Обишифо
Обишифо, оби минералӣ. Дар масофаи 23 километр ғарбтари шаҳри Исфара аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аз чуқуриҳои 400–450 метр ва 1430–1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ гарм (19–27 °С) буда, таркибаш аз гидрогенсулфид (370–560 миллиграмм дар литр), намаки бор (128 грамм дар литр), намаки ош иборат аст. Таъмаш андаке турш мебошад. Дебити пармачоҳ 0,27–0,46 литр дар сония. Ҳамчун оби шифобахш барои табобати бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, ишемия ва ғайра), асаб, узвҳои ҳозима, ҳаракат (тарбод, илтиҳоби тарбодмонанд, остеохондроз, спондиллёз, остит, тендовагинит ва ғайра) истифода мешавад. Дар осоишгоҳи «Зумрад» 16 обзани табобат бо Обишифо вуҷуд дорад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




