Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Харгӯш

Харгӯш, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 184 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар қисми шарқии деҳаҳои Лангар ва Харгӯш ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3270 метр. Минералнокиаш 1,3 грамм дар литр, ҳарорати обаш +7 – +9 °С. Дар таркиби оби Харгӯш натрий (129 миллиграмм дар литр), калсий (34,0 миллиграмм дар литр), магний (5,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (451 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (16,0 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (580 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (38,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Оби чашма газ дорад (96% таркиби онро гази ангидриди карбон ташкил медиҳад). Дебиташ 0,5–0,8 литр дар сония. Барои табобати илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, гепатит, санги пешобдон ва касалии қанд муҳим аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Сираб ва Дилиҷон (Арманистон) наздик аст.

Хирманак

Хирманак, оби минералии гарм. Дар деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, дар дараи Алмосӣ, дар соҳили чапи дарёи Хонақоҳ ҷой гирифтааст. Оби чашма аз се пармачоҳ ҷорӣ мешавад, ки умқи онҳо мутаносибан 1824, 1546 ва 1944 метр аст. Таркиби кимиёвии об ба оби минералии Шоҳамбарӣ шабоҳат дорад. Пармачоҳҳо бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 11 январи 1965 «Дар бораи ривоҷи сохтмони санаторияву фароғатгоҳҳо дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1966–1970» кофта шуданд. Мутобиқи қарори мазкур бояд дар водии дарёи Хонақоҳ оби минералии дебиташ 6–10 литр дар сония бароварда мешуд. Дар заминаи оби минералии Хонақоҳ ташкил кардани табобатгоҳи махсус дар назар аст. Ду иморати нимтайёр низ сохта шудааст. Ҳоло оби шифобахши чашмаро бештар аҳолии маҳаллӣ ва навоҳии гирду атроф истифода мебаранд.

Хирсдара

Хирсдара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 60 километр шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (683 миллиграмм дар литр), калсий (45,0 миллиграмм дар литр), магний (12,0 миллиграмм дар литр), натрий (11,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (110 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (26,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, кобалт, руҳ, молибден ва сурб иборат аст. Ҳарорати обаш +9 °С; дебиташ — 8 литр дар сония, минералнокии умумиаш — 1,13 грамм дар литр. Оби чашма дармонбахш буда, барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, роҳҳои талхадон, ҳамчунин барои ба низом даровардани ҳаракати хун, фарбеҳӣ, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиат дорад. Ба обҳои нарзани Кисловодск монанд аст.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386–387.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.