Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·13 рӯз пешНашрия

Хонйӯлӣ

Хонйӯлӣ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили дарёи Хонйӯлӣ, 8 километр шимолу шарқтар аз деҳаи Қизилработ ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3950 метр. Оби чашма аз ду мавзеъ мебарояд. Минералнокиаш 0,33 грамм дар литр, дебиташ 6–7 литр дар сония, ҳарорати обаш +19 – +32 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (45,0 миллиграмм дар литр), натрий (14,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (20,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (7,4 миллиграмм дар литр), ҳамчунин руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Кисегачи вилояти Челябински Федератсияи Россия наздик аст. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.