония, минералнокиаш 1,3 грамм дар як литр. Оби чашма дар таркиби худ гидрокарбонати калсий, магнию натрий дорад.

Арзанак

Арзанак, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 4 километр шимолтар аз шаҳри Хуҷанд, дар доманаи кӯҳи Мевагул ҷой гирифтааст. Дар мавзее, ки чашма воқеъ гаштааст, мазори қадиме вуҷуд дорад. Оби чашма аз чанд ҷой мебарояд. Гурӯҳи якуми чашмаҳо се ҷои баромад дошта, дебити онҳо 0,45 литр дар як сония ва ҳарорати обашон 17,5 °С аст. Гурӯҳи дуввум як ҷои баромад дорад; дебиташ 1,8 литр дар як сония, ҳарорати обаш 17,2 °С. Таркиби оби чашма аз сулфатҳо, нитратҳо, натрий, калий, калсий, стронсий ва ғайра иборат аст. Барои муолиҷаи амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад.

Аччиқтош

Аччиқтош, чашмаи сарди минералии карбонатӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Аличур (13,5 километр шарқтари хоҷагии «Булункӯл») дар баландии 3960 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 0,16 литр дар як сония, минералнокиаш 4,55 грамм дар як литр, ҳарорати обаш 15 °С. Таркиби об аз натрий (1002 миллиграмм дар як литр), калсий (59,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонат (2214 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (298 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (45,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (771 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (77,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (65,0 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби маъдании Боржоми (Гурҷистон) наздик аст.

Баршор

Баршор, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар ноҳияи Ишкошим, 71 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2280 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 литр дар як сония, ҳарорати обаш 10–15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 миллиграмм дар як литр), калсий (308 миллиграмм дар як литр), магний (77,0 миллиграмм дар як литр), оҳан (10,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (354 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (200,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (13,9 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (1013 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (109 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин титан, мис, никел, бор, фтор, рух, маргимуш ва молибден вуҷуд доранд. Дар 1 литр об 2,6 грамм намакҳои минералӣ мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои минералии «Ессентуки-17» ва «Ессентуки-4» (Гурҷистон), ҳамчунин Наличевский Камчатка наздик аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Аз оби чашма оби маъдании «Бадахшон» истеҳсол мекунанд, ки барои табобати амрози меъда (невроз бо ихтилоли фаъолияти шираҷудокунӣ ва таҳрикии меъда), захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, оризаҳои ҷарроҳии меъда (баъди 2–3 моҳи ҷарроҳӣ), рӯдаҳо (энтерити музмин, энтероколит, проктосигмоидит, тифлит), ҷигар ва талхадон (гепатити музмин, холецистит ва холангит), амрози мубодилаи моддаҳо (диабети қанд, фарбеҳӣ) ва ғайра нафъ дорад.

Баҳмир

Баҳмир, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 14 километр ҷанубтар аз деҳаи Қизилработ дар баландии 4060 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз 10 ҷой мебарояд. Ҳарорати оби чашмаҳои гарм +38 °С, дебиташон 0,4 литр дар як сония аст. Таркиби кимиёвии онҳо аз натрий (829 миллиграмм дар як литр), калсий (96,0 миллиграмм дар як литр), калий (49,0 миллиграмм дар як литр), магний (20,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (2349 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (3,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (33,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин литий, радон (1,5 нанокюри дар як литр), рубидий, мис, никел, фтор, маргимуш иборат аст. Миқдори гази карбонат 95,6% ва нитроген 4,4%-ро ташкил медиҳад. Минералнокии умумиашон – 3,9 грамм дар як литр. Оби чашмаро метавон чун обзан (ванна) ва барои ошомидан истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Боржоми (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати амрози узвҳои ҳозима ва мубодилаи моддаҳо нафъ дорад.

Бахтиёр

Бахтиёр, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар хамии Сассиқкӯл, 200 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4010 метр. Оби чашма аз 2 ҷой мебарояд. Дебиташ 1,33 литр дар як сония, минералнокиаш 2,71 грамм дар як литр; ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Таркибаш аз натрий (374 миллиграмм дар як литр), калсий (130 миллиграмм дар як литр), магний (30,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1457 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (42,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (13,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (584 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силикат (59,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (11,0 миллиграмм дар як литр), радон (6,3 нанокюри дар як литр) иборат аст. Барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Дилиҷон (Арманистон) ва Аспинадзе (Гурҷистон) наздик аст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 378–379.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.