Танобча
Танобча, гурӯҳи кӯлҳои шӯр дар ноҳияи Темурмалик. Тақрибан 15 километр ҷанубу ғарбтар аз шаҳраки Темурмалик ҷой гирифтаанд. Андозаи кӯлҳо гуногун аст: кӯли шарқӣ – 450 × 180 метр, ғарбӣ – 300 × 180 метр. Кӯлҳо кифшакл буда, соҳили ростфаромада (65–70°) доранд. Таҳқиқоти нахустин оид ба хосиятҳои физикию кимиёвии лойқаи шифобахши Танобча ба соли 1956 мансуб аст. Чашмаи ягонае, ки дебити ниҳоят кам дорад, аз қабатҳои гач ҷорӣ мегардад; минералнокиаш – 150 грамм дар литр. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии сулфатунатрийдор мансуб аст; он ҳамчунин йод (0,25 миллиграмм дар литр), бром (то 75,0 миллиграмм дар литр) ва кислотаи метаборат (зиёд аз 90 миллиграмм дар литр) дорад. Лойқаи кӯлҳо дар зери қабати тунуки намак (0,1–0,2 сантиметр) ҷой гирифта, рангаш сиёҳ, хокистарии сиёҳ ва хокистарӣ мебошад; ғафсиаш 30–50 сантиметр (баъзан 70 сантиметр). Дар таркиби лойқаи кӯли шарқӣ 3,2 – 8,8% карбонатҳо, 0,2 – 1,2% гач, 23–56% силикатҳо, ҳамчунин оксидҳо (4%), сулфиди оҳан (0,2 – 0,5%), сулфур (0,01–0,03%), моддаҳои органикӣ (0,8–1,6%) мавҷуданд. Таркиби кимиёвии кӯли ғарбӣ аз карбонатҳои калсий (3–8%), гач (0,3–5%), фосфатҳо, карбонатҳои магний (даҳҳо ҳиссаи %) ва ғайра иборат аст. Лойқаи кӯлҳо аз апрел то октябр гарм аст (30 °С). Лойқаи шифобахши кӯлҳо давои беназири бемориҳои банду буғум ва пӯст мебошад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




