Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Кӯкбой

Кӯкбой, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили рости шохоби дарёи Кӯкбой ҷойгир аст, баландиаш аз сатҳи баҳр 3920 метр. Дебиташ – 4 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,9 грамм дар литр, ҳарорати обаш +40 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (15,0 миллиграмм дар литр) ва ангидриди озоди карбон (77,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Кӯкбой хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд.

Қаратобон

Қаратобон, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 15 километр шарқтари деҳаи Зиреҳ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2050 метр. Дебиташ – 0,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 90 °С, минералнокиаш – 3,6 грамм дар литр. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, рух, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), оксиген (1,6%) иборат аст; хусусан миқдори оҳан (2 миллиграмм дар литр) зиёд аст (он ҳангоми ба рӯи замин баромадани оби чашма қисман таҳшин мешавад). Ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои қабули обзан (ванна) тавсия шудааст.

Қизилработ

Қизилработ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Оқсу, 2 километр ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3380 метр. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҳои дарёи Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2–1,6 литр дар сония, минералнокиаш 1,53 грамм дар литр, ҳарорати обаш +37 – +38 °С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 миллиграмм дар литр), натрий (71,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), калий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (756 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (69,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (335 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), метаборат (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, оҳан, никел, фтор, бром, рух ва сурб иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Тсагвери ва Шови (Гурҷистон) наздик аст.

Қизилтумшуқ

Қизилтумшуқ, оби минералии гарм дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500–700 метр) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркибаш аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбоҳидрид, нитроген ва ғайра иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар беморхонаҳои ноҳиявӣ чанд кат ҷудо карда мешавад. Дармонгоҳи обшифоӣ аз моҳи май то октябр фаъолият менамояд. 6 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Оби пармачоҳ барои табобати бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, бемориҳои занона, пӯст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи паҳн ва ғайра) нафъ дорад.

Қизилчилга

Қизилчилга, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 45 километр ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии дарёи Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4500 метр, дебиташ 0,3 литр дар сония, минералнокиаш 2,42 грамм дар литр, ҳарорати обаш +4 – +7 °С. Таркибаш аз калсий (448 миллиграмм дар литр), магний (153 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (1392 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (293 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (67 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (54,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, системаи асаб, пӯст ва узвҳои ҷинсӣ тавсия карда мешавад.

Меҳмонйӯл

Меҳмонйӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили чапи дарёи Оқсу, 2 километр ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 литр дар сония, минералнокиаш 4,8 грамм дар литр; ҳарорати обаш +24 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 миллиграмм дар литр), калий (93,0 миллиграмм дар литр), калсий (93,0 миллиграмм дар литр), магний (16,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (2466 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (203 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (111 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (42,0 миллиграмм дар литр), радон (8,7 нанокюри дар литр), силикат (37,5 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиатбахш аст. Ба обҳои маъдании Борҷоми наздикӣ дорад.

Миёндара

Миёндара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Ванҷ, 55 километр шарқтар аз маркази ноҳияи Ванҷ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 1,65 грамм дар литр; ҳарорати об +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (260 миллиграмм дар литр), натрий (116 миллиграмм дар литр), магний (47,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (342 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (78,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (1,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин микроэлементҳо - оҳан, никел, мис, бор ва рух иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи гастрит, бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, холецистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби ионӣ ба обҳои нарзании Кисловодск шабоҳат дорад.

Навободак

Навободак, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар соҳили чапи дарёи Яғноб (дар муқобили деҳаи Анзоб) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2800 метр. Дебиташ – 0,2 литр дар сония, ҳарорати обаш 7 °С; таъми оҳан дорад. Аз оби чашма гази карбонат хориҷ мешавад. Таркиби он аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин.

Нахрхун

Нахрхун, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 46 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Дебиташ – 0,5 литр дар сония, минералнокиаш – 1,7 грамм дар литр, ҳарорати обаш +13 – +15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (253 миллиграмм дар литр), калсий (230 миллиграмм дар литр), магний (43,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1029 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (79,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (70,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (8,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Онро метавон барои ошомидан истифода кард. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Шови ва Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима ва ихроҷи пешоб муфид мебошад.

Наспар

Наспар, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон дар масофаи 2 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Наспар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3840 метр. Дебиташ 0,8–10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,6 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +22 – +27 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (192 миллиграмм дар литр), калсий (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (161 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (152 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (6,6 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, руҳ, маргимуш, сурб ва молибден мавҷуданд. Оби чашма бӯи гидрогенсулфид мекунад. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, такяву ҳаракат, системаи асаб ва амрози занона муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ шабеҳи оби осоишгоҳҳои Белокурихаи кишвари Олтой аст.

