Бибифотимаи Заҳро
Бибифотимаи Заҳро, Ямчин, чашмаи минералии обаш гарм. Тақрибан 83 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар наздикии деҳаи Туғғоз воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дебиташ 2,5–7,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 0,77 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +43 °С. Оби чашма тавассути 5 «остин» аз баландии 1–1,5 метр ба ҳавз рехта, «души Шарко»-ро ба вуҷуд меорад. Андозаи ҳавз 3 × 2 × 1 метр. Дар таркиби оби чашма натрий (80,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), калсий (37,0 миллиграмм дар як литр), магний (20,0 миллиграмм дар як литр), оҳан (0,3 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (40,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (3,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин литий, рух, бром, молибден ва радон (3,5 нанокюри дар як литр) мавҷуданд. Омили асосии муолиҷавӣ оби чашма, ҳавои тозаи кӯҳӣ ва радиатсияи фаровони офтоб аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои осоишгоҳи Схалтубои Гурҷистон шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, талхароҳа, банду буғум, устухон, мушакҳо ва амрози занона муфид мебошад. Дар назди чашма барои фароғати истироҳаткунандагон бинои зебое қомат афрохтааст.
Чашмаи Биби Фотимаи Захро дар масофаи кӯтоҳе аз деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим дар баландии 3,025 метр бо координатаҳои зерини ҷуғрофӣ (36.585934 N, 72.154901 E) ҷойгир аст. Он 83 км аз маркази ноҳияи Ишкошим ва 200 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ ҷойгир аст.Чашмаи гарми Биби Фотима Заҳро мӯъҷизаи табиати хунуки Бадахшон аст. Чашмаи дорои оби софи булӯр, ки аз пиряхҳои қуллаҳои мешоранд дар миёни дарахтон ҷойгир шудааст. Ҳангоми даромадан чашмаи гарм, гуё ҳайкали азими зане намудор мешавад, ки аз сина, шикам ва остинҳояш об меравад. Батни зан раста ба чашма аст. Ҳангоми ворид шудан ба батни кӯҳ ғори обӣ пайдо мешавад, ки ба одамон одатан эҳсосоти гуногун медиҳад.
Аз сабаби ҷойгиршавии дар миёни баландкӯҳҳо ва дар наздикии якчанд қуллаҳо, иқлими назди чашма субҳу шом хунук аст ва шамол дар онҷо мевазад. Бо вуҷуди чунии иқлими салқи ҳарорати чашма дар давоми сол 43 дараҷа гарм аст. Мавсими зиёрат табобат ва тамошои чашмаи Биби Фотимаи Заҳро хеле барвақт (аввали апрел) оғоз меёбад ва дар охири моҳи октябр ба охир мерасад. Агар осоишгоҳ ва меҳмонхонаҳо барои қабули сайёҳон дар ҳавои хунук омода бошанд, мавсими истироҳат метавонад аз ду то се моҳи дигар тамдид карда шавад.
Чашмаи Биби Фотимаи Захро дар масофаи 200 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ ҷойгир аст. Он дар водии Вахони кӯҳҳои Помири Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Водии Вахон Ишкошим минтақаи зебо ва дастрасест барои сафару тамошш. Чашмаи гарми Биби Фотима-и Заҳро тақрибан 1 км болотар аз Қалъаи Ямчун, ки дар деҳаи Ямчуни Ишкошим воқеъ аст, ҷойгир аст. Ба он тавассути такси ё микроавтобуси маҳаллӣ, ки аз маркази ноҳия ё аз Хоруғ меравад, расидан мумкин аст. Гузашта аз ин, сайёҳ метавонад баъди сафари тӯлони аз ноҳияи Мурғоб ва ё Афғонистон вориди ин макон шавад. Ҷолибтари сафар ба ин макон ҳамроҳи гурӯҳе мебошад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 379.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




