Хосгунӣ
Хосгунӣ, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар соҳили дарёи Хосгунӣ, тақрибан 2,5 километр шарқтар аз маҷмааи табобату сайёҳии «Гармчашма» воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2850 метр. Оби чашма ба воситаи се пармачоҳ мебарояд. Дебиташ — 1,5 литр дар сония, минералнокиаш — 4,2 грамм дар литр; ҳарорати обаш +11,5 — +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (477 миллиграмм дар литр), натрий (199 миллиграмм дар литр), магний (67,0 миллиграмм дар литр), оҳан (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1275 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (681 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (103 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (56,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин титан, мис, маргимуш, бор ва молибден мавҷуданд. Оби чашма барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ (на бемории сил) муфид аст. Онро барои обзан (ванна)-ҳои умумӣ ва ошомидан истифода мебаранд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 387.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




