Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Боздара

Боздара, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 15 километр дуртар аз резишгоҳи дарёи Боздара дар баландии 3920 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз 4 ҷой мебарояд. Дебиташ – 1,5 литр дар як сония, минералнокиаш – 2,24 грамм дар як литр; ҳарорати обаш 18,5–21 °С. Таркибаш аз натрий (1510 миллиграмм дар як литр), калсий (46,0 миллиграмм дар як литр), магний (23,0 миллиграмм дар як литр), калий (9,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (394 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (156 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (35,0 миллиграмм дар як литр), кислотаи метаборат (8,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, рух ва молибден иборат аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои осоишгоҳи Ҳевиз (Маҷористон) наздик аст. Онро барои муолиҷаи бемориҳои санги пешобдон, талхадон, илтиҳоби музмини меъда, холетсистит ва дарди мафосил метавон ошомид.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 379–380.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.