Тмеаша
Тмеаша, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 134 километр ҷанубу шарқтар аз маркази ноҳия, дар соҳили дарёи Оқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3860 метр. Дебиташ – 10 литр дар сония, минералнокиаш – 0,5 грамм дар литр, ҳарорати обаш +31 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (0,5 грамм дар литр), натрий (21,0 грамм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (281 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (14,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (22,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, мис, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Тмеаша барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад.
Тӯқузбӯлоқ
Тӯқузбӯлоқ, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Тӯқузбӯлоқ, 114 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 2,5 литр дар сония. Оби чашма камишқор буда, ба воситаи 12 пармачоҳ мебарояд; ҳарорати оби ҳар пармачоҳ аз +35 то +65 °С аст. Таркиби оби чашма аз натрий (94,0 миллиграмм дар литр), калсий (4,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (117 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (85,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), радон (4,7 нанокюри дар литр), фтор (11,5 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (76,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин мис, никел, руҳ, бром ва молибден иборат мебошад. Минералнокии умумиаш – 0,39 грамм дар литр. Оби чашма гази нитроген дошта, барои табобати бемориҳои дилу рагҳо, узвҳои такягоҳ, системаи асаб, бемориҳои занона, ғадудҳои дохилӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Он вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Белокуриха (кишвари Олтой) ва чашмаи Моминпроходи Булғория шабоҳат дорад (вале ҳарораташ баландтар аст).
Удит
Удит, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 28 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар сойи Дараи Удит воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3000 метр. Аз соҳили рости сой ду чашмаи минералӣ мебароянд, ки аз якдигар дар масофаи 40–50 метр ҷой гирифтаанд. Ҳарорати обашон +11,5 – 13,0 °С, минералнокиашон – 3,45 грамм дар литр, дебиташон 0,3 – 1,1 литр дар сония. Таркиби кимиёвии оби чашма аз катионҳои калсий (24,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (848 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (184 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (27,0 миллиграмм дар литр), инчунин аз оҳан, мис, бром, радон (1,6 нанокюри дар литр) ва руҳ иборат аст. Миқдори гази карбонати ҳалшуда 77,8%, нитроген 22,2%. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Севан (Арманистон) ва Квасовск (Закарпатия) наздик аст. Оби чашма таъми хуш дорад ва бо мақсади табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, мубодилаи моддаҳо онро ошомидан мумкин аст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