Немағс

Немағс, чашмаи минералии обаш сард. Дар ноҳияи Шуғнон дар соҳили чапи дарёи Немағсдара (шохоби чапи дарёи Ғунд) воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3170 метр. Дебиташ 5,6–6,7 литр дар сония, ҳарорати обаш +6,0 °С. Дар таркиби оби чашма ангидриди карбон (449 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (92,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (5,0 миллиграмм дар литр), радон (9,6 нанокюри дар литр) вуҷуд доранд. Оби чашма шифобахш буда, барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холетсистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабет ва диатези бавлӣ-заҳрпешобӣ) муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳи машҳури Брамбахийск (Олмон) ва Дарасуни вилояти Чита (Руссия) шабоҳат дорад (вале минералнокиаш қадре кам аст).

Обигарм

Обигарм, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 76 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 53 литр дар сония, ҳарорати обаш +27 – +31 °С. Дар таркиби оби чашма гази ангидриди карбон (960 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (233 миллиграмм дар литр), натрий (180 миллиграмм дар литр), магний (52,0 миллиграмм дар литр), калий (38,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (872 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (232 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (196 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (52,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин магний, оҳан, мис, никел, фтор, радон (8,6 нанокюри дар литр) ва бром мавҷуданд. Онро метавон барои обзан (ванна)-ҳо, ингалятсия ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Дарасун (вилояти Читаи Россия) ва Лагунск (Украина) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхароҳа ва узвҳои ҷинсӣ нафъ дорад.

Обигарм

Обигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар доманаи ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Қаротегин, дар канори шаҳраки ҳамноми Обигарм ҷой гирифтааст. Бино ба тақсимоти маъмурӣ маҳалли мазкур тобеи шаҳри Роғун аст. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо аз соли 1870 (К. А. Абрамов) ибтидо мегирад. Дар бораи чашмаҳо В. Ф. Ошанин (1878), В. Н. Вебер (1913), Г. Андреев (1916), И. И. Бездека (1925), Н. Л. Корженевский (1925) ва дигарон низ тадқиқот кардаанд. Аз рӯи таркиби физикию кимиёвӣ обҳо ишқорӣ, сулфатдор, хлориди натрийдор мебошанд. Минералнокии онҳо суст (0,9 грамм дар литр) ва ҳарораташон 45 – 55 °С аст; миқдори кислотаи силикат 20 – 30 миллиграмм дар литр. Дар таркиби обҳо ҳамчунин анионҳои сулфат ва хлор, катионҳои натрий ва калсий, камубеш гидрокарбонатҳо, магний, нитритҳо, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – алюминий, титан, манган, мис, силитсий, молибден, стронсий, барий, бор, фтор ва ғайра вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Иссиқота (Қирғизистон), Ткваригели ва Схалтубо (Гурҷистон) наздик мебошад. Соли 1946 осоишгоҳи «Обигарм» ташкил карда шуд, ки аз оби минералии пармачоҳҳо истифода мекунад.

Обисафед

Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар ноҳияи Ғарм; 22 километр шимолу ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қарокушхона воқеъ аст. Оби чашма аз роғҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло чорист. Дебиташ 10 – 12 литр дар сония, ҳарорати об 51 °С. Оби чашма аз қабили обҳои силитсий (50 миллиграмм дар литр), фтор (11 миллиграмм дар литр), сулфати гидрокарбонати натрийдор буда, дар таркибаш инчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, никел, титан, молибден, волфрам, мис, сурб, нуқра, руҳ, қалъагӣ, германий, галлий, бор, бериллий, барий, стронсий, литий ва дар ҳолати ҳалшуда гази азот мавҷуд аст. Онро ба мақсадҳои муолиҷа (ванна) истифода бурдан мумкин аст.

Обшир

Обшир, чашмаи минералии обаш сард дар водии дарёи Чичкрӯди ноҳияи Айнӣ. Чашма дар минтақаи тектоникӣ (рӯгечаи байни ҷинсҳои палеозой - аз боло ва таҳнишастҳои мезозой - аз поин) ҷой гирифтааст. Дебиташ 0,3 литр дар сония, ҳарорати обаш 11 °С. Чашма ба гурӯҳи обҳои дорои гази карбонат, сулфиди гидроген, силикат, гидрокарбонату сулфат, калий, магний ва натрий мансуб аст. Он ҳамчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, титан, волфрам, мис, сурб, бериллий, стронсий, литий, инчунин дар ҳолати ҳалшуда гази сулфиди гидроген ва дар ҳолати озод гази карбонат низ дорад. Оби шифобахши чашмаро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо истифода бурдан мумкин аст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383–385.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.